Дар шароити имрӯза истифодабарии самарабахши об барои рушди устувор яке аз ҳадафҳои стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадафи муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор лоиҳаҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд амалӣ мешавад, ки барои барқарорсозии системаи обёрии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон” лоиҳаи арзишманд ва созандае мебошад, ки барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Лоиҳаи мазкур, ки чанде қабл дар доираи ҳадафҳои таъмини об, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолии камбизоат дар водии Зарафшон пешниҳод гардид, дар панҷ ноҳия амалӣ мешавад. Дар зимн, ин нукта қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо ҳадафи беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии камбизот амалӣ шуда, ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад:

— Таъмини шуғли муваққатӣ барои 3500 хонаводае, ки бо хӯрока таъмин нестанд.

— Барқарор кардани системаи обёрии заминҳо.

— Беҳтаршавии ҳолати заминҳои кишоварзӣ ба масоҳати 30000 гектар.

Ба ҳамагон маълум аст, ки системаи обёрии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба таҷдиди сохторӣ ниёз дорад ва ин ниёзмандиро ба назар гирифта, шарикони рушд лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон”-ро тадбиқ намуданд. Барои иҷрои ин лоиҳа се ҳадафи умда — барқарорсозии системаҳои обакшӣ, идоракунии самараноки тақсимоти об ва обрасонӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии камбизот дар назар гирифта шудааст. Дастандаркорони лоиҳа аз рӯи ин ҳадафҳои умда ба татбиқи лоиҳа оғоз намуда, як қатор корҳои амалиро дар бахшҳои гуногун ба сомон расониданд. Корҳои ба анҷом расида ба манифати минтақаи водии Зарафшон аст ва натиҷаҳои судманди онро аллакай мардуми минтақа мушоҳида мекунанд. Барқрорсозии истгоҳҳои обтаъминкунӣ, таъмини мардум бо ҷойҳои кори муваққатӣ ва обёрии заминҳое, ки аз набудани об аз майдони кишт хориҷ шудаанд, натиҷаи дилхоҳест, ки бо амалӣ намудани ин лоиҳа ба даст омад.

Бояд таъкид намуд, ки лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон”, ки аз ҷониби “Маркази идораи лоиҳаҳои идоракунии Захираҳои обии водии Фарғона” амалӣ мешавад, аз ҷумлаи лоиҳаҳои судманд ва муваффақест, ки дар соҳаи беҳтаркунии обёрии замин ва самарнок истифода бурдани об дар соҳаи кишоварӣ амалӣ гардонида мешавад.

Моҳи декабри соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025”-ро қабул намуд. Тибқи барномаи мазкур давлат аз нуқтаи назари гидрологӣ ҳавзаҳои обии мамлакатро ба панҷ минтақа — Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон, Вахш ва Панҷ тақсим намуд. Вазифаи муҳим ва асосӣ дар ин самт — амалӣ намудани ислоҳоти муҳим тибқи принсипҳои эътирофшудаи “идоракунии устувори захираҳои обӣ” дар ин ҳавзаҳо мебошад. Бо ин далел лоиҳаи мазур бо мақсади барқарор сохтани системаи обёрӣ дар минтақаи Зарафшон як қатор барномаҳои муҳимро иҷро намуд, ки барои беҳтар намудани сатҳи обёрӣ ва тақсимоти об, аз ҷумла барқарор кардани системаҳои обёрӣ, ки сабаби рушди уствор мегардад, хизмат мекунад.

