Боғдорӣ яке аз соҳаҳои қадимаест, ки то ҳол шуғли дӯстдоштаи мардуми мо боқӣ мондааст. Вобаста ба ин истилоҳ дар адабиёти классикӣ калимаҳое чун «боғ», «боғистон», «бӯстон», «обсол», «полиз», «полез», «равза», «равзагоҳ»,

«равзот», «чорбоғ», «фирдавс» ва ғайра вомехӯранд. Ин соҳа дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардуми мо мавқеи хоса дошту дорад. Ҳамин аст, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2016 сар карда, дар баробари боғҳои анъанавӣ дар зиёда аз 200 гектар замин боғҳои интенсивӣ бунёд гардиданд, ки оғози марҳилаи нав дар ташкили боғҳои муосири серҳосил мебошад.

 

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба 1-уми январи соли 2016 дар ҷумҳурӣ майдони боғ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 141,1 ҳазор ва токзорҳо 38,7 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз он таносубан 90237 ва 31707 гектараш ҳосилдиҳанда мебошанд.

Дар асоси «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №793 аз 30-юми декабри соли 2015 тасдиқ гардидааст, бунёди 20000 гектар боғу токзори нав дар назар аст. Аз он бояд 7000 гектар боғ дар заминҳои лалмӣ бунёд гардад. Мувофиқи ин барнома ҳамчунин бунёди 500 гектар боғҳои интенсивӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба ақидаи коршиносони соҳа, амалигардонии барномаи мазкур аз ҳар хоҷагидор малакаи баланди хоҷагидорӣ, маълумоти кофии соҳавӣ ва ҳисси баланди кордониро талаб мекунад.

Натиҷаи мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар бунёди боғу токзорҳо ва афзун гардонидани самаранокии иқтисодии онҳо як қатор омилҳои дар назар содда, вале дар асл ниҳоят муҳим ҷой доранд, ки сарфи назар кардан ё кам эътибор додан ба онҳо сабаби пастшавии самаранокии иқтисодии соҳа мегардад.

Чанде қабл бо ибтикори “Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”” дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон семинари машваратӣ дар мавзуи «Рушди боғдорӣ» баргузор шуд. Семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кишоварзон оид ба «Истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи боғдорӣ» ба воситаи мубодилаи афкор байни деҳқонон ва мутахассисону олимони соҳаи боғдорӣ оид ба мавзуҳои касалиҳо ва ҳашароти зарарасони дарахтони мевадиҳанда ва мубориза бар зидди онҳо, танзими реҷаи ғизодиҳӣ ва обёрӣ, шохабурии сабз ва аҳамияти он, истифодаи самараноки байни қатории дарахтон, ҷамъоварии мева ва коркарди он, риояи талаботи экологӣ дар соҳаи боғдорӣ баргузор шуд. Ҳамчунин, зимни баргузории семинари машваратӣ намоишгоҳи маҳсулоти пайвандӣ ва маҳаллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Пас аз тамошои намоишгоҳ дар хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон намоиши корҳои амалӣ, аз ҷумла тарзи дурусти пайвандкунӣ ва ҷамъоварии ҳосил, нигоҳубини боғу танзими обёрӣ намоиш дода шуд. 

Садриддин Ҷӯраев, роҳбари бахши боғу токпарварии Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ мегӯяд, ки аксарияти ноҳияҳои вилояти Хатлон аграрӣ буда, аҳолӣ аз ҳисоби замин метавонад даромади бештар ба даст оварда, худ ва бозори кишварро бо ғизо таъмин намоянд.

— Ҳар як заминдор имкон дорад даромади молии худро боло бардошта, қудрати харидорӣ ва ё истеҳсоли маводи хӯроквории серғизоро пайдо кунад. Парвариши дарахтони мевадиҳанда ва фурӯши маҳсулоти онҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва берун аз он имкон медиҳад, то ҷойҳои корӣ пайдо шуда, буҷаи хонавода ғанӣ гашта, ба ин васила сатҳи зисти мардум боло равад,- илова намуд мавсуф.

Дар расми ифтитоҳи рӯйдоди мазкур роҳбарони қитъаҳои намоишии боғу ниҳолхонаҳо, роҳбарияти ноҳия, аъзои бригадаҳои рушди боғпарварӣ, фермерони боғпарвар ва мутахассисони кишоварзии ноҳияҳои ҳадафӣ бо ҷалби намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мутахассисону олимони ташкилотҳои шарик ширкати фаъол доштанд.

