Бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид ва феълан дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба таври густурда гузаронида мешавад. Омӯзиши кӯтоҳи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон  нишон дод, ки иқдоми мазкур на танҳо аз тарафи соҳибкорон ва онҳое, ки бевосита дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият мекунанд, хеле хуб истиқбол шуд, балки ҳар нафаре мехоҳад, дар рушди сайёҳӣ нақши худро гузорад ва дар пешрафти соҳа нақши арзандае дошта бошад. 

 

Рушди сайёҳӣ дар Суғд

Қаблан эълон шуда буд, ки ба ифтихори Соли Рушди сайёҳӣ давлат ба соҳибкороне, ки ширкатҳои нав мекушоянд ва ё дар бунёду сармоягузории инфрасохтори туристӣ саҳм мегиранд, имтиёзҳои зиёде дода, онҳоро аз андозҳои гуногун озод намудааст. Шояд маҳз ҳамин имтиёзҳои додашуда сабаб шуда бошанд, ки ширкатҳои зиёди сайёҳӣ ташкил шуда, бо пешкаши хизматрасониҳои гуногун, як таккони ҷиддие дар рушди соҳа ба вуҷуд оварданд. Чунин як пешравӣ ва як таккони ҷиддӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бахусус дар вилояти Суғд сахт эҳсос мешавад.  Дар ин вилоят бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон, бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Аҳмадзода чандин ширкатҳои сайёҳӣ ташкил шуда, тамоми идораҳои давлатӣ дар маҳаллҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо тартиб додани нақшачорабиниҳо дар хубу босамар гузаронидани соли рушди сайёҳи саҳм гиранд ва бо пуштибонӣ аз ҳамаи ширкатҳои сайёҳӣ, таваҷҷӯҳи асосиро пеш аз ҳама ба бунёди инфрасохтори нав ҷалб кунанд. Тасмим гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017, дар соли 2018 ба вилояти Суғд як баробар бештар сайёҳон ҷалб карда шавад.  Бо ин мақсад соли равон дар чор шаҳри вилояти Суғд:  — Исфара, Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент шӯъбаи кор бо рушди сайёҳӣ ташкил карда шудааст. Вазифаи шӯъбаи мазкур ба роҳ мондани ҳамкории зичи хокимияти маҳаллӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳон, инчунин ба роҳ мондани нақша чорабиниҳои гуногун барои рушди сайёҳӣ гуфта мешавад.  

 

Хатсайрҳои маъруфи сайёҳии Суғд

Нахуст бояд гуфт, ки бинобар асосан кӯҳсор будани табиати вилоят, дар Суғд ба Туризми кӯҳӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст ва сайҳон асосан маҳз бо мақсади сайри кӯҳҳои осмонбӯс ва дидани ҷойҳои таърихӣ меоянд. Бинобар ин соли равон дар баробари хатсайрҳои кӯҳнаи сайёҳӣ чандин хатсайрҳои нав мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки хеле диққатҷалбкунанда ҳастанд.

 Хатсайри “Шоми Душанбе” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ – Варзоб -Душанбе – Ҳисор — Хуҷанд); 

Хатсайри  “Искандаркӯл” (Хуҷанд — Истаравшан – Шаҳристон — Айнӣ – Искандаркул -Хуҷанд); 

Хатсайри “ Ҳафткӯли мӯъҷизаофар” (Хуҷанд – Истаравшан – Шаҳристон – Айнӣ -Панҷакент – Саразм — Ҳафткӯл — Хуҷанд) 

Хатсайрҳои мазкур аз маъруфтарин хатсайрҳои наванд, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шудаанд ва аллакай мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии сайёҳон қарор гирифтаанд.  

Инчунин хатсайрҳои зиёди дигаре мавҷуданд, ки дар қаторкӯҳҳои Фон ва Рӯди Зарафшон ба нақша гирифта шуда, асосан худудҳои ноҳияҳои Панҷакент ва Айниро фаро гирифтаанд. Хатсайрҳои мазкур бо назардошти мӯҳлати сафари сайёҳон тартиб дода шуда, аз як ҳафта то як моҳро дар бар мегиранд. 

Хатсайри аз ҳама дарозтарин, хатсайри — «Искандаркӯл-Санги Сафед» буда, бевосита аз Искандаркӯл оғоз меёбад ва чунин тартиб дода шудааст: — Искандаркӯл – Саратоғ- дараи пули Малик — Суғурхона- Ағбаи Дугдон (баландиаш 3500м аз сатҳи баҳр) – дараи Арчамайдон (Сари Хаданг) — Пушти кӯл — Қайроқсанг – Ғазза — Ағбаи Ғӯйтан (баландиаш 2900м) – ағбаи Чуқурак (баландиаш 2400м) – ағбаи Кӯли Калон  (баландиаш 3260) – ағбаи Аловиддин (баландиаш 3840м) – Кӯли Аловиддин (баландиаш 2700м) — Кӯли хира ( баландиаш 3540м) — Дараи Санги Сафед (баландиаш 2300м) – пиряхи калонтарини кӯҳҳои Фон “Иммат” (баландиаш 3600м) — Санги сафед).

Хатсайри «Душанбе – Зимтуд» (Душанбе – Аловиддин – Кӯли хира — ба воситаи ағбаи Ловдан (баландиаш 3640м)  ба Кӯли калон- Чуқурак-Зимтуд-Душанбе).