Бояд қайд кард, ки лоиҳаи мазкур на танҳо бо ҳадафи барқарорсозии сестемаи обёрии минтақа амалӣ мешавад, балки ҳадафи ниҳоӣ ва муҳими он — беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми камбизот бо ҳадафи беҳтар намудани бехатарии озуқавории сокинони маҳаллӣ бо василаи зиёд намудани истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, даромадҳои иловагӣ ва ғайра мебошад. Лоиҳаи мазкур дар маҷмуъ дар панҷ ноҳия — 3 ноҳияи ҳавзаи дарёи Зарафшон — Айнӣ, Куҳистони Масчоҳ, Панҷакент ва 2 ноҳияи ҳавзаи дарёи Сир — Шаҳристон ва Деваштич амалӣ мешавад. Минтақаи фарогирии лоиҳа, ки системаҳои инфрасохтории обёриашон беҳтар карда мешавад, 30000 гг-ро дар бар мегирад. Инчунин 985 км каналҳои обёрӣ тавассути иҷро намудани корҳои дастӣ тоза карда мешавад. Тибқи ин нақша 28 чоҳи амудӣ, 58 иншооти гидротехникӣ, 15 пойгоҳҳои обкашӣ, 5 шабакаҳои обёрии қубурӣ тоза карда шуда, ҳамчунин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади амалӣ намудани ин лоиҳа як қатор чорабиниҳо ва семинарҳои омӯзишӣ доир гардид, ки барои беҳтар дарк намудани ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа нақши муҳим бозид. Ширкаткунандагони ин лоиҳа фикру мулоҳизаҳои худро дар семинари виртуалие, ки дар таърихи 24-уми апрели соли 2020 бо ташаббуси Бонки умумиҷаҳонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона” гузаронида шуд, баён намуда, оид ба ҳадаф ва моҳияти лоиҳа ва корҳои анҷомшуда табодули афкор намуданд. Дар семинари мазкур муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Сабур, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, мушовирони Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона” ва дигар шарикони лоиҳа ширкат ва суханронӣ намуданд. Зимни муҳокимаи лоиҳа дар атрофи вазифаҳо ва ҳадафҳои лоиҳа, асосҳои ҳуқуқии таҷдиди сохтори нави идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, модели молиявӣ, нақшаи маҷмӯии арзёбии эҳтиёҷот ба таҷҳизот, техника ва механизмҳо, нақшаи таълимии мукаммал ва харитаи роҳ барои такмили сохтори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон изҳори назар намуданд.

Ширкаткунандагон А. Акрамов, И. Гадоев, Ҷ. Ҷалолзода ва Д. Шошаев таҳлилҳои худро ироа намуда, аз ҷумла муаммоҳои ҷойдошта дар ин заминаро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд. Ҳамчунин, оид ба ҳадафу мақсадҳои лоиҳаи мазкур Уилям Йоган, роҳбари лоиҳа аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки “баргузории семинари мазкур дар моҳи апрел ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабаби авҷи бемории COVID-19 бо каме таъхир, имрӯз баргузор гардида истодааст. Ба андешаи ман, мавзуҳои дар семинар баррасишуда оид ба беҳтаркунии идоракунии об на фақат барои минтақа, балки ба кулли Тоҷикистон муҳим ва аҳмиятнок аст. Якчанд мавзуҳо дар ин семинар ҳалли худро пайдо карда, ҳамчунин баъзе ҷанбаҳои ин мавзуҳо то андозае рӯшан гардиданд. Аз ин сабаб, ба кулли иштирокдорон ва саҳмдорони семинари мазкур изҳори сипос мекунам ва ҳамчунин тақозо дорам, то дар мавриди баъзе масъалаҳои ҳалталаб фаъол бошанд. Бинобар ин, хусусан аз намояндагони Ҳукумати шаҳри Панҷакент ва дигар минтақаҳои даъватшуда хоҳиш дорам фикру андешаҳои худро оид ба камбудии ҷойдошта дар амалишавии кори лоиҳа, ки барои мо муҳим мебошад, баён намоянд”.

Ширкаткунандагони семинар оид ба муаммоҳои ҷойдошта дар самти беҳтар намудани соҳаи обёрӣ дар минтақаи Зарафшон дидгоҳҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла Аҳмадҷон Аҳроров, мушовири лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон” таъкид намуд: “Нахуст иштироки шуморо аз номи роҳбарияти марказ хайрамақдам гуфта, баъдан мехоҳам баён кунам, ки барои беҳтар намудани идоракунии системаҳои обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон марказ (яъне Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обии води Фарғона”) бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳукумати ноҳияҳои Деваштич, Айнӣ, Шаҳристон, Куҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Паҷакент ҳамкории густурда ва арзишманд ба роҳ мондааст. Аз ин сабаб, барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар амалисозии лоиҳа ба кулли мақомоту сохторҳои дар боло зикршуда сипосгузории вижа баён мекунам.

