Дар мафҳуми васеъ бозори сайёҳӣ ҷое мебошад, ки дар он хариду фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ (роҳхатҳои сайр, хизматрасонии ҷудогонаи сайёҳӣ ё маҳсулот барои сайёҳон) анҷом дода мешавад. Бояд зикр, намуд, ки чунин созиш на ҳама вақт дар як ҷо анҷом мегирад. Он метавонад бидуни ҷалби фурӯшанда ва харидори маҳсулоти сайёҳӣ сурат гирад. Масалан, тариқи барқияҳо, факс, занги телефон ё аз рӯи чак (навиштани як навъ ҳуҷҷат) ва ғайра. Ин шаҳодати он аст, ки бозори сайёҳӣ бо ҷои муайян ва минтақаи муайяни географӣ маҳдуд намегардад.

Як зумра коршиносон бозори сайёҳиро ба ҳайси фишанги ҳамоҳангсозии манфиатҳои харидорон ва фурӯшандагони маҳсулоти сайёҳӣ мебинанд. Ғайр аз ин, бахши арза намудани маҳсулоти он ва иқдомоти муносибатҳои иқтисодӣ байни харидорон ва фурӯшандагони маҳсулоти сайёҳӣ ба вуҷуд меояд.

Тибқи сарчашмаҳои соли 2018, сайёҳӣ иқтидори худро бори дигар собит кард. Мувофиқи иттилооте, ки аз манбаҳои расмии саросари ҷаҳон аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (СУС) ба даст омадаанд, шумораи умумии воридшавандагони сайёҳии байналмилалӣ қариб 730 миллион нафарро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2017 қариб 22 миллион ё худ назар ба соли 2016 қариб 20 миллион зиёд мебошад, ки ба ақидаи бисёр коршиносон, рекорд маҳсуб меёбад (Ахбори Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар соли 2019).

Ҳамин тавр, натиҷаҳои қаблии соли 2018 тағйироти зеринро дар сайёҳии ҷаҳонӣ нишон медиҳанд: Аврупо ҷойгоҳи аввалро ишғол мекунад ва минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар рейтинги дуввум қарор доранд, ки ҳиссаи он дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ аз 15,5% дар миёнаи солҳои 90-ум афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бозори Амрикоро пахш кардааст — ҳиссаи охирон дар ҳашт соли охир аз 19,7 то 16,8% коҳиш ёфтааст. Афзоиши воридшавии сайёҳӣ дар Шарқи Наздик ва қитъаи Африқо аз сатҳи ҷаҳонӣ камтар буд, аммо ҳарду минтақа соли 2018 бо динамикаи мусбат хотима ёфтанд.

Дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором беш аз 132 миллион воридшавии сайёҳии байналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бисёре аз коршиносон онро «макони сайёҳии оянда» меҳисобанд. Дар байни минтақаҳои пешсаф дар Осиёи Шимолӣ-Шарқӣ ҷойгир буда, афзоиши он қариб 12% буд. Пас аз он Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ (тақрибан 4%) ва Осиёи Ҷанубӣ (афзоиши 2%) пас аз он меоянд. Ҳамин тариқ, пешгӯиҳои коршиносони СУС иҷро шуданд, ки мувофиқи он Чин, аз ҷумла Гонконг ва Макао ба яке аз марказҳои муҳим ва ҷолиб дар ҷаҳон табдил ёфтааст.

Минтақаи Амрико ягона минтақае буд, ки солро бо натиҷаи манфӣ ба анҷом расонад. Бояд қайд кард, ки коҳиш дар муқоиса бо соли 2018 каме суст шуд ва 0,6%-ро ташкил дод. Аммо, Амрикои Шимолӣ (ИМА, Канада, Мексика) нишондиҳандаҳои худро беҳтар карданд. Ин бо натиҷаҳои мусбати рушди сайёҳӣ дар Канада вобаста аст — афзоиши нисбат ба соли 2010 қариб 0,4%. Ин рақам аз 14,6 то 12% коҳиш ёфтааст. Қариб дар тӯли ду сол пайдарпайии ҷараёни сайёҳиро аз сар мегузаронад, ки он дар соли 2019 ба 3% коҳиш ёфтааст (дар соли 2018 ин коҳиш 1,9% буд). Шояд ин бо мушкилоти ҳавопаймоҳои ИМА бошад. Пастшавии боз ҳам намоён — 7% дар бозори Амрикои Ҷанубӣ ба амал омад. Ягона субрегионали амрикоӣ, ки дар он рушд (10%) ба қайд гирифта шудааст, Амрикои Марказӣ мебошад. Аммо ин ҳаҷмҳо нисбат ба дигар минтақаҳо хеле каманд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки мубодилаи асосии сайёҳон байни кишварҳо — таъминкунандагони сайёҳон сурат мегирад. Дар айни замон, ҷараёни асосии сайёҳӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд аз ҳамон кишварҳо ташаккул меёбад. Сайёҳии содиротӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ хеле паст ба назар мерасад.

