Роғун… Қасидаи Роғун… Оре, имрӯз даме аз Роғун сухан мегӯем, даме бо Роғун мемонем ва даме аз қасидаи Роғуни шоир Низом Қосим баҳравар мегардему чанд пораеро аз қасидаи ӯ мехонем.

Эй дарёи нур, бо хубӣ медонӣ, ки акнун дар ин даврону дар ин замон барои миллати тоҷик, барои тоҷикистониён сохтмону ба истифода додани он аҳамияти вижа, муҳимияти дигар дошта, бунёди он худ як қаҳрамонӣ будаю сохтмони Кохи нур гашта, ба мову ба ҳамсоягон манфиат бахшида, обу ободонӣ медиҳаду барқу рӯшноӣ ва нерӯю тавони дигар. Ва ин аст, ки шоир Низом Қосим дар оғози қасидаи ба Роғун бахшида барҳақ менигорад:

Дуруд, эй кӯҳсори сарбаафлок,-

Эй мазҳари обҳои пок!

Дуруд, эй олиҳаи об,-

Аноҳитои рӯшантар аз Офтоб!

Суҷуд ба Аҳуро!

Суҷуд ба олиҳаи об — Аноҳито!

Суҷуд ба обҳо-

Ба ин неъмати бебаҳо!

Суҷуд ба ин кӯҳҳо,

Ки пур аз чашмаи сафоянд!

Суҷуд ба ин чашмаҳо,

Ки нурбахши ҳар чашми биноянд!

Суҷуд ба ин обҳо,

Ки обрӯбахши моянд!

Ба ин диёри малакут-

Ба ин кӯҳсори пурсукут,

Ба ин гӯй силсиларӯд

Суҷуд! Суҷуд! Суҷуд!

Оре, шоир бо шукрона аз ин ганҷҳою дороиҳои мулку диёри худ, бо ифтихор аввал аз куҳу куҳсорони сарбаланди мо хушнуд гашта, васф мекунад, ки онҳо дар ҳақиқат дар бағали хеш сарватҳои бебаҳоеро ҷой додаю посбонӣ карда, сипас ба обу олиҳаи ин манбаи нуру ҳаёт — Аноҳито сари таъзим меорад! Зеро аз як тараф агар куҳсорони тоҷик макони барфу пирях — сарчашмаи обҳои ҷонбахш бошанд, аз дигар сӯ, саҷда ба Аноҳито мекунад. Ҳа, ҳамон Аноҳитое, ки посбону фариштаи об, ки дар кишвари мо покию равонӣ ва софию лаззатбахшии обҳоро нигоҳ медорад. Ва рӯду дарё, чашмаю обҳои мо боз ҳам идомабахши зиндагию рӯзгори мо боқӣ мемонад.

Қасидаи Роғун… Шоир Низом Қосим бо завқ, бо меҳр пас аз саҷдаю суҷуд ба обу Аноҳито дар қасидаи худ огоҳона дуруду паёми Аноҳиторо бамаврид овардааст, ки ӯ — ин фариштаи обҳо ҳам ба мо, ба мардум саломи худро мерасонад. Ва биёед лаҳзае ба ӯ гӯш диҳем, ки чӣ мегӯяд:

Дуруд, эй мардум,-

Эй дар замин нусхаи анҷум!

Фиристодем ба шумо обҳо,

Ки бошед аз шумори шодобҳо!

То бубахшад оби равон бар равонат зӯр

Ва бияфзояд нураш бар чашмонатон нур!

То сари сабзатон бубахшад сарсабз киштаҳоятон

Ва дармонгиёҳаш бубахшад давоятон

То аз ҷилои зарин донаҳои гандум

Бидурахшад чашмонатон мисли анҷум

Инак,

Аз Шумост ин обҳо

Бихонед ҳар ҷуяшро чу сатри обдори китобҳо

То раҳнамо бошад шуморо ҷониби покӣ

То дарёбед

Аз ҳар ҷӯяи чун як тора нури офтобаш

Беғашии афлокӣ!

