Иброҳим Исмоилов — аввалин энергетик аз тоҷикони маҳаллии минтақаи Кӯлоб

Ҳамаи беҳбудӣ пешравии мо, зиндагии ҳаррӯзаи мо бо барқ алоқамандӣ дорад. Агар барқ нест, пешравӣ нест, обёрии зироат нест, маҳсулоти табъи дилу орду нон ва об нест ва боз чандин мушкилиҳои дигари зиндагии ҳаррӯзаву ҳарсоатаи мо. Шароити зиндагӣ бе иқтисодиёт беҳ намешавад ва иқтисодиёт бе барқ пешравӣ ва беҳбудӣ надорад. Барқ нест, иқтисодиёт нест, беҳбудӣ нест, пешравӣ нест, буҳбудии шароити хуби зиндагӣ нест.

Таҳсил бе шаҳодатномаи таваллуд

Иброҳим Исмоилов дар як деҳаи хурдакаки дурдасти куҳистони Шоҳон, ноҳияи Даштиҷум, ки он ҳамагӣ 30 хоҷагӣ дошт дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шуда ба воя расидааст. Ба гуфтаи қаҳрамони мо он вақт онҳо бе шаҳодатномаи таваллуд дар бораи соли таваллудашон маълумоти аниқ надоштанд. Иброҳим дар синии 7 солагӣ ба мактаби 4 солаи деҳааш ба хондан фаро гирифта шуд ва маълумоти ибтидоиро дар деҳаи Шоун гирифт. Баъдан ба деҳаи ҳамсояи Сангониён, ки мактаби 7 сола буд, ки ҳамон вақт то синфи 7 мактаби миёнаи нопурра ба ҳисоб мерафт, барои идомаи таҳсил фаро гирифта шуд. Баъди хатми мактаби 7 сола барои гирифтани маълумоти миёнаи пурра, ки ягона мактаби миёна дар ноҳия дар Даштиҷум буд рафт. Аз синфи 8 то синфи 10-ум бояд таҳсил мекард.

Бо қаду баст ва вазн таваллудатро муайян мекарданд

— Дар давоми таҳсил дар синфи 10 комиссариати ҳарбии ноҳия барои аз комиссия гузаштан ва ба қайди ҳарбӣ гирифтан моро даъват кард. Ман он вақт бачаи куҳистонӣ ҷавони тану манд будам, дар ёдам ҳаст қадам 1 м.72 сантиметр буд. Дар комиссариати ҳарбӣ вақти аз комиссияи тиббӣ гузаштан духтурон бо қаду баст ва вазн чандсола буданамро муайян карда гуфтанд, ки таваллуди ту соли 1935 аст. Ҳамон ҷо ба ман шаҳодатномаи таваллуд доданд ва таваллудам аниқ шуд. Падару модарам бошанд мегуфтанд, ки мучалат муш аст ва ба соли 1936 рост меояд мегуяд-, Иброҳим Исмоилов.

Аз синфи 10-ум ба хизмати аскарӣ

Соли 1954, ки вай дар синфи 10 мехонд ва онро пурра хатм накарда буд ӯро ба аскарӣ бурданд. Ҳарчанд Иброҳим гувоҳнома оварда дод, ки дар мактаби миёна дар синфи 10 мехонад. Лекин, нақшаи даъваташон он вақт иҷро нашуда буд, чӣ коре шуд, ки синфи 10-ро пурра нахонда вайро ба сафи Армия гирифтанд ва муддати 3 сол дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кард. Амаки Иброҳим он рӯзҳоро ба ёд оварда қисса мекунад, ки он вақт аз Даштиҷум то ноҳияи Муъминобод мо пиёда омадем ва баъди комиссияи вилоятӣ гузаштан аз ин ҷо то ба Душанбе бо мошин моро бор карда бурданд. Аз Душанбе то ба ҷои хизмат 16 шабонарӯз қатораи саворшудаи мо роҳ рафт ва дар шаҳри Харков қарор гирифт. Дар Харков ҳамом карда, баъдан боз як шабонарӯзи дигар роҳ рафта, ба макони асосии хизмат расидем. Вилояти Днепропетровск, ноҳияи Первомайский шаҳри Кривой рог ҷои исти хизматамон шуд. Баъдан қисмамонро кӯчонда Урал оварданд ва мо ҳам ҳамроҳи қисм Урал омадем. Дар шаҳри Каслии вилояти Челябинск қарор гирифтем ва давоми хизматро он ҷо гузаронидем.
Қисми ҳарбии мо ин ҷо қисми сохтмонӣ шуд. Ба ғайр аз се сол боз моро бо сабаби аскарбачаҳои нав дер рафтан охири моҳи декабр аз аскарӣ ҷавоб доданд ва то ба Тоҷикистон омада расидем, ки моҳи январ шуд. Аз Душанбе дар роҳи куҳии Даштиҷум, ки мошинроҳ набуд боз вақти зимистон, ки барфи зиёде меборад шунидем гургҳо дар роҳ мардеро хӯрданд. Баъд андешидам, ки падару модарам танҳо ҳастанд ва агар ба деҳаамон ки дурдаст ва дастнорас аст агар биравам дигар манро якбора аз деҳа баромаданам намемонанд.

