«Совершенно секретно»: Аввалин намунаи парвозии чархболи нави мулкии бисёрҳадафаи Русия Ка-62 ба меҳмонони Форуми иқтисодии шарқӣ дар шаҳри Владивосток намоиш дода шуда буд. Ин чархбол аввалин парвози дури худро то макони рӯнамоӣ тай кард ва тӯли ин сафар онро чархболи Ми-8 – и ҷустуҷӯ ва наҷот раҳнамоӣ намуд. Шореҳи нашрияи «Совершенно секретно» муайян кард, ки чаро ин чархбол аз аввалин рӯзу соати парвозаш натавонист ба танҳоӣ ба макони таъиншуда расад ва онро чархболи дигаре бо наҷотдиҳандагон ҳамроҳӣ мекард…
Ин чархболи бисёрҳадафаест, ки қарор аст дар солҳои наздик ҷойгоҳи худро дар ҳавонавардии Русия пайдо кунад. Барои мусофиркашонӣ, корҳои офшорӣ, ёриҳои таъҷилии тиббӣ, корҳои ҳавоӣ ва назорату мушоҳида, интиқоли бор, мониторинги экологӣ пешбинӣ шудааст. Бо он ки дар фазо баланд парвоз мекунад ва дорои моторҳои қудратманд аст, Ка-62 қодир аст дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот, интиқол аз навоҳии баландкуҳ фаъолона ширкат кунанд. Ҳоло дар Русия чархболе назири он ва бо ин суръату баландии парвоз ва ин сифат вуҷуд надорад ва ин кишвар эҳтиёҷи шадиде ба тавлиди ин гуна чархболҳо дорад.
Руҷуъ ба таърих
Директори кулли ҳолдинги “Чархболи Русия” Андрей Богинский ахиран изҳор дошт, ки тарҳи бунёди Ка-62 “сарнавишти ғайриодӣ” дорад. Бюрои тарроҳони ба номи Камов ба сохтани ин чархбол солҳои ҳаштоди асри гузашта оғоз карда буд. Он замон вай номи В-60 дошт ва баъдан номи Ка-60 гирифт. Пешбинӣ мешуд, ки ин чархбол дорои тарҳи печи чархон хоҳад буд ва печи думи он бо пӯшиши вижаи “фенестрон” пӯшида мешуд.
Амалан К-60, ки хеле баъдҳо номи “Касатка” гирифт, бояд мошини иктишофие мешуд, ки метавонист идораи чаҳор Ка-50-ро бар дӯш гирад. Барои ин ба Ка-60 мебоист маҷмаъаи иктишофӣ низ васл карда мешуд. Аммо он замон бо ин ҳама нишондод тарҳи Ка-60 иҷро нагардид, бо сабабҳои номаълум он пурра сохта нашуд ва ё сохтанаш ба дарозо кашид ва билохира Сергей Викторович Михеев ба қароре омад, ки ин чархбол оянда дар шакли мошини универсалии нақлиётӣ сохта ба истифода дода шавад.
10 декабри соли 1998 намунаи аввалияи парвозии Ка-60 ба ҳаво хест. Ва баъдан зинаҳои дигари санҷишии он шуруъ шуданд ва ин санҷишҳо аз чӣ бошад, ки хеле суст роҳандозӣ мешуданд ва як сабаби аслӣ камбуди сармоягузорӣ ба он буд. Тобистони соли 2010 яке аз ду намунаҳои санҷишӣ дучори садама ва дар ноҳияи Люберетси вилояти Маскав сарнагун шуд. Ду халабони он зинда монданд, вале бо ҷароҳатҳои басо сангин бистарӣ шуданд ва ба хати парвоз танҳо баъди як соли муолиҷа баргаштанд. Амалан ин садамаи нохӯшу ногаҳонӣ ба ояндаи тарҳи Ка-60 хати бутлон кашид. Ва аз он ба баъд бюрои тарроҳон тасмим гирифт чархболи дигаре назири он бо номи Уа-62 созад.
