Тавре хонандагони азиз огоҳанд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №240, аз 29-уми апрели соли 2020 дар бораи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» номи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» иваз карда шуда, вобаста ба ин сохтори идоракунии донишкада тағйир дода шуд ва шуруъ аз оғози соли таҳсили 2020-2021 фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» пурра тибқи сохтори нав ба роҳ монда шуд. Дар мавриди он, ки соли гузашта ин муассисаи бонуфузи ҷумҳурӣ чӣ дастовардҳо дошт, суҳбате доштем бо ректори он муҳтарам Убайдулло Асрорзода.

 — Устоди азиз, гарчанде Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳамчун яке аз муассисаҳои беҳтарини таълимӣ ниёз ба муаррифӣ надорад, аммо мехоҳем оид ба марҳилаҳои фаъолияти он мухтасар маълумот бидиҳед.

— Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» яке аз падидаҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1991 баҳри пешрафти илм, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвар саҳми арзишманди хешро гузошта истодааст. Донишкада бо Қарори Девони Вазирони ИҶСШ №530 аз 29-уми июли соли 1991 ва бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон №226, аз 2-юми сентябри соли 1991 таъсис ёфтааст.

Ҳайати коллективи меҳнатии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо руҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ ба кору фаъолият соли 2020-ро сипарӣ намуд, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” таъсис дода шавад. Чунин ташаббус ва боварии Сарвари давлат ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишкада руҳу илҳоми тоза бахшид.

Донишкада дар тӯли фаъолияти худ панҷ маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ буданашро дар амал исбот намудааст ва то имрӯз барои пешбурди хоҷагии халқи мамлакат ҳудуди 12000 нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр намуда, ба бозори меҳнат сафарбар кардааст.

— Сохтори Донишкада чӣ гуна аст ва ҷараёни таълиму омодасозии мутахассисон дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст?

— Имрӯз омодасозии мутахассисони баландихтисос дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат тибқи талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда шуда, мутахассисон асосан барои соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, фаъолияти гумрукӣ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, молия ва қарз ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит омода карда мешаванд ва донишкада ба яке аз муассисаҳои таълимии олии бисёрсоҳаи пешбар табдил ёфтааст.

Донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ, 4 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, 4 бинои таълимӣ, 12 лабораторияи компютерӣ, беш аз 670 компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 3 толори маҷлис, майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, чопхона, 2 ошхона, Парки инноватсионию технологӣ мебошад.

Ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёни донишкада аз рӯйи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 41 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) дар 8 ихтисос таълим мегиранд.

Дар соли 2020 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи иҷтимоӣ ва бунёди ҷойҳои нави корӣ, дар ҷадвали басти вазифаҳо аз рӯйи сохтори нави ташкилӣ-идоракунии донишкада ҳудуди 51 ҷойҳои нави иловагии корӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада бо ҳадафи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар назди ҳар як кафедраи донишкада таҳқиқотчӣ-коромӯз аз ҳисоби магистрони курси 2, ки теъдоди умумиашон ҳудуди 30 нафарро ташкил медиҳанд, ба кори доимӣ ҷалб гардиданд.

— Натиҷаҳои корҳои илмиву инноватсионии донишкада то куҷо назаррасанд?

— Дар соли 2020 раёсати донишкада маҷмӯи корҳои ташкилӣ, илмӣ — методиро барои пешрафти таҳқиқотҳои илмӣ, тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ, ҷалби докторантону магистрантон ва донишҷӯён ба илм ва корҳои инноватсионӣ анҷом дод. Ин аст, ки донишкада тавонист натиҷаҳои илмии худро бо доир намудани конфронсҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишкадавӣ, ҳамоишҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ-методӣ, мизҳои мудаввари ҷумҳуриявию донишкадавӣ, нашри монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ ва дигар чорабиниҳои илмии гуногуншакл баланд бардорад. Аз ҷумла, дар соли 2020-ум 26 монографияи илмӣ, 18 китоби дарсӣ, 21 васоити таълимӣ, 37 дастури методӣ, 5 рисолаи илмӣ, 727 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 115 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 81 мақолаи илмӣ дар маводи конфронсҳои байналмилалӣ, 530 мақолаи илмӣ дар маводи конфронсҳои ҷумҳуриявию донишкадавӣ ва 89 мақолаи илмӣ-оммавӣ нашр гардид.

Омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра 5 нафар устодони донишкада рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуда, 3 нафар аз ҷониби Шӯроҳои диссертатсионӣ барои ҳимоя иҷозат дода шудаанд. Инчунин, 4 нафар устодони донишкада ҳимояи пешдифоиро аз кафедрҳо гузаштанд, ки яке аз ин рисолаҳо докторӣ мебошад.

Ҷиҳати ҳавасмандии бештари ҷавонон ва умуман устодони донишкада ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҳимояи саривақтии рисолаҳои номзадӣ, аз ҷониби раёсати донишкада ба 3 нафар устодон, ки рисолаҳои худро ҳимоя намуданд, маблағи ҳавасмандӣ ба андозаи 10 000 сомонӣ ба ҳар яки онҳо тақдим карда шуд.

Дар ин давра 3 нафар устоди донишкада унвони илмии дотсенти кафедраро соҳиб гардида, аз ҷониби 4 нафар устодони донишкада ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ва сазовор гардидан ба унвони илмии дотсенти кафедра ба КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаи ирсол мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар докторон аз рӯи ихтисос (PhD), 3 нафар докторони муқаррарӣ ва 2 нафар унвонҷӯён мавзуҳои рисолаҳои илмӣ ва роҳбарони илмии худро дар Шӯрои олимони донишкада тасдиқ намуданд.

Бо мақсади иҷрои нақшаи дурнамои аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани устодони донишкада, дар давраи ҳисоботӣ 28 нафар устодон ба ин гуна курсҳо сафарбар карда шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

— Масъалаи иштироки донишҷӯёнро дар озмуну дигар чорабиниҳои муҳим чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки санаҳои 12-13-уми марти соли ҷорӣ доир гардид, 6 нафар донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, 1 нафар соҳиби ҷойи 3-юм аз фанни технологияҳои иттилоотӣ ва 3 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври ноҳиявӣ 2 нафар донишҷӯ ва 1 нафар хонандаи литсейи донишкада соҳиби ҷойҳои 2-юм ва сеюм гардиданд. Инчунин, 3 нафар донишҷӯи донишкада барои иштироки фаъол дар озмуни мазкур бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Дар ин давра дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо ибтикори роҳбарияти донишкада дар ҳамкорӣ бо мақомоти гуногуни давлатӣ ва кафедраҳои мутасаддӣ 1 конфронси байналмилалӣ, 10 конфронси ҷумҳуриявӣ, 2 конфронси донишкадавӣ, 2 ҳамоиши илмӣ, 11 семинари илмӣ-назариявӣ, 6 мизи мудаввар ва 7 чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ баргузор гардид, ки оид ба натиҷаи ҷамъбасти онҳо бо хулосаю пешниҳодот ба мақомоти дахлдор маълумотнома фиристода шуд. Ҳамчунин, тамоми маводи конфронсҳои баргузоршуда дар шакли маҷмӯаи алоҳида аз чоп баромад.

Дар соли 2020 аз ҷониби кафедраҳои донишкада дар ҷаласаи маҳфилҳои донишҷӯёни назди кафедраҳо 267 маърӯза бо баррасии мавзуҳои мубрам баррасӣ карда шуд.

— Равобити хориҷии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо дигар донишкадаву донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар кадом шаклу сатҳ ба роҳ монда шудааст?

— Донишкада дар самти робитаҳои хориҷӣ танзим ва назорати равобити хориҷии донишкадаро амалӣ сохта, баҳри вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишкада ва истифодаи самараноки онҳо дар рушди касбияти мутахассисон, таҳияи лоиҳаҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин ҷалби грантҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ ва амалӣ месозад.

Мавриди зикр аст, ки робитаҳои хориҷии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар асоси “Барномаи комплексии инкишофи донишкада барои солҳои 2011-2030”, “Нақшаи стратегии байналмилаликунонии донишкада барои солҳои 2015-2020” ва “Стратегияи рейтингкунонии донишкада” ба роҳ монда шудааст.

Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар ин давра ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак бо муассисаҳои таълимии хориҷи дуру наздик, институтҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 64 шарномаи ҳамкориро ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, дар соли 2020 бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ 4 шарномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки яке аз онҳо доир ба таъсиси факултети муштарак миёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад. Дар раванди таъсиси факултети мазкур иҷрои чунин ҳадафҳо дар доираи шартномаи басташуда дар назар дошта шудааст: коркард ва амалисозии лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ; фаъолияти муштарак барои ба даст овардани грантҳои байналмилалӣ; ташкили курсҳои тайёрӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассуси омӯзгорон; мубодила дар самти ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, аспирантон, олимони ҷавон ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо; якҷоя таййр намудани мутахассисон аз рӯи дараҷаҳои бакалавр, магистр, PhD (докторантура) ва таҳсили дудиплома; иштироки устодон, кормандони илмӣ, аспирантҳо, номзадҳои илм ва донишҷӯён дар конфронсҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввари ҳамдигар; сафарҳои кории ҳайати профессорону омӯзгорон ва таҳия, тарҷума ва пешниҳоди китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва маводҳои таълимӣ.

Дар давоми соли 2020-ум 2 нафар омӯзгори донишкада ба хориҷи кишвар бо мақсади таҷрибаомӯзӣ, коромӯзӣ ва такмили ихтисос сафари корӣ анҷом доданд. Мавриди зикр аст, ки вобаста ба авҷгирии бемории коронавирус сафарҳои хориҷии омӯзгорону кормандон ба роҳ монда нашуд.

Сафарҳои хориҷӣ аз ҳисоби маблағҳои лоиҳавӣ анҷом дода шуда, дар самти боло бурдани нуфузи донишкада, такмили ихтисоси устодон ва васеъ шудани малакаҳои касбии онҳо ва баланд шудани сатҳу сифати дониши шогирдон мусоидат менамоянд.

Дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи Донишгоҳи илмҳои татбиқии Бредаи Нидерланд, Донишгоҳи гуманитарию ҳуқуқии Қазоқистон ва дигар донишгоҳҳои шарик ҳуҷҷатҳои зерин доир ба менеҷменти сифати таҳсилот дар донишкада таҳия карда шудаанд ва дар моҳи декабр бояд мавриди баррасӣ, тасдиқ ва иҷро қарор гиранд: Стратегияи таъмини сифати таҳсилот дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат; Низомнома “Дар бораи низоми менеҷменти сифати таҳсилот дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат”; Дастурамал доир ба таъмини менеҷменти сифати таҳсилот дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат; Ҳуҷҷатгузорӣ ва тартиби гардиши ҳуҷҷатҳо доир ба менеҷменти сифати таҳсилот.

Донишкада дар доираи иҷроиши Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон”, барномаҳои грантии “Омода намудани кадрҳо бо мақсади рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии муҳити иттилоотию таҳсилотии электронӣ дар донишкада”-ро бомуваффақият идома дод. Дар доираи барномаи грантии “Омода намудани кадрҳо бо мақсади рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2020 лабораторияҳои “Иттилоотӣ-сайёҳӣ” ва “Сервиси сайёҳӣ-меҳмондорӣ” таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти муосири иттиллотӣ ва сайёҳиву меҳмондорӣ ҷиҳозонида шуданд.

Инчунин, дар доираи иҷрои лоиҳаҳои болозикр ҳамкории донишкада бо субъектҳои хоҷагидории соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ густариш ёфта, раванди коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрии таълимӣ-методӣ дар ҳамбастагӣ бо коршиносону масъулони соҳа роҳандозӣ шуда истодаанд.

