Саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмони JIKA дар рушди деҳот торафт бештар мегардад
Аз моҳи январи соли равон бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон ва ташкилотҳои маҳалии ҷамъиятӣ марҳалаи дуюми лоиҳаи БР СММ таҳти унвони «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии минтақаҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон» — LITAKA дар ҳудуди ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи мазкур то моҳи декабри соли 2020 идома ёфта, дар ин давра маблағи умумии 3,8 миллион доллари ИМА барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷалб карда мешавад. Тавре зимни шиносоии намояндагони ВАО бо рафти иҷрои лоиҳаи мазкур маълум гардид, маблағҳои пешбинишуда аз тарафи Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ – JIKA ҷудо гардида, барои барқарор намудан ва бунёди 86 иншооти иҷтимоӣ-иқтисодии деҳот вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, об ва беҳдоштӣ, обёрии заминҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, нақлиёт, энергетика, кам кардани хатари офатҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, равона карда мешаванд.
Чунончӣ, дар ҷамоати Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои ҷалб намудан ба шуғли фоиданок ба 10 нафар занон аз оилаҳои эҳтиёҷманд 30 қуттии занбури асал ба таври ройгон дода шуда, ҳамчунин ба онҳо тарзи парвариши занбури асал омӯзонида шудааст. Дар баробари ҳамин, ҷиҳати гирифтани асали табиии табобатӣ дар майдони 2 га заминҳои бекорхобидаи ҷамоати мазкур алафи навъи эспарсет ва дар канори роҳҳои байни деҳаҳо 600 ниҳоли ақоқиё шинонида шудаанд. Раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Н.Маҳмудов, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Абдуғаффор Наҷмиддинов оид ба дастгирии молиявии лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии минтақаҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон» — LITAKA изҳор кард, ки вақте соли 2008 дар деҳаи Кишт Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқониро таъсис додем, ҳамагӣ 9 хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун узви Ассотсиатсия фаъолият доштанд. Баъд аз дастгирии лоиҳаи мазкур (марҳалаи аввали лоиҳаи LITAKA соли 2014 оғоз шудааст) имкониятҳои молиявӣ ва истеҳсолии Ассотсиатсия бештар гардиданд. Ҳоло дар АХД 80 хоҷагӣ муттаҳид гардида, дар 100 га заминҳои кишоварзӣ гандум, ҷав, нахуд, наск, полезӣ ва помидору бодиринг кишт карда, ҳосили баланд мегиранд, инчунин АХД дорои 46 га анорзор мебошад. Тамоми корҳои агротехникӣ ба воситаи техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ, ки аз ҷониби лоиҳаи LITAKA дастрас шудааст, анҷом дода мешаванд.
Муҳимтарин дастоварди Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Н.Маҳмудов бо дастгирии молиявии лоиҳаи LITAKA бунёд намудани сехи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар сехи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ солона то 25 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳо аз пиёзи анзур, бодиринг, помидор, инчунин, мураббои анҷир, мураббои дулона, мураббои себи биҳӣ, ширинии тут, шарбати олучаи кӯҳӣ тайёр карда шуда, барои фурӯш ба шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд фиристода мешаванд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил сокинони деҳаҳои Даштиҷум ва баъзе деҳоти ноҳияи Дарвоз ба сехи мазкур маҳсулоти кишоварзии худро месупоранд. Бо ин роҳ аз як тараф, ҳосили деҳқонони деҳаҳои дурдасти кӯҳистон талаф намешавад, аз тарафи дигар онҳо соҳиби даромади хуб шудаанд. Бояд гуфт, ки маҳсулоти сехи коркарди АХД ба номи Н.Маҳмудов дорои сертификати байналмилалии сифат буда, бо бренди «Водии Дашти Ҷум, лаззати табиатро эҳсос намо» ба фурӯш бароварда мешаванд. Бори аввал дар ноҳияи дурдасти Шамсиддин Шоҳин дар назди АХД ба номи Н.Маҳмудов дар шароити гармхона ба парвариши бодиринг иқдом гирифта шудааст. Ҳоло дар гармхона тамоми корҳои агротехникӣ иҷро шуда истодаанд, ки соли нав дар дастархони сокинони ноҳия бодиринги тару тозаи истеҳсоли худӣ пешниҳод карда шавад.
