Дар ҳама давру замон чун анъана дар оғози соли нави мелодӣ ташкилоту хоҷагиҳои соҳаи Кооператсияи матлубот фаъолияти худро дар соли сипаришуда таҳлилу ҷамъбаст намуда, барои соли оянда заминаи боэътимоди иқтисодӣ мегузоранд. Инҷо мехоҳем дар бораи дастовардҳои «Бозори Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 ва иқдомҳои неку нақшаҳои созанда дар соли 2021 барои хонандагон маълумоти муфид ироа намоем.

Раиси ҶДММ «Бозори Панҷшанбе»-и Иттифоқи Тоҷикматлубот дар шаҳри Хуҷанд», муҳтарам Хуршеда Бобоева мегӯяд, ки “осудагӣ ва тинҷиву амониву фаровонии ҳар кишварро дилхоҳ меҳмону мизбон аз бозор метавонад фаҳмад. ҶДММ “Бозори Панҷшанбе”-и шаҳри бостонии Хуҷанд, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд дар шафати комплекси меъмории Шайх Муслиҳиддину майдони Регистон ҷойгир мебошад ва як ҷузъи ин комплекси меъморӣ низ ба шумор меравад, метавон гуфт, фаровониву арзонии он, ки хоси ин бозор мебошад, ба туфайли хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Баҳри фаровонии бозори истеъмолӣ ва паст кардани шиддатнокии нарх маъмурияти бозор бо садҳо корхонаҳои кишоварзию саноатии вилоят шартномаҳои тарафайн ба имзо расонида, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки доимо маҳсулоти тару тоза ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартиро пешкаши харидорон намуда, ба болоравии нархҳо роҳ намедиҳем. Ҳайати бозор ва нарху навою фаровонии он доимо таҳти назари раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Шарифзода Фирдавс буда, ҳамарӯза оид ба нарху наво ва захира мо ҳисоботҳои худро ба онҳо пешниҳод менамоем. Гузашта аз ин, муҳтарам раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳар сари вақт аз бозор дидан намуда, баҳри пешравию хизматрасониҳо маслиҳатҳои худро арзонӣ медоранд, ки маъмурияти бозори “Панҷшанбе” аз он кас миннатдоранд. Оянда низ мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба боварии раиси Раёсати «Тоҷикматлубот» муҳтарам Идиев Ҳусайн ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сазовор монда, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар фаровониву арзонии маҳсулоти озуқаворӣ саҳми худро гузошта, чун сарбозони доҳии тоҷикони ҷаҳон, Пешвои муаззам ба халқу миллат хизмат намоем».

Бояд қайд намуд, ки бо ҳалномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои хариду фурӯши бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд беэътибор дониста шуда, бозор ба ихтиёрдории Иттифоқи Тоҷикматлубот баргардонида дода шуд.

Мутобиқи қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот №199 аз 30.12.2019 «Дар бораи қабули дороиҳои бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо воситаҳои асосӣ ва дороиҳояш ба тобеияти Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот қабул карда, дар базаи моддию техникӣ ва дороиҳои қабулгардида барои фаъолияти оянда хоҷагии мустақили ҳисоби хоҷагӣ дар назди Иттифоқи Тоҷикматлубот бо номгузории ҶДММ «Бозори Панҷшанбе»-и Иттифоқи Тоҷикматлубот дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда, фармони дахлдори бозор №01 аз 06.01.2020 дар ин бора ба имзо расидаву фаъолияти самараноки бозор ба роҳ монда шудааст. Соҳибмулк нав шуда, маблағи бозор пурра аз ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба ҶСП «Фортуна» пардохт карда шуааст, ки қисми асосии кормандони бозор фаъолияти худро давом дода истодаанд.

«Бозори Панҷшанбе» дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асоси фаъолият намуда, дар иҷрои вазифагузориҳои Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидааст.

