24-уми июли соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷии кишвар оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти бонк ва низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода нишасти матбуотиро оғоз намуда, изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд. Аз ҷумла, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2019-ум 31,3 млрд сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин давра афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12,5 фоиз, кишоварзӣ 10,8 фоиз, гардиши савдои чакана 9,6 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 0,9 фоиз таъмин гардид. Соҳаи сохтмон бошад, раванди коҳишёбӣ дошта, 8,6 фоизро ташкил намуд.

Бино ба иттилои Бонки миллӣ, дар нимсолаи якуми соли 2019 дар натиҷаи татбиқи сиёсати фаъоли зиддитаваррумӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки фишангҳои монетарӣ ва танзими вазъи бозори дохилии асъор, сатҳи таваррум бо дарназардошти интизориҳои таваррум ва коҳишёбии таъсири омилҳои берунию шокҳои мавсимӣ, ба мувозинат омадани талаботу таклифот муътадил нигоҳ дошта шуд. Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи таваррум 4,0 фоизро ташкил дод.

Дар ин замина, оид ба сиёсати пулию қарзии бонк низ гуфта шуд. Бино ба маълумоти бонк, мутобиқи маълумоти омории пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба санаи 30-юми июни соли ҷорӣ 16,0 млрд сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 14,1 млрд сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ мутаносибан 2,6 фоиз ва 7,4 фоиз зиёд мебошад. Дар нимсолаи якуми соли 2019 вобаста ба талаботи иқтисодиёт 2,3 млрд сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда шуда, ҳамзамон 1,2 млрд сомонӣ пули нақд, аз он ҷумла 730,6 млн сомонӣ пулҳои коғазии коршоям ва 506,7 млн сомонӣ пулҳои коғазии фарсуда аз муомилот гирифта шуданд.

Бо назардошти дурнамои вазъи иқтисоди берунию дохилӣ, таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва фишорҳои таваррумӣ, меъёри бозтамвил дар сатҳи 13,25 фоизи солона нигоҳ дошта шуд.

Ҳамзамон, дар мавриди қурби пули миллӣ гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 сиёсати реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб”-ро идома дод.

— Дар ин давра қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 0,1 фоиз коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 банди фоизӣ кам мебошад. Тағйирёбии муътадили қурб зери таъсири якчанд равандҳои мусоиди иқтисодию молиявии ҷаҳону минтақа, бахусус давлатҳои шарикони асосии тиҷоратӣ ва инчунин маҷмуи чораҳои татбиқшавандаи сиёсати пулию қарзӣ сурат гирифт,- илова кард раиси бонк.

Дар нишаст қайд гардид, ки устуворшавии қурби пули миллии шарикони асосии тиҷоратӣ, аз қабили рубли русӣ 9,2 фоиз, рубли белорусӣ 5,4 фоиз, тангаи қазоқӣ 1,0 фоиз ва юани чинӣ 0,1 фоиз нисбат ба доллари ИМА ба қайд гирифта шуд, ки ба муътадилии қурби сомонӣ замина гузошт. Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қонеъ карда шуда истодааст.

Инчунин, раиси бонк Ҷамшед Нурмуҳаммадзода қайд намуд, ки шумораи марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 афзудааст. “Ба ҳолати 30-юми июни соли 2019 дар ҷумҳурӣ 78 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 24 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 31 фонди қарзии хурд, инчунин 327 филиал ва 1 431 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ фаъолият менамоянд. Бо мақсади васеъ намудани доираи амалиётҳои бонкӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифату муосири молиявӣ шумораи марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 143 адад зиёд шудааст, ки ин ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард”,- гуфт ӯ.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ва уҳдадориҳои умумии онҳо дар ин давра маблағи 21,4 млрд сомонӣ ва 15,3 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми дороиҳо 3,4 фоиз ва уҳдадориҳо 2,6 фоиз зиёд гардид. Сармояи тавозунӣ бошад, 5,5 фоиз афзуда, ба 6,1 млрд сомонӣ баробар шуд.