Чунин чорабиниҳо барои фермерон дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон бо ҷалби мутахассисони сохторҳои зидахли кишвар, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба соҳаи кишоварзиву боғу токпарварӣ бо дастгирии “Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда” пайваста баргузор карда мешавад.

Зимни баргузории семинар зикр гардид, ки барои бунёди боғ қитъаи заминеро интихоб кардан даркор аст, ки офтобрас ва аз шамоли сахт эмин бошад.

Вобаста аз релефи қитъа, хок, шакли шохсор, сатҳи обҳои зеризаминӣ ва дигар омилҳо дарахтони мевадиҳандаро дар ҳамворию пастиҳо, хандақҳо, зинаҳо, хокрезаҳои баланд, теппачаҳо, дар ҷойҳои сернам, жарфиҳои сарбаста (дар мавзеъҳои регҳои равон) мешинонанд. 

Ба қавли коршиносони соҳа, шинондани дарахтон бояд ба ин тарз анҷом дода шавад: ҷойи шинондани дарахтро муайян карда, чуқуриҳои 50х50х50 — 60х60х70 см, ки решаи росткардашудаи дарахт ҷой гирад, кандан лозим аст. Вақти кандани чуқурӣ хоки қабати болоиро ба як тараф ва қабати поёниро ба дигар тараф гузоштан шарт аст. Ба ҳар чуқурӣ як сатил порӯ андохта, бо хок омехта намуда, байни чуқуриҳо дар ҳолати кӯтоҳ будани решаи ниҳолҳо теппача кардан лозим аст. Решаҳои шикаста, касал ва дарози ниҳолҳоро бо дукордаи дарахтбурӣ мебурем. Агар оби ниҳолҳо парида бошад, онҳоро як-ду рӯз пеш аз шинондан дар оби равон гузоштан лозим аст, то ҳолати тарангии ҳуҷайраҳо барқарор шавад. Сипас, решаи ниҳолҳои тайёркардаро дар маҳлули аз омехтаи порую хок омоданамуда тар карда, пас ниҳолро шинондан зарур аст.

Ҳангоми шинондан бояд як нафар ниҳолро дар байни жарфӣ рост дошта истад. Шахси дуюм, нахуст хоки нарми серғизоро ба бехи реша партофта, шибба карда, сипас хоки поёниро аз боло чаппа карда, ҳамвор кунад. Дар вақти шинондан, бояд гарданаи реша ё ин ки ҷойи пайванд аз сатҳи хок 2-5 см баландтар истад. Пас аз бехи ниҳол 5-7 см дуртар мехчӯбе кӯфтан зарур аст, ки нисбати навдаи якум пасттар истад. Бо тасма ё ресмон ниҳолро дар шакли рақами 8 ба мехчӯб мебандем.

Дар охир болои хоки бехи ниҳолро бо пору, аррамайдаи чӯб, коҳу алафи пӯсида пӯшондан беҳтар аст. Пас аз шинондан ба намии хок нигоҳ карда, ба бехи ниҳол ҳатман 10-15 литр об рехтан шарт ва зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони соҳа таъкид медоранд, ки дарахтон асосан аз 3-4 солагӣ ба мевадиҳӣ медароянд. Самаранок кишт кардани баъзе зироат дар байни қаторҳои дарахтон имкон дорад. Аммо ба таъкиди коршиносон дар байни қаторҳои дарахтон ҳамаи намуди ғалладонагиҳо (гандум, ҷав, офтобпараст, ҷуворимакка ва монанди онҳо), сабзӣ ва лаблабуро коштан хуб нест, вале шинондани картошка мумкин аст. Зеро рустаниҳои ғалладонагиҳо ва монанди онҳо бо баргу пояи паҳну баланд ва решаи худ ба инкишофи муътадили дарахтон монеъ мешаванд.

Дар ҳамин маврид, мутахассисони соҳа таъкид медоранд, ки шаклдиҳӣ ва шохабурии ҳарсолаи дарахтони мевадиҳанда ва ток шарт ва зарур аст. Шаклдиҳӣ ва шохабурии ҳарсолаи дарахтон — ин чорабинии агротехникие мебошад, ки саривақт гузаронидани он ба давомоти муҳлати истифодабарӣ, самаранокӣ ва сифати маҳсулоти боғу токзор таъсири мусбат мерасонад. Ин амалро пас аз шинондани ниҳолҳо оғоз карда, шаклдиҳиро вобаста аз шакли интихобкардаи шохсор то 6-7-солагӣ ва шохабуриро то решакан кардани боғу токзор дар вақташ ҳар сол гузаронидан зарур аст. Дуруст буридани шоху навдаҳои касал, шикаста ва зиёдатӣ ба ҳаворасии шохсор, солимии дарахт, гирифтани ҳосили дилхоҳ, баландшавии сифати мева мусоидат мекунад.