Дар давоми соли 2020, ки барои ҳар яки мо соли аз ҳар ҷиҳат пур аз санҷишҳои басо вазнин, бахусус бинобар сирояти нави коронавируси COVID-19 буд, ки ҳамаи мушкилиҳоро паси сар намуда, фаъолияти бонизоми бозор ба роҳ монда шуда, ба андозаи 4 миллиону 665,5 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби пешакӣ даромади умумӣ (иҷрои нақша 98,8%) гирифта, маблағи чиниши пардохти доимии яквақтаи бозор 1 миллиону 447,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад (иҷрои нақша 96,7%). Хизмати пулакӣ ба аҳолӣ ба маблағи 904 ҳазор сомонӣ (иҷрои нақша 97,2%), аз ҳисоби иҷорапулии иншоот ба маблағи 2 миллиону 314,1 ҳазор сомонӣ даромад гирифта шуда (иҷроиши нақша 100,9), ба буҷаи давлат ба андозаи 1 миллиону 335,3 ҳазор сомонӣ андозҳои ҳатмӣ пардохт карда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар бозор 70 нафар корманд фаъолият менамоянд. Аз онҳо 21 нафар занҳо (30,0%), 6 нафар ҷавонон (8,6%), дорои маълумоти олӣ 14 нафар (20,0%) мебошанд.

Музди меҳнати кормандон саривақт пардохт карда шуда, бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии иҷтимоии кормандон мутобиқи қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот №46 аз 17.03.2016 дар арафаи Соли нави мелодӣ, Иди байналмиллалии Наврӯз, Иди Саиди Фитр, Рӯзи байналхалқии Кооператсия, Иди Қурбон, Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҶТ ва инчунин ҳангоми баромадан ба рухсатии меҳнатӣ ба кормандон дар ин давра 73,3 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта дода шудааст.

Роҳбарияти бозор пеш аз оғози фаъолияти кормандон бо ҳар яки онҳо вохӯрда, гуфтугузор карда, бо дарназардошти бархӯрди манфиатҳо ва созиши тарафайн шартномаҳои ҳамкорӣ оид ба муносибатҳои иҷоравию хизматрасонӣ ба имзо расонида шудааст, ки теъдоди онҳо зиёда аз 410 ададро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар рӯзҳои қабул 2,5 ҳазор нафар шаҳрвандону соҳибкорон, иҷорагирандагон ва фурӯшандгон баҳри ҳалли масъалаҳои ҷойдошта муроҷиат намуданд, ки дархости онҳо баррасӣ гардидааст.

Дар ин муддат ба маъмурияти бозор аз ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот 18 адад ва аз ҷониби МИҲД-и шаҳри Хуҷанд 12 адад қарорҳо, супоришҳо, нақша-чорабиниҳо ва мактубҳо ворид гардидаанд ва баҳри иҷрои онҳо чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Дар ин давра барои пешбурди фаъолияти самарабахши бозор 56 адад фармонҳои корӣ ба имзо расидаанд.

Санаи 22-юми марти соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Санаи 24-уми марти соли гузашта кормандону соҳибкорони бозор дар чорабинии «Иди асал, нон ва картошка» дар назди боғи Камоли Хуҷандии шаҳр фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 12 намуди нонҳои хоси маҳаллиро бо риояи суннатҳои миллиамон бо таври идона дар болои миз оро дода, пешкаши меҳмонони олиқадр гардонидаанд.

Тибқи қарори раиси вилояти Суғд №89 аз 14.03.2018 барои эълон гардидани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ» маъмурияти бозор ба корҳои сохтмонӣ, таъмиру тармим ва ободониву бунёдкорӣ тақвияти тоза бахшида, дар давоми 11 моҳи соли равон дар ин ҷода 123,5 ҳазор сомонӣ маблағҳои мутамаркази аз Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҷудошуда ва маблағҳои озоди худро тибқи тартиботи ҷорӣ сарф кардааст, ки бобати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба оҳолӣ мусоидат менамояд.

Аз ҷумла, то имрӯз бо дастгирии Раёсати Итифоқи Тоҷикматлубот минтақаҳои дохили бозор зиёда аз 356 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, таъмири боми растаи хушкмева ва болопӯши тангкӯчаи гӯшти бозор ва инчунин таъмири утоқҳои кории кормандон азнавсозӣ ва таъмиру тармим карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки барои эмин нигоҳ доштани молу маҳсулоти соҳибкорону фурӯшандагон ва барои таъмини бехатарии бозор аз дуздиву ғоратгарӣ зиёда аз 40 адад камераҳои назоратию мушоҳидавӣ ба маблағи 46,6 ҳазор сомонӣ насб карда шудааст.

