Аз суди ноҳияи Шоҳмансур талаб карда шуд, ки барои бозпурсӣ вазири собиқи молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониёнро даъват кунад
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, моликияти “Тоҷпромбонк” – ро, ки ҳукми барҳамхӯриашро суд содир кардааст, ба хотири шакку гумонҳои мавҷуд дар қиматҳояш ҳабс кардааст.
Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, дар ин бора ҳангоми мурофиаи судӣ дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баёнот дод. Вай гуфт, вазорат ба дурустии нархҳое, ки бонк барои моликияташ ҳуҷҷатгузорӣ карда буд, шакку тардиди зиёд дошт, аз ин хотир, як комиссияи махсуси корӣ ташкил кард, то нархҳои воқеии онҳоро муайян кунад.
Ҳуҷҷатҳои амволи ғайриманқули “Тоҷпромбонк” соли 2016 дар ихтиёри вазорати молия гузошта шуда буданд. Ҳукумати Тоҷикистон мехост барои ҷилавгирӣ аз муфлисии бонк 450 миллион сомонӣ дар шакли векселҳо кӯмак кунад. Бонк то ин рӯз ҳеҷ гоҳ муваффақ ба гирифтани ин пул нашуд, аммо ҳуҷҷатҳои 113 иншооти он ба маблағи беш аз 570 миллион сомонӣ дар вазорати молия монданд.
Соли 2016 «Тоҷпромбонк», дар қатори “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ба камбуди маболиғи нақдӣ мувоҷеҳ шуд ва аз уҳдаи ҳисобӣ кардани пардохтҳояш пеши мизоҷон набаромад. Дар баробари нарасидани 450 миллион сомонӣ кӯмаки ҳукумат, моҳи феврали соли 2017 Бонки миллӣ муҷаввизашро бозхонд. 3 марти соли 2017 суди иқтисодии шаҳри Душанбе “Тоҷпромбонк” – ро муфлис эълон кард. 24 апрел раиси бонк – Ҷамшед Зиёев бо иттиҳоми “азхудкунӣ ва харҷи беҳуда” (моддаи 245) ва “қаллобӣ” (моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) боздошт шуд. Таҳқиқро Прокуратураи генералӣ анҷом медиҳад.
Аммо тибқи банди 1, сархати 6 – и моддаи 65 – и Кодекси граждании Тоҷикистон бонк муваззаф буд, ки аввал талаботи шаҳрвандони амонатгузорашро қонеъ кунад. “Тоҷпромбонк” ин корро накард ва садҳо муштариаш натавонистанд миллионҳо сомонии хешро аз бонк гиранд. Бонк тасмим гирифт амволашро бифрӯшад ва бо муштариёнаш ҳисобӣ кунад, аммо чунин нашуд.
Вазорати молия 18 майи соли 2017 зимни як номаи хос бо имзои муовини якуми вазир Ҷамшед Каримзода аз вазири адлияи Тоҷикистон – Рустам Шоҳмурод хост, ки ҳуҷҷатгузории ҳама гуна моликияти фурӯхташавандаи “Тоҷпромбонк” – ро манъ кунад. Далел ҳам ин буд, ки бонк аз вазорати молия қариб 124 миллион сомонӣ қарздор аст ва ин маблағ бо моликияти гаравӣ пӯшида нашудааст. Вазорати адлия бидуни ҳеҷ баҳс ва ба таври оҷил ин хостаи вазорати молияро бароварда кард. Рӯзи дигар – 19 май тамоми идораҳои нотариалии ин ниҳод дар саросари Тоҷикистон ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз муовинони вазири адлия Хаким Мирсайзод ва Абдуманнон Холиқзода дастур гирифтанд, ки ба расмият даровардани хариду фурӯши амволи “Тоҷпромбонк” – ро қатъ кунанд. Ҳатто ба суди шаҳри Душанбе дастур додаанд, ки бо вазорати молия ҳамкорӣ кунад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳеҷ ниҳод ҳақ надорад, ки чӣ тавр кор карданро ба суд машварат диҳад, чӣ расад ба дастур.
22 майи соли 2018 Суди конститутсионии Тоҷикистон муайян кард, ки иқдомоти масъулони вазоратҳои молия ва адлия дар истифодаи шаҳрвандон аз ҳуқуқи конститутсионии худ ба моликият монеагӣ кардаанд.
Солеҳҷон Ҷӯраев, амонатгузори “Тоҷпромбонк” ва ҳам узви раёсати Иттиҳоди байнулмилалии адвокатҳо 2 августи соли равон барои “бекор намудани амали ғайриқонунии мансабдорони давлатӣ” ба суди ноҳияи Шоҳмансур ариза навишт. Суд парвандаи гражданӣ боз кард.
