Дар ҷаҳони мутамаддин саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар боло бурдани сатҳи зиндагӣ, хоҳ дар сиёсат бошаду хоҳ дар иқтисодиёт, хеле баланду назаррас будааст. Тасмим гирифтем, дар доираи омӯзиш ва мушоҳидаҳои шахсӣ, каме ҳам бошад, саҳми ҷомеаи шаҳрвандиро дар иқтисодиёти кишвар, хусусан дар бораи беқурбшавии пул — таваррум, таҳлилу баррасӣ намоем, то барои шаҳрвандони азизе, ки барояшон ояндаи дурахшони ин сарзамин бетафовут набудааст ёрие расонида бошем.

 

Аввал мехоҳем дар бораи худи таваррум чанд нуктаи заруриро қайд намоем, то хонандагон чӣ будани он ва бо кадом роҳҳо ба вуҷуд омадани онро фаҳмида бошанд ва дар вақти даркорӣ барои ба беқурбшавии пул роҳ надодан саҳм дошта бошанд.

Таваррум аз вожаи лотинии inflatio гирифта шуда, маънои варам (дам) кардан ё аз ҳад зиёд қимат шуданро ифода мекунад.

Таваррум, яъне беқурбшавии асъор, аслан ду омил доштааст: омили пулӣ ва омили ғайрипулӣ. Ба омили пулӣ бештар ҳаҷми воситаҳои пули  изофаи дар муомилот буда, интишори пулхо (асъор)-и барзиёди нақд ё худ ғайринақдӣ, коғазҳои қиматнок, арзон кардани кредит, танзими давлатии асъори миллӣ, нормаи баланди фонди қарзи бонкӣ ва ғайра дохил карда мешавад.

Ба омили ғайрипулӣ бошад истеҳсолоти такрорӣ дар ҷамъият, сиёсати иқтисодии давлатӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсати пулӣ, маишӣ, хазинадорӣ, андоз, фаъолияти бурунмарзӣ ва ғайра дохил мешаванд, ки нодуруст истифода кардани ин омилҳо ба сатҳи таваррум вобастагии хос доштааанд.

Пеш аз ҳама саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ зарур будааст. Барои ба қуллаҳои баландтари зиндагии хушу хуррам расидани ҷомеа бояд шаҳрвандони он ба ҳаёти иқтисодии кишвар бетафовут набошанд ва қадру қурби асъори миллиро ҳифз намоянд. Асъори миллии мо аз дирам сар карда то сомонӣ дар муомилот ҳастанд ва мо шоҳиди он гаштем, ки солҳои охир дирамҳои хурди коғазӣ аз байн рафтанд, аммо хушбахтона имрӯзҳо тангаҳо ҷойи онҳоро гирифтанд ва дар муомилот васеъ истифода мешаванд. Аз рӯи мушоҳидаи мо тангаҳои 5-дирама низ қариб, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Ин гувоҳи он аст, ки ҳатто ҳамин тангаҳо низ беқурбшавӣ доранд ва барои пешгирии он чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст.

Инчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо роҳи дар дасти худу дар хона нигоҳ надоштан ва ҳамеша ба муомилот баровардани пулҳои худ ба поён рафтани сатҳи таваррум таъсири худро расонад. Чунки бештари шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба номашон пул равон мекунанд, пулҳоро бо роҳи нақдӣ аз бонкҳо гирифта барои тӯйу маъракаҳои солҳои баъдинаи худ дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд ва ба муомилот намебароранд, ки ин омил ҳам ба поён рафтани сатҳи таваррум таъсир мерасонаду ҳам пулҳояшон аз гардиш мемонад.

Дар бораи таъсири ҷомеаи шаҳрвандӣ ба поён бурдани сатҳи таваррум маводе ба чашм нарасид, шояд дар оянда таҳлилҳои муфассале анҷом дода шавад. Аммо кӯшиш намудем кам ҳам бошад таҳлиле анҷом дода бошем, то саҳми ночизи хешро барои рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани яке аз рукнҳои муқаддасоти миллӣ — пули миллӣ гузошта бошем.

 

Давлатшо Хоксоров,  донишомӯзи Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here