Хатсайри «Шӯрмашк – Рашнаи Поён» (Шӯрмашк-Дуоба-ағбаи Ботхона(3500м) –Аловиддин – Кӯли хира– Аловиддин – ағбаи Ловдан — Кӯли калон –кӯли Чуқурак — Чормағззори Ғазза- Ғӯйтан — ё Зурмич (3700м) — Қайроқсанг- ба воситаи Пушти кӯл — ағбаи Манора (3540м) – Оби сафед — ағбаи Тобасанг (3320м)– Кӯли 7-ум ва 6-уми Ҳафткӯл — Рашнаи поён.

 Хатсайри мазкур дар Рашнаи поён ба итмом мерасад ва вобаста ба хоҳиши сайёҳон онҳоро аз Рашнаи поён то Душанбе, Хуҷанд ва ё Ҷартеппа, сарҳади Ӯзбекистон гусел мекунанд.

Хатсайри Ҷартеппа – пиряхи Чимтарға: — (Ҷартеппа (сарҳади Ӯзбекистон) – Лагери туристӣ- алпинистии Артуч — Кӯли Чуқурак — Кули калон — Кӯли Аловиддин- Кӯли хира — пиряхи Чимтарға (баландиаш 4800 м. аз сатҳи баҳр) — кӯли Алои бузург (Болшой ало) –Амшуд). 

Хатсайри мазкур дар дараи Амшуд ба поён мерасад ва сайёҳон аз ҳаминҷо то Хуҷанд, Душанбе ва ё сарҳади Ӯзбекистон гусел карда мешаванд. 

Баъзе гурӯҳҳое, ки ба мӯҳлати кӯтоҳ аз Самарқанд ба Панҷакент ворид мешаванд ва мҳлати 2-3 рӯзаи сафар доранд, онҳо сафари худро аз Саразм оғоз намуда дар Ҳафткӯл ба итмом мерасонанд. 

Инҳо хатсайрҳоеянд, ки асосан дар қаторкӯҳҳои Фон қарор доранд ва тамоми кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Фон, Анзобу Варзоб, Кӯлҳои Искандаркӯлу, Аловиддин, Кӯли калону Чукурак, Ҳафткул ва даҳҳо мавзеъҳои дигари биҳиштосои моро ба сайёҳон муаррифӣ мекунанд ва сайёҳони аз самти Сармарқанд, Хуҷанд ва Душанбе ояндаро тавассути ин хатсайрҳо ширкатҳои сайёҳӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Ҳисоботи омории солҳои охир нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи сайёҳон ба вилояти Суғд сол ба сол зиёд шуда истодааст. Бинобар ин роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст, ки ба ин соҳа хеле бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намояд ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соҳаи туризмро ба як соҳаи аз ҳама пешрафта дар вилоят табдил диҳад. 

 

Ҷангалбонҳо дигар аз сайёҳон пул намегиранд

Ба назар чунин мерасад, ки дар баробари додани имтиёз ба ширкатҳои сайёҳӣ инчунин баъзе монеаҳое, ки ба рушди соҳа халал ворид мекарданд, бартараф шуда истодаанд. Дар шаҳри Панҷакент, мо вақте бо Раиси хоҷагии чангали ноҳияи Панҷакент сӯҳбат мекардем, нахустин суол ин буд, ки Хоҷагии ҷангал хоҷагиест, ки бо сайёҳӣ хеле алоқамандии зич дорад ва ин хоҷагӣ алъон чи саҳме дар рушди сайёҳӣ гузошта истодааст? 

Нарзулло Лӯъмонов, Раиси хоҷагии чангали ноҳияи Панҷакент иброз дошт, ки воқеан Хоҷагии ҷангал аз муҳимтарин хоҷагиҳоест, ки бо сайёҳӣ ва сайёҳон сахт алоқамандӣ дорад. Зеро сайёҳон ба ҳар куҷое, ки меоянд, маҳз дар заминҳои ҳоҷагии чангал қарор мегиранд ва бо ҷангалбонҳо рӯ ба рӯ мешаванд. 

Барои он ки миёни ҷангалбонҳо ва сайёҳон нофаҳмиҳо сурат нагиранд, бо фаро расидани соли Рушди сайёҳӣ  Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 545 аз 02.11.2007 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» муваққатан боздошта шуда, гирифтани пул аз сайёҳон манъ карда шуд. Дигар ҳеҷ ҷангалбон ҳақ надорад, ки аз сайёҳон барои маскунат дар ин ё он минтақа пул ситонад. Ҷангалбонҳо танҳо назорат мебаранд, ки сайёҳон дарахтҳоро набуранд ва аз ҷангал самаранок истифода баранд. Мо бо ҷангалбонҳо семинарҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида тарзи дурусти муносибат бо сайёҳонро омӯхтем ва дастур додем, ки дар сурати зарурият кормандони мо ба сайёҳон кӯмакҳои худро расонанд. 

Тибқи гузориши Сармутахассиси хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷакент Адҳам Асров, масъулини Хоҷагии ҷангал ҳатто миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, ба онҳое, ки имконияти бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳиро доранд, пешниҳод намуда истодаанд, ки дар дараҳои сайёҳӣ  замин гиранд ва барои ҷалби сайёҳон иншоотҳои шахсӣ, аз қабили меҳмонхонаву истироҳатгоҳҳо бунёд намоянд. 

 

Ба ҷои хулоса

Тоҷикистони биҳишосои мо сарзамини дорои кӯҳҳои сарбафалаккашида, табиати сарсабзу дилфиред, обҳои мусаффову табобатӣ буда, дар сурати истифодаи босамар метавонад ба кишвар даромади зиёд орад. Боварии комил дорем, ки иқдомҳои пиёданамудаи давлат ва ҳукумат самараи нек меорад ва кишвари азизи мо дар ояндаиназдик ба як кишвари бузурги сайёҳӣ табдил меёбад. 

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here