Айнан чунин иқдом дар ноҳияи Шаҳритуз низ сари кор гирифта шудааст. Розиқов Фарҳод, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Чашма» зикр кард, ки дар ноҳияи наздисарҳадии Шаҳритуз дар фасли зимистон одатан сабзавоти тару тозаро дастрас кардан ғайриимкон мебошад. Бо дастгирии лоиҳаи LITAKA акнун имконият пайдо шудааст, ки дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ гармхонаҳои намунавӣ бунёд ва дар онҳо сабзавоти тару тоза парвариш карда шаванд. «Ин иқдоми моро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритуз дастгирӣ намуданд ва барои бунёди гармхонаҳо 20 сотих замин ҷудо карда шуд», — зикр кард Ф.Розиқов. Абумутолиб Раҳимзода раиси хоҷагии деҳқонии «Раҳимбой» дар идома гуфт, ки онҳо дар навбати аввал дар майдони 5 сотих гармхона бунёд кардаанд ва акнун ният доранд, ки дар рӯзҳои ҷашнгирии соли нав бодиринг, помидор, кабудӣ барои сокинони ноҳия пешкаш кунанд. «Дар назар дорем, ки аз 100 то 250 сентнер маҳсулот ба даст оварда, 10 нафарро бо ҷойи кор таъмин намоем», — гуфт сарвари хоҷагии деҳқонӣ А.Раҳимзода.
Яке аз бандҳои дигар лоиҳаи LITAKA «Як деҳа – як маҳсулот» ном дорад, ки ҳадаф аз он самаранок истифода бурдани имкониятҳои табиӣ мебошад. Чунончӣ 3 ҳазор сокинони деҳаи Қумшоҳи ҷамоати ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз танҳо ба парвариши чормағи заминӣ машғул ҳастанд, зеро шароити табии ин маҳал барои парвариши он хеле созгор мебошад. Тавре Алишер Очилдиев, сокини ин деҳа изҳор намуд, пештар сокинони маҳал барои тоза кардани чормағи заминӣ аз пучок вақти зиёд сарф мекарданд. Ҳоло бо дастгирии лоиҳаи LITAKA сехи хурди коркарди чормағзи заминӣ кушода шуд, ки акнун дар ин сех дар муддати як соат то 1 тонна маҳсулот коркард карда мешавад. Пештар бошад барои тоза кардани ин миқдор маҳсулот қариб 3-4 рӯз сарф мешуд. Чунин тарзи кор ҳам сифати махсулотро хуб кардааст, ҳам боиси сабук шудани кор ва арзон шудани маҳсулот гардидааст.
Санаи 27 сентябри соли равон дар ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо дастгирии лоиҳаи LITAKA сехи қаннодӣ ва сехи коркарди пашм ба кор дароварда шуд. Дар маросими ифтитоҳи сехҳои навбунёд роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ иштирок намуданд. «Бо ба кор даровардани сехи хурди истеҳсолии қаннодӣ ва нонҳои миллӣ дар деҳаи Эмом Машрабов 18 нафар занону духтарони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд», — гуфт роҳбари Маркази фарҳангӣ-омӯзишии «Томирис» Раъногул Ҷумъаева. «Дар сехи хурди истеҳсолии коркарди пашм 15 нафар занону духтарон аз маҳсулоти маҳаллии пашм ришта мересанд ва аз риштаи ресидашуда ҷӯробу камзӯлчаҳо ва дигар намуди либос барои кӯдакону наврасон дӯхта мешаванд. Дар баробари муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарони бекори деҳот, сехи нави коркарди пашм барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат мекунад», — изҳор кард роҳбари сехи коркарди пашм Ҳавасмо Кишварова.
Тавре зикр карда шуд, сехи қаннодӣ ва нонҳои миллӣ ва корхонаи хурди коркарди пашм бо ташаббусу пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ ва дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилали (JICA) дар доираи барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди чунин иншооти маишӣ ва иқтисодӣ дар доираи лоиҳаи LITAKA идома дорад ва бешак амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ҷиҳати боло бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияҳои дурдасти мамлакат мусоидат мекунад.
А.Ҳаитов