Дар соли 2020 ҳамчунин барои дарёфти грантҳо тавассути маблағгузории Бонки Осиёии Рушд, Бонки исломии рушд ва Erasmus + корҳои муайяне сурат гирифтанд. Бо мақсади фароҳам сохтани пойгоҳи мустаҳками таълимӣ-таҷрибаомӯзӣ, раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати бунёд ва ҷиҳозонидани Маркази таълимӣ-таҷрибаомӯзии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар чорчӯбаи лоиҳаҳои “Рушди сайёҳӣ”, “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” ва “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани рақобатнокӣ”, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд (БОР) амалӣ шуда истодааст, дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои донишкада корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар соли 2020 ташрифи такрории коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондории кишварҳои хориҷа ба донишкада сурат гирифта, дар доираи сафарҳо бо донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ машғулиятҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуданд. Дар баробари ин, вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби коршиносон-шарикони хориҷии донишкада моҳҳои март-апрели соли 2020 чунин машғулиятҳои омӯзишӣ 3 маротиба тариқи онлайн сурат гирифтанд.

Ҳамчунин, дар моҳи апрели соли 2020 бо шарикони хориҷӣ аз Донишгоҳи Портуи Португалия, Донишгоҳи илмҳои татбиқии Бредаи Нидерланд, Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия, Донишгоҳи ҳуқуқшиносӣ ва илмҳои иҷтимоии Қазоқистон, Донишгоҳи авиатсионии Украина гуфтушунид анҷом дода шуд ва онҳо дар конфронси илмӣ-амалӣ дар чорчӯбаи барномаи грантии “Омодасозии кадрҳо бо ҳадафи рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тариқи онлайн фаъолона ширкат варзиданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими донишкада дар самти равобити хориҷӣ дар он аст, ки дар соли 2020 донишкада шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё гардид.

Донишкада бо мақсади аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳо (3 ихтисос) тадбирҳои заруриро андешида, ҳисоботи худбаҳодиҳӣ дар шакли ибтидоӣ омода карда, ба суроғаи Агентӣ ирсол намуд. Тибқи натиҷаи гуфтушунид бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон (NAAR) вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус чорабинии мазкур тариқи онлайн сурат мегирад.

— Ба ҳайси яке аз муассисаҳои алоқаманд, аз ҷониби Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат вобаста ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

— Дар нимаи аввали соли 2020 бо дарназардошти эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишкада фаъолияти худро пурсамар ба роҳ монда, хатсайрҳои нави сайёҳии дохилии Душанбе — Дараи Ромит, Душанбе — Дараи Сиёма — Қаратоғ, Душанбе — Қаратоғ, Душанбе — Норак — Данғара — Ховалинг — Сарихосорро таҳия намуданд ва ҷиҳати истифода ба ширкатҳои сайёҳии ватанӣ пешниҳод карданд.

Дар соли 2020 бо дархости донишкада ба мақоми ваколатдор дар ноҳияи Варзоб барои ташкили Маркази омӯзишӣ-таҷрибаомӯзии “Сайёҳ” барои донишкада қитъаи замин ҷудо карда шуд, ки пас аз омодагии ҳамаҷониба таҷрибаомӯзии донишҷӯён маҳз дар маркази мазкур сурат хоҳад гирифт.

Раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҷиҳати ташкил намудани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар сохтори нави донишкада Маркази касбомӯзӣ ва таҳлилиро таъсис дод, ки марказ бо тамоми воситаҳои зарурии ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошад. Дар Маркази касбомӯзӣ ва таҳлилӣ курсҳои омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои экскурсавод-роҳбалад, бухгалтерия, забонҳои русӣ, курсҳои англисӣ, хитоӣ, дӯзандагӣ, компютерӣ, заргарӣ, кулолгарӣ ба роҳ монда шудааст.

Асосан, хатмкардагони курси экскурсавод-роҳбалад менеҷерони ширкатҳои сайёҳӣ буданд, ки пас аз гузаштани курси мазкур малакаи таҳлили бозори сайёҳиро аз худ намуда, хоҳиши васеъ кардани доираи фаъолияти худро иброз доштанд, ки ин ҳолат метавонад ба рушди соҳибкорӣ дар самти сайёҳӣ сабабгор шавад.

Бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва зарурати омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ, инчунин бинобар сабаби зиёд гардидани талаботи довталабон ва бозори меҳнат ба иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимии донишкада тағйирот ворид шуда, ба он нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хоҷагиҳои меҳмонхона ва тарабхона” (1-250107.18) ва ихтисоси “Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ” (1-25010202) ва (1-25010811) “Аудит ва ревизия”, “Иқтисодиёти истифодаи табиат” (1-250107-22) ба таҳсили рӯзонаи зинаи бакалавриат илова карда шуд. Дар соли 2020 дар баробари ду гуруҳи магистрӣ аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” бори аввал дар зинаи бакалавриат аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, гуруҳи таҳсилаш бо забони англисӣ ташкил карда шуд, ки ин яке аз дастовардҳои раванди ташкили таълим мебошад. Шуруъ аз соли 2020 бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар шароити низоми кредитии таҳсилот ва таъмини шаффофияти қабули санҷишу имтиҳонот маркази тестӣ таъсис дода шуда, қабули санҷишу имтиҳонот аз рӯйи барномаи нави тестгирии “Учебный протсес” ба роҳ монда шуд.

Яке аз масоили муҳим барои донишҷӯён таъмин будан бо хобгоҳ аст. Оё донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар ин маврид танқисӣ намекашанд?

— Масъалаи бо хобгоҳ таъмин намудани донишҷӯёни донишкада ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо намудааст. Дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ донишҷӯёни донишкада ба пуррагӣ бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд.

— Имрӯзҳо, ки бемории сироятии коронавирус ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар самти пешгирии он чӣ чораҳои муассир андешидааст?

— Бо назардошти хуруҷи бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар охири моҳи апрели соли 2020 дар ҷумҳурӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ дар байни аҳолӣ ва расонидани кӯмак ба ашхоси ниёзманд, аз ҷониби раёсати донишкада корҳои муайяне ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, дар ин давра аз ҳисоби музди меҳнати якмоҳаи ректори донишкада ва аз ҳисоби имконоти мавҷудаи донишкада 20 000 сомонӣ ба суратҳисоби махсусе, ки барои чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шуда буд, гузаронида шуда, ба 150 оилаи табибон, ки шабонарӯзӣ ба хотири беҳдошти солимии ҷомеа дар самти пешгирии ин вабои аср дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе заҳмат мекашиданд, кумак дар намуди маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва амсоли инҳо расонида шуд. Ҳамзамон, дар ин давра барои хароҷоти доруворӣ ва дигар заруриёти кормандони донишкада, ки ба беморӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, ба маблағи аз 300 то 500 сомонӣ кумаки яқвақтаина расонида шуд. Дар баробари ин, ба беш аз 5 нафар шаҳрвандон, ки дар шароити беморӣ қарор доштанд ва ба суроғаи донишкада барои кумак муроҷиат намуданд, кумаки яквақтаинаи пулӣ расонида шуд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаи эҳтиёҷманд, раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар соли 2020 кумаки хайриявии худро ба Мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор, Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низоми махсуси шаҳри Ҳисор, деҳаи Хирманак барои бемориҳои полимелит-фалаҷ расонид. Кумаки расонидашуда аз маводи хӯрока, аз қабили орд, биринҷ, макарон, равған, қанд, шириниҳо, картошка, пиёз, мевагиҳо, пойафзол ва сарулибоси зимистона иборат буд. Ба Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб бошад, кумак дар намуди мошинаҳои либосшӯӣ ва 90 дона батареяҳои обии гармидиҳанда расонида шуд.

— Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо чӣ дастоварде пешвоз мегирад?

— Боиси қайд аст, ки соли 2020 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири муҳайё сохтани шароити муосири таълимӣ дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди қитъаи замини дар ихтиёри донишкада қарордошта сохтмони бинои нави таълимӣ оғоз гардид. Айни ҳол сохтмони бинои мазкур дар доираи нақшаи пешбинишуда бомаром идома дошта, масолеҳи сохтмонӣ, қувваи корӣ ва техника ба пуррагӣ таъмин гардида, кор дар сохтмон дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Анҷоми корҳои сохтмониву ба истифода супоридани иншооти мазкур дар моҳи июни соли 2021 дар арафаи 30-солагии таъсисёбии Донишкада ва таҷлили ҷашни бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамқадами он будан барои мо ифтихори бузург аст, дар назар дошта шудааст.

Мусоҳиб: Ҳасан ЁРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here