Нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич оид ба иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» нақшаи умумии тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар давраи ҳисоботии 11 моҳи соли равонро ба андозаи 98,8% таъмин намуда, ба ҷойи 48 миллиону 606,2 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоӣ) 48 миллиону 038,8 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ба маблағи 568,1 ҳазор сомонӣ кам ворид гардида, нисбат ба маблағҳои дар 11-моҳаи соли 2019 воқеан ҷамъоваригардида ба андозаи 3 миллиону 858,8 ҳазор сомонӣ ё худ 8,0% бештар мебошад.

Нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бе назардошти андози иҷтимоии буҷетӣ дар 11 моҳи соли равон ба андозаи 101,3% таъмин гардида, ба ҷои 35 миллиону 328,2 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 35 миллиону 793,2 ҳазор сомонӣ ворид гардида, нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ба маблағи 464,9 ҳазор сомонӣ зиёд ворид шудааст, ки нисбат ба маблағҳои дар 11 моҳи соли 2019 воқеан ҷамъоваригардида ба андозаи 3 миллиону 861,2 ҳазор сомонӣ ё худ 12,0% бештар мебошад.

Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ нақшаи 5 намуди андозҳо иҷро нагардидааст, ки ин ҳам бошад, нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба андозаи 97,2%, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 95,0%, боҷи давлатӣ ба андозаи 58,4%, андоз аз объектҳои амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ ба андозаи 96,5% ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ба андозаи 93,8% таъмин нагардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 1 миллиону 193,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳатмии андоз ворид нагардидааст.

Омӯзиши сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ — ин асосан аз ҳисоби кам гардидани шумораи коргарони кироя ва кам нишон додани музди миёнаи меҳнат ва ҷой доштани ҷойҳои корӣ холӣ (вакансия) дар аксарият ташкилоту корхонаҳо мебошад. Масалан, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз сабаби вазнин будани шароити молиявӣ ва таъсири буҳрони иқтисодӣ, дар давраи ҳисоботӣ андозсупорандагон шумораи коргарони кирояро ба миқдори 142 нафар ва фонди миёнаи музди меҳнатро ба маблағи 246,8 ҳазор сомонӣ кам намудаанд, ки ин омилҳо боиси иҷро нагардидани нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ гардидааст.

Дар ҳақиқат камшавии шумораи коргарони кироя ва фонди музди меҳнат, асосан аз ҳисоби Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи идоракунии оби Фарғона 84 нафар ва фонди музди меҳнат 238,3 ҳазор сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии «Угук» 34 нафар ва фонди музди меҳнат 5,4 ҳазор сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии «Хоҷа Тоир» 24 нафар ва фонди музди меҳнат 31,3 ҳазор сомонӣ кам намудаанд.

Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар давраи 11 моҳи соли 2020 ба андозаи 95,0% иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишуда 8 миллиону 280,1 ҳазор сомонӣ, ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 7 миллиону 862,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаҳои нақшавӣ 418,0 ҳазор сомонӣ кам буда, нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2019 ҷамъоварӣ гардида, ба андозаи 446,7 ҳазор сомонӣ ё худ 6,0% бештар мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ дар 11 моҳи соли 2020 ба андозаи 92,2% таъмин гардида, ба ҷойи 13 миллиону 278,0 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 12 миллиону 244,9 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша ба маблағи 1 миллиону 033,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Ба ҳолати 01.11.2020 бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ноҳияи Деваштич маблағи 1 миллиону 231,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 24,1 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

Бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ва андозҳои давлатӣ асосан аз ҳисоби андозсупорандагони Кооперативи тиҷоратии “Хуҷаҳо” 7,5 ҳазор сомонӣ, ИДБЗО Чашмасор 11,8 ҳазор сомонӣ, Кооперативи тиҷоратии Қалъаи Эшон 3,4 ҳазор сомонӣ ва ғайраҳо афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Нозироти андоз, тибқи муқаррароти моддаи 45-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъсиррасонӣ ва рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо ба 490 андозсупорандагони қарздор огоҳиномаҳо ба маблағи 4 миллиону 266,3 ҳазор сомонӣ дода шуда, аз ин 1 миллиону 801,2 ҳазор сомонии он ба ҳисоби буҷети давлатӣ рӯёнида шудааст, ки 42,2%-ро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 194 адад зиёд ва ба маблағ бошад, 1 миллиону 150,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Нозироти андоз бо мақсади кам намудани бақияпулиҳои андоз ва андешидани чораҳои пешбининамудаи фасли 5, боби 12-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, тибқи тартиби ғайрисудӣ нисбати 43 андозсупорандагони қарздор қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳои давлатӣ аз суратҳисоби андозсупоранда ба маблағи умумии 2 миллиону 352,6 ҳазор сомонӣ қабул карда шудааст, ки аз ҳисоби қарорҳои қабулгашта дар ин давра ба маблағи 2 миллиону 099,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 89,2%-ро ташкил медиҳад.

