Ногуфта пайдост, ки роҳи Душанбе — Чаноқ бинобар аз минтақаи нисбатан зиёдтар осебпазир аз офатҳои табиӣ гузаштан махсусиятҳои худро дорад. Ҳарчанд дар паҳноиҳо бориши барф охири моҳи январ шуруъ гардид, вале дар масири роҳи мавриди назар аз шашуми октябри соли гузашта оғоз шуда буд. Қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст, ки сарфи назар аз бориши бошиддату беисти барф ва тармафароии муттасил ҳаркат дар масири зикршуда ба истиснои рӯзҳои 20-21-уми январ ва 6-уми феврали соли равон дигар умуман қатъ нагашт.
Лозим ба ёдоварист, ки 20-уми январ ва 6-уми феврали соли ҷорӣ бинобар зиёд гардидани хавфи тармафароӣ тибқи талаботи Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама воситаҳои нақлиёт аз километри 47-ум (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар заминаи фаъолияти пурсамар, сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароӣ кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар муддати кӯтоҳ тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карданд. Дар ин замина, рӯзҳои 21-22-юми январи соли равон дар ин масир кормандони мо 33 тармаи хурду бузургро бартараф карданд.
Ба шарофати тадбирандешиҳои бетаъхир нимаи дуюми 21-уми январи соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав ва субҳи 22-юми январ ҳаракати воситаҳои нақлиёти ядакдор ва “Фура”-ҳо, ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба дигар автомобилҳо муваққатан қатъ шуда буд, иҷозат дода шуд.
Шашуми феврал роҳ ҳамагӣ то нисфирӯзӣ баста шуд ва баъд аз бартараф намудани 56 тармаи калонҳаҷм (50 тарма дар минтақаи Варзоб ва 6 тарма дар минтақаи Суғд) ҳаракати бехатари автомобилҳо имконпазир гардид.
Бамаврид аст зикр созем, ки замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт аз километри 47 — ум (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе, ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Паҷакент ва навоҳии Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ таъмин буд.
Дар мавсими сармои имсола тадбирандешиҳо хеле зиёд буда, тибқи муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ситоди муштарак аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ таъсис ёфта, аъзои он тасмим мегиранд, ки дар сурати афзоиш ёфтани хатари тарма ва ё дигар омилҳо ҳаракати нақлиёт мутаваққиф карда шавад.
Тибқи талаботи Фармоиши мавриди назар, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, аз деҳаи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Варзоб (км 44) то деҳаи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ (км 95) ва аз км 136-и ноҳияи Айнӣ то км 181-и ноҳияи Шаҳристон танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд, ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 тонна буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешавад.
Илова бар ин, фармоиши мавриди назар масъулинро вазифадор намудааст, ки дар мувофиқа бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар минтақаҳои мушкилгузари роҳ — аз мавзеи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Варзоб то деҳаи «Такфон»-и ноҳияи Айнӣ ва аз мавзеи «Ҳушёрӣ»-и ноҳияи Айнӣ то мавзеи «Охтангӣ»-и ноҳияи Шаҳристон зери назорати доимӣ қарор дода, ҳангоми вазнин гардидани шароити ташкили ҳаракат дар роҳ, дар асоси қарори якҷояи масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиёт — рӯзҳои тоқи моҳ аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе ва рӯзҳои ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ба роҳ монанд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба реҷаи болозикр вобаста аз шароити роҳ, дар мувофиқа бо масъулини вазоратоҳи корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумурии Тоҷикистон ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.
Далелҳо ҳокианд, ки мушкилӣ асосан дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин омил, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шуруъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш падидаи маъмул маҳсуб мешавад.
Дар маҷмуъ, дар ҳама қитъаҳои роҳи Душанбе — Чаноқ барф зиёд буда, дар баъзе мавзеъ баландии он ба як метр мерасад. Аз ронандагон даъват ба амал меорем, ки тасмими ширкатро, ки аз Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат маншаъ гирифтааст, дарк кунанд, зеро дар ҳолатҳои зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракат дар навбати аввал ба бехатариашон рабт дорад.
Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ки азбаски роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дораду таъмини бехатарии шаҳрвандон болотар аз омилҳои дигар аст. Биноан, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҷони ронандагон, бо истифода аз тамоми имкониятҳо онро пешгирӣ менамояд.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here