Дар муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли 2007 қабул шудаву чандин маротибаи дигар бо ворид намудани тағйиру иловаҳо мукаммал гардонида шудааст, омадааст, ки “Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст”.

Дар моддаи 1 қонун, ки “Мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни мазкур” ном дорад, мақсади қонун “ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд”, арзёбӣ шудааст.  Дар банди 2 моддаи 1 ҳамчунин таъкид шудааст, ки: “Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад”.

Барои амалӣ намудани қонун дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаву идораҳои кишвар комиссияҳои доимии маҳалӣ таъсис ёфтаву амал мекунад. Мувофиқи таҳлили мақомоти марбутаи давлатӣ дар муддати амали қонун сатҳи зиндагии мардум бамаротиб баланд шудааст.

Воқеан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз қонунҳои миллии кишвари мост, ки дар тӯли 13 соли амалаш ба беҳтар шудани вазъи молиявии шаҳрвандон мусоидат кард. Самаранокии амали қонуни мазкур боиси таваҷҷуҳи ҳамсоякишварҳои мо гардида, онҳо низ бо истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон мехоҳанд гузаронидани маъракаҳои хонаводагиву ҷамъиятиашонро ба танзим дароранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, таъкид карда буданд, ки “мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем”. Пешвои миллат дар мулоқот ба муносибати 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 11-уми июли соли 2017 яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкурро “пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, торафт қувват гирифтани расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо арзёбӣ кардаанд. Президенти кишвар дар ҳамон мулоқот ҳамчунин таъкид карда буданд, ки “бо таъсири чунин раванд дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардониданд.

Чунин вазъ моро водор сохт, ки аз ташаббуси қонунгузории худ истифода намуда, қонунеро, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат намояд, таҳия ва пешниҳод кунем”.

Мувофиқи таҳлилҳо агар то қабули қонуни зикршуда ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд.

Бино бар таъкиди Роҳбари давлат баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз коҳиш дода шуд.

Қонун, инчунин, ба афзоиши шумораи оиладоршавӣ мусоидат намуда, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла надоштани шароити молиявӣ, оиладор шуда наметавонистанд, соҳиби бахту саодат гардиданд.

Мувофиқи таҳлилҳо дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросим беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Агар то аввали соли 2007 дар кишвар саршумори чорвои калон беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сарро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда моҳи январи соли 2017 ба 2 миллиону 280 ҳазор сар расидааст, ки нисбат ба соли 2007 қариб 34 фоиз зиёд мебошад.

Дар  даҳ соли амали қонун қариб ду миллиону 300 ҳазор сар чорвои хурду калон ба фоидаи аҳолӣ нигоҳ дошта шуда, таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти гӯштиву ширӣ беҳтар гардид.

То соли 2007 ба кишвар ҳар сол аз хориҷа ба ҳисоби миёна 35 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 5 ҳазор тонна шир ва маҳсулоти ширӣ ворид мегардид. Вале соли 2016 воридоти танҳо гӯшт 3 баробар кам шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ тайи солҳои 2007 — 2016 дар сохтори истеъмолии хонаводаҳо тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст.

Агар соли 2007 хонаводаҳо барои озуқаворӣ, бо дарназардошти гузаронидани маъракаҳои мухталиф, 66 фоизи хароҷоти умумии истеъмолиро сарф карда бошанд, пас дар соли 2016 ба ин мақсад ҳамагӣ 55 фоиз масраф шудааст, яъне хароҷоти оилаҳо 11 фоиз кам гардидааст.

Рақамҳои оморӣ гувоҳи онанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сатҳи зиндагии мардумро баланд намуда, боиси аз байн рафтани хароҷоти нолозим ва исрофкориҳо гардид. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам баъзе шахсон ба исрофкорӣ роҳ дода, баъзан хилофи талаботи қонуни зикршуда амал менамоянд. Аз ин рӯ, мо-шаҳрвандони Тоҷикистонро мебояд, ба хотири боз ҳам беҳтар намудани шарооити зиндагӣ дар доираи талаботи қонун амал намоем.

Ҷалилова Ҷамила Худоиевна,

Омӯзгори МТМУ №18-и н. Фирдавсӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here