Нақшаҳои калон

Иброҳими ҷавон хулоса кард, ки дар шаҳри обод мемонад ва бояд хонда маълумоти миёнаро пурра гирифта, баъдан маълумоти олӣ бигирад. Шиноснома надошт. Аз шаҳри Душанбе, ки он замон хеле мушкил буд шиноснома гирифт. Аввал ба як сохтмон барои ба кор даромадан, ки мутахассиси сохтмончӣ шуда аз аскари омада буд худро муаррифӣ кард. Ҳамин тавр роҳбари сохтмон сардори шуъбаи қадрҳоро супориш дод ӯро ба қайд гирифта, дар хобгоҳи сохтмончиён низ ҷои зисташ диҳанд. Бо гувоҳномаи ҷои зисти додаи онҳо шиноснома низ гирифт. Ба кор даромада як моҳ кор карда, бо иҷозати роҳбар, ки аз аскарӣ омада, падару модарашро хабар нагирифта буд ба хабаргирӣ рафт. Вайро якмоҳа рухсатии бемузд ва як миқдор пул ҳам доданд.

Бозгашт ба деҳа

— Рухсатӣ гирифта ба мошин аз Душанбе то Кӯлоб омадам. Дар Кӯлоб дар хонаи як ҳамдеҳаамон шабро гузаронида мақсади ба деҳаи Шоун рафтанро кашидам. Дар фасли зимистон бошад он замон ба куҳистони Даштиҷум, деҳаи Шоун фақат асп мерафт. Он вақт агар зарурате барои ба Кӯлоб ё ягон ҷои дур рафтан пеш меомад бо асп меомаданд, то ҷои мошин ҳаракаткунанда. Шунидам, ки аз Даштиҷум ду нафар бо асп омадаанд, яъне як нафари мерафта аспаш беодам мондааст ва нафари ҳамроҳаш бояд аспи худ ва аспи ҳамроҳашро одам набошад бе одам баргардонда бубарад. Номи ҳамон шахсро гирифтанд, ки дар ёдам омад шинос баромад, ки бо ӯ замоне дар куҳистон рафиқ будем. Бо он аспи холӣ савор шуда ҳамроҳи рафиқи шиносам ба деҳаи Шоун рафта расидем. Падару модар бо хурсандӣ пешвозам гирифтанд ва муддати як моҳ ҳамроҳи хешу табор ва ҳамдеҳагон будам, — иброз медорад ӯ.

Дуои падару модар

Ҳамдеҳагон ба падару модарам мегуфтанд, ки акнун тамом, фикри хонадор карданашро бубинед вагарна духтарони деҳаам тамом мешаванд. Иброҳим, ки худ қоидаи деҳаи дурдаст ва бахусус одати калонтаронашонро медонист ба онҳо билети ҳарбӣ ва шиносномаашро нишон дода фаҳмонд, ки ҳамааш дар қайди Душанбе ва ӯ сокини шаҳри Душанбе ва коркуни шаҳри Душанбе ҳаст, агар наравад ҳам ӯро ва ҳам ҳамдеҳагонашро барои нарафтанаш бурда ба маҳкама мекашанд. Баъди ин суханон, ки онҳо то ба ин нуқтаҳо сарфаҳм намерафтанд ба Иброҳим иҷозати ба шаҳри Душанбе баргаштанро доданд.