Вобаста ба иҷрои лоиҳаи мазкур 29-уми ноябри соли равон мизи муддавар дар мавзӯи “Нақши Ассотсиатсияҳои истифодабарандгони об дар рушд ва устувории бахши обёрӣ ва дастгирии Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар ЛТША” доир гардид, ки дар он намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, мутахассисон ва ғайра ширкат намуда, проблема ва масъалаҳои асосиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин мизи мудаввар ширкаткунандагон барои беҳтар намудани ҳолати бавуҷудомадаи соҳаи обтаъминкунӣ пешниҳодҳои зайлро матраҳ намуданд:

— Ҳамкории Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қавӣ гаронида шавад.

— Норасоии кадрҳо дар АИО бартараф карда шавад.

— Ҳар як АИО бояд тибқи нақшаи корӣ ва таҳиякарда бо ИДБЗО ва ҷамъомадҳо мувофиқа карда шавад.

— Аз таҷрибаи кории дигар АИО-и пурқудрат истифода гардад.

— Риояи пурраи шартномаҳои басташудаи тарафҳо.

— Сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳо бо об.

— Ташкил намудани нақшаи кори истеҳсолии якҷоя.

— Иштироки фаъолонаи АИО дар иҷроиши нақшаҳои ОЗМ.

— Ташкили гуруҳҳои кории якҷоя оид ба бартарафсозии ҳолатҳо ва вазъиятҳои садамавӣ ва ғайра.

Садо додани чунин пешниҳодҳо дар мизи мудаввар боиси беҳтар тадбиқ гардидани лоиҳаи мазкур гардид.

Бояд гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани соҳа дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” иҷрои як қатор чорабиниҳо вобаста ба бахши беҳдошти замин ва обёрӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани идоракунии системаи обёрӣ дар сатҳи ҳавза, зерҳавза дар системаҳои обёрӣ, ки ба принсипи асосии ислоҳоти соҳаи об мувофиқ мебошанд. Инчунин, дар ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2017 ба агентӣ ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти соҳа бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ супоришҳо дода шуд. Мақсади семинар — ин иттилоотонӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти лоиҳа бо тарафҳои манфиатдор доир ба беҳтар намудани идоракунии системаҳои обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон мебошад. Минтақаи татбиқи лоиҳа шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Деваштичи вилояти Суғдро дар бар мегирад. Баҳрабарандагони лоиҳа Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хонаводаҳо мебошанд. Лоиҳа моҳи майи соли 2018 оғоз ёфта, моҳи июни соли 2021 бояд анҷом ёбад. Дар доираи лоиҳа корҳои зиёд оид ба беҳтар кардани ҳолати инфрасохтори обёрӣ, каналҳои калонҳаҷм, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, сохтан ва таъмири дарвозаҳои обтақсимкунӣ ва обченкунакҳо, барқарорсозии саддҳо, чоҳҳои амудӣ, сарбандҳои обгирӣ ва дигар иншоот ҷо гардиданд. Айни замон 90 фоизи корҳо ба анҷом расиданд ва боқимондаи корҳо бошад, то меҳи декабри соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад”.

Ширкаткунандагон проблемаҳои мавҷуд дар минтақаи водии Зарафшонро номбар карда, барои амалӣ шудани ҳадафҳои муҳими лоиҳа тавсияҳои муҳим ироа намуданд.

Дар зимн, боиси таъкид аст, ки барои самарбахш анҷом шудани лоиҳа дар самтҳои корҳои ҷамъиятӣ, корҳои механикӣ, корҳои пешгирӣ аз хатари обхезӣ анҷом дода шуд.

