Пӯшида нест, ки мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём ба шуғли кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, дар ин самт таҷрибаи бойи ниёгон дар ба вуҷуд овардани навъҳои маҳаллии гандум, нахӯд, шолӣ, ҷав, зағир, себ, ангур ва дигар меваҷоту сабзавот то ҳол мавриди истифода қарор дорад. Бо дарназардошти афзоиши талаботи аҳолӣ ба сабзавоти тару тоза дар давоми сол парвариши помидору бодиринг, кабудиҳо ва дигар зироатҳо ва ба даст овардани даромади хуб аз ин ҳисоб аз имконият берун нест. Илова бар ин, ба таври васеъ ба роҳ мондани коркарди меваю сабзавот мувофиқи талаботи бозори дохилию берунӣ имконияти баланд бардоштани самаранокии соҳаро ба миён меорад.

Дар шароити кунунӣ, ки тамоми ҷаҳон бо пандемияи Сovid-19 мубориза мебарад, ин албатта як қатор мушкилоти ҷиддӣ дар содироту воридоти кишвар эҷод кардааст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ басо муҳим ва ҳалталаб мебошад. Шоёни таҳсин аст, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳаматарафаи худро дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ, заминҳои бекорхобида, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшида, дар ин самт чораҳои муҳиму заруриро андешида истодааст.

Чанде пеш бо номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи агротехнологияҳои нав ва амнияти озуқавории Донишгоҳи давлатии Данғара Бахтиёр Расулов роҷеъ ба ногузир будани истифодаи маҳсулоти тару тозаи табиӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар шароити мавҷуда, ки боиси нигаронии зиёд аст, суҳбат доштем. Номбурда зикр намуд, ки «вазъияти кунунӣ дарвоқеъ боиси ташвиш ва нигаронист, вале ин мо — мардуми тоҷикро, ки аз азал бо заҳмату кордонӣ ва илму хирад ҳама мушкилотро паси сар кардаем, руҳшикаста ва ноумед нахоҳад кард, балки бо як матонату бурдборӣ ва ҷаҳду талоши беандоза сӯи фардои дурхшон қадам хоҳем зад».

— Дар ҳақиқат ҳамагон воқифанд, ки таъмини аҳолӣ бо ғизои солим яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳз дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат сабаби солимӣ ва пурзӯр гардидани қобилияти муҳофизатӣ аз таъсири омилҳои номусоид мегардад. Дар ин раванд вазифаи муҳими олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Шароити хоку иқлими кишвари мо бо мавҷудияти миқдори зиёди рӯзҳои мусоид дар давоми сол барои парвариши зироатҳо, меваю сабзавот ва ангуру зироатҳои полезӣ дар аксарияти минтақаҳо имконпазир мебошад. Бахусус дар шароити водиҳо парвариши ду-се ҳосили зироатҳои гуногун дар як замин хеле мусоид аст. Дар ин ҳолат шарти асосӣ риоя кардани талаботи киштгардон, яъне иваз намудани ҷойи зироатҳо, инчунин риояи агротехникаи парвариш ва истифодаи воситаҳои биологӣ ва нуриҳои органикӣ ба ҳисоб меравад. Ин нуктаи муҳимро низ набояд ба гӯшаи фаромӯшӣ бигзошт, ки истеъмоли меваю сабзавоти тоза барои солимии организми инсон хеле муҳим ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ, бо истифода аз технологияи муосир баланд бардоштани самаранокии зироатпарварӣ дар шароити кунунӣ зарур мебошад,- афзуд ӯ.

Оре, дар робита ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва хушсифат, истифодаи самараноки заминҳо, солимии ҷомеа ва миллат андешаҳои фавқуззикри ин донишманди соҳа комилан дурустанд. Ва ғайр аз ин, машғул шудан ба меҳнати ҷисмонӣ дар саҳро барои обутоб ёфтани организми инсон ва дар як вақт парвариши ҳосили хуб муҳим аст. Бемуҳобо, аксарияти сокинони кишвари мо чунин имкониятро доранд.

Сироҷиддин СУФИЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here