Ба роҳ мондани истеҳсоли оммавии маҳсулоти қолинӣ дар асоси анъанаҳои бисёрасраи қолинбофӣ ва истифодаи ашёи хоми ватанӣ кори осон нест. Бозори маҳсулоти бофандагӣ ва қолинӣ дар Тоҷикистон пайваста ба ғояҳои нав ва қарорҳои тарроҳӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Навкунӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва бофандагӣ дар Тоҷикистон», ки бо дастгирии молиявии Федератсияи Русия амалӣ карда мешавад, гуруҳи мутахассисони ЮНИДО тарбияи насли ҷавони дизайнерҳои касбиро яке аз вазифаҳои асосии худ медонанд.

«Мутахассисони ҷавон, ки фаъолияти худро дар соҳаи тарроҳӣ акнун оғоз карда истодаанд, ба истифодаи қолабҳое, ки аз он истеъмолкунандагон ошноӣ доранд, зиёд майл надоранд. Онҳо ба маҳсулот аз нуқтаи назари нав нигоҳ мекунанд, ба навовариҳои мӯд хуб сарфаҳм мераванд ва муҳимтар аз ҳама, онҳо аз таҷриба кардан ва ҷасур будан дар пешниҳоди ғояҳои худ наметарсанд. Ин маҳз ҳамон чизест, ки ба саноати сабуки кишвари мо намерасад. Аз оғози марҳилаи 2-юми лоиҳа мо бо донишҷӯёни шуъбаҳои тарроҳӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои кишвар низ, фаъолона корбарӣ намуда, ба онҳо тарзи истифодаи нармафзори (таъминоти барномавии) навтарини Inkscape-ро дар таҳияи лоиҳаҳои тарроҳӣ омӯзонидем»,- мегӯяд Сарвиноз Ҷунайдова — ҳамоҳангсози миллии техникии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон.

Чорабиниҳои омӯзишӣ давра ба давра гузаронида мешаванд, то ки иштирокчиён имконияти дар амал татбиқ ва мустаҳкам кардани донишҳои худро дошта бошанд. Бо назардошти маҳдудиятҳои вобаста бо пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон ҷорӣ кардашуда коршиносони ЮНИДО як низоми онлайн-омӯзишро ҷорӣ карданд, ки тавассути он иштирокчиён акнун метавонанд таҳсили худро аз хона набаромада идома диҳанд.

Ҳамин тавр, аз 3 то 4-уми июн ба тариқи онлайн силсилатренингҳо оид ба омӯзиши нармафзори (таъминоти барномавии) Inkscape дар доираи марҳилаи сеюми чорабиниҳои омӯзишӣ барои гуруҳи иборат аз 11 нафар, аз ҷумла омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаҳои тарроҳии Донишкадаи политехникии Хуҷанд, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Хуҷанд, инчунин кормандони корхонаҳои баҳрабардори лоиҳаи ЮНИДО аз вилояти Суғд баргузор гардид.

«Мо бори аввал ба тариқи онлайн чунин тренинг оид ба омӯзиши Inkscape гузаронида истодаем ва интизор будем, ки дар аввал бо баъзе душвориҳо дучор мегардем, вале ҳамааш хуб гузашт. Иштирокчиён натиҷаҳои хуб нишон доданд, хеле фаъол буданд ва мо барои лоиҳаҳои онҳо аллакай аввалин корҳоро анҷом додем. Мо инчунин видео-дарсҳоро, ки дар канали YouTube-и мо дастрас мебошанд, омода кардем. Албатта, чунин формат вақти моро хеле маҳдуд мекунад, зеро дар давоми якчанд соат ба тариқи онлайн нигоҳ доштани диққати иштирокчиён хеле душвор аст. Бо вуҷуди ин, шиддатнокии мо самараи калон овард»,-мегӯяд Абдул Валид Аттахи, мураббии миллӣ оид ба нармафзор ва тарроҳӣ.

Ба ақидаи иштирокчиён, онлайн-омӯзишҳо на танҳо имконияти хуби вақтгузаронии судманд ҳангоми ҷудонишинӣ (дуршавӣ) мебошад, балки як фурсати муносиб барои омода кардани пешниҳодҳои нави тарроҳӣ барои корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ аст, ки метавонанд онҳоро дар истеҳсолоти худ татбиқ намоянд. Иртиботи доимӣ бо коршиносони лоиҳа аз бисёр ҷиҳат корро осон мегардонад ва имкон медиҳад, ки сари вақт тасҳеҳоти зарурӣ ворид карда шавад.

Дар ояндаи наздик чунин силсилатренингҳои онлайн барои иштирокчиёни вилояти Хатлон низ гузаронида мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here