Садриддин Ҷӯраев, мутахассиси рушди боғдорӣ мегӯяд, ки таъмини намнокии хок дар боғу токзорҳо масъалаи муҳим дар боғдорӣ аст.

— Набояд фаромӯш кард, ки дарахтони мевадиҳанда ва ток ба намбардории 60-75% ё ин ки намнокии 15-25%-и хок эҳтиёҷи калон доранд. Барои ташаккулёбӣ ва ҳосилбандии муғчаҳои солими гулӣ (асоси мева) ғизои бой лозим аст, ки онро дарахт танҳо дар ҳолати намнокии 15-25%-и муътадил аз хок ҷабида гирифта метавонад. Норасогии намии хок, хусусан дар нимаи дуюми тобистон ва аввали тирамоҳ, ки дар боғҳо дида мешавад, сабаби вайроншавии раванди инкишофи муғҷаҳо гашта, дар натиҷа муғчаҳои гулии ҷанин ё гардашон носолим пайдо мешавад. Ин дар анҷоми гулшукуфӣ ба камҳосилӣ ва пайдошавии ғӯракҳои носолим оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, норасоии намӣ дар хок ба тез хазоншавии барги дарахтон, каҷукилебию камобии меваҳо, хушкшавии ангур ва ғайра оварда мерасонад, ки ҳамаи ин дар маҷмуъ самаранокии боғу токзорро паст мекунад. Бинобар ин, барои пешгирӣ намудани ин омилҳо чунин тавсия дода мешавад. Пеш аз ҳама, ба сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани коркарди замини байни қаторҳою атрофи дарахтон аҳамият дода шавад. Ин чорабинӣ дар заминҳои лалмӣ зарурияти дучандон пайдо мекунад, зеро аз охири моҳи май то аввали ноябр аксарияти солҳо боришот нашуда, захираи нам дар хок хело кам мегардад. Аз тирамоҳ шудгор кардани байни қаторҳо ва побел кардани атрофи дарахтону буттаҳои ток дар қатор барои ворид ва захира шудани нами табиӣ аз ҳисоби барфу борон хело мусоидат мекунад. Вобаста аз шароити таъмини сарчашмаҳои обёрикунанда ва миқдори намии табиӣ 1-2 маротиба бо меъёри 1200-1500 м3 дар як гектар яхоб мондан зарур аст. Дар боғу токзорҳои лалмӣ аз охири тирамоҳ атрофи бехи дарахтонро ҳавз карда, ба он чанд маротиба барфро ҷамъ ва шибба карда, ба болояш як қабат хок пӯшондан ниҳоят манфиат дорад, зеро барфи дар зери хок хобондашуда оҳиста-оҳиста об шуда, ба қабати жарфии хок ворид мешавад ва дар давраи зарурии тобистон дарахтон аз нам таъмин мешаванд. Дар минтақаҳое, ки барф кам меборад, аз ҳар тарафи мувофиқ ҷӯйбор кашида, оби боронро ба бехи дарахтону буттаҳо ҷамъ кардан зарур аст. Пас аз қатъгардии мавсими боришот хоки атрофи бехи дарахтонро майда карда, пас бо маводҳои гуногун (коҳи пӯсида, аррамайда, тол, пардаҳои полиэтилинӣ) рӯйпӯш кардан лозим аст. Ин амал намии хоки қабати решаи дарахтонро дуру дароз нигоҳ медорад. Инчунин, ба сабзиши алафҳои бегона монеъгӣ мекунад,- иброз дошт Ҷӯраев.

Ба бовари коршиносони соҳа, танзими реҷаи обёрӣ аз таркиби хок вобаста аст. Баъзе замин ба обёрии кам ва баъзеи дигараш ба обёрии зиёд эҳтиёҷ доранд. Ба хокҳои регдор бояд тез-тез обёрӣ карда шавад. Ба хокҳои гилдор як бор обёрӣ кардан кифоя аст. Бо обёрии чакрагӣ мешавад, ки 50 дарсади обро сарфа кард, вале ин усул харҷи зиёд талаб мекунад. Бо обёрии чакрагӣ дар ноҳияи Ашт то 3000 ҳазор гектар замин обёрӣ карда мешавад. 

Вобаста ба меъёри ғизодиҳии ниҳолҳо мутахассиси Хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии Ёвон-1 Маҳмадёр Салимзода иброз дошт, ки таъмини дарахтони мевадиҳанда ва ток бо ғизои муътадил омили баланд шудани ҳосилнокӣ ва сифати меваи онҳо мегардад.

