Зарурати таҳияи “Буҷети шаҳрвандӣ”

Ҳамагӣ як даҳа пеш аксарияти сокинони кишвар мафҳуми “Буҷети шаҳрвандӣ”-ро на танҳо шарҳ дода наметавонистанд, балки аз мавҷудияти чунин мафҳум ҳатто хабар надоштанд ва чӣ будани онро аслан дарк намекарданд.

Ин ҳуҷҷат дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори нахуст дар Қирғизистон дар соли 2011 ва як сол баъд дар Қазоқистон қабул шуд. Русия онро дар соли 2013 таҳия кард ва аммо Тоҷикистон нахустин Буҷаи шаҳрвандии худро дар соли 2014 нашр намуд.

Бояд гуфт, ки амалӣ гардидани як қатор лоиҳаҳое, ки ба шаффофияти буҷет ва дар доираи он ба Буҷети шаҳрвандӣ иртибот доштанд, дар натиҷаи ҳамкории техникиву молиявӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ имконпазир гардиданд.

Масъалаи Буҷети шаҳрвандӣ бештар рабт дошт бо таҳқиқотҳое, ки созмони Шарикони тавзеҳи шаффофияти буҷет (International Budget Partnership) ҳар 2 сол пас дар кишварҳои зиёди ҷаҳон доир ба Индекси кушоди буҷет баргузор мекунад.

Дар миёни 8 ҳуҷҷате, ки муҳаққиқони созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, якеаш Буҷети шаҳрвандӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон нахустин кӯшиши шарҳ додани буҷет ба шаҳрвандон дар соли 2012 сурат гирифт. Ба ин мақсад Вазорати молия ва гурӯҳи коршиносони мустақил “Роҳнамои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таълиф намуданд. Роҳнамои мазкур бо забони барои шаҳрвандон фаҳмо ва осон раванди ташаккули буҷетро шарҳ медод.

Дар худи ҳамин сол Тоҷикистон бо созмони Шарикони тавзеҳи шаффофияти буҷет ҳамкории худро шурӯъ кард ва то ҳол дар кишвар 4 таҳқиқот доир шудааст (солҳои 2012, 2015, 2017 ва 2019) ва нахустин бор Буҷети шаҳрвандӣ дар соли 2014 дар сайти расмии Вазорати молия гузошта шуд.

Аммо қабл аз он, ки ба баррасии мавзӯи мазкур бипардозем, бояд мафҳуми Буҷети шаҳрвандӣ ва принсипҳои таҳияи он шарҳ дода шавад, зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисми бештари сокинони кишвар дар ин бора тасаввурот надоранд.

Коршиносон мафҳуми “Буҷети шаҳрвандӣ”-ро ба таври гуногун шарҳ додаанд, аммо аксарият ба ин назаранд, ки ин ҳуҷҷат, асосан ба шаҳрвандон дар бораи буҷет ва иҷрои он дар шакли дастрас иттилоъ медиҳад.

Ба иборати дигар, дар Буҷети шаҳрвандӣ вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати буҷетӣ, шартҳои асосии ташаккул ва иҷрои буҷет, манбаъҳои асосии даромади буҷет ва ғайра инъикос мешавад.

Барои осонфаҳм шудани Буҷети шаҳрвандӣ ҷадвалҳо, схемаҳо, диаграммаҳо истифода мешаванд, аммо дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар баробари ин, ҳамчунин маводи таҳлилӣ низ нашр мегардад.

Барои кишварҳое, ки дар Буҷети шаҳрвандии худ танҳо омори умумӣ медиҳанд, коршиносони байналмилалӣ тавсия медиҳанд, ки ҳангоми таҳияи он бо ҷомеаи шаҳрвандӣ маслиҳат кунанд, то ки донанд кадом маълумотро истифода баранд.

Масалан, дар соли 2013 вақте ки ҳукумати Русия нахустин бор тасмим гирифт Буҷети шаҳрвандиро таҳия кунад, қабл аз он як назарсанҷӣ дар миёни сокинон баргузор кард ва чанд савол пешниҳод намуд, аз ҷумла:

— Ҳоло кадом хароҷот авлавият дорад ва чаро? Кадом хароҷот афзалиятнок аст ва ҳаҷми маблағи масрафшавандаро кӣ ва чӣ гуна муайян мекунад? Чӣ қадар маблағ барои соҳаи тандурустӣ, маориф, сиёсати иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш сарф мешавад? Мо чӣ қадар андоз месупорем ва ғ.

