(Дар ҳошияи муроҷиатномаи «Барқи тоҷик»)

Имрӯз хабари хуше аз деҳа (зодгоҳам) шунидам: Барқ дорем. Аслан барои хонандаи саҳифаи ман ин хабар чандон моҳияте надорад. Аммо барои ман ин хабар аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Аввал он ки наздиконам хурсанд ҳастанд, ки барқи доимӣ доранд. Баъдан худи ман чун як шаҳрванд шод шудам, ки воқеан кишвари мо ба истиқлолияти энергетикӣ даст ёфтааст.

Муроҷиати ширкати «Барқи тоҷик» дар баробари зикри дастовардҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бо факту далелҳо чанд паҳлу дорад. Нахуст онҳое, ки санги маломат мезаданд, дарк карданд, ки барои ҳангома як пойгоҳе, як баҳонае аз даст рафт. Дигар наметавонанд бебарқиро баҳона карда, ғавғо бардоранд.

Баъдан, биёед иқрор шавем, агар сад камбудӣ дорем, буҷетамон ба таври бояд нест, аммо дар роҳи расидан ба истиқлолияти знергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро, тамоми имкониятҳоро равона карданд.

Шукр, имрӯз мо ба пуррагӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем. Ободиҳое, ки дар самти роҳу роҳсозӣ дар чанд соли охир дорем, боварнокарданист. Нақбҳое, ки чанд сол пеш тасаввур намекардем, имрӯз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳуриро бо ҳам пайванд медиҳанд. Ин роҳу нақбҳо, на танҳо пайванди минтақаҳо (ба маънои ҷуғрофӣ), балки пайванди якпорчагии кишвар (ваҳдати маънавию ошноии мардум ва ғайра) ҳастанд. Барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар чанд соли охир мо чандин нерӯгоҳҳои хурду бузургро сохтаву таъмиру тармим кардаву мекунем. Муҳим он аст, ки «Роғун» бунёд мешавад. Ва ба НБО-и «Роғун» умедҳои зиёде моро пайванд медиҳад…

Дар баробари ин, дар фарҳанги мардуми мо сарфаю сариштакорӣ ҷойгоҳи хосе дорад. Гузаштагони мо ҳеҷ гоҳ исрофкор набуданд. Ба қадри заҳмати худу дигарон мерасиданд. Вале мо имрӯз, бахусус дар истифодаи барқ хеле исрофкор ҳастем. Беҳуда чароғи хонаву коргоҳамон месӯзад, гармкунакҳои худсохти барқиро истифода мебарем, рӯзона бе зарурат барқро истифода мебарем. Андеша намекунем, ки агар ҳар яки мо дар истифодаи барқ аз сарфаю сариштакорӣ кор гирем, чӣ қадар барқ сарф мешавад. Ва аз ин сарфаи мо чанд хонаи дигар гарму равшан мешавад. Пас, мо дар баробари бунёди нерӯгоҳҳо, фарҳанги истифодаи барқро низ ёд гирем.

Медонам, ки ин навиштаи ман на ба ҳар кас писанд меояд. Аммо ин андешаи ман аст.

Боқӣ қазоват ба Шумо.

Сангин ГУЛОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here