Ин омил аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавриди истифода қарор додани плазаҳои нави толлингии Деҳмой ва Шаҳристон ба ҷои плазаҳои амалкунанда бори дигар собит гардид.
31-уми июли соли 2017 зимни ифтитоҳи плазаҳои нави толлингии Варзоб ва Ҳушёрӣ Директори филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Азизов минҷумла зикр намуда буд, ки “дар маҷмуъ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав 2 марҳиларо дар бар гирифта, дар навбати аввал плазаҳои толлингии Варзоб, Ҳушёрӣ дар ноҳияи Варзоб, сипас плазаҳои толингии Шаҳристон, Истарвшан, Деҳмой ва Чорух дар вилояти Суғд фаъол хоҳанд шуд”.
Дар заминаи масъулиятшиносӣ ва тавсеа бахшидани корҳои ба ин масъала рабтдошта масъулин тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ, 30-юми августи соли равон плазаҳои нави толлингиро дар Деҳмой ва Шаҳристон мавриди истифода қарор диҳанд. Маросими мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои мавриди назар бо ширкати масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати БДА ВКД дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хеле бошукуҳ баргузор гардид.
Зимни суханрониаш Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов ҳозиринро бо ҷашни қарибулвуқуи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон табрик намуд. Зикр шуд, ки ҳамасола ҳамватанонамон Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ дар фазои бошукуҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
-Воқеан ҳам, соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои мо рӯйдоди сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст. Пас, заруру ногузир ва рисолати инсониву қарзи виҷдонии мо аст, ки ин неъмати бебаҳоро таври бояду шояд арҷгузорӣ намоем, дар атрофи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон доимо сарҷамъ ва ба сиёсати пешгирифтаи ин Абармард ҳамеша содиқ бошем,- афзуд Асомиддин Азизов.
А. Азизов аз он ёдовар гардид, ки қабл аз оғози фаъолияти Ширкат роҳи мазкур аз 6 то 8 моҳ баста мешуд. Баъди ба фаъолият оғоз намудани филиали Ширкат роҳ соли 2010-ум 15 рӯз, 2011-ум 10 рӯз ва соли 2017 бошад, бинобар боришоти зиёди барф ҳамагӣ ду ҳафта баста буду халос.
Нуктаи муҳим он аст, ки IRS барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароитҳои зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 181 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад.
Бо мақсади густариш бахшидани таъмиру таҷдид дар масири роҳи Душанбе-Чаноқ 3 корхонаи истеҳсоли мумқир (асфалт) бунёд гардида, дар ин замина теъдоди зиёди сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳо буҷети ноҳия низ ғанӣ шуда истодааст. Барои таъмини ҳолати хуби роҳ аз ҷониби филиали Ширкат хонаҳои устоҳои роҳ дар км 62, 131 ва 160 сохта, ба истифода дода шудааст. Ба хотири таъмини бехатарии ронандагону мусофирон бо ибтикори роҳбарияти филиали Ширкат бунёду гузоштани деворҳои ҳимоявӣ оғоз гардида, то ин замон дар масофаи 8000 метри тӯлонӣ чунин деворҳои ҳимоявӣ сохта ва ё гузошта шудаанд. Нуктаи муҳим он аст, ки ин иқдом аллакай ҷони як идда мусофиру ронандагони дар ин масир ҳаракаткунандаро аз марг наҷот дод. Ба ибораи дигар, мавҷудияти чунин деворҳо чандин автомобилро аз афтидан ба дарё боздошта, боиси ҳифзи ҳаёти ҳамватанонамон гардид.
Директори филиали Ширкат доир ба бартариҳои плазаҳои нав сухан ронда, афзуд, ки бо дарназардошти талаботи замон ва таъмини рушди бемайлони Ширкат лоиҳаи ҷадид оид ба ҷорӣ кардани системаи нави электронии толлингӣ татбиқ шуда, ҳамчунин тамғаи молӣ (бренди) филиали Ширкат низ иваз карда шуд. Плазаҳои наве, ки имрӯз мавриди истифода қарор мегиранд, идомаи мантиқии раванди зикршуда мебошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб Асомиддин Азизов арзи сипоси худро ба шарикон, аз ҷумла ширкатҳои “Тексидел”, “Хамод”, “Нузам”, “ТГЕМ”, “Сарфароз” ва ғайра ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур иброз намуда, гуфт, ширкатҳое, ки дар ин лоиҳа ҷалб шудаанд, аз ҷумлаи ширкатҳои бонуфуз маҳсуб ёфта, ду соли татбиқи лоиҳа барояшон мактаби омӯзиш ва роҳандозии таҷрибаи ҷадид дар Тоҷикистон гардид.
— Шуморо бовар мекунонам, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин плазаҳо интиҳои ибтикороти мо вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ набуда, ин раванд минбаъд идома ва густариш хоҳад ёфт,- гуфт дар фарҷом А. Азизов.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Ашӯров зимни суханронии худ аз корҳои амалинамудаи филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки маҳз ба шарофати масъулиятшиносии кормандони он қитъаи дар вилояти Суғд воқеъбудаи роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дорад. Ҷорӣ шудани низоми мазкур замина фароҳам овард, ки нигоҳдории роҳи мавриди назар дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад,- муътақид аст номбурда. Ин нукта дар суханронии муовини якуми раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ низ таъкид гардид. Узви Шӯрои нозирони филиали Ширкат Илҳомиддин Иброҳимов дар суханронии пурмуҳтавои худ, ки фарогири тамоми ҷанбаҳои фаъолияти филиали Ширкат буд, худ таври муфассал доир ба раванди фаъолияти филиали Ширкат маълумот дода, корҳои дар ин муддат амалишударо шоистаи таҳсин арзёбӣ кард. Ба андешаи И. Иброҳимов, тӯли фаъолияташ филиали Ширкат рисолати худро дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда истодааст. Бо ин мақсад тамоми имконоти мавҷуда истифода шуда, роҳбарият ва аъзои Шӯрои нозирон ҳавасманданд ва тамоми чораҳоро меандешанд, ки минбаъд низ ин раванд густариш ёбад.
Намояндаи ширкати Tecsidel Хектор Лопес иброз дошт, ки «дар раванди ҳамкориҳои барои тарафайн судманд бо филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муътақид гардидем, ки масъулиятшиносӣ, арҷ гузоштан ба эҳтироми байниҳамдигарӣ, фароҳам намудани шароит барои тавсеаи равобит меҳвари фаъолияти ин ширкати бонуфуз буду ҳаст. Маҳз ҳамин омил замина фароҳам овард, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳамкориҳои мо ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, бемайлон рушд ёфта истодаанд. Ба ибораи дигар, шарики боътимод эътироф гардидани филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели эътимоди мо ба дурнамои неки он аст».
— Метавон гуфт, ки филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои томаш пешсафи ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар фарҷом ба роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътимодашон ба мо ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо арзи сипос намуда, ифтихормандем, ки бо чунин ширкати маъруфу муътабар ҳамкорӣ дорем,- суханрониашро хулоса намуд Хектор Лопес.
Дар маҷмуъ, ифтитоҳи плазаҳои зикршуда баёнгари он аст, ки агар масъулиятшиносӣ меҳвари фаъолият бошад, расидан ба ҳадафҳои нек имконпазир аст.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон