Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба роҳбари ширкати “Баракат” Пардаалӣ Алимардонов бо моддаи 246, қисми 3, банди «б»-и Кодекси ҷиноятӣ (тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон) парванда боз кардаааст. Номбурда феълан дар боздошт қарор дорад.

Пардаалӣ Алимардонов бародари Муродалӣ Алимардон, ки дар гузашта аз ашхоси бонуфузи Ҳукумати Тоҷикистон буд ва дар мансабҳои гуногуни калидӣ, аз ҷумла раиси Бонки миллӣ, муовини аввали сарвазир фаъолият дошт, мебошад. Муродалӣ Алимардон аз соли 2015 то инҷониб  роҳбарии “Агроинвестбонк”-ро ба зимма дорад.

Мақомот Пардаалӣ Алимардоновро барои тасарруфи маблағҳои қарзӣ ва ғайримақсаднок истифода кардани беш аз 90 миллион сомонии «Агроинвестбонк» муттаҳам мекунанд. Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фахриддин Акрамзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкурро ниҳоди онҳо бар дӯш дорад. Бинобар гуфтаи ин масъул, зарарҳои расонидашуда қисман барқарор шудааст ва дар сурати пурра баргардонидани қарз ва ҷуброни зарар, эҳтимоли қатъ кардани парванда нисбати Пардаалӣ Алимардонов ва мавриди афв қарор гирифтани ӯ вуҷуд дорад.

Мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аввалҳои соли 2019 раиси «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардонро, ҳамчун шоҳид, вобаста ба пули қарз бозпурсӣ карда буданд. Ин ҷо сухан сари тасарруф ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои дар сохтмони чойхонаи миллии “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор масрафшуда меравад, ки мақомот Пардаалӣ Алимардонов ва чанд нафари дигарро муттаҳам медонанд. Интизор мерафт, Чойхонаи миллии “Харбуза” ба яке аз тафреҳгоҳҳои бузурги кишвар табдил ёбад ва он ҳамчун Маркази бузурги оши палави тоҷикӣ низ муаррифӣ гардад, аммо ин тавр нашуд.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти ниҳодаш гуфта буд, ҳукми нафаре, ки ба тасарруфи маблағҳои марбут ба сохтмони чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор гунаҳгор дониста мешуд, содир гардид. “Ин парванда аз сӯи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ шуда, ин шахс ба муҳлати тахминан 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст”, — гуфт Шермуҳаммади Шоҳиён.

Сохтмони чойхонаи “Харбуза” бо фармоиши корпоратсияи “Баракат”, ки роҳбараш Пардаалӣ Алимардонов мебошад, аз сӯи ширкати “Шаҳрофар”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардид ва дар муддати як сол ба охир расонида шуд.

Чойхонаи мазкур рӯзҳои ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар соли 2015, бо баландии 43, дарозии 100, бари 55 метр бо ғунҷоиши 2,5 ҳазор нафар дар як вақт, дар масоҳати 4,7 гектар мавриди истифода қарор гирифта буд.

Гуфта мешавад, дар умум беш аз 30 ширкат дар тасарруфи пули “Агроинвестбонк” даст доранд ва маҳз онҳо сабаби аз по уфтодани бонк дониста мешаванд. Раиси Суди олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён аз зиндонӣ шудани раиси ширкати “ХИМА” Исматулло Ҳаёев  ва Илҳом Ҳотамов, маъруф ба “Илҳом командир”, барои тасарруфи 80 миллион сомонии “Агроинвестбонк” хабар дод. Номбурда гуфт, аввалӣ ба муҳлати 11 сол ва дуюмӣ 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки “Агроинвестбонк” аз муштариён садҳо миллион сомонӣ қарздор аст. Бо ин вуҷуд, Бонки миллии Тоҷикистон маълум карда буд, ки “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълон намекунад, зеро талошҳои ҳукумат барои дигарбора беҳбуд бахшидани вазъи он равона шудааст. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, роҳбарияти бонк ду ҳазор кормандашро ихтисор кардааст, то харҷашро камтар кунад. «Агроинвестбонк» ҳудуди 6 сол инҷониб бо бӯҳрон дасту панҷа нарм мекунад ва беш аз 700 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонда наметавонад.

Шамсулло ФОЗИЛОВ,

“ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here