30 – уми августи соли 2016 ширкати чинии Aerospace Industry Corporation of China (AICC) ва корхонаи Антонови Украина муоҳадае имзо карданд, ки ҳавопаймои Ан-225-ро муштарак месозанд ва баъдан онро Чин мехарад. Вале моҳи декабри соли 2017 расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки чиниҳо дигар ба сохтани ин ҳавопаймо мароқ зоҳир намекунанд. Яъне, муоҳада иҷро нашуд, тайёра сохта нашуд.
7 – уми феврали соли 1906 тарроҳи машҳури ҳавопаймоҳо Олег Антонов ба дунё омад. Шахсияти маъруфе, ки дар рушди соҳаи ҳавонавардӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ нақши калидӣ дорад.
Антонов созандаи гунаҳои эътирофшудаи ҳавопаймоҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва бархе аз он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ чун беҳтарину хубтарин тайёра эътироф гардид. Дар миёни онҳо Ан-225 чун ҳавопаймои калонтарину борбардортарин ҳам ҳаст, ки онро “Мрия” (Мрия аз забони украинӣ ба забони тоҷики умед тарҷума мешавад) низ меномиданд. Мо далолилеро аз сохтусози ин ҳавопаймои ҷолиб гирдоварӣ кардем, ки мухтарсаран ин ҷо меорем.
Намуди зоҳирӣ ва муҳаррикҳои он
«Мрия» барои ҳадафҳои вижа тарроҳӣ шуд, ин ба замоне рост омад, ки кишвар толиби ҳавопаймое буд, ки киштии кайҳонии бисёрдаъфаинаи “Буран”-ро интиқол диҳад. Тарроҳон барои ин ҳавопаймои Ан-124-ро чун асос барои бунёди тайёраи бузург интихоб карданд. Дар натиҷа “Мрия” аз рӯйи намуд ба ҳавопаймои “Руслан” шабеҳ тавлид шуд, вале аз он баъзе фарқҳо ҳам дорад. Аз ҷумла баданаи он дарозтар, такягоҳи думаш дукисаӣ. Ғайр аз ин “Мрия” дар думи худ даричаи борбарориву борфарорӣ надорад.
Ан-225 – ин ҳавопаймои шашмотораи реактивӣ бо қаноти тиршакл. «Мрия» бо муҳаррики реактивии Д-18Т, ки МКБ-и Запорожйе сохта шудааст, муҷаҳҳаз мебошад. Баландии онҳо 3 метр, барашон 2,8 метр, вазнашон бештар аз 4 тонна. Ҳар муҳаррик дар ҳоли парвоз метавонад бори 23,4 тоннаро бардорад. Дар маҷмуъ ҳамаи онҳо қодиранд то 140,5 тоннаро кашанд. Дар як соат ин ҳавопаймои бузург то 15,9 тонна сӯзишворӣ масраф мекунад.
Ан-225 сӯзишвориро дар 13 бушкаи қаноти худ ҷой додааст ва ҳамаи онҳо дар маҷмуъ 365 тонна ғунҷоиш доранд. Дар ҳоли пурра доштани маводи сӯхт ин тайёраи азим метавонад 18 соат дар парвоз бошад ва 15 ҳазор км-ро тай кунад.
Тавсифномаи техникии дигари ҳавопаймо
• Экипаж: 6 нафар
• Тӯли болҳояш: 88,4 м
• Дарозӣ: 84 м
• Баландӣ: 18,2 м
• Майдони болҳо:, 905 м²
Вазн:
• Ҳавопаймои холӣ: 250 000 кг
• Дар парвоз: 640 000 кг
• Сӯзишворӣ: 300 000 кг
• Суръати мусофират: 850 км/с
Маҳдудаи парвоз:
• амалан: 15 400 км
• амалан бо бори то 200 тонна: 4000 км
Дарозии ҳавопаймо 84 метр, баландии он 18,2 метр. Онро метавон бо бинои шашошёна баробар донист. “Мрия” дарозтарин тайёраи имрӯз дар олам аст.
Парвозҳои аввал
Ҳавопаймо бори аввал 21-уми декабри соли 1988 ба ҳаво хест. Ҳарчанд ин тайёра барои кашондани киштии кайҳонии “Буран” ва ҷузъҳои он пешбинӣ шуда буд, вале он танҳо як маротиба барои ба намоишгоҳи Париж бурдани “Буран” ва иҷрои чанд барнома дар он намоишгоҳ истифода шуд. Моҳи майи соли 1991 он чанд парвози дигар ба Байконур анҷом дод.