Ӯктам Ҷумъаев, масъули баргузории ҳисоботҳои Индекси кушоди буҷетӣ дар мавриди аҳамияти Буҷети шаҳрвандӣ чанде пеш дар як мусоҳибаи худ бо радиои “Ватан” ибрози ақида намуда, гуфт: “Буҷети шаҳрвандӣ танҳо маълумоти буҷетиро содда ва оммафаҳм карда пешниҳод намекунад, балки зарурати қабули буҷетро вобаста ба манфиатҳои давлат, авлавиятҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад, шарҳ медиҳад, то ки ҳар як шаҳрванд донад, ки чаро буҷети мо буҷети иҷтимоӣ аст ва аз кадом ҳисоб ин ё он қисматҳои буҷет коҳиш ва ё афзоиш меёбанд ва таъмини иҷроиши он чӣ гуна сурат мегирад”.

Аммо ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки чӣ зарурат пеш омад, то буҷети шаҳрвандӣ таҳия шавад? Коршиносон дар ин иртибот ба як қатор омилҳо ишора мекунанд:

— шаҳрвандон чӣ будани буҷетро дарк мекунанд;

— дар бораи самтҳои асосии рушди давлат тасаввурот пайдо мекунанд;

— сатҳи боварии шаҳрвандонро ба ҳукумат ва ҳукуматро ба шаҳрвандон меафзояд;

— назорати истифодаи маблағҳои мақсадноки буҷетиро аз ҷониби шаҳрвандон имконпазир мегардонад ва ғ.

Омилҳои зикршуда дар навбати худ ба натиҷаҳои зерин мусоидат мекунанд:

— саводнокии молиявии шаҳрвандонро баланд мебардоранд;

— аз принсипҳои банақшагирии буҷети давлатӣ зимни таҳияи буҷети оилавӣ истифода мебаранд;

— зарурати пардохти андозҳоро мефаҳманд ва ғ.

Ин нуктаро ҳам бояд зикр кунем, ки нисбат ба Буҷети шаҳрвандӣ талаботҳои мушаххас вуҷуд надоранд, аммо Хазинаи байналмилалии асъор дар ин маврид як қатор тавсияҳои умумӣ пешниҳод кардааст, ки ҳангоми таҳияи ин ҳуҷҷат бояд ба назар гирифта шаванд, аз ҷумла:

— бояд ҳуҷҷати мустақил ва худкифо бошад, ҳатто агар дар он иқтибосҳо аз манбаъҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар гирифта шуда бошанд;

— бо забони содда навишта шуда бошад, то ки теъдоди ҳарчи бештари сокинон онро дарк карда тавонанд;

— ҳуҷҷат ба таври техникӣ ва объективрӣ навишта шуда бошад, яъне аз ҷониби мақомоте, ки масъули идораи молия аст, бетарафона таҳия гардида бошад;

— таваҷҷӯҳ ба мақсаду мӯҳтавои буҷет равона карда шавад, на ба раванди буҷетӣ;

— ҳуҷҷати мазкур бояд ба як қатор талабот, аз ҷумла, мукаммалӣ, объективӣ, дақиқ, фаҳмо ҷавобгӯ бошад ва саривақтӣ нашр шавад;

— зимни таҳияи ин ҳуҷҷат бояд сатҳи дониши ҷории аҳолӣ ба назар гирифта шавад (https://journal.safbd.ru/sites/default/files/articles/journal_sfs_safbd_2015-4.50-56.pdf).

 

“Буҷети шаҳрвандӣ” ва иртиботи он ба рейтинги кишвар

Дар “Дастур ба анкетаи баҳогузории буҷети кушод”, ки Шарикони ҳамкории буҷетӣ таҳия кардаанд, саволҳои 64-67 дар бахши “Ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ” маҳз ба Буҷети шаҳрвандӣ бахшида шудааст.

Дар ин дастур таъкид мешавад, ки тибқи методологияи назарсанҷии мазкур, Буҷети шаҳрвандӣ дар сурате пурра дастрас ҳисоб мешавад, ки агар ҳамзамон бо буҷаи тасдиқшуда чоп шуда бошад.

Ҳар як савол дар анкета 5-ҷавобӣ доранд ва пажӯҳишгарон тибқи тавсияҳое, ки дар ин Дастур дода мешаванд, бояд Буҷети шаҳрвандиро омӯхта, онро баҳогузорӣ кунанд.

Мо дар инҷо ба таври мухтасар мӯҳтавои саволҳоро зикр мекунем, вариантҳои посухҳоро ба сабаби калон буданашон намеорем.

Саволи 64: Кадом маълумот дар Буҷети шаҳрвандӣ инъикос гардидааст? Дар тафсилоти ин савол шарҳ дода мешавад, ки бояд маблағи умумии хароҷот ва даромадҳо, ташаббусҳои асосии сиёсӣ, пешгӯии нишондодҳои макроиқтисодӣ ба мақсади дар оянда муҳокима намудани он аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ сабт шуда бошанд.

Саволи 65: Буҷети шаҳрвандӣ дар ҷомеа бо кадом роҳҳо паҳн карда мешавад.