Талош барои маълумоти миёна гирифтан

Иброҳим Исмоилов мегуяд, ба Душанбе омада корро давом додам. Мақсадам чӣ тавре пештар гуфтам идома додани таҳсил буд. Ман то моҳи сентябр кор кардан гирифтам ва моҳи август бошад ба кофтани мактаби шабонаи коргарҷавонон машғул шудам, ки он замон дар шаҳри Душанбе фаъолият мекарданд. Ба наздиктарини онҳо барои таҳсил муроҷиат кардам. Он ҷо ба ман гуфтанд, ки рафта табели пешрафт ва гувоҳномаи то синфи 10 таҳсил кардаатро аз мактаби хондаат биёр. Боз ба Даштиҷум баргаштам, дар ин чанд сол мактаби хондаамонро бомаш умуман нест ва қисми дигарашро умуман деворҳояш афтида нобуд шудаанд. Баъд як муаллими шинос буд, назди ӯ рафтам он муаллими шинос, ки як дафтари варақҳояш пешакӣ муҳр задагӣ тайёр буданд он кас ба ман гуфт, ки мактабатон барҳам хӯрдааст, лекин як синфхонааш деворҳояш ҳасту бомаш нест нобуд шудааст, рафта кофту ков кун дар ягон ҷои он ҳуҷҷатҳоятро бояд биёбӣ. Баъд рафта кофта, делаамро аз байни он варақаҳои партофта ёфтам ва он муаллим баъдан ба номи ман гувоҳнома навишт, ки дар ҳақиқат то синфи нуҳум дар мактаб хондааст. Ҳамаи инҳоро ҳамроҳ бо худ ба шаҳри Душанбе бурда, ба мактаби коргарҷавонони гуфтаам бурда супоридам. Якуми сентябр вақте дарс сар мешавад, дар дарс ҳама нишастаем, директори мактаб манро даъват мекунад ва мегуяд, ки аз ҳуҷҷатҳоят табели пешрафтат муҳр надорад барои ҳамин мо наметавонем шуморо ба мактаби коргарҷавонон қабул кунем. Боз ба худ андешидам, ки наход дар як шаҳри Душанбеи калон ҳамагӣ як мактаби коргарҷавонон бошад ва паи мактабёбӣ шудам.

Таҳсил дар мактаби миёна ва мактаби олӣ

Ҳамин тавр Иброҳим аз чанд мактаби коргарҷавонони дигар дидан кард ва бо ҷустуҷӯ 10 сентябр шуд. Ниҳоят ба мактаби шабонаи коргарҷавонони навкушодаи №5-и назди текстили шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳояшро супорид, ин маротиб бе мушкилӣ ба мактаб қабул карда шуд. Ҳамин тавр, шаб дар мактаби шабонаи коргарҷавонон таҳсил мекарду рӯзона дар сохтмон кор мекард.
— Муаллимонамон аз Донишгоҳи омӯзгорӣ буданд ва дар байни онҳо як муаллимамон аз ДМТ низ буд, он кас таклиф кард, ки баъди номаи камол гирифтан биё ҳуҷҷатҳоятро ба ДМТ бисупор. Фанни математикаро ҳам дӯст медорӣ. Ман ба онҳо гуфтам, ки не ман ба Институти политехникӣ барои дохил шудан ҳавас дорам. Соли 1957 аз аскарӣ омадам. Соли 1959 баъди хатми мактаби шабонаи коргарҷавонон ва соҳиби номаи камол шудан ҳуҷҷатҳоямро ба ИПТ супоридам ва донишҷӯи факултаи энергетикии ИПТ шудам.
Бо бахти мо 1 сентябр эълон мекунанд, ки бо сабаби баромадани қарори нави Ҳукумат бо номи «алоқаи мактаб бо ҳаёт» мо донишҷӯён бояд шабона таҳсил кунему рӯзона дар истеҳсолот кор кунем. Аз кори зиёд монда шуда будем боз мушкилӣ паи мушкилӣ шуд. Аз кор меомадам, ҳама ошхонаҳо маҳкам, ягон кулчақанд аз ягон мағоза харида саросема дар дарс онро мехӯрдам. Бо як нафар ҳамроҳам дар хобгоҳ хоб будем, саҳар барвақт ба кор мерафтам, ӯ хоб буд, шаб дер аз дарс меомадам вай хоб буд. Ду нафар як сол зиндагӣ карда, дар як ҳафта ҳам якдигарро дар бедорӣ дида наметавонистем. Муддати якуним сол мувофиқ бо қарори ҳукумат шабона таҳсил ва рӯзона кор гузашт ва боз таҳсили мо ба ҳолати муқарарӣ баргашт. Ман дар вақти дар сохтмон кор кардан ҳам ба кори мантаж сару кор гирифта, таҷриба ҳосил карда будам. Мо муддати яку ним сол бо касби худ кор кардем, дар кори монтажи ҳам барқ ва дар хати интиқоли барқ кор кардем, — мегуяд, И.Исмоилов.