Корҳои ҷамъиятӣ дар 5 ноҳия ва 33 ҷамоати деҳот татбиқ карда шудааст. Қобили зикр аст, ки ба иҷроиши корҳои ҷамъиятӣ 3737 нафар ҷалб шуда, нақшаи иҷроиши корҳо 107% амалӣ шудааст. Ҳамчунин дар натиҷаи иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ҳолати хизматрасонии инфрасохтори обтаъминкунии хурди хоҷагиҳо ба дарозии 1031 км беҳтар карда шуд, ки он барои беҳтар шудани ҳолати обтаъминкунии минтақаҳои зикршуда судманд мебошад. Илова бар ин, дастандаркорони лоиҳа корҳои ҷамъиятиро аввалин маротиба дар шароити банландкуҳ дар ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ иҷро намуданд. Барои иҷроиши корҳо аз масолеҳи сохтмонӣ истифода шудааст. Барои амалӣ намудани лоиҳа мардуми деҳот саҳм гузоштанд. Чунин лоиҳаҳо барои сафарбар намудани мардум барои тадбиқи лоиҳаҳои дастаҷамъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар самти корҳои механикӣ бошад, мувофиқи нақша барномаи лоиҳа дар панҷ ноҳияи дар боло зикршуда амалӣ гардид. Тибқи он каналҳои калони байни хоҷагиҳо тоза карда шуд, ки иҷроиши нақшаро то ҳудуди 114 таъмин менамояд. Бояд гуфт, асосан корҳои барқарорсозӣ дар шаҳри Панҷакент иҷро шуда, ҳолати обтаъминкунии зиёда аз 8 гектар замин беҳтар карда шуд, ки аз нақша 400 гектар бештар мебошад. Ба илова, бояд тибқи барномаи лоиҳа 13% пойгоҳҳои обтаъминкунӣ барқарор ва ҳолати 6738 гектар беҳтар карда шавад, ки дар натиҷаи корҳои самарабахши дастандаркорони лоиҳа қисми зиёди нақша иҷро карда шуд.

Ин далелҳо собит менамоянд, ки дастандаркорони лоиҳа баҳри амалӣ намудани ҳадафҳо ва нақшаи кор муваффақона амал намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ даст ёфтаанд. Барои мисол, 529 адад дарвозаҳо барои назорат ва тақсимоти дурусти об барқарор шуда, дар канали Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент 677 метр дюкер аз нав сохта шуд, 850 метр дюкер тоза ва барқарор, ҳамчунин 3400 метри он бетонпӯш карда шудааст. Дар маҷмуъ 11,2 км каналҳо бетонпӯш карда шудаанд, ки барои тақсимоти об ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ нақши муҳим иҷро мекунад.

Пойгоҳҳои обтаъминкунии водии Зарафшон аз солҳои 60-70-уми асри гузашта то ба ин ҷониб аз таъмири капиталӣ нагузаштаанд. Ин проблемаи асосие буд, ки диққати дастандаркорони лоиҳаи мазкурро ҷалб кард ва барои рафъи ин мушкилот лоиҳа корҳои техникии судмандеро ҷиҳати барқарорсозӣ ва таъмири чунин пойгоҳҳои обтаъминкунӣ ба анҷом расониданд. Дар хусуси ин мушкилот собиқ муовини раиси шаҳри Панҷакент Илҳом Сатторӣ чунин гуфта буд: “Шабакаҳои обёрии шаҳри Панҷакент дар солҳои 1960-1970 сохта шудааст, ки он то имрӯз ягон маротиба аз таъмири капиталии ҷории асосӣ гузаронида нашудааст. Бинобар ин, боиси хурсандист, ки лоиҳаи мазкур ба кори худ шуруъ кард ва боиси дастгирист, ки дар доираи лоиҳа каналҳои магистралӣ барқорор гардида, аз ҷумла қариб 11 адад пойгоҳҳои обкашӣ пурра азнавосзӣ мегарданд. Албатта ин имконият медиҳад, то ҳолати мелиоративии зиёда аз 4000 гектар замини шаҳри Панҷакент беҳтар карда шавад, ки албатта аз ин деҳқонони маҳаллӣ ба манфиатҳои зиёд дастёб мегарданд. Фаъолият аз тарафи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об пурзӯр карда шуда, ҳамчунин деҳқонони маҳаллӣ бевосита дар амалӣ гардидани лоиҳа иштирок мекунанд”.