Фузун бод оби рӯду ҷӯятон

Фузунтар аз он обӯрӯятон!

Оре, аз ҷониби хеш Аноҳито гарму самимӣ ба мардуми ин сарзамин, ба сокинони ин марзу бум ва бо эҳтиром паёми худро фиристода, шод аз он аст, ки ба ин макон обҳои фаровону захираҳои обии онро ато намуда, боварии комил дорад, ки тоҷикон ба қадри он расидаю онҳоро сарфакорона ва боинсофона истифода карда, барои худ, барои ҳамагон нерӯю рӯшноии онро истифода мекунанд.

Наметавон, ки дигар нодида гирифт, дигар наметавон меҳнати мардуми зиёдро дар роҳи бунёди ин Кохи нур васф накард. Оре, ин мардуми созанда, барои имрӯзу ояндаи боз ҳам нектар садоқатмандона ҷонфидоӣ доранд. Дар ҳар як самту дар ҳар як паҳлуи он кор дар авҷ аст. Нафаре агар боре инҷоро дида бошад, худ беҳтар пайхас мекунад, ки тайи чанд соли охир корҳо самараи нек оварда, дар домони куҳ боз Аноҳито макони дигар, ҷойи оромбахши дигарро пайдо намудаю ин сарзаминро пешрафтҳои нав интизор аст. Ва он рӯз дур несту ҳеҷ садде мавҷуд нест. Ва танҳо садҳои сохтаи инсонӣ ба суди ҳамагон буда, саргаҳи нуре қомат афрохта истодааст! Ва ин аст, ки шоир Низом Қосим ба давоми қасидаи Роғун, мамнун аз обҳои диёр менигорад:

Ин ҳама обе, ки рӯду наҳру ҷӯйи тоҷиканд,

Чун ба ҳам оянд, Баҳри Обрӯи Тоҷиканд!

То ба кай бо оҳу бо афсӯс бояд сохтан?

З-оби кишвар баҳру уқёнус бояд сохтан!

Обҳоро пуштурӯ бояд кушудан баъд аз ин,

Обҳоро обрӯ бояд намудан баъд аз ин.

Бешитоб омӯхтан бояд шитоби обҳо,

Сатрҳои гарму пурнури китоби обҳо.

Баҳрҳоят ҷумла баҳри зӯр боду баҳри нур,

Чашмаҳо бодо фаровон, чашми бад з-ин баҳр дур!

Ҷовидон бодо раво сад рӯд оби рӯшанат,

Ончунон бодо равон низ оби чашми душманат!

Шоир Низом Қосим пас аз ин сатрҳои равону ҳаётбахш сармасту хушдил менигорад, ки ин сарзамин, ин макон аллакай кохи нуру қудрат, зӯру тавон буда, барои соҳибватанон чун хуршеди дил, нурбору нурафкан гашта, ҳама орзу мекунем, якдилона пайи амалӣ гаштани орзуҳо шуда, Роғунро бунёд мекунему ба давлату ватан қуввати дигаре мебахшем. Ва ба қавли шоир:

Инак, аз роҳи умедат файзи дигар расид,

Нурбахшои ду чашми орзу — Роғун расид.

Боғи ту Роғун, дили бедоғи ту Роғун бувад,

Ҷониби сарбаста дунё роғи ту Роғун бувад.

Бо ту зӯри маънавӣ боду ғурури паҳлавӣ,

Бо ту ақли маснавӣ бодову нури мавлавӣ.

Гар шавад кӯҳе туро монеи раҳ, барбод бод,

Кӯҳкан фарзандҳоят ҷумла чун Фарҳод бод!