Дар баробари ин, раванди маблағгузории қарзӣ низ нисбати соли гузашта афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, сол аз сол боварии мардум ба бонкҳо зиёд шуда истодааст, чун ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2019-ум 4,4 млрд сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 34,6 фоиз ё ба маблағи 1 117 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин, теъдоди қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ раванди мусбат дошта, дар муқоиса ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 28,5 фоиз ё 81,1 ҳазор адад афзоиш ёфта, ба 365,4 ҳазор адад баробар гардид. Ин нишондод аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна ва махсусан ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон гувоҳӣ медиҳад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2019 бо пули миллӣ 21,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15,5 фоизро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2018 бо пули миллӣ 7,2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,3 банди фоизӣ паст гардид.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 74 фоиз ё ин ки 3,2 млрд сомонӣ ба соҳаи соҳибкорӣ ва 41,3 фоиз ба соҳибкорони истеҳсолӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 банди фоизӣ зиёд мебошад) ва аз рӯи соҳаҳо бошад, ба соҳаҳои савдои хориҷӣ 18,1 фоиз, саноат 13,3 фоиз, истеъмолот 25,0 фоиз, кишоварзӣ 15,5 фоиз, хизматрасонӣ 14,0 фоиз, сохтмон 10,6 фоиз, нақлиёт 0,8 фоиз, миёнаравии молиявӣ 1,1 фоиз ва дигар соҳаҳо 1,6 фоиз рост меояд. Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда нисбат ба нимсолаи соли 2018 ба кишоварзӣ 2,1 маротиба ва ба соҳаи саноат 65 фоиз афзудааст, ки аз беҳтар гардидани дастрасии молиявӣ ба аҳолӣ шаҳодат медиҳад.

Дар низоми бонкии Тоҷикистон барои ҷалби бонувон дар ин соҳа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Танҳо дар моҳи июни соли 2019 шумораи умумии кормандони бонкҳои ҷумҳурӣ 16 886 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 442 нафар ва ё 2,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ҳаҷми умумии кормандони низоми бонкӣ 5 731 нафарро бонувон ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 390 нафар ва ё 7,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Вазни қиёсии бонувон дар ҳайати умумии кормандони бахши бонкӣ ба ҳолати 30-юми июни соли 2019-ум 34,0 фоизро ташкил намуд, ки аз ин теъдод 10,3 фоизро бонувони роҳбарикунанда дар бар мегиранд.

Шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ низ дар ҷумҳурӣ нисбати соли гузашта 19 адад афзудааст. Ба санаи 30-юми июни соли 2019 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 698 адад ва 4903 ададро ташкил намуда, дар муқоиса бо ҳамин санаи соли қаблӣ шумораи банкоматҳо 19 адад ва терминалҳои электронӣ 968 адад зиёд шудааст.

Гуфта шуд, ки аз ин миқдор дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 1 642 адад ва дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар 3261 адад терминалҳои электронӣ насб гардидаанд.

Миқдори умумии воситаҳои электронии пардохтии аз ҷониби ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда зиёда аз 2 587,1 ҳазор ададро ташкил дод. Аз ин миқдор кортҳои пардохтии бонкӣ 2 185,4 ҳазор адад ва ҳамёнҳои электронӣ 401 619 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи кортҳои пардохтӣ 25,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ дар муқоиса бо ҳамин санаи соли гузашта 24,4 фоиз зиёд гардида, 2 132,0 ҳазор нафарро ташкил намуд.

Дар шаш моҳи соли 2019 дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 17,1 млн адад амалиётҳои ғайринақдӣ ба маблағи 367,8 млн сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 аз рӯи шумора 34,0 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 65,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ қабули муроҷиати шаҳрвандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” пайваста зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, қабули муроҷиатҳо тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монда шудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар маҷмуъ 1439 адад дархосту шикояти муштариён тибқи тартиби муқарраргардида мавриди ҳаллу фасл қарор гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1654 адад) ба 215 адад коҳиш ёфтаанд.

Дар охир қайд гардид, ки шумораи иштирокчиёни касбии бозори суғурта ба ҳолати 30-юми июни соли 2019-ум 19 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ, 16 адад ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ ва 1 адад маркази дастгирии суғуртаи мутақобила мебошад.

Сармояи оинномавии иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар 6 моҳи соли 2019 дар маҷмуъ 119,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 329 ҳазор сомонӣ зиёд гардид.

Аз рӯи маълумотҳо, дар давраи ҳисоботӣ мукофоти суғуртавӣ 97,4 млн сомонӣ, ҷуброни суғуртавӣ 6,03 млн сомонӣ ва уҳдадориҳои ба зимма гирифташуда 55,1 млрд сомониро ташкил додааст.

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди нақши низоми бонкӣ дар татбиқи рушди иқтисодиёти кишвар, вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сатҳи таваррум, ислоҳот дар низоми бонкӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ ва дар маҷмуъ ба иқтисодиёт, муомилоти ғайринақдӣ дар иқтисодиёт, сатҳи эътимоднокии мардум ба низоми бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ва дастрасии молиявии аҳолӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар нишасти матбуотӣ инчунин муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин, муовинони раис Салимова Лола ва Машрабзода Ҳамидулло ширкат намуда, ба суолҳои дахлдор посух дода шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here