Инчунин, нисбати 37 андозсупорандагони қарздор қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳои давлатӣ аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда ба маблағи умумии 500,2 ҳазор сомонӣ қабул карда шудааст, ки аз ҳисоби қарорҳои пули нақдӣ дар ин давра ба маблағи 470,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 94,1%-ро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 265 адад протоколҳои маъмурӣ ба маблағи 250,8 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудаанд, ки маблағи 207,7 ҳазор сомонии он сари вақт ба ҳисоби буҷет ситонида шудааст, ки 82,8%-ро ташкил медиҳад.

Дар давоми 11 моҳи соли 2020 ба шумораи умумии мувофиқи Нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич бо 4088 андозсупоранда ҳамагӣ санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шудааст, ки 79,9% шумораи умумии андозсупорандагонро ташкил медиҳад. Ба таври электронӣ 754 адад санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шудааст, ки 22,4% шумораи андозсупорандагонро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии санадҳои муқоисавии бо шахсони ҳуқуқӣ тартибдодашуда 515 адад буда, бо 88,8% андозсупрандагон санади муқоисавӣ тартиб дода шудааст. Ба таври электронӣ аз тарафи андозсупорандагон дархост намуда, аз шумораи умумии андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ 193 адад, яъне 46,9% санадҳои муқоисавӣ тартиб додаанд.

Шумораи умумии андозсупорандагони бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 304 ададро ташкил дода, аз ин 224 адад андозсупоранда санади муқоисавӣ тартиб дода шудааст, ки 73,6% андозсупрандагонро ташкил медиҳад.

Тартиб додани санадҳои муқоисавӣ аз тарафи соҳибкорони инфиродии хоҷагиҳои деҳқонӣ 2372 ададро ташкил дода, ба андозаи 82,7% андозсупорандагон санади муқоисавӣ тартиб додаанд.

Аз шумораи умумии андозсупорандагони бо патент фаъолияткунанда ба санаи 01.12.2020 ба миқдори 1087 адад санади муқоисавӣ тартиб дода шуда, 78,3% андозсупорандагон санади муқоисавӣ тартиб додаанд.

Мувофиқи ҳисоботҳои Нозироти андоз андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ ба санаи 01.12.2020 ба мақдори 430 ададро ташкил дода, аз он андозсупорандагони дар  низоми умумӣ 33 адад, андозсупорандагони низоми соддкардашуда 74 адад, кооперативҳои тиҷоратӣ 79 адад, ташкилотҳои ҷамъиятӣ 36 адад ва дигар андозсупорандагон 208 адад мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағҳои ҳисобшудаи шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 22 миллиону 912 ҳазору 902 сомонӣ буда, аз он маблағи воридшуда 18 миллиону 858 ҳазору 404 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли пешин маблағи ҳисобшуда 4 миллиону 417 ҳазору 454 сомонӣ ва маблағи пардохташуда ба маблағи 2 миллиону 023 ҳазору 769 сомонӣ зиёд мебошад, аз ҷумла маблағи ҳисобшудаи андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 4 миллиону 814 ҳазору 564 сомонӣ ва пардохт 1 миллиону 528 ҳазору 175 сомонӣ, ки маблағи ҳисобшуда 2 миллиону 351 ҳазору 470 ва пардохт ба маблағи 282 ҳазору 263 сомонӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Инчунин, маблағҳои ҳисобшудаи андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 2 миллиону 804 ҳазору 298 сомонӣ ва маблағҳои воридшуда 2 миллиону 160 ҳазору 420 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта маблағҳои ҳисобшудаи андози мазкур 94 ҳазору 376 сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи ҳисоботҳо пешниҳоди эъломияҳо дар моҳи ноябри соли ҷорӣ 80,6 фоиз, яъне аз 429 андозсупорандагон 346 адад андозсупорандагон эъломияҳоро пешниҳод намудаанд, ки нисбати сари сол пешниҳоди эъломияҳо 10,1% , яъне ба миқдори 22 адад андозсупорандагон барқарор карда шудаанд. Пешниҳоди эъломияҳо тариқи электронӣ 75 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин, шумораи қарздорони гуруҳи ҳуқуқӣ ба санаи 01.01.2020 ба миқдори 54 адад ва маблағи бақияи қарз 612000 сомониро ташкил медиҳад, ки ба санаи 01.11.2020 шумораи қарздорон 52 адад ва маблағи бақияи қарз 796000 сомониро ташкил додааст. Дар давраи ҳисоботӣ барои кам намудани бақияи қарзи андоз тибқи талаботи моддаи 72-и Кодекси андоз ба 167 андозсупорандагон ба маблағи 3 миллиону 223000 сомонӣ огоҳинома дастрас карда шуда, аз ин маблағ 1 миллиону 499000 сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд. Барои иҷро накардани талаботи моддаи 72-и КА ҶТ нисбати 86 андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ қарорҳои дахлдор, аз ҷумла 49 қарор оид ба бастани суратҳисоб ва 37 қарор аз ҳисоби пули нақдинаи хазина бароварда шудааст.