Шоир бо илҳоми тозаю саршор аз Роғуну обҳои рӯду дарёҳои кишвар мастона қалам ба даст гирифта, дар ҳақиқат дар қасидаи худ Роғунро васф менамояд. Ва ин васф моро, хонандаро, коргарони ин кохро қуввае дигаре, нерӯи дигаре мебахшад. Роғун дар ин даврон, дар ин замон, аллакай, худ он коргоҳ, он азмгоҳ ва маконе гаштааст, ки гурдон, Фарҳоду Рустам ва Суҳробҳои замона бо азму нияти қавӣ дар ин майдон меҳнат мекунанд. Акнун ба ҷойи бархӯрду шамшеру сипар, гурзу тоскӯлоҳ ва сурхранг шудани замин дар ин ҷо мо садои белу каланд, путку болға ва сабзранг гаштани замин ва шукуфоии мамлакатро мебинем. Ва ин аст, ки Низом Қосим дар шеъраш «Қоил зи Роғун» менигорад:

Кишвар ҳама шуд ҳамгил зи Роғун!

Миллат ҳама шуд ҳамдил зи Роғун.

Бар миллати нур бо ҳиммати нур

Шуд сураи нур нозил зи Роғун.

Бас шамъи рӯшан шуд ҷамъи рӯшан,

Шуд ҷамъи рӯшан маҳфил зи Роғун.

Қоил ба ҳар кас будем аз ин пеш,

Бар хеш гаштем қоил зи Роғун.

Роғун имрӯз ба як иттиҳоду иттифоқ ва сарҷамъии мардум табдил ёфта, дар амалӣ намудани як қатор ормонҳои миллат ва амалӣ шудани нақшаҳои наҷиб саҳмгузор шуда, мо — мардуми озода афсонаи нур, қиссаю ривоятҳои мардумиро амалӣ мекунему аз об рӯшноӣ мегирем ва ҳамон фармудаи «об — рӯшноӣ»-ро дар ҳаёт татбиқ мекунем. Ва медонем, ки ин ҳама пас аз чанд сол воқеият гашта, бо имкони бештар корҳои арзандаи бештарро иҷро намуда, дар ҳалли масоили зиёд кор мебарем.

Пеши рӯди нафсро сарбанд бинмудем,

Пеши нури дидаро даҳчанд бикшудем,

То ки НОБ-и дил бимонад доимо гардон,

Ҷамъ кардем об дар чашмон…

Ва дигар мо бо боварӣ медонем, ки танҳо дар сарҷамъӣ, дар иттиҳод, дар кишвари озоду ободи Тоҷикистон имкони бештар ёфта, хостаҳои худро бо дастони худ месозем ва Роғун дар ин самт айни ҳол намуна мебошад. Ва шоир Низом Қосим дуруст мегӯяд, ки:

Нури Роғун бо ҳазор омоли нав,

Мерасад чун бахту чун иқболи нав,

Чун фурӯзон мешавад бо фоли нав,

Мешавад як рӯз истиқлоли нав.

Халқи моро рӯйи гулгун мерасад,

Фасли нуру нори Роғун мерасад!

Қасидаи Роғун… Он қасидаю мадҳияи имрӯзаи мосту қасидасаро низ аз шоирони рӯзгори мост! Дигар он на васфи кохи ҳокиме, на таърифи қасри нафаре, балки мадҳи барҳақи марди заҳматкаш, мардуми меҳнаткашу нурафзо буда, мо бо бунёд ва мавҷудияташ ба бунёди худ бори дигар таҳкурсии боэътимоде мегузорему ба мавҷудияти худ асрҳои бешумор сангҳои нерӯманд мегузорем. Ҳастии худро тақвияти дигар медиҳем.

НОБ-и Роғун орзуи миллат аст,

Оби Роғун обрӯи миллат аст,

Боғи Роғун рангубӯи миллат аст,

Нури Роғун нури рӯи миллат аст!

Тоҷикистон сар ба гардун мерасад,

Фасли нури нори Роғун мерасад!

 Сабзаалӣ АСОЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here