Истиқлолияти энергетикӣ ва инъикоси он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Осорхонаҳо ҳамчун боргоҳи маърифат дар баробари оне, ки дар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва муаррифии арзишҳои таърихӣ-фарҳангии халқу миллатҳо нақши калидӣ доранд, нақш ва мақоми онҳо дар ташвиқу тарғиби арзишҳои миллии фаъолияти имрӯзаи давлатҳо низ басо назаррас аст.

Барои равшан намудани гуфтаҳои боло метавон фаъолияти яке аз осорхонаҳои бонуфузи кишвар, яъне Осорхонаи миллии Тоҷикистонро мисол овард. Осорхонаи миллии Тоҷикисон ҳамчун оинаи ганҷинаҳо, таъриху тамаддуни пурғановати халқи тоҷикро комилан инъикос намуда, дар таблиғи шукуҳи давлатдории навини тоҷикон, яъне дар инъикоси дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ ҷойгоҳи хосаро касб кардааст. Дар баробари инъикоси дигар давраҳои таърихӣ дар Осорхонаи миллӣ толори махсуси даврони истиқлолият фаъолият мекунад, ки дар толори мазкур дастовардҳои даврони истиқлолият вобаста ба соҳаҳои гуногун муаррифӣ гардида, инъикоси истиқлолияти энергетикӣ низ дар ин толор мавқеи комил дорад. Пеш аз оне, ки ба шарҳи инъикосёбии истиқлолияти энергетикӣ дар Осорхонаи миллӣ ҳарф занем муқаддиман аз таърихи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар Тоҷикистон бояд ёдовар шавем.  

Аввалин нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд, ки таърихи ҳар яки онро метавон аз боздиди гӯшаҳои намоишии толори даврони шӯравии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ омӯхт. Дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон соли 1937- нерӯгоҳӣ барқии обии “Варзоб-1”, соли 1948 — “Варзоб-2”, соли 1952 — “Варзоб-3”, солҳои 1951-1957 НБО-и “Қайроқум” (иборат аз 6 агрегат), солҳои 1961-1979 НБО-и “Норак” (иборат аз 9 агрегат), солҳои 1979-1985 НБО-и “Бойғозӣ” (иборат аз 4 агрегат) ва ғ. ба кор андохта шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон то истиқлолияти давлатӣ, дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ талаботи худро дар ҳаҷми то 48 — 49% аз ҳисоби захираҳои энергетикии дохилӣ таъмин мекарду халос. Қисми боқимонда, яъне зиёда аз 50% аз дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъмин мегардид. 

Баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон маҳз дар баробари устувор гардидани пояҳои давлатдории навин ба муҳимтарин самтҳои пешбарандаи ҷомеа, аз ҷумла энергетика диққати махсус зоҳир карда шуд. Маҳз фаровонии захираҳои обии кишвар имконият дод, ки дар даврони истиқлолият якчанд нерӯгоҳҳои пуриқтидор, аз қабили неругоҳи барқии обии «Помир-1» соли 2005 (иборат аз 4 агрегат), НБО-и «Сангтӯда-1» соли 2009 (иборат аз 4 агрегат), НБО-и «Сангтӯда-2» соли 2014 иборат (аз 2 агрегат) ба истифода дода шуда, сохтмони НБО-и «Роғун» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург идома дорад. Боиси хушнудист, ки дар баробари ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқии обии бузург дар дурдасттарин минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон НБО-и хурд бо иқтидори аз 5 то 2500 кВт сохта шудааст, ки дар маҷмуъ 315 ададро дарбар мегиранд.

Бузургтарин дастоварде, ки дар даврони истиқлолият дар самти энергетика ба мо муяссар гардидааст, ба истифода додани НБО-и Роғун мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки сохтмони НБО-и Роғун ҳанӯз соли 1976 ағоз гардида буд. Аммо бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони ин иншооти муҳими аср мавқуф монд. Соли 2008 корҳои сохтмону барқарорсозии НБО-и «Роғун» аз нав оғоз гардиданд ва бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони он то ҳанӯз идома дорад. Иқтидори лоиҳавии НБО-и Роғун 3600 МВт буда, он аз 6 агрегат иборат мебошад, ки ҳар кадоми он иқтидори 600 МВт-ро ташкил медиҳад, баландии сарбанд 335 метр аст. Азму иродаи матин ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳман ва халқи Тоҷикистон ба мо имконият дод, ки агрегати якуми НБО-и Роғун 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор андохта шавад.  

Чуноне ки дар боло ишора кардем, дар толори даврони истиқлолти Осорхонаи миллӣ гӯшаи махсус ба соҳаи энергетикаи даврони истиқлолият бахшида шудааст. Дар ин гӯша аксҳои бузургтарин нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба монанди НБО-и «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ба намоиш гузошта шуда, дар намоишгоҳ Роғун мавқеи муҳимро ишғол менамояд.    

Зикр кардан ба маврид аст, ки инъикоси дастовардҳо ва арзишҳои даврони истиқлолият махсусан истиқлолияти энергетикӣ дар Осорхонаи миллӣ дар таҳкими ифтихори миллӣ, омилҳои ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандон бахусус насли наврас нақши бориз дошта, тамошобинро бори дигар бо дастовардҳои гузашта ва имрӯза шинос намуда, натиҷаи рушди ояндаи кишварро низ бозгукунанда аст. 

 

Ҳасан Нурматзода, ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here