Роҳбарияти Иттифоқи Тоҷикматлуботи кишвар мегӯянд, ки ҳарчанд даромади умумии аз натиҷаи фаъолият ба даст омадаашон дар ним соли равон 44,7 миллион сомониро ташкил додаасту он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 4,3 миллион сомонӣ кам аст, аммо ба буҷаи давлат, аз ҳама намуди маблағҳо, ба миқдори 15 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд.

Раиси кооператсияи Иттифоқи матлуботи ҷумҳурӣ Ҳусейн Идиев зимни нишасти хабарии ниҳодаш бо хабарнигорони дохилию хориҷии кишвар суҳбат намуда, аз фаъолияти корхона маълумоти муфассал дод. Номбурда гуфт, имрӯз дар соҳаи кооператсияи матлуботи кишвар дар умум 1839 нафар корманд фаъолият доранд, ки аз он 707 нафар зан ва 490 нафар ҷавонон мебошанд. Шумораи занҳои роҳбар дар соҳа 18 фоиз ва дар дастгоҳи Иттифоқи Тоҷикматлубот 25 фоизро ташкил медиҳад.

Ба иттилои масъулин, барои инъикоси дастоварду пешравиҳои соҳа, истифодаи кормандон ва огоҳонидани аҳолӣ 4 адад сомонаи интернетӣ, аз ҷумла дар дастгоҳи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ва Литсейи назди ДДТТ фаъолият дорад.

Ҳусейн Идиев гуфт, дар соҳаи кооператсияи матлубот 3 адад сардхона: дар шаҳри Исфара бо ғунҷоиши 350 тонна, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғунҷоиши 250 тонна ва дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ғунҷоиши 1500 тонна фаъолият доранд. Илова бар ин, сохтмони як сардхонаи дигар бо ғунҷоиши 1000 тонна дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе 4 адад анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот дар масоҳати 3120 метри квадратӣ бо ғунҷоиши 2000 тонна азнавсозӣ карда шуда, барои захираи маҳсулот омода мебошанд. Дар ин давра барои бунёду мустаҳкамсозии базаи моддию техникӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳа дар сохтмону азнавсозии иншоот 6,6 миллион сомонӣ масраф карда шудааст.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 14 адад бино ва иншооти соҳаро таъмир, азнавсозӣ ва бунёд намудаву ба истифода диҳад. Шаш адади онҳо аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд.

— Бозори марказии шаҳри Кӯлоб ва чойхонаи “Чил Чанор” дар ноҳияи Ховалинг аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, тӯйхона ва чойхона дар ноҳияи Мастчоҳ азнавсозӣ гардид ва дар маркази ноҳияи Балҷувон бозор, дар шаҳри Панҷакенту бозори ноҳияи Спитамен соябонҳо сохта шуд,- иттилоъ дод раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Ҳ. Идиев.

Ба қавли ҷаноби Идиев, таъмиру сохтмон ва азнавсозӣ дар бозор ва “Маркази савдо” дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, “Маркази савдо ва хизматрасонӣ” дар ноҳияи Восеъ, Бозори марказии ноҳияи Муъминобод, бозори марказии ноҳияи Ховалинг, “Маркази савдо ва хизматрасонӣ” дар ноҳияи Қубодиён, бозор ва “Маркази савдо” дар ноҳияи Носири Хусрав, бозор дар ноҳияи Мастчоҳ ва бозори марказии ноҳияи Шаҳритуз идома дорад, ки барои амалӣ кардани ҳадафҳои мазкур равона кардани 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳавӣ пешбинӣ карда шудааст ва илова бар ин, ҷойҳои нави корӣ муҳаё карда мешавад.