Ҳама коршиносон дар соҳаи сайёҳӣ ба он боваранд, ки рушди сайёҳӣ ба пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ асос ёфтааст. Таҳлили муфассал имкон медиҳад, ки байни омилҳои зиёде, ки ба рушди сайёҳӣ таъсир мерасонанд, омилҳои асосии зеринро метавон ҷудо намуд: сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ-демографӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, илмӣ-техникӣ ва ғайра.

Омилҳои сиёсӣ. Вазъи муътадили сиёсӣ дар кишвар шарти пешбурди тиҷорати сайёҳӣ мебошад. Ғайр аз он, барои рушди сайёҳӣ дар як кишвари мушаххас, навъи муносибатҳои байналмилалӣ, ки бо давлатҳои дигар инкишоф ёфтааст, муҳим аст. Масалан, вазъи савдо ва тавозуни пардохти ин кишвар ва шарикони он; вазъияти байналхалқӣ дар ҷаҳон ё дар як минтақаи муайян.

Омилҳои иқтисодӣ. Афзоиши даромад дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфта ба аҳолии ин кишварҳо имкон медиҳад, ки барои сафар бештар маблағ сарф кунанд. Таҳлили даромади сайёҳон аз як қатор кишварҳои Аврупо нишон дод, ки синфи миёна (аз 40% дар Ҳолланд, то 59% дар Италия) дар гардиши сайёҳии тақрибан ҳамаи кишварҳо аз ҷиҳати моддӣ, инчунин, категорияи даромаднок бартарӣ дорад (Ҳолланд, Олмон, Бритониёи Кабир), ки шароити хеле бароҳат ва шароити хидматро талаб мекунанд.

Омилҳои иҷтимоӣ-демографӣ. Рушди сайёҳӣ аз афзоиши аҳолӣ, алахусус шаҳрҳо вобаста аст. Ба гуфтаи равоншиносон, тарзи ҳаёти шаҳр бо афсурдагӣ (стресс), хилват набудан, набудани тамос бо мардум, ҷудо будан аз табиат фарқ мекунад. Аз ин рӯ, сайёҳӣ барои сокинони шаҳр осоиштагию фароғати руҳиро фароҳам меорад.

Омилҳои фарҳангӣ. Ба онҳо қонеъгардонии эҳтиёҷоти фарҳангӣ, маърифатӣ ва эстетикӣ дохил мешаванд, ки ба рушди хоҳиши одамон ба дониш, омӯзиши ҳаёт, анъана, фарҳанг ва таърихи дигар кишварҳо ва қавмҳо мусоидат мекунанд. Бояд қайд кард, ки уҳдадорӣ ба намудҳои алоҳидаи истироҳат ва мутаносибан қонеъ сохтани ниёзҳои фарҳангии онҳо дар кишварҳои гуногун ба таври назаррас фарқ мекунад. Масалан, бисёре аз сокинони Бритониёи Кабир (46%), Белгия (35%), Олмон (32%) истироҳат карданро дар соҳили баҳри гарм меписанданд. Барои истироҳат дар шаҳрҳо ҷопониҳо (51%), испаниҳо (33%), фаронсавиҳо (25%), сокинони Италия (41%) ва Фаронса (32%) таътили худро дар саросари кишвар мегузаронанд.

Пешрафти илмию техникӣ. Дар айни замон, бо пешрафти илмӣ ва техникӣ вақти сарфшуда дар сафар ҳангоми масофаи дур кам мешавад. Стандартҳои хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт такмил дода шуданд, ки барои мусофирон торафт осонтар мешаванд. Хатсайрҳои нави мустақим, шоҳроҳҳо (автомобилӣ, роҳи оҳан) мавҷуданд.

Ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон онҳо технологияҳои муосири идоракунии компютерӣ ва имкониятҳои шабакаҳои ҷаҳонии компютериро истифода мебаранд, ки барои муштарӣ дар як муддати кӯтоҳ маҳсулоти сайёҳиро бо назардошти тарифҳо ва низомҳои гуногуни ҳавасмандгардонии мизоҷон ташаккул медиҳанд. Рушди минбаъдаи сайёҳӣ бе бунёди иншооти нав ва таҷдиди иншооти мавҷудаи сайёҳӣ бо назардошти дастовардҳои навтарини илму техника ғайриимкон аст.

Рушди сайёҳӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷии давлатҳо, равандҳои ҳамгироӣ ва ҷаҳонишавӣ, ки дар тамоми соҳаҳои иқтисоди ҷаҳонӣ рух медиҳанд, вобаста аст. Ин ба болоравии фаъолнокии тиҷоратии аҳолии ҷаҳон ва пайдоиши намудҳои нави сайёҳии тиҷоратӣ мусоидат мекунад. Аммо чунин зуҳурот дар иқтисодиёт, аз қабили пурзӯр намудани расмиёти гумрукӣ, ноустувории молиявӣ (таваррум, тоқатшавӣ), зарбаҳои иқтисодӣ метавонанд фаъолияти ташкилотҳои соҳаи сайёҳиро ба таври назаррас маҳдуд созанд.

Дар даҳсолаи оянда сайёҳӣ манбаи бузургтарини ҷойҳои нави корӣ дар якчанд минтақаҳои ҷаҳон боқӣ хоҳад монд. Дигаргунсозии минбаъдаи пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари истеъмолкунандагон бо қобилият ва ниёзҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст. Раванди минбаъдаи мутамарказонии сармоя, таъсиси ширкатҳо ва корпоратсияҳои бузурги байналмилалӣ, тамоюли равандҳои ҳамгироӣ дар соҳаи сайёҳӣ идома хоҳанд ёфт.

Сайёҳӣ яке аз бахшҳои калонтарин ва динамикии иқтисодиёт, қисми муҳими фаъолияти иқтисодии бисёр кишварҳои рушдкарда ва рӯ ба тараққӣ мебошад. Суръати баланди рушди он, ҳаҷми зиёди даромадҳои асъорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолона таъсир мерасонанд, ки ба ташаккули соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунанд. Сайёҳӣ ба рушди чунин соҳаҳои иқтисодиёт ба монанди сохтмон, нақлиёт, алоқа, савдо ва истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, кишоварзӣ, ки нақши як катализатор барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар аст, таъсири назаррас дорад.

Коршиносони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дурнамои Тоҷикистонро ҳамчун як маркази сайёҳӣ арзёбӣ намуда, суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиро дар байни омилҳои асосии рушди сайёҳӣ дар кишвари мо ном мебаранд. Дар айни замон, Тоҷикистон аз лиҳози ҷолибият ва дорои захираҳои сайёҳӣ-рекреатсионӣ яке аз кишварҳои ҷолиб арзёбӣ гардидааст. Албатта агар инфрасохтор рушд ёбад ва сиёсати босалоҳияти маркетинг дар ҳама сатҳҳои идоракунии сайёҳӣ таҳия карда шавад, дар оянда яке аз кишварҳои тавсияёфтаи сайёҳӣ хоҳад шуд. Сайёҳӣ низ дар ҳама самтҳо ривоҷ ёфта, шумораи сафарҳои сайёҳӣ, вобаста ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори байналхалқии сайёҳӣ ворид гардидааст, вобаста ба ин афзоиши шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридшаванда ба назар расида, иқтисоди миллӣ рушд меёбад.

Мувофиқи ҳисоби дурнамо бо истифода аз модели регрессионӣ вобаста ба нишондодҳои оморӣ агар ҷараёни ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мисли соли 2018 идома ёбад, пас дар давраи то соли 2030 теъдоди сайёҳони ба Тоҷикистон воридшаванда ба зиёда аз 3 миллион нафар баробар мегардад.

Дар шароити муосир бисёр кишварҳо бозори хидматрасонии сайёҳиро таҳия кардаву ба роҳ мондаанд, ки он ба сегментҳо тақсим шудааст ва дар ҳар як сегмент рақобати шадид вуҷуд дорад. Барои нигоҳ доштани рақобат рушди мунтазам лозим аст. Рушди пайваста, ҷорӣ намудани навгониҳо, навсозии унсурҳои мавҷуда дар сайёҳӣ боиси ривоҷ хоҳад шуд.

Н. Н. САЙФУЛЛОЕВ,

Ҷ. Н. ЁРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here