Маркази ташхисии минтақавии “Тоҷикстандарт”-и ноҳияи Данғара дар соли 2020 як қатор корҳоро ба анҷом расонидаааст. Бо сабаби мураккабшавии вазъи кунунии ҷаҳон ва ҷомеа дар натиҷаи паҳншавии босуръати бемории сироятии навъи коронавируси COVID-19 нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандон бо ниқоб ба кор ворид мегарданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар марказ барои тадбиқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, инчунин дар самти тадбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 оид ба пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, таҳти амал қарор гирифтааст.

Ҳамарӯза кормандони марказ дар асоси Кодекси одоби хизматчии давлатӣ кору фаъолият карда, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбею якшанбе дар корҳои созандагию бунёдкории сатҳи ноҳиявӣ пурра иштирок менамоянд.

Дар як соли сипаришуда аз тарафи бахши нозироти савдо дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонва тоза нигоҳ доштани бозори истеъмолии минтақаи ноҳияи Данғара 141 назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидор бурда шудааст. Панҷоҳу панҷ маҳсулоти истеҳсолшуда мувофиқи регламенти техникӣ аз ташхиси озмоишгоҳии хӯрокворӣ гузашта, ба сертфикати мутобиқат пешниҳод гардидааст. Дар вақти санҷиш 14 амри манъ, 14 амри ислоҳӣ, 28 хариди санҷишӣ гузаронида шуда, ду аризаи шикоятӣ аз тарафи шаҳрвандон пешниҳод гардида, ба қайд гирифта шудааст.

Дар давоми як соли сипаришудаи 2020 дар минтақаи ноҳияи Данғара варақаи махсуси “Тоҷикстандарт огоҳ мекунад!” 270 адад дар мағозаҳо, бозорҳо ва НФС овезон карда шудааст. Инчунин, бо мақсади робитаи мустақим бо истеъмолкунандагон телефони боварии (8-33-12) 2-22-04 барои муроҷиати шаҳрвандон хизмат мерасонад.

Дар як соли сипаришуда аз ҷониби бахши сертфикатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ дар субъектҳои хоҷагидор баҳри танзим ва назорати савдо, хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ дар бораи кору хизматрасонӣ дар минтақаи ноҳияи Данғара чорсаду шасту ҳашт (468) адад шаҳодатномаи хизматрасонӣ пешниҳод карда шудааст. 348 минтақаи савдо ва бозор, 45 хӯроки умумӣ, 23 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 14 НФ гази моеъ, 9 хизматрасонии ихтиёрӣ, 17 таъмири техникии воситаҳои нақлиёт, 5 сартарошхона, 1 табъу нашр, 1 меҳмонхона, 1 терминали мусофиркашонӣ, 1 хизматрасонии фароғатии “Лото”, 1 бозор, 2 осоишгоҳи табобатӣ бо шаҳодатномаи хизматрасонӣ таъмин гардидаанд.

Дар як соли гузашта аз тарафи бахши назорати давлатӣ оид ба риояи талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмаи агросаноатӣ дар субъектҳои хоҷагидорӣ ва корҳои хурди истеҳсолӣ дар минтақаи ноҳияи Данғара сесаду наваду шаш (396) адад маҳсулоти истеҳсолшуда мувофиқи регламенти техникӣ аз ташхиси озмоишгоҳи хӯрокворӣ гузашта, ба сертификати мутобиқат пешниҳод гардидааст.

Аз ҷониби бахши воситаҳои ченак ва ҳисобкунакҳои барқӣ дар як соли сипаришуда дар субъектҳо ва объектҳои хоҷагидории минтақаҳои ноҳияи Данғара се ҳазору ҳаштсаду шаш тарозуи гуногунтамға, ҳисобкунаки барқии якфаза ва сефаза, воситаҳои геометрии метр ва нуқтаҳои сӯзишворӣ ва гази моеъ мавриди санҷиш қарор гирифтаанд. Тарозуҳои гуногунтамға 701, метр, воситаҳои геометрӣ 120), нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ 20, нуқтаи фурӯши гази моеъ 50, ҳисобкунаки барқии якноқила 2768, ҳисобкунакҳои барқии сеноқила 155 адад аз санҷиш гузаронида шуда, барои истифодабарӣ иҷозат дода шудаанд.

Дар як соли сипаришуда дар минтақаи ноҳияи Данғара дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ чорсаду наваду шаш (496) маҳсулоти хӯрокворӣ аз ташхис гузаронида шудааст.

Аз ҷониби кормандони марказ дар асоси қонуну санадҳои меъёрии соҳа корҳои тарғиботӣ оид ба воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва бо кормандони нуқтаҳои хизматрасонии техникиву директорони бозорҳо семинар-машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Иҷроиши нақша дар соли 2020 ба 108% расонида шуда, бахшида ба ҷашни Соли нави мелодӣ расонидани кумакҳои молиявӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсони ятиму бепарастор амалӣ карда шудааст.

Директори Маркази ташхиси минтақавии “Тоҷикстандарт”-и ноҳияи Данғара муҳтарам Нурмаҳмади Карим мегӯяд, ки «тамому ҷидду ҷаҳдро ба он равона месозем, то дар тоза нигоҳ доштани бозори истеъмоли молу маҳсулоти дар минтақаҳои дар ихтиёр дошта саҳм гузорем».

МТЖТ

«ТОҶИКСТАНДАРТ» ОГОҲ МЕКУНАД!

 Истеъмолкунандагони гиромӣ!

Ҳангоми харидории ҳама гуна маҳсулот, бахусус маводи хӯрокворӣ ва таому нӯшокиҳои гуногун ҳатман ба сифатнокию муҳлати кафолат, рӯзи истеҳсол, муҳлати истеъмоли онҳо ва дақиқию низоми воситаҳои ченак (тарозуҳо) диққати ҷиддӣ диҳед. Ҳамзамон, пеш аз харидорӣ аз фурӯшандагон сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунед.

Аз харидории молу маводи шубҳанок худдорӣ намоед ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон (фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, фурӯши маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта, кам чен кардан, кам баркашидан ва ғайра) ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоед.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2

Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99

Рақами вайберӣ: 988-50-22-22

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here