Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати куҳсор мебошад. Дар байни куҳҳои сарбафалаккашида пиряхҳои зиёде мавҷуд мебошанд, ки тибқи маълумот шумораашон 14500-то буда, масоҳати умумии майдони яхбастаашон 11000 км квадратӣ аст, ки ин 8 фоизи масоҳати умумии мамлакатро ташкил медиҳад. Пиряхҳо сарчашмаи ҳамаи дарёҳои бузурги ҷумҳурӣ буда, оби онҳо дар хоҷагии халқи мамлакат пайваста истифода мешавад.

Дар Тоҷикистон шумораи умумии дарёҳо ва сойҳо зиёда аз 25000 ададро ташкил медиҳад, ки дарозии умумиашон қариб 90000 км аст. Ҳаҷми захираи обии ҳавзу обанборҳои Тоҷикистон 46,3 км кубӣ буда, захираи оби ошомиданӣ 19,3 км кубӣ ва манбаъҳои обҳои зеризаминӣ бошад, 16,2 км кубӣ аст. Ҳамаи ин ба дараҳои танги баландкуҳ аз баландиҳои азими зинадор босуръат ҷорӣ мешаванд. Бояд қайд намуд, ки 55,4 фоизи оби ҳавзаи баҳри Арал аз дарёҳои ҷумҳурии мо ҷорӣ мешаванд ва зиёда аз 60 фоизи захираи обии минтақаи Осиёи Миёна ба дарёҳои мо тааллуқ доранд.

Хуллас, Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад, ки мардуми тоҷик аз он ба таври васеъ истифода бурда истодаанд.

Тоҷикистон чандин солҳост, ки ба соҳаи гидроэнергетикаи худ аҳамияти хоса медиҳад. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар қаламрави мамлакати мо якчанд нерӯгоҳҳо сохта шуданд. Калонтаринашон нерӯгоҳи «Норак» мебошад, ки дар ҷануби мамлакат воқеъ аст. Сохтмони он соли 1961 дар дарёи Вахш оғоз гардида, соли 1979 охирин агрегаташ ба кор даромад. Иқтидори он 3000 МВт буда, ҳар сол 11,2 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Соли 1957 дар шимоли мамлакат бошад, нерӯгоҳи «Қайроққум» ба истифода дода шуд, ки иқтидори он 126 МВт аст.

Дар аввали солҳои 1980-ум барномаи энергетикие таҳия шуд, ки тибқи он бояд дар қаламрави мамлакат нерӯгоҳҳои бузурге аз қабили «Роғун», «Сангтӯда», «Кофарниҳон» ва «Шӯроб» сохта ба истифода дода мешуд, ки ин рушди 5-каратаи энергетикии кишварро пешбинӣ менамуд.

Имрӯз дар кураи замин тахминан 1,6 миллиард нафар аҳолӣ аз қувваи барқ истифода карда наметавонанд, яъне аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашанд. Тибқи ҳисобҳои мутахассисони байналмилалӣ, агар тамоми манбаъҳои гидроэнергетикӣ ба истифода дода шаванд, он гоҳ метавон тахминан 1 миллиард аҳолиии азияткашидаи мазкурро бо қувваи барқ таъмин кард. Дар ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки 20 дарсади қувваи барқи ҷаҳониро гидроэнергетика таъмин менамояд. Дар мамлакати мо бошад, гидроэнергетика 98 фоизи истеҳсоли барқро ташкил медиҳад. Бубинед, хушбахтии миллати тоҷикро! Тамоми истеҳсоли нерӯи барқаш аз нерӯгоҳҳои обии барқист, ҳам бехатар ва ҳам хушсифату арзон!

Ин ҷо чун нерӯгоҳҳои обии барқиро афзал донистем, мехоҳем чанде аз авлавиятҳои НОБ -ро нисбат ба дигар нерӯгоҳҳо биёрем: чун 80 дарсади нерӯи барқи ҷаҳон дар натиҷаи истифода аз сӯзишворӣ истеҳсол мешавад, агар замоне расаду сӯзишворӣ тамом шавад, чӣ? Аммо об неъмати худодод аст; он нерӯгоҳҳои барқии тариқи сӯзишворӣ фаъолияткунанда, ки ба сифати ашёи хом ангишт, газ ва мазутро истифода менамоянд, сабаби ба фазо партофтани ҳазорҳо тонна моддаҳои заҳролуд, бахусус туршии гази карбон CO2 мегарданд. Ин ҳолат боиси вайроншавии тавозуни экологии муҳит гардида, буҳрони экологиро ба миён меорад; дар нерӯгоҳҳои атомӣ агар таркише ба амал ояд, тамоми атмосфераро заҳролуд мекунад ва дигар дар атрофи он зиндагӣ кардан ғайриимкон аст (ба хотир биёред нерӯгоҳҳои атомии «Чернобил» ва «Фукусима-1»-ро), аммо нерӯгоҳҳои обии барқӣ чунин хатарро дар пай надоранд.

Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз Ҳукумати кишвар сиёсати иқтисодии худро пурзӯр намуда истодааст. Пеш аз ҳама, диққати Ҳукумат ба соҳаи гидроэнергетика бештар зоҳир мегардад. Сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ — «Роғун» идома дорад ва ду агрегати он ба анҷом расид. Кор дар ин сохтмон босуръат давом дорад. Ин нерӯгоҳ бо сармояи дохилӣ сохта мешавад, ки ин аз бузургтарин муваффақиятҳои миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Чун дар даврони шӯравӣ бо сабабҳои гуногун ва омилҳои объективӣ ва субъективӣ мо натавонистем давлати худро аз буҳрони энергетикӣ раҳо бахшем, акнун, ки фурсат дар даст дорем, бояд босамар истифода намоем, зеро дар сурати ба истифода додани нерӯгоҳи «Роғун» метавон пурра талаботи дохилии кишварро қонеъ гардонд. Илова бар ин, Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои интиқолдиҳандаи нерӯи барқ табдил меёбад.

Хуллас, шукронаи истиқлолият бояд кард, зеро дар замони истиқлолият зиндагии мардум хеле ҳам беҳтар гардид. Сохтани нерӯгоҳҳо боиси пешравии иқтисодиёту амнияти иҷтимоиёт мегардад. Мо худ шоҳидем, ки дар зимистонҳо нисфи аҳолии кишвар ба қувваи барқ дастрасӣ надоранд. Барои ин ҳарчи зудтар бояд қувваи барқро сарфакорона истифода намоем ва миёни мардум дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем. Хушбахтона, мо ба истиқлолияти барқӣ даст ёфтем, вале истифодаи дурусти он аз ҷониби аҳолӣ хуб ба роҳ монда нашудааст.

Президенти кишвар дар яке аз баромадҳои худ дар СММ қайд намуда буданд, ки «дастёбӣ ба манбаъҳои энергия ҳаққи мусаллами давлат ва миллати мост». Акнун ба ин истиқлолият расидем, аммо мушкилӣ дар ин самт — ин дарки дурусти масъала аз ҷониби аҳолии кишвар аст. Яъне ҷомеа дар рушд аст, афзоиш пайваста дида мешвад ва дар рӯзгори мардум истифодаи қувваи барқ бештар мегардад. Ва бояд сарфакор бошему дар истифодаи асбобҳои барқӣ дуруст андеша намоем. Зеро истифодаи дурусти барқ ба рушди ҷомеа, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои иқтисодии оила кумаки зиёд мерасонад.

Ҷаҳоншоҳ САЪДИЗОДА,

иқтисодчӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here