Ҳанӯз 7 сентябри соли 2017 бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон як ҳайати ҳукуматӣ таҳти раҳбарии Давлаталӣ Саидзода ва намояндагони дастгоҳи Президент, муовини якуми Прокурори генералӣ, раиси Бонки миллӣ ва раҳбари “Тоҷпромбонк” ҷаласа баргузор ва як санади ҳуқуқӣ – қарор қабул кард, ки пасандозҳои аҳолӣ саривақт баргардонида шавад. Аммо маълум шуд, ки дар вазоратҳои молия ва адлия кор ба бинишу фаҳмишҳои дигар пеш мерафт.
Пас аз он ки Суди конститутсионӣ вокуниш нишон дод ва Солеҳҷон Ҷӯраев ба суд муроҷиат карду суд парвандаи гражданӣ боз намуд, 13 августи соли равон Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ зимни як амр дар бораи “фавран бартараф намудани қонунвайронкунӣ” аз вазорати адлия талаб кард, то аз ҳар гуна маҳдудияти ҳуҷҷатгузории моликияти “Тоҷпромбонк” даст бардорад. Дар ин санад гуфта мешавад, ки мувофиқи Низомномаи вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 (№587) “Дар бораи вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шудааст, вазорат ваколати ҳабс ва манъи ихтиёрдорӣ ба молу мулки ғайриманқулро надорад. Прокуратураи генералӣ вазорати адлияро муваззаф кард, ки аз натиҷаҳои иҷроиши ин амр хаттӣ гузориш диҳад.
Вазорати адлия рӯзи 15 август ба идораҳои нотариалии ҷумҳурӣ дастур дод, ки манъи амалиёти нотариалӣ нисбати молу мулки “Тоҷпромбонк”, ки бо мактуби вазорат аз 19 майи соли 2017 ва 6 феврали соли 2018 амалӣ мешуд, бардошта шавад.
100 миллион сомонӣ аз кист?
Ба иддаои вазорати молия, беш аз 124 миллион сомонӣ иборат аз 100 миллион маблағи асосии амонатӣ, 21 миллион ҷарима, 2, 5 миллион фоиз ва ҳам ҷаримаи ҳосилшуда аз он – 545 ҳазор сомонӣ таркиб ёфтааст.
Аммо масъули “Тоҷпромбонк”, ки низ дар мурофиаи судии 21 сентябр дар суди ноҳияи Шоҳмансур ширкат дошт, мегӯяд, дар асл қарзи бонк аз вазорати молия 107 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ӯ ба ин нукта ҳам равшанӣ андохт, ки 100 миллион сомонии вазорати молия қисмате аз он 450 миллион сомонии ҷудокардаи ҳукумат барои дастгирии ин бонк нест. Ба қавли ӯ, вазорати молия барои амонати 100 – миллионааш аз соли 2014 ба баъд моҳона 650 ҳазор сомонӣ фоиз мегирифт. Ҷамшед Каримзода мегӯяд, ин фоизҳо барои тақвияти буҷаи кишвар истифода мешуданд.
Дар ҳамин ҳол, суоли мантиқие, ки пеш омад, ин буд, ки оё ба хотири 124 миллион сомонӣ вазоратҳои молия ва адлия ҳақ доштанд 572 миллион сомонӣ – ҷамъи маблағеро, ки моликияти “Тоҷпромбонк” баҳогузорӣ шудааст, ба гарав бигиранд?
Муовини аввали вазорати молия дархости худ аз вазорати адлияи Тоҷикистонро бо он асоснок мекунанд, ки бо манъ кардани хариду фурӯши моликияти “Тоҷпромбонк” мехостанд на фақат амонати вазорат, балки маболиғи шаҳрвандони амонатгузори бонкро ҳам баргардонанд.
Суоли дигар ин буд, ки оё ин маблағ ба худи вазорати молия тааллуқ дорад, ё афроди алоҳида? Бино ба иттилои расмӣ, 50 миллиони ин пул 23 январи соли 2014 зимни як шартнома миёни вазири молия Абдусалом Қурбонов (ҳоло Қурбониён) ва “Тоҷпромбонк” дар шахси раисаш Ҷамшед Зиёев бо солона 15 дарсад ба амонат гузошта шудааст. Шартномаи 50 миллиони дигарро ҳам бо ҳамон фоизу ҳамин шахсон 19 декабри соли 2014 расмӣ кардаанд. Аз сӯи дигар, бино ба бархе иттилои ҳанӯз таъйидношуда ин маблағ ба ду нафари алоҳида тааллуқ дорад, аммо чӣ гуна аз лиҳози қонунӣ арзёбӣ шудааст, маълум нест. Маҳз ин норӯшанӣ, аз нигоҳи Солеҳҷон Ҷӯраев, тақозо мекунад, ки Абдусалом Қурбониён, собиқ вазири молияи Тоҷикистон низ дар суд ширкат карда, ба ҳолатҳои кор рӯшанӣ андозад.