Роҳбари “Тоҷикматлубот” ҳамчунин иброз дошт, ки вобаста ба вазъи ба амаломадаи Ковид-19 дар кишвар ситоди доимоамалкунандаи Иттифоқи Тоҷикматлубот таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза дар бозорҳо, бинову иншооти иттифоқу ҷамъиятҳои матлубот, муассисаҳо ва корхонаву хоҷагиҳои соҳа корҳои безараргардонӣ мегузаронанд ва аз натиҷааш ба Ситоди ҷумҳуриявӣ мунтазам ахборот пешниҳод мекунанд.

Дар нишасти хабарӣ рӯзноманигорон ба Раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” вобаста ба фаъолияти корхона, рақобатпазир будани он дар бозори истеъмолии кишвар, захираву пешкаш кардани маҳсулоти босифати кишоварзӣ ба аҳолӣ суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин, аз ҷониби рӯзноманигорон баъзе пешниҳодот барои рушди соҳа ироа гардид.

Хабарнигор Маҳдӣ Собир пӯсту пашмро “боигарии миллӣ” хонда, аз Раёсати “Тоҷикматлубот” даъват кард, ки ба ҷамъоварии он оғоз намоянд. Номбурда ҷамъоварии пӯсту пашмро “вазифаи ҷонии “Тоҷикматлубот”” дониста, аз замони шӯравӣ ёдовар шуд.

Маҳдӣ Собир гуфт, он замон “Тоҷикматлубот” аз аҳолӣ пӯсту пашмро харидорӣ карда, барои истифода пешниҳод мекард. Ҳоло бошад, пӯсту пашм дар кӯчаҳо рехтаасту касеро парвое нест. Раиси “Кооператсияи Иттифоқи Тоҷикматлубот” Ҳусейн Идиев дар ҷавоб ба суол гуфт, ки дар ҳақиқат корхона дар замони роҳбари қаблӣ пӯсту пашмро аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекард, аммо бо сабаби набудани талабот ва шароити коркард дар кишвар онҳо зарар дидаанд.

— Аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шояд ягона Иттифоқи матлубот дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Имрӯзҳо новобаста аз шакли моликият ҳар як ташкилот ҳаракат мекунад, ки зарарашро аз фоидааш донад. Агар дигар соҳаҳо фаъол гарданду ба пӯсту пашм талабот пайдо шавад, мо таёрем, ки ашёи хомро аз мардум ҷамъоварӣ карда, ба корхонаҳо фурӯшем,- гуфт Ҳусейн Идиев.

Ҳарчанд Иттифоқи Тоҷикматлубот дар соҳа дастоварду пешравиҳои зиёд дорад, аммо интиқоди рӯзноманигорон аз он буд, ки роҳбарият натавонистааст онҳоро дар сатҳи зарурӣ инъикос намояд.

Роҳбарияти Иттифоқи “Тоҷикматлубот” эроди рӯзноманигоронро дар мавриди муаррифии нокифояи дастовардҳои соҳа эътироф карданд.

Масъулини ниҳод дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ нашудани дастоварду пешравиҳои соҳаро дар надоштани мутахассиси соҳаи рӯзноманигорӣ дар корхонаашон арзёбӣ карданд ва гуфтанд, ки роҳи ҳалли онро пайдо хоҳанд кард.

— Дар ҳақиқат мо мутахассисе, ки дар бораи пешравӣ, дастовард ва камбудии соҳа ҳаррӯза дар сомона ба хонандаҳо маълумот пешниҳод кунад, надорем. Сайти “Тоҷикматлубот” 4-5 сол қабл бо супориши бевоситаи Президенти кишвар ташкил карда шуд. Мо эродҳои шуморо қабул дорем ва ҳатман дар пайи ислоҳи он хоҳем шуд,- гуфт раиси “Тоҷикматлубот”.

Гуфта шуд, ки Иттифоқи Тоҷикматлуботи кишвар ба оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат, шахсони бепарастор пайваста ёрӣ расонидааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз ва моҳи Рамазон ба маблағи 107 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонидани ин ниҳод далели гуфтаҳои болост.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here