Саволи 66: Оё ҳукумати иҷроия механизмҳоро ба мақсади талаботи аҳолӣ ба маълумоти буҷетӣ то нашри Буҷети шаҳрвандӣ муайян кардааст ё не?

  1. Оё версияи “шаҳрвандӣ”-и ҳуҷҷатҳои буҷетӣ дар раванди буҷетӣ чоп мешаванд ё не?”. (https://www.internationalbudget.org/wp-content/uploads/Guide-OBS2012_Final-RUS.pdf).

Методологияи таҳия ва ҷойгиркунии буҷети шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз методологияе, ки кишварҳои дигар истифода мекунанд, кам фарқ мекунад ва ҳамин тариқ, Буҷети шаҳрвандии кишвар бо назардошти масъалаҳои зерин таҳия мешавад:

— нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва ннишондиҳандаҳои иҷтимоию демографии кишвар, даромадҳои буҷети давлатӣ, хароҷоти давлатӣ, таҳлили хароҷоти буҷети давлатӣ;

— хароҷоти буҷети давлатӣ аз рӯи соҳаҳо, маълумотҳо аз ҳисобот оид ба иҷрои буҷет, нишон додани қарзи давлатӣ бо шарҳи мушаххас.

Чунон ки қаблан ишора кардем, дар Тоҷикистон нахустин бор таҳқиқоти Индекси кушоди буҷет дар соли 2012 гузаронда шуд, аммо то он вақт дар кишвар Буҷети шаҳрвандӣ таҳия намешуд, ҳарчанд ки яке аз ҳуҷҷатҳои муҳим ҳисоб меёфт.

Буҷети шаҳрвандӣ тавре ки дар боло гуфтем, нахустин бор дар Тоҷикистон соли 2014 таҳия гардид ва ин ба рейтинги кишвар ҳангоми гузаронидан таъсири мусбат расонд.

Дар ҳуҷҷати мазкур ҳамчунин унсурҳои таҳлил ва як қатор маълумотҳои иловагие дарҷ гардида буданд, ки дар Қонун дар бораи буҷет вуҷуд надоштанд. Дар натиҷа, Тоҷикистон нисбат ба соли 2012 (17 хол) аз 100 холи имконпазир 25 хол, яъне 8 холи иловагӣ гирифт.

Дар таҳқиқоти соли 2017 Тоҷикистон 30 хол гирифт, аз ҷумла барои Буҷети шаҳрвандӣ 25 холро сазовор шуд, аммо дар бораи тағйироти мусбати Буҷети шаҳрвандӣ, ки боиси 8 холи зиёдтар гирифтани кишвар гардид, чизе гуфта намешавад.

Дар соли 2019 дар рейтинги мазкур Тоҷикистон ҳамагӣ 17 хол гирифт. Яке аз сабабҳои паст шудани холҳо дар баробари сари вақт ҷойгир накардани ҳисоботҳои ҷорӣ дар сайтҳои интернетӣ ва тартиб надодани ҳисоботи солона ҳамчунин таҳияи Буҷети шаҳрвандӣ барои истифодаи дохилӣ будааст.

Ба ҳамин хотир, дар рейтинги мазкур ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки Буҷети шаҳрвандӣ, ҳисоботҳои ҷорӣ, шарҳи нимсола ва аудитро дар сомонаҳои интернетӣ ва ғ. сари вақт дар сомонаҳои интернетӣ ҷой диҳад.

Дар Буҷети шаҳрвандии соли 2020 асосан чунин нишондиҳандаҳо инъикос ёфта буданд:

Ҳамчунин, дар Буҷети шаҳрвандӣ қарзи давлатӣ ва қарзи берунӣ, инчунин маблағҳое, ки барои пардохти онҳо пешбинӣ гардидаанд, нишон дода шудаанд.

Журналист Валентина Қосимбекова, ки солҳои зиёд ба масъалаҳои марбут ба буҷет машғул аст, мегӯяд, ки дар қонуни буҷети давлатӣ ва Буҷети шаҳрвандӣ барои соли 2020 ҳаҷми маълумоте, ки барои ҷомеа зарур аст, маҳдуд мебошад.

Ба қавли номбурда, дар қонуни мазкур 7 бор ишора шудааст, ки “барои чоп нест”, аз ин рӯ, андозсупорандагон дар бораи маблағгузории вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ маълумот пайдо карда наметавонанд (https://centrasia.org/newsA.php?st=1581077580).

Аммо бархе коршиносон ба ин боваранд, ки ҳукумати кишвар дар ин раванд корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст ва мушкилоте, ки зимни таҳқиқотҳои онҳо ошкор мешаванд, бештар хислати техникӣ доранд ва дар оянда онҳо бартараф карда мешаванд.

Нуралӣ Давлат

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here