Фарзияи нав
Аз соли 2010 дар корхонаи ҳавопаймосозии ААК «Прогресс» ба номи Н.И.Сазикин, ки ҳолдинги «Вертолёты Россия» низ ба он дохил мешавад, дар кишвари Приморск ба сохтани чархболи Ка-62 оғоз кард. Ду адад аз он мебоист парвозӣ мешуданд, аммо баданаи сеюмро қарор буд ба санҷиши оморӣ биспоранд. Кор сари бунёди он ба мушкил пеш мерафт, коллективи тарроҳон муддати тӯлонӣ натавонистанд оид ба намуди зоҳирии он ба мувофақа расанд ва ба корхонаи бунёдгар пайваста тарҳҳои гуногун бо тағйироту иловаҳо фиристода мешуд. Ва ин ин гуна дарҳамубарҳамиҳо муддате корро кашол дод ва дар натиҷа тарҳи нав дар вақту замони мувофиқашуда сохта нашуд.
Чархбол тозакориҳову навовариҳои зиёд дошт, танҳо истифода аз маводҳои композитӣ беш аз 60 дарсади ҳамаи бахшҳоро ташкил медод. Печи фармон, ки дар пӯшиши дум ҷойгир шуда буд, низ аз унсурҳое иборат буд, ки қаблан дар чархболҳои ватанӣ дида намешуд. Аммо аз ҳама асосӣ чархболи нав мебоист бо шароитҳои мусоиди ҳамкориҳои байналмилалӣ сохта мешуд. Мотори онро мебоист ширкати фаронсавии «Турбомека» мефиристод, вазифаи интиқолӣ бар дӯши ширкати австрияёии «Соклер» буд. Аммо баъди эълони таҳримҳо дар соли 2014 ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ қатъ шуд. Ва муҳлати ба истифода дода шудани ин чархбол боз ба вақти номаълум мавқуф гузошта шуд.
Аммо ҳанӯз соли 2012 муяссар шуд дар «Прогресс» баданаи аввали чархболро ҷамъугир кунанд. Ва хеле зебову шинам ва назаррабо омад. Онро ба намоишгоҳи саноати чархболсозии «ХелиРаша-2012» равон карданд. Мегӯянд Дмитрий Медведев ба пояи он баромад ва он аз бадана шикаст. Ҳарчанд ин нуқс баъдан пинҳон дошта шуд, вале ба сарнавишти ояндаи он нақши манфӣ бозид. Охири соли 2012 ҳолдинги чархбол бо яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Бразилия барои 7 чархбол то охири соли 2016 муоҳада имзо намуд. Вале ин шартнома то охир иҷро нашуд.
Парвоз
Моҳи апрели соли 2016 дар фурудгоҳи Арсенйев аввалин парвози Ка-62 баргузор шуд. Он ба баландии то 30 метр ба ҳаво хест ва баъди чанд маротиба гардиш кардан, дубора ба замин нишаст. Ин парвози нахустин камбудиҳои зиёдеро дар тарҳи нав ошкор кард ва билохира он барои коркард ва такмил баргардонда шуд.
Танҳо баъди як сол ба Ка-62 муяссар шуд, ки дубора парвоз кунад ва тӯли ин як сол онро такмил доданд, пурра карданд, камбудиҳои парвози аввалро ислоҳ намуданд. 25 майи соли 2017 Ка-62 бо суръати 110 км дар як соат парвоз кард, вале боз ҳам камбудиҳо ошкор шуданд ва як соли дигар аз ҳақи парвоз маҳрум шуд. Лозим омад дубораву себора онро такмил диҳанд, камбудиҳояшро ислоҳ намоянд.
Охири моҳи августи соли 2018 Ка-62 бори дигар ба парвоз омад ва ин бор дур рафт, то ба намоишгоҳи Владивосток, ки дар оғоз гуфтем. Бо вуҷуди он ки ин чархбол ҳоло ҳам зинаҳои лозимии санҷиширо нагузашта буд, мутахассисон ва тарроҳони “Прогресс” ба муваффақияти парвози он ба масофаи дур умед надоштанд. Аз ин рӯ, барои эҳтиёт чархболи Ми-8 ҷудо карданд, ки аз пасаш равад. Парвоз ду соат идома дошт ва бо суръати каме бештар аз 100 км дар як соат ҳаракат мекард.
Интизор меравад истеҳсоли муназзами он дар “Прогресс” сар аз соли 2020 шуруъ гардад…
Алексей СУКОНКИН, “Совершенно секретно»
Таҳияи Ф.Муҳаммад