Инчунин, бо мақсади мутобиқ намудан ба «Қоидаҳои савдо дар бозорҳои Кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармони бозор №22 аз 01.05.2020 дар бораи тадбиқ намудани «Қоидаҳои савдо дар бозорҳои Кооператсияи матлубот дар ҶДММ «Бозори Панҷшанбе»-и Иттифоқи Тоҷикматлубот дар шаҳри Хуҷанд» барои иҷро қабул карда шудааст, минтақаҳои фурӯши маҳсулот дар бозор аз нав ҷобаҷогузорӣ ва намудҳои маҳсулот, ҳамсоягии онҳо бо якдигар риоя гардида, бо мақсади иҷрои қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот №45 аз 30.03.2020 (воридаи №27 аз 01.04.2020), қарори раиси вилояти Суғд №48 аз 01.04.2020 «Дар бораи таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2020, №АП1365» ва баҳри амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемологӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 мутобиқи фармонҳои бозор №18 аз 01.04.2020 дар бораи таъсиси ситоди корӣ иборат аз 5 нафар кормандони бозор ситоди корӣ таъсис дода, нақша-чорабиниҳои онҳо тасдиқ гардида, тибқи он дар бозор бо ҷалби мутахассисони Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд 16 маротиба амалиётҳои безараргардонӣ ба маблағи 5025 сомонӣ, бо воситаи кормандони худи бозор 460 маротиба ба маблағи 21500 сомонӣ гузаронида, ба маблағи 1500 сомонӣ 2000 адад ниқоби тиббӣ, 80 адад ба маблағи 1600 сомонӣ антисептик, 2 адад ҳароратсанҷҳои тепловизорӣ ва ғайраҳо харида, дар маҷмуъ барои ин чорабиниҳои пешгирикунанда 29625 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани нақши матбуоти даврӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, таъмини фазои иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиби васеи сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини нақшаи таъминоти обуна барои соли 2021 дар асоси қарори раиси вилояти Суғд №244 аз 13.08.2020 «Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ барои соли 2021» обунаи дастаҷамъона, шахсӣ ва кормандони бозор, соҳибкорон, иҷорагирандагон ташкил гардида, 180 нусха рӯзномаву маҷаллаҳо ба маблағи 20509 сомонӣ обуна карда шудаанд.

Доир ба қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот №37 аз 26.02.2019 оид ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фармони бозор №33 аз 08.06.2020 дар ҳамин бора қабул шуда, нақша-чорабиниҳои он тасдиқ гардида, комиссияи ҷамъиятӣ дар бозор оид ба риояи он таъсис дода шудааст. Комиссия дар ин давра 3 маротиба ҷаласаи худро гузаронида, барои гузаронидани маъракаҳои суннатии кормандони бозор ба 3 нафар корманди бозор ба андозаи 1000 сомонӣ кумаки моддӣ расонида шудааст.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои рушд ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ амалӣ намудани «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2019, №АП-1176 тасдиқ гардида, қарори Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот №50 аз 02.04.2019 дар ҳамин бора қабул шудааст, фармони №45/1 аз 31.08.2020 қабул гардидааст.

Дар урфият бозорро «Оинаи диёр» меноманд. Аз бозор сайёҳони зиёди хориҷиву дохили кишвар дидан менамоянд, ҳангоми рафтан аз бозор армуғонҳои миллӣ харидорӣ мекунанд. Бинбар ин, зарур аст, ки дар бозор гӯшаю нуқтаҳо, растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандони халқӣ ташкил карда шаванд.

Ба гуфтаи раиси ҶДММ «Бозори Панҷшанбе»-и Иттифоқи Тоҷикматлубот дар шаҳри Хуҷанд», муҳтарам Хуршеда Бобоева, «мо тасмим гирифтаем, ки дар соли ҷорӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаву бузурги миллат — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ тақвияти тоза бахшида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҳиссагузорӣ дар иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмини амнияти озуқавории кишвар, муҳайё намудани зиндагии шоиста барои мардуми шарифи кишвар ва дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста чораҳои амалӣ андешем ва баҳри рушди соҳа, гулгулшукуфоии Ватани азизамон суботкорона меҳнат намоем».

Саиди ҲАЙДАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here