Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода дар асоси Фармони Вазорати металлургияи рангаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз 13-уми июни соли 1986 ҳамчун филиали Техникуми алюминии Каменск-Уралск таъсис дода шудааст. Пас аз Истиқлолияти давлатӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми октябри соли 2003, №472 Техникуми металлургии шаҳри Турсунзода ба Коллеҷи металлургӣ табдил дода шудааст.

Дар соли таҳсили 2020 шумораи умумии кормандони муассиса 55 нафар буда, аз ин 20 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 25 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла 6 нафар зан мебошанд. Дар муассиса 2 нафар омӯзгорони дорои унвони илмӣ, 7 нафар дорои унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият менамоянд. Дар соли таҳсили 2019-2020 тибқи ҷадвал 4 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаанд.

Дар шуъбаи рӯзонаи коллеҷи мазкур 24 гуруҳ амал мекунад, ки аз ин 18 гуруҳи таълимии кредитӣ ва 6 гуруҳи анъанавӣ мебошад, ки дар онҳо 519 нафар донишҷӯён машғули илмомӯзӣ буда, 61 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Давомоти донишҷӯён зери назорати доимӣ қарор дошта, ҳамарӯза мавриди санҷиш қарор дода мешавад, ки давомоти онҳо то 97,3%-ро ташкил медиҳад.

Дар шуъбаи ғоибона 16 гуруҳ амал мекунад, ки аз ин 7 гуруҳи низоми кредитӣ буда, дар онҳо 166 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, 49 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Мувофиқи нақшаи таълимӣ дар гуруҳҳои таълимӣ дарсҳо аз моҳи январ оғоз гардида, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо 96,3%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 5,7% зиёд аст.

Дар соли таҳсили 2019-2020 муассисаи таълимиро 123 нафар донишҷӯ хатм намудаанд, ки аз ин шумора шуъбаи ғоибонаро 72 нафар ва шуъбаи   рӯзонаро 51 нафар хатм кардаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз фанҳои таълимӣ супоридани корҳои амалӣ ба нақша гирифта шуда, мавзуҳои корҳои амалӣ тасдиқ карда шуда, ба ҳамаи донишҷӯён дастрас гардидаанд.

Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода дорои Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти АУ №0001008 мебошад. Ҷиҳати ҷалби бештари довталабон барои соли таҳсили 2020-2021 корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ (профориентатсия) миёни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии умумии шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав баргузор гашта, фаъолияти коллеҷ тариқи васоити ахбори омма, нашрияҳои маҳаллӣ ва телевизиони маҳаллии «Регар» оид ба дохилшавӣ, нашр ва инъикос гардидааст. Комиссияи қабул кори худро аз 20-уми июни соли ҷорӣ оғоз намуда, утоқи махсуси кории комиссияи қабул таҷҳизонида, гӯшаи «Довталаб-2020» таъсис дода шудааст.

Дар соли таҳсили 2020-2021 муассиса аз рӯи чунин ихтисосҳо ҳуҷҷат қабул намудааст: дар заминаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои 3-40025201 — «Ҳисобдор (бо донистани компютер)», 3-25015201 — «Системаи компютерӣ ва Интернет технология», 3-37015203 — «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил», 3-015101 —  «Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», дар заминаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи ихтисосҳои 37 01 01 33 — «Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикони дарунсӯз», 2-360331 — «Васл, танзим ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхонаҳо ва иморатҳои истиқоматии шаҳрвандон», 2-250135 — «Ҳисоби муҳосибавӣ, таҳлил ва назорат».

Қабули донишҷӯён дар асоси шартнома сурат мегирад ва нақшаи қабул аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. То имрӯз муасиссаи таълимиро зиёда аз 6272 мутахассис хатм намуда, дар соҳаҳои мухталифи кишвар кору фаъолият менамоянд.

Дар Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода Шӯрои занону духтарон амал мекунад, ки 25 нафар занон ва 41 нафар ҷавондухтаронро дар бар мегирад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳти рақами воридгардидаи №46-қ аз 16.09.2019, дар муассисаи таълимӣ мавриди иҷро ва корбарӣ қабул карда шудааст. Барномаи мазкур дар Шӯрои илмӣ (омӯзгорӣ) мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои корбарӣ ва иҷро ба омӯзгорони фаннӣ вобаста карда шудааст. Мутобиқи қарори Шӯрои илмӣ (омӯзгорӣ) оид ба амалигардонии он Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, зери назорати доимӣ қарор дорад.

Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемории короновируси нави COVID-19 дар байни ҳамаи кормандони муассисаи таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, оид ба таъмини ниқоби чорқабатаи муҳофизатӣ, барои гузаронидани тозасозии дохил ва ҳудуди бинои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили маҳлули безараргардонии хокаи хлор таъмин гардидааст. Барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар муассисаи таълимӣ доруқуттӣ бо тамоми дорувориҳо таъмин карда шуда, оид ба нигоҳ доштани ҳолати хуби санитарӣ дар муассиса назорат пурзӯр карда шудааст.

Ба гуфтаи директори Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода муҳтарам Тоҳирҷон Азизов, «корҳои тарбиявӣ дар Коллеҷ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи металлургӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи Нақшаи таҳиягардида, бо мақсади тарбияи донишҷӯён дар руҳияи инсондӯстиву инсонпарварӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ободкориву созадагӣ ва бунёдкориҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд».

— Бо мақсади таҳкими сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи қонунҳои умумимиллӣ, муқовимат бо коррупсия, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб ва гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, роҳнамоии ҷавонон ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои гуногун мавриди амал қарор мегиранд. Ҳайати устодону донишҷӯёни Коллеҷи металлургӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва сари вақт иҷро намудани нақшаҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Мекӯшем, то барои бозори меҳнат, ки ба мутахассисони кордону болаёқат ниёз дорад, дар асоси супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири саноат ва технологияҳои нав муҳтарам Шералӣ Кабир мутахассисони беҳтаринро омода намоем, то онҳо низ дар навбати худ баҳри гулгулшукуфии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд,- афзуд ӯ.

С. САИДОВ,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here