Дар ҳоле, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пешрафтҳои кишвари моро мунтазам эътироф менамоянд, як идда дар ин бобат “ба даҳон об гирифта”, ба ин васила “офтобро бо доман пӯшонидан мехоҳанд”.

 

Чанде қабл иттилое расонаӣ гардид, ки тибқи он Бонки ҷаҳонӣ рушди иқтисодиёти кишвари моро барои солҳои 2019 — 2021-ум 6 фоиз барои барои ҳар сол пешгӯйӣ кардааст. Муҳим ва ҷолиб он аст, ки ин нишондиҳанда баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой баландтарин маҳсуб шуда, аз лиҳози моҳият қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошад.

Мутаассифона, коршиносону олимони соҳа, ки аз Буҷети давлат маош мегиранду омӯзишу бозгӯйӣ намудани ин масоил вазифаи ҷониашон аст, ба лаб муҳри хомӯшӣ задаанд. Лозим ба ёдоварист, ки рушди кишвари мо дар соли гузашта низ миёни давлатҳои ИДМ беҳтарин буд, вале дар ин маврид расонаҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, на дохилӣ…

Ин дар ҳолест, ки баъзе коршиносон вобаста ба масъалаҳои ба як фулус намеарзида “аз пашша фил месозанд”. Чунин ашхос вақтҳои охир аз кам шудани таваҷҷуҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон “табли шодӣ” зада, ба “заррабин”-ҳои корношоями худ сабабҳояшро “ҷӯё буданд”. Моҳиятан пешгӯйии мазкур “тарбуз”-и чунин коршиносонро “аз бағалашон афтонда”, собит менамояд, ки дар иқтисод такя ба суханони “занакои лави об” ва фолбиниву руҷӯи лирикӣ роиҷ ва ҷоиз нест.

Чанде пеш аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҷудо шудани 24 миллион доллари ИМА барои беҳбуд бахшидани инфрасохтори деҳаҳое, ки дар масири татбиқи лоиҳаи КАСА — 1000 ҷойгиранд, шаҳодати бемайлон тақвият ёфтани равобит аст. Муҳимтар аз ҳама, айни замон ҳаҷми маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар 16 лоиҳа 642 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ин нишондиҳанда мунтазам рӯ ба афзоиш аст.

Масъалаи мазкурро моҳи феврали соли равон бо вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода матраҳ намуда будам. Номбурда минҷумла иброз дошт, ки “дар ВАО чанд мақолаҳо чоп шуд, ки гӯё созмонҳои молиявӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷет дигар маблағ намедиҳанд. Бояд гуфт, ки ҳамасола барои рӯйпӯш кардани касри буҷети давлатӣ, мо як маблағи муайянро ба нақша мегирем, ки ин танҳо таҷрибаи Тоҷикистон нест, дар дигар давлатҳо низ ҳаст. Мо тасмим гирифтем, ки соли 2018 доираи 400 млн сомонӣ аз созмонҳои ҳамкор ҷалб кунем. 100 млн сомониро аз Иттиҳоди Аврупо ҷалб намудем. Ин раванд то як андозае алоқамандӣ дошт бо барномаҳои ҳамкории мо бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд.

Тоҷикистон давоми чанд соли охир бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкорӣ дорад. Соли 2019 Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд бо назардошти он ки 100 фисади маблағҳое, ки ба Тоҷикистон дода мешуданду ин маблағҳо пурра грантӣ ҳастанд, барои дастгирии буҷетҳо маблағ ҷудо накарданд. Вале ин қарори ниҳоии онҳо нест, ин танҳо барои як соли молиявӣ буд. Ҳамкориҳои мо ҳанӯз идома дорад, мо аллакай як барномаи дигарро барои як давраи миёнамуҳлат аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастрас кардем ва мутахассисони мо сари ин барнома кор карда истодаанд. Шуморо бовар мекунонам, ки ҳамкориҳои мо дарозмуддат аст ва мо бо ин бонкҳо созишномаҳои қарзиву грантӣ дорем, ки муҳлати баъзе аз онҳо то 20 сол аст. Ҳамкориҳои мо танҳо барои як соли молиявӣ ё буҷет маҳдуд намешаванд.

Мо дар назди ташкилотҳои молиявӣ, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорем, тамоми уҳдадориҳои худро вобаста ба хизматрасонии қарзӣ пурра иҷро намудем. Дар соли 2018 набуд ҳолатҳое, ки дар муҳлати муқарраргадида уҳдадориҳоро анҷом надода бошем”.

Бино ба гуфти Файзиддин Қаҳҳорзода, соли гузашта барои амалӣ намудани 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 15 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 402,6 миллиондоллари ИМА ба имзо расид, ки 62,5 фоизи онро маблағи грантӣ ташкил медиҳад.

Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ тавассути истифодаи сиёсати қарзӣ ва асъорӣ, татбиқи босамари рукнҳои асосии реҷаи ҳадафгирии таваррум, пурзӯр намудани фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, таҳкими мустақилияти амалиётӣ, инчунин идоракунии пардохтпазирӣ, таъмини шаффофият ва такмили раванди дастрас будани маълумот, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда истодааст. Ин омил имкон фароҳам овард, ки дар соли гузашта тамоюли тадриҷан барқароршавии рушди иқтисодиёти ҷаҳон, муътадилии нархи ашёи хом, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва буҷету андоз таъмин гардида, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва вазъи молиявии кишвар дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шаванд. Барои мисол, сатҳи таваррум дар соли 2018 ба 4,7 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,3 банди фоизӣ паст мебошад. Нишондиҳандаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки дар давраи мавриди назар дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ 21,5 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 4,5 фоиз зиёд аст ва уҳдадориҳои онҳо ба 15,5 млрд сомонӣ баробар гардида, 4,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, ҳаҷми пасандозҳои низоми бонкӣ дар соли 2018 бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 20,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 1,27 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар маҷмуъ, ҳаҷми пасандозҳо нисбат ба соли 2017-ум 9,2 фоиз (829,6 млн сомонӣ) зиёд шуд.

Ба суоли инҷониб бобати дурнамои ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки шашуми феврали соли равон, зимни нишасти матбуотӣ ироа гардид, посухи Ҷамшед Нурмаҳмадзода хушбинона буда, номбурда ба он назар аст, ки “ҳадафи густариши ҳамкориҳо бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, дар самти татбиқи барномаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор гуфтушунид идома дорад. Мавҷудияти чунин барномаҳо бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ имкон медиҳад, ки мо бештар захираҳои молиявиро бо асъори хориҷӣ барои тавозуни пардохт ва дастгирии Буҷети давлатӣ ҷалб намоем. Ин чорабиниҳо бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири омилҳои дар боло зикршуда равона гардидаанд”.

Дар посухи саволи дуюм — тадбирандешиҳо вобаста ба дедолларизатсия зикр гардид, ки “бо дарназардошти шароити имрӯза ва ҷиҳати тақвият додани раванди дедолларизатсия, дар доираи ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, лоиҳаи Консепсия ба Харитаи роҳи гузариш ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллии кишварҳои аъзои Созмон пешниҳод шудааст ва айни замон механизми татбиқи он мавриди омӯзиш қарор дорад. Ғайр аз ин, ҷиҳати бастани шартномаҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои истифодаи асъори миллӣ чораҳо андешида шуда истодаанд”.

Маълум гардид, ки бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи мақбули захираҳои умумии байналмилалӣ ҷиҳати нигоҳдории сатҳи муътадили қурби асъор, татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва хизматрасонии саривақтии уҳдадориҳои берунаи давлат, тасмим гирифта шудааст, ки ҳаҷми захираҳои умумии байналмилалӣ зиёд шавад.

Масъулини Бонки миллӣ эътироф намуданд, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар низоми бонкӣ — ин беҳтар намудани усулҳои идоракунии корпоративӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ ва такмили донишу малакаи кормандон мебошад. Вобаста ба ин, дар самти мутобиқ гардонидани сатҳи касбияти кормандон ба талаботи имрӯза, ташкили бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, пурзӯр намудани талабот нисбат ба ҷобаҷогузории кормандон ва роҳ надодан ба бархӯрди манфиатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ба ғайр аз ин, баҳри пурзӯр намудани иқтидор ва рақобатпазирии муассисаҳои молиявию қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд, ширкатҳои суғуртавӣ, лизингӣ, ломбард), ташкили воқеии бозори молиявӣ ва бозори дуюмдараҷаи он, тибқи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия ва дигар мақомоти дахлдор чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо сароҳат иброз дошт, ки “масъулин бо ҳадафи нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок, таъмини сиёсати самаранок ва шаффофи пулию қарзӣ, татбиқи ислоҳотро ҷиҳати пурзӯр намудани заминаи сиёсати пулию қарзӣ баҳри ташкили фазои мусоид, бо дарназардошти гузариш аз пойгоҳи мониторӣ ба ҳадафгирии таваррум ва ҷоннок намудани фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, равона менамоянд. Инчунин, сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда» асосёфтаро идома дода, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро тибқи таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба роҳ монда, ҷиҳати нигоҳдорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми захираҳои тиллоиву асъории давлат чораҳои таъхирнопазир меандешанд”.

Аз далелҳои дар матлаб истифодашуда бармеояд, ки рушди иқтисодиёти кишвар муттасил буда, вазорату идораҳои зидахл рисолаташонро таври бояду шояд ба ҷой оварда истодаанд. Беҳтар мешуд агар коршинсон зимни шарҳи масъалаҳои ба соҳаи мазкур рабтдошта далелҳои болоро ба инобат мегирифтанд. Он гоҳ ҳам тавозун риоя мешуду ҳам мардум имкони бештар пайдо мекарданд, ки “сара”-ро аз “носара” фарқ кунанд.

 

Далер МЕРГАНОВ,

журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here