Баъди аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ нусхаи ягонаи ин ҳавопаймо соли 1994 парвозҳои худро амалан қатъ кард, муҳарикҳояшро барканданд ва таҷҳизоти дигарашро низ ва онҳоро барои сохтани “Русланҳо” истифода намуданд.
Аммо соли 2000 талабот ба он афзуд ва қарор шуд, ки дубора ба кор андохта шавад. Онро бо ёрии мутахассисон ва корхонаҳои ҳавопаймосозии Украина такмил ҳам доданд, то барои парвозҳои мулкӣ ҳам мувофиқу муносиб бошад.
23-уми майи соли 2001 ҳавопаймо иҷозатномаи парвоз барои интиқоли борҳои тиҷоратӣ дарёфт кард
Аз 10-ум то 15-уми майи соли 2016 “Мрия” аз Украина ба Австралия парвоз мекард ва дар роҳ чор маротиба: дар фурудгоҳҳои ба номи Ватслав Гавел (Прага), Туркманбошӣ (Туркманистон), Раджив Ганда (Ҳинд) ва Куала-Лампур (Малайзия) фуруд меомад.
Рекордҳо
Ҳавопаймои «Мрия» алалкай чандин рекорди ҷаҳонӣ дар парвоз гузоштааст. Аз ҷумла, 22-юми марти соли 1989 “Мрия” бо бори 156,3 тонна парвоз кард ва ҳамзамон 110 рекорди ҷаҳонии ҳавопаймоҳоро гузошт.
Моҳи августи соли 2004 рекорди нав гузошт: “Мрия” 250 тонна техникаи вижаро бо фармоиши ширкати Zeromax GmbH аз Прагив , бо як нишаст дар Самара ба Тошканд овард.
Моҳи августи соли 2009 ҳавопаймо ба китоби рекордҳои Гиннес барои интиқоли 187,6 тонна бор дохил карда шуд. Он замон вай генератори вазнаш 174 тоннаро ба ҳаво бардошт ва аз шаҳри Франкфурти Олмон ба Ереван овард.
Ва ин гуна борҳои вазнину ба андоза бузургро “Мрия” зиёд интиқол додаву ҳар бор дар китоби рекордҳои ҳавопаймоҳои олам номи худро муҷаддадан сабт кардааст. Дар маҷмуъ вай соҳиби наздик ба 250 рекордоҳои ҷаҳонист.
Ва боз: Дар “Мрия” 80 мошини сабукрав, 160 контейнери маъмулӣ, мошинҳои “БелАз” метавонанд озода ҷой гиранд. Дар он ҳатто метавонад бахше аз Боинг-737 ҷой гирад.
Нусхаи дуюми Ан-225
Нусхаи дуюми ҳавопаймои Ан-225 ҳудудан 70 дарсад омода шудааст. Онро дар корхонаи тавлидии “Антонов” месозанд ва албатта, он ба сармоягузории зиёд ниёз дорад. Ва агар фармоишгаре пайдо шавад, ин ҳавопаймои азим сохта хоҳад шуд.
Соли 2006 директори генералии корхонаи киевии “Авиант” Олег Шевченко гуфта буд, ки барои комил сохтану ба истифода омода кардани Ан-225 тахминан 90 миллион доллари ИМА зарур аст ва барои озмоишҳои аввалия 120 миллиони дигар.
30 – уми августи соли 2016 ширкати чинии Aerospace Industry Corporation of China (AICC) ва корхонаи Антонови Украина муоҳадае имзо карданд, ки ҳавопаймои Ан-225-ро муштарак месозанд ва баъдан онро Чин мехарад. Вале моҳи декабри соли 2017 расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки чиниҳо дигар ба сохтани ин ҳавопаймо мароқ зоҳир намекунанд. Яъне, муоҳада иҷро нашуд, тайёра сохта нашуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2012 ҳавопаймои Ан-225 “Мрия” бо ҳомили 150 тонна бор ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фуруд омада буд. Ин ҳавопаймо дар бордони худ аз заводи Харкови Украина гидроагрегати 150 тоннаро, ки барои НБО “Норак” пешбинӣ шуда буд ба шаҳри Душанбе овард.
Таҳияи Ф.Муҳаммад