Барои таъмини пойгоҳҳои обтаъминкунӣ корҳои муҳим, аз ҷумла таъмир ва навсозии пойгоҳҳои обтаъминкунӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ислоҳоти идораи об ба анҷом расиданд, ки барои самарнок тақсим кардани об ва таъмини заминҳои кишоварзӣ бо он фаъолияти ҳалкунанда доранд.

Тазаккур бояд дод, ки дар ҷараёни амалишавии лоиҳа дар минтақаи Шаҳристон ва Деваштич 20 адад чоҳҳои амудӣ барқарор карда шуд. Ин ва дигар корҳои анҷомшуда гувоҳ бар ин аст, ки лоиҳаи мазкур барои пурра барқарор намудани системаҳои обтаъминкунии минтақаи Зарафшон саҳми беандоза гузоштааст. Ба ҳама маълум аст, ки ноҳияҳои мазкур оби полезиро аз ҳисоби ҷамъ кардани оби барфу борон дар фасли баҳору тирамоҳ ва зимистон дастрас менамоянд. Ин шеваи обтаъминкунӣ ниёзи аҳолиро аз 30% то 60% таъмин мекунад. Аз ин нигоҳ, аҳолии минтақаҳои Шаҳристон ва Деваштич аз чоҳҳои амудӣ об мегиранд. Нигоҳубини чоҳҳои амудӣ ба дӯши хоҷагиҳо гузошта шудааст. Бояд гуфт, пеш аз иҷрои корҳои барқарорсозӣ аз ҳисоби 20 чоҳи амудӣ 344 гектар замин обёрӣ карда мешуд. Ба ҳисоби миёна аз як чоҳ 17 то 20 гектар замин бо об таъмин мегардид. Баъди иҷрои барқарорсозии чоҳҳои амудӣ ин нишондод боло рафта, 426 гектар замин бо об таъмин мешавад, ки барои беҳ намудани сатҳи зиндагии мардуми камбизот ва бахусус хоҷагидорон ёрии бевосита мебошад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки барқарорсозии 3 адад садд ба дарозии 2681 метр дар шаҳри Панҷакент метавонад 1227 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 2524 гектар заминҳои кишоварзиро аз таъсири обхезӣ муҳофизат намояд. Лоиҳаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки дар самтҳои зерин корҳои муҳим ба иҷро расонида шаванд. Аз ҷумла, барқарор намудани садди Саразм ба дарозии 900 метр ва сарбанди обгирии канали Саразм, заминҳои ҳудуди 27 хоҷагии деҳқонӣ, 1439 хонавода ва 685 гектар замини обиро метавонад аз таъсири обхезӣ муҳофизат кунад. Тавассути садди Колхозчиён бошад, ки дарозиаш 1048 метр аст ва 618 хоҷагии деҳқонӣ аз он истифода мекунанд, 1833 хонавода ва 1118 гектар замини обӣ аз обхезӣ ҳифз мешавад. Татбиқи нақшаҳои пешниҳодшуда метавонад 156 гектар замини нави кишоварзиро барои истифода ба вуҷуд оварад. Садди Шингак бо дарозии 733 метр заминҳои ҳудуди 75 хоҷагии деҳқонӣ, 2839 хонавода ва 721 гектар замини обиро аз таъсири обхезӣ муҳофизат менамояд.

Боиси зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо татбиқи ин нақшаҳо ба ҳадафҳои умумии дар нақша зикршуда даст ёфт. Дар бахши дуюми лоиҳа, ки ҳадафи он мукаммалсозии услуби банақшагирии обёрӣ ва идоракунии он дар ҳафзаи дарёи Зарафшон мебошад, корҳои зерин ба анҷом расонида шуд:

— Дар ноҳияи Айнӣ бинои корӣ барои идораи ҳавзавии Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки утоқҳои корӣ бо мебел ва таҷҳизоти лозима васл шудааст.