Таҷрибаомӯзӣ ҳангоми донишҷӯӣ

Иброҳим Исмоилов соли 1964 ба Шабакаҳои барқии Кӯлоб ба таҷрибаомӯзӣ омад. Шабакаҳои барқии 64 он замон нав ташкил шуда буд. Як моҳ тобистон таҷрибаро ҳамин ҷо гузаронд. Як моҳи дигар ӯ ҳамроҳи ҳамкурсонаш барои таҷрибаомӯзӣ ба НБО-и Волга рафт. Кори дипломиашро нав ба охир расонида буд. Кори дипломии вай «Электроснабжение дангаринский плато» (Хати интиқоли барқ 220 аз Норак ба Данғара) Баъди кори дипломӣ ягон дархост аз Барқи тоҷик набуд. Ӯ ва 3 нафар хатмкунандаи ҳамкурсашро номнавис карда, гуфтанд, ки ба Туркманистон ба кор мефиристанд. Он вақт рад кардан гуфтанӣ гап набуд, забонхататро мегирифтанд ва ба ҷои таъиншуда рафта ду сол кор мекардӣ, баъд ба диёрат бармегаштӣ. Ҳамон вақт онҳо зиқ дар андеша буданд, ки аз Кӯлоб дархост шуд ва Иброҳимро ба Кӯлоб равон карданд.

Оғози фаъолият ва электрокунонии деҳот

Иброҳим Исмоилов моҳи декабри соли 1964 ба шабакаҳои барқии Кӯлоб ба кор омад ва корро аз муҳандисии қаторӣ шуруъ кард, баъдан сармуҳандису роҳбар ва то рӯзи ба нафақа баромадан дар ин ҷо кор кард. 17 сол роҳбарии Шабакаҳои барқии Кӯлобро ба уҳда дошт. И. Исмоилов мегӯяд, соли 1975 ман аввалин энергетики тоҷик вазифаи роҳбариро аз Ламакин, ки ҳамагӣ маълумоти миёна дошт қабул кардам. Шабакаҳои барқии Кӯлоб соли 1963 дар асоси истгоҳҳои дизелӣ ташкил ёфт. Ҳар ноҳия ба худаш истгоҳҳои дизелии худро дошт. Кӯлоб алоҳида, Восеъву Москва алоҳида. Соли 1963 қарори ҳукумат дар бораи саросар электрокунонии тамоми ҶШС Тоҷикистон баромад. То соли 1963 ҳамаи колхоз, совхоз, шаҳр, ноҳия ва заводу фабрикаи калон ҳар кадомаш алоҳида-алоҳида ба худашон дизел доштанд. Ҳамааш мустақил алоҳида кор мекарданд. Соли 1963 хати интиқоли барқ аз Сарбанд ба Кӯлоб меояд, як занҷираш ба Фархору Ҳамадонӣ меравад. Ҳамин тавр аз Сарбанд омада, ба Фархор- Ҳамадонӣ — Восеъ – Кӯлоб мерасид. Ин соли 1963 буд ва он бори аввал ба системаи энергетикии Тоҷикистон пайваст мегардид.
Баъди Иброҳим Исмоилов дар шабакаҳои барқии Кӯлоб Абдулҳаев роҳбар буданд, баъд Мирзо Исмоилов, писари Иброҳим Исмоилов ва акнун Д. Холов роҳбари он аст.

С.Халилиён

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here