Оид ба иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.01.2020 таҳти №42 «Дар бораи азнавбаҳисобгирии объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ба санаи 01.12.2020 якчанд корҳои назоратӣ ба сомон расонида шудааст, масалан ба миқдори 13447 адад хоҷагӣ ва ё соҳибмулкон таҳти баҳисобгирӣ (инвентаризатсия) қарор дода шудаанд.

Қайд бояд кард, ки дар вақти гузаронидани инвентаризатсия ба миқдори 6695400 м.м. масоҳати амволи ғайриманқул ва 48422400 м.м. масоҳати қитъаи замин таҳти азнавбақайдгирӣ гузаронида шудааст. Масоҳати барилова ҳисобкардашуда масоҳати молу мулки ғайриманқул 62800 м.м ва масоҳати замин 238500 м.м. барилова муайян карда шуда, аз ҳисоби ин манбаҳо ба маблағи 62450 сомонӣ маблағҳои андоз барилова ҳисоб карда шуда, бо пуррагӣ ба буҷет пардохта шудааст.

Корҳои назоратӣ оид ба иҷораи амволи ғайриманқул муайян намуд, ки ба ҳолати 01.12.2020 дар ноҳияи Деваштич ҳамагӣ ба миқдори 137 нафар шаҳрвандон ба миқдори 7648 м.м. амволи худро ба маблағи 1 миллиону 191 ҳазору 040 сомонӣ ба иҷора додаанд. Аз ин ҳисоб ба маблағи 154 ҳазору 835 сомонӣ андози даромад аз шахсони воқеӣ ҳисоб карда шуда, 198030 сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд.

Нақшаи гузошташудаи андози даромад аз ҳисоби иҷораи молу мулки ғайриманқул ба андозаи 100,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 197 ҳазору 634 сомонӣ 198 ҳазору 030 сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақшаи гузошташуда 396 сомонӣ маблағ барзиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағи иҷорапулӣ ба ҳисоби миёна ба як м.м. 155,7 сомонӣ ва маблағи андози даромад бошад, 20,2 сомониро ташкил медиҳад.

Яке аз усулҳои соддакардашудаи андозбандӣ — ин бо тариқи патент ба андозбандӣ ҷалб намудани андозсупорандагон мебошад. Алалхусус соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент фаъолият менамоянд, сершумортарин табақаи андозсупорандагон ба шумор рафта, ин шакли соҳибкорӣ моҳияти калони иҷтимоӣ низ дорад ва баробари ин, таваҷҷуҳи пайвастаи Нозироти андозро тақозо менамояд.

Мутобиқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1-уми декабри соли 2020 шумораи умумии соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда 1087 нафарро ташкил намуда, ҷамъоварии андозҳо аз ин ҳисоб дар ин давра ба 1 миллиону 948,5 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки 103,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи онҳо ба миқдори 76 нафар зиёд ва воридоти андозҳо бошад, ба маблағи 183,3 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар ҳамин давра тибқи талаботи моддаи 45-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 369 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, ки дар назди буҷети давлатӣ бақияи қарзи андоз доранд, огоҳиномаҳо ба миқдори 934 адад ба маблағи 571 ҳазор сомонӣ ирсол карда шуда, бақияи қарзи онҳо ба маблағи 112,5 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Бақияи қарзи патент аз тарафи гуруҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони тибқи патент фаъолияткунанда дар 11-моҳаи соли равон ба маблағи 152,7 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст, бақияи карз ба санаи 01.12.2020-ум 355,6 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Ба имтиёзи андози 299 нафар андозсупорандагони тибқи патент фаъолияткунанда аз ҷумла дар бозорҳо 77 нафар ва мағозаи тиҷоратӣ 31 нафар бархӯрдор шудаанд, ки маблағи андози онҳо 54 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, оид ба гузариши андозсупорандагони аз патент ба шаҳодатнома дар 11-моҳаи соли равон 11 нафар аз шаҳодатнома ба шахси ҳуқуқӣ 2 нафар мебошад.