— Ба дарахтон вобаста аз таркиби хок, намуди боғ, синну соли дарахтон, ҳолати кунунии онҳо ва ҳосилнокии интизорӣ меъёри ғизодиҳӣ муайян карда мешавад. Меъёри додани ғизо дар заминҳои обӣ чунин аст: пору 30-40 тонна дар 3-4 сол як бор, нуриҳои маъданӣ вобаста аз намуди хок ҳар сол дар боғҳои навбунёд нитроген (N) 70-100 кг, фосфор (P) 50-60 кг, калий (К) 60-70 кг, дар боғҳои ҳосилдиҳанда бошад, нитроген 120-150 кг, фосфор 90-100 кг ва калий 90-100 аз рӯи моддаи таъсиркунанда дар як гектар дода мешавад. Нуриҳои фосфорию калийгиро дар мавсим як бор дар давраи оромии растанӣ аз охири тирамоҳ то аввали баҳор ва нуриҳои нитрогениро ду маротиба 50% дар баҳор ва 50% дар аввали тобистон додан ба мақсад мувофиқ аст. Меъёри ғизодиҳии боғҳо дар заминҳои лалмӣ чунин аст: нитроген 60-120 кг, фосфор 60-120 кг ва калий 60-90 кг. Меъёри муайяншударо як бор вобаста аз ҷойгиршавии минтақа дар моҳҳои март-апрел ба замин дар жарфии на кам аз 35 см додан зарур аст,- илова намуд М. Салимзода.

Мутахассисони соҳаи боғдорӣ бар он боваранд, ки дар мавриди саривақт ва бо сифат гузаронидани ин чорабиниҳои дар боло тавсияшуда, деҳқонон метавонанд аз боғу токзорҳои парваришкардаашон ҳосили баланд ва маҳсулоти ба талаботи бозори имрӯза ҷавобгӯ истеҳсол ва сабади истеъмолии мардумро, ки мувофиқи меъёри физиологӣ муайян карда шудааст, бо меваю ангури хушлаззату гуворо таъмин намоянд. Дар баробари ин, ба буҷаи оилавии худ даромади хуб ворид созанд.

Дар ҳошияи баргузории семинари болозикр меваҳои олу, зардолу, шафтолу, нектарин, себу чормағзи калифорниягӣ, ки дар Тоҷикистон парвариш ёфтаанд, ба намоиш гузошта шуданд. Сипас, иштирокчиёни семинар аз хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. 

Дарахтони мевадиҳандае, ки аз иёлоти Калифорнияи ИМА дар доираи “Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” оварда шудаанд, дар пойгоҳи таҷрибавию таълимии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон парвариш меёбанд.

Чунин қитъаҳои намоишӣ дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон бо мақсади воридоти навъҳои нави меваҷот ба Тоҷикистон ташкил шудаанд.

Роҳбари бахши хидматрасонии кишоварзии лоиҳа Сабоҳатулло Музаффаров мегӯяд, ба фарқ аз меваҳои ватании мо, ин дарахтон ҳосилнокии баланд дошта, муддати дурудароз нигоҳдорӣ мешаванд ва намуди зоҳирии зебои ба бозор мутобиқ доранд. Ба қавли ӯ, дар ин хоҷагии таҷрибавӣ дар умум 38 навъи ниҳоли меваи аз Калифорния овардашуда парвариш меёбад. 

Пас аз боздид ба амал овардан аз ин хоҷагӣ мутахассиси соҳаи экологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Даврон Исоев таъкид дошт, ки ҳангоми истифодаи заҳрхимикатҳо қоидаҳои бехатариро аҳолӣ кам риоя мекунанд. Заҳрхимикатҳоро дар вақти нисфирӯзӣ истифода бурдан қатъиян манъ аст. Заҳрхимикатҳоро асосан дар субҳу шом ба замин пошидан мумкин аст. Зеро ҳангоми дар нисфирӯзӣ пошидани заҳрхимикатҳо ба замин, он аз сабаби гармии ҳаво бухор шуда, зуд таъсири манфии худро ба аҳолӣ ва муҳити зист мерасонад, ки дар натиҷа аз ин омил аҳолии гирду атроф зарар мебинанд.

— Тавассути васоити ахбори омма ба шаҳрвандон расониданием, ки риояи ин қоидаҳо шарт ва зарур буда, омилҳои манфӣ, чун ифлос шудани муҳити атроф ва ба бемориҳо гирифтор шудани одамон пешгирӣ хоҳад шуд,- зикр кард дар анҷоми суҳбат Д. Исоев.

 

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here