— Бинои кории Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон дар шаҳри Панҷакент пурра таъмир ва бо лавозимоти лозима муҷаҳҳаз карда шуд.

— Сехи таъмиргарӣ барои таъмири дастгоҳҳои обкашӣ дар шаҳри Панҷакент сохта ба истифода дода шуд.

— Мувофиқи фармони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз 1-уми январи соли 2020 дар натиҷаи якҷоякунии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Айнӣ, Идораи ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрӣ ташкил карда шуд.

— Тибқи лоиҳа як қатор ислоҳот анҷом дода шуд, ки он боиси беҳтар шудани ҳолати кории идораҳои марбутаи тақсими об ва мудирияти он гардид.

— Шумораи кормандон қабл аз гузаронидани ислоҳот 257 нафарро ташкил медод, ки пас аз анҷоми ислоҳот шумораи кормандон 190 нафарро ташкид медиҳад. Яъне 67 нафар ё ин ки 27% кам карда шуд.

— Шуъбаи асосии идораи ҳавзавӣ, ки шуъбаи истифодабарии об буд, баъди ислоҳот ба шуъбаи банақшагирӣ ва тақсимоти об табдил дода шуд.

— Шуъбаҳои асосии идораи ҳавзавӣ бо копютер муҷаҳҳаз шуда, корбарии хаттӣ ба шакли электронӣ гузашт. Аз ҷумла, банақшагирии истифодабарӣ ва тақсимоти об ба шакли электронӣ ба роҳ монда шуд.

— Ченкунии ҳаҷми оби истифодабарӣ дар сарҳади каналҳои об барои истифодабарандагон ба роҳ монда шуд.

— Тибқи фармони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар соли 2020 системаи Билингӣ барои пардохти ҳаққи хизматрасонии об бо роҳи ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд.

Инчунин, бояд зикр кард, ки тибқи нақша ташкил намудани системаи иттилооти захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон идома дошта, маълумотҳои ҷамъоваришуда ба системаи мазкур ворид мешавад. Чунин шеваи кор имконият медиҳад, ки ҳамаи намуди захираҳои обии ҳавза ва истифодабарии онҳо ба шакли электронӣ назорат карда шаванд. Барои амалӣ намудани ин нақша таҷҳизоти лозима харидорӣ ва насб карда шудаанд.

Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи номбурда дастгирии фаъолияти АИО идома дошта, корҳои зерин ба сомон расидаанд:

— Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот аз 62 АИО 24 АИО ташкил гардида, доираи фаъолияти онҳо васеъ шудааст.

— 16 бинои корӣ сохта ва бо мебелу таҷҳизоти лозима таъмин гардидааст.

— Барои роҳандозии ченкунии об дар ҳудуди 14 хизматрасонии АИО обченкунакҳои Чиполетӣ ва Томсон насб шудаанд.

Пойгоҳҳои обтаъминкунии таъмирталаб, чоҳҳои амудии ниёзманди таъмир, шакли нодурусти идораи об ва ғайра сабаби он шуда буданд, ки мардуми панҷ ноҳия — Панҷакент, Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ ва Деваштичу Шаҳристон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шаванд. Тадбир ва талошҳои дастандаркорони лоиҳаи мазкур сабаб гардид, ки беш аз 80 дарсади мушкилоти мавҷуда ислоҳ карда шуда, замина барои рушди соҳаи кишоварзӣ беҳ гардад.

Бо ин далелҳо, ба ин хулоса омадан мумкин аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соҳаи обтаъминкунии водии Зарафшонро аз мушкилот раҳонид. Инчунин, боиси таъмини самараноки хоҷагиҳо бо об гардида, заминаи мусоидро барои равнақ додани фаъолияти кишоварзӣ фароҳам овард.

Яке аз барномаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ — ин амалӣ намудани стратегияи об барои рушди устувор мебошад. Амалӣ шудани чунин лоиҳа дар оянда метавонад моро барои расидан ба чунин ҳадафҳои стратегӣ кӯмак намояд.

М. ҚОСИМӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here