Мутобиқи ҳисоботҳо ба ҳолати 1-уми декабри соли 2020, шумораи умумии соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 2676 адад, аз ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 2372 адад ва дигар соҳибкорони инфиродӣ 304 нафарро ташкил намуда, аз ҳисоби онҳо дар ин давра ба маблағи 6 миллиону 833,5 ҳазор сомонӣ андозҳои давлатӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд, ки мутаносибан 5 миллиону 117,8 ҳазор сомонӣ ва 1 миллиону 715,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи онҳо 128 адад, аз он ҷумла шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 84 адад зиёд ва соҳибкорони инфиродӣ ба миқдори 44 нафар зиёд шудааст ва маблағи воридоти андозҳо бошад, 793,2 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. Аз тарафи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба 01.12.2020 ба миқдори 304 нафар буда, 227 нафар ҳисобот пешниҳод намудаанд. Хоҷагии деҳқонии бе таъсиси шахси ҳукуқӣ 2372 адад ба қайд гирифта шуда, 2276 эъломияҳоро пешниҳод намудаанд. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ гузариш аз патент ба шаҳодатнома 11 нафар буда, аз шаҳодатнома ба шахси ҳукуқӣ 2 нафар мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи нозирони мутасаддии гуруҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродӣ нисбати 79 нафар андозсупорандагони тибқи шаҳодатнома протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 103 ҳазору 464 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бақияи карзи андозҳо ба санаи 01.11.2020 маблағи 434000 сомонӣ, шумораи қарздорон 281 нафарро ташкил медиҳад.

Дар 11 моҳи давраи ҳисоботӣ аз тарафи Нозироти андоз дар асоси талаботи моддаи 37-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 200 ҳолат назорати камералӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа ба маблағи 862,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ андозҳо ба фоидаи буҷет барилова ҳисоб карда шудаанд ва ба андозсупорандагон саривақт огоҳиномаҳо дастрас карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 634,2 ҳазор сомонӣ андозҳо ба буҷет пардохта шуда, маблағи 47,5 ҳазор сомонӣ изофапулии андозсупорандагон ва 11,5 ҳазор сомонӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда тибқи барномаи компютерӣ пӯшонида шудаааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба шумора 37 адад ва ба маблағи 22 ҳазору 376 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи талаботи банди 5-и моддаи 28-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 230-то нуқтаҳои тиҷоратӣ ва бозорҳои ҳудуди ҷамоату деҳоти ноҳияи Деваштич санҷиши амалиётӣ гузаронида шудааст. Дар вақти гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати 11 нафар андозсупорандагон, ки бе қайди мақомоти андоз фаъолият менамуданд, ба маблағи 23,66 ҳазор сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, таҳти ҷаримабандӣ қарор дода шудаанд ва маблағи ҷарима сари вақт ба ҳисоби буҷет ситонида шудааст. Инчунин, дар раванди гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ 36 нафар шаҳрвандон бо патент таъмин карда шудаанд.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 38-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич ҳамагӣ ба миқдори 408 адад МНХ-и дорои хотираи фискалӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи 9 моҳи соли 2020 талаботи МНХ дар ноҳияи Деваштич 38 ададро ташкил медиҳад, ки дар давоми 9-моҳаи аввали соли равон ба 88 адад андозсупорандагон МНХ-и тамғаи “Миника” дастрас карда шудааст, ки 394,3 фоизро ташкил менамояд.

Дар вақти гузаронидани хариди назоратӣ барои ба мизоҷон чипта надодан ва вайрон намудани пешбурди дафтари бақайдгирии пулӣ-нақдӣ ҳамагӣ 12 адад, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 6 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 6 адад ба маблағи 44080 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ баста шуда, маблағи он бо пуррагӣ ба ҳисоби буҷет пардохта шудааст.