Дар таҷрибаи бонкҳои дигар, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дида мешавад, ки вазорати молия бо ҳамчунин фаъолиятҳо, яъне гузоштани пули буҷа барои ба даст овардани фоиз дар бонкҳои хусусӣ машғул набудааст ва маблағе, ки барои бонкҳои рӯ ба муфлисӣ ҷудо кардааст, ҳамеша пуштибонии молии давлат аз онҳо будааст.
Ҷамшед Каримзода танҳо инро зикр кард, ки маблағи 100 миллион сомонии дар ихтиёри “Тоҷпромбонк” гузошташуда боқимондаҳои пулҳои буҷаи давлат аз соли 2013 аст. Аммо Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, ба пули буҷа будани ин 100 миллион сомонӣ шак дорад, зеро дар шартномаҳое, ки миёни собиқ вазири молия ва бонк баста шудааст, дар ин бора сухане нест. Ҷамшед Каримзода ва дигар намояндаи вазорати молия ҳам дар бораи буҷавӣ будани ин маблағ ягон ҳуҷҷат ё далели боэътимод пешниҳод накарданд.
Судя аз муовини вазири молия тақозо кард, ки тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои субути маблағи вазорати молия будани 100 миллион сомониро ба суд пешниҳод кунанд. Агар пешниҳод карданд, оё ин иқдоми гирифтаи вазоратҳо дар мавриди манъи хариду фурӯши моликияти “Тоҷпромбонк” – ро ҷуброн хоҳад кард?
Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, ин танҳо собит кардани аз куҷо пайдо шудани маблағ буда метавонад, на бештар аз ин ва ин ҳам маълум нест, ки оё вазорати молия барои чунин фаъолият – амонат гузоштани пули буҷа дар бонкҳои хусусӣ ҳаққи қонунӣ дорад, ё не. Вай мегӯяд, сухан дар бораи он меравад, ки вазоратҳои молия ва адлия дар маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон шарики ҷурм ҳастанд, зеро онҳо қариб як солу се моҳ барои фурӯши амволи бонк монеа эҷод карданд ва бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба қавли ӯ, ба амали онҳо бояд баҳои ҳуқуқӣ дода ва маводи таҳияшуда ба Прокуратураи генералӣ фиристанд.
Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, дар ҳарду ҳолат ҳам масъулини вазоратҳо бояд барои кирдори ғайриқонунии худ пеши қонун ҷавобгар бошанд. Вай ин нуктаро ҳам зикр кард, ки дар давоми беш аз як сол амали вазоратҳои молия ва адлия ба шаҳрвандон – амонатгузорон зарарҳои зиёди маънавӣ ва моддӣ, ҳатто оқибатҳои вазнини мусибатангез оварда расонидааст.
Зимнан, амонатгузорони “Тоҷпромбонк” зимни шоҳидӣ дар суд гуфтанд, ки аз амали вазоратҳои молияву адлия зиёни зиёд дидаанд. Ба қавли онҳо, аз 19 майи соли 2017 то 15 сентябри соли 2018 афроде, ки моликияти бонкро дар музоядаҳо харида буданд, натавонистанд расман тариқи нотариусҳо онҳоро ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ кунанд, зеро вазорати адлия ин корро бо дархости вазорати молия манъ карда буд. Дар ин муддат амонатгузорон дар ба дари мақомоти давлатӣ гашта, роҳи ҳалли мушкили худро меҷустанд. Ҳатто дар ин миён як амонатгузори “Тоҷпромбонк” пас аз нокомӣ дар амри ба даст овардани маблағҳояш даст ба худкушӣ зад. Ин нуктаи то ҷое даҳшатангез ҳам зикр шуд, ки як теъдоди бузурги амонатгузорон мубталои маризиҳои руҳӣ шудаанд.
Амонатгузорон аз вазорати молия ва адлия мехоҳанд хисороти моддию маънавие, ки дар пайи амалҳои онҳо расидааст, ҷуброн шаванд.
Ҷаласаи навбатии суд 2 октябр таъйин шуд. Хаким Мирсайзод, яке аз муовинони вазири адлия, ки санади манъкунандаи ҳуҷҷатгузориҳои хариду фурӯши “Тоҷпромбонк” – ро имзо кардааст, бояд шунида шавад.
“Фараж”