Дар давраи ёздаҳ моҳи соли 2020 тибқи аризаи андозсупорандагон оид ба қатъи фаъолият ба миқдори 28 нафар муроҷиат намуда, шумораи аризаҳои мавриди баррасӣ қарордодашуда 25 нафарро ташкил медиҳад. Аризаи бе баррасӣ монда бо назардошти ариза ба санаи 01.01.2020 ба миқдори 11 адад боқӣ мондааст, ки мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тибқи талаботи моддаи 40-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли 2020 дар фаъолияти 9 андозсупоранда муоинаи хронометражӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба маблағи 105,6 ҳазор сомонӣ манбаҳои андозбандии онҳо зиёд карда шуда, нисбати 9 нафар андозсупоранда ба маблағи 32,0 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шуда, ба буҷет рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи санҷиши хронометражии андоз 1 адад зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич як қатор андозсупорандагони фаъол муайян карда шудаанд, аз ҷумла Кооперативи тиҷоратии “Овчи Ғончӣ”, ҶДММ “Ҳаҷмис”, ҶДММ “Спитамен”, соҳибкори инфиродӣ Нарзуллоев Фаррух, соҳибкори инфиродӣ Абдураҳмонов Зокир, соҳибкори инфиродӣ Розиқов Баҳриддин, соҳибкори инфиродӣ Муродов Амир ва соҳибкори инфиродӣ Раҳимов Миршакар.

Дар ин баробар, ҳастанд андозсупорандагоне, ки дар иҷрои уҳдадориҳояшон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, аз ҷумла Кооперативи тиҷоратии “Қалъаи Эшон” (маблағи қарз 20555 сомонӣ, роҳбар Ғайбуллоев Мирзо), КДФ БММ Ғайриманқул дар ноҳияи Деваштич (маблағи қарз 84955 сомонӣ, роҳбар Норов Абдуғанӣ), Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии “Чашмасор” (маблағи қарз 91606 сомонӣ, роҳбар Раҷабов Раҷаб), Кооперативи тиҷоратии “Абдураҳмон Шукуров” (маблағи қарз 62193 сомонӣ, роҳбар Шукуров Абдурауф), ҶДММ “Холов М” (маблағи қарз 62193 сомонӣ, роҳбар Холов Муҳаммад), хоҷагии деҳқонии “Нур” (роҳбар Ҷураев Носир, маблағи қарз 25616 сомонӣ), хоҷагии деҳқонии “Далён” (роҳбар Обидов Нарзулло, маблағи қарз 83126 сомонӣ), хоҷагии деҳқонии “Бобои Зиё” (роҳбар Ризоев Зиё, маблағи қарз 3326 сомонӣ), хоҷагии деҳқонии “Ҳотамбобо- 1” (роҳбар Мирзоев Лутфулло, маблағи қарз 5543 сомонӣ), хоҷагии деҳқонии “Ҳотам Қурбонов” (роҳбар Миров Раҳмонқул, маблағи қарз 84295 сомонӣ).

Ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич муҳтарам Шероз Комилзода, “ноҳияи Деваштич дар миқёси кишвар яке аз ноҳияҳои камобу аграрӣ ба шумор рафта, қисми зиёди заминҳои ноҳия тариқи чоҳҳои амудӣ обёрӣ карда мешаванд. Он рӯз дур нест, ки маҳз аз тариқи хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳадзода оби зулоли рӯди Даҳкатсой ба даштҳои ташналаби Деваштич ҷорӣ шуда, беш аз 4000 га заминҳои лалмиро шодоб намуда, ҳолати мелиоративии беш аз 10000 га хуб гашта, даромади аҳолӣ ва андозҳои давлатӣ зиёд хоҳанд гардид”.

— Маҳз таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Деваштич беназир буда, дар самти зиёд гардидани субектҳои хоҷагидору андозсупоранда корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Танҳо давоми соли 2020 дар як худи ҳудудҳои ҷамоати деҳоти Яхтан чандин чоҳҳои амудӣ кофта шуда, беш аз 200 га заминҳо обёрӣ карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, мардум аз Роҳбари давлат сипосгузоранд ва мо — кормандони нозироти андоз низ баҳри пешравии ноҳия ва ободу хуррам гардонидани он хизмати худро арзонӣ дошта, уҳдадор мешавем, ки ҳар як супориши роҳбарияти Кумитаи андоз ва вилоятро барои ғанӣ гардонидани буҷа бо сифати баланд ба иҷро расонем,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here