Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳои Кодекси андоз, Қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Раиси шаҳри Ҳисорро роҳнамои кори худ қарор дода, вазифаҳои хешро баҳри иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудааст.
Нақшаи андозҳо ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 151 миллиону 852,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет 152 миллиону 961,5 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 109,2 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2018 ҷамъоваригардида 14 миллиону 401,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андозҳо дар ин давра ба андозаи 100,4 фоиз иҷрогардида, ба ҷои 130 миллиону 41,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет 130 миллиону 587,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз нақша 546,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (117522,2 ҳазор) 13 миллиону 65,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи 100,3 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 128 миллиону 153,7 ҳазор сомонӣ ба буҷет 128 миллиону 561,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин аз нақша 407,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 20 миллиону 145,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар соли 2019 иҷрои нақшаи андозҳо аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳр дар маҷмуъ 127,7 % таъмин гардида, ба ҷои 5539,5 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷа 7074,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз нақша 1 миллиону 535,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ 105,1 фоиз иҷро шуда, ба ҷои 45 миллиону 781,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет 48 миллиону 104,3 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки ин аз нақша 2 миллиону 322,3 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2018 ҷамъоваригашта 4 миллиону 748,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз он ҷумла, андози иҷтимоии буҷетӣ 107,3 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,6% иҷро гардидааст.
Дар ин давра маблағи ҳисобшудаи андози арзиши иловашуда аз тарафи як қатор корхонаю кооперативҳои тиҷоратӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 кам гардида, аз он ҷумла, аз ҶДММ “Кашмир” (147 ҳазору 989,0 сомонӣ), ҶДММ “Комрон компания” (901 ҳазору 866,0 сомонӣ), ҶДММ “Нш ойл трейдинг” (683 ҳазору 498,0 сомонӣ), ҶСШП “Агротехсервис” (597 ҳазору 167,0 сомонӣ), ҶДММ “Заррин 21” (248 ҳазору 794,0 сомонӣ), ҶДММ “Эксим груп” (561 ҳазору 251,0 сомонӣ),ҶДММ “Рустам Компания” (364 ҳазору 574,0 сомонӣ), ҶДММ “Нурафшон 2013” (206 ҳазору 325 сомонӣ), ҶДММ “Ганҷ и К” (105 ҳазору 000,0 сомонӣ), ҶДММ “Бунафша” (259 ҳазору 417,0 сомонӣ), ҶДММ “Заррин 21” (340 ҳазору 748,0 сомонӣ), ҶДММ “Афзалу Ануш ” (323 ҳазору 366,0 сомонӣ) коҳиш ёфтаанд.
Ҳисобкунии андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард низ аз тарафи як қатор корхонаю ташкилотҳои тиҷоратӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 кам гардидааст, аз он ҷумла, ҶДММ “Рустам компания” (323 ҳазору 523,0 сомонӣ), ҶДММ “Нақлиёт дастрас” (103 ҳазору 644,0 сомонӣ), ҶДММ “Истеҳсоли труба ва профил” (299 ҳазору 19,0 сомонӣ), ҶДММ “Бунафша 2013” (117 ҳазору 243,0 сомонӣ), ҶДММ “Заррин 21” (45 ҳазору 722,0 сомонӣ), ҶДММ “Ситабр Агро” (31 ҳазору 506,0 сомонӣ), ҶДММ “Сохтмони Қалъа” (44 ҳазору 629,0 сомонӣ) ҶДММ “Аосанг” (43 ҳазору 628,0 сомонӣ).
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 бақияпулиҳои андози андозсупорандагони тобеи Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор 9852,4 ҳазор сомониро ташкил намуда бошад, ин нишондиҳанда ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 ба 7 миллиону 693,9 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба 1-уми уми январи соли 2019 ба андозаи 2 миллиону 158,5 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст. Аз ҷумла, бақияи қарзи андози шахсони ҳуқуқии дар нозироти андоз ба қайд гирифташуда ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 маблағи 7 миллиону 162,3 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба 1-уми январи соли 2019-ум 1 миллиону 922,9 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.
Бақияи қарзи андози соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда бошад, ба 1-уми январи соли 2020-ум 531,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба 1-уми январи соли 2019 ба маблағи 235,6 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 дар нозироти андоз 125 шахсони ҳуқуқӣ ва 167 соҳибкорони инфиродии қарздор арзи вуҷуд доранд. Бояд қайд намуд, ки ҳамагӣ аз ҳисоби 10 андозсупорандагон бақияи қарзи андозҳо 4304,7 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки ин ба 55,9 фоизи бақияпулиҳои умумии мавҷудбуда рост меояд. Аз ҷумла, бақияи қарзи андозҳои ҶДММ «Рамзес» 194,4 ҳазор сомонӣ, ҶДММ«Зулфиқор 2012» — 201,02 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Баракати гӯсфанди Ҳисорӣ» — 182,4 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Роҳи Тоҷик» — 368,8 ҳазор сомонӣ, ҶДММ«Заррин 21» — 197,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Роҳи Байналмилалӣ» — 665,7 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Фариса» — 539,01 ҳазор сомонӣ , ҶДММ «Рустам компания» — 1 миллиону 691,4 ҳазор сомонӣ, Раёсати байниноҳиявии захираҳои оби шаҳри Ҳисор — 117,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Бунафша 2013» 146,8 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Нисбати андозсупорандагони мазкур чораҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо татбиқ гардида истодааст.
Тибқи маълумотҳои аз барномаи компютерии СИА «Идоракунӣ ва мониторинги қарзи андозҳо» дастрасшуда, дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва татбиқи минбаъдаи чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, дар асоси талаботҳои моддаи 72-и Кодекси андоз ба 2141 андозсупорандагон огоҳиномаҳо оид ба пардохти бақияи қарзи андозҳо ба маблағи 65 миллиону 715,1 ҳазор сомонӣ ирсол карда шудааст. Аз ҳисоби огоҳиномаҳои мазкур ба буҷети давлатӣ маблағи умумии 10 миллиону 272,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.
Ҳамзамон, дар соли 2019 бо мақсади пешгирии ҳолати зиёдшавии бақияпулиҳои андоз ва андешидани чораҳои пешбининамудаи қонунгузории андоз дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо нисбати 94 андозсупорандагони қарздори Нозироти андоз 245 адад қарорҳо ба маблағи 12 миллиону 397,4 ҳазор сомонӣ қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 6 миллиону 778,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки ин 54,6 фоизи маблағи қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад.
Инчунин, аз ҳисоби 45 Қароре, ки нисбати 22 андозсупорандагони қарздор дар соли 2018 ба маблағи умумии 6 миллиону 627,6 ҳазор сомонӣ қабул карда шудааст, иҷроиши онҳо ба соли 2019 гузаронида шуда, дар соли 2019 аз ин ҳисоб1 миллиону 389,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуда, иҷроиши 28 адад қарор пурра таъмин карда шудааст.
Ҳамин тариқ, дар соли 2019 тибқи тартиби ғайрисудии маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба буҷети давлатӣ дар маҷмуъ 8 миллиону 167,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.
Дар ин давра, аз ҷониби кормандони Нозироти андоз 475 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор гардида, ба маблағи 1 миллиону 237,7 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ таъин карда шудааст. Аз маблағи умумии ҷаримаҳои муайяншуда, ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 ба буҷет 671,1 ҳазор сомонӣ ворид гардида, ин 54,2 фоизи маблағи ҷаримаҳои таъиншударо ташкил медиҳад.
Ба санаи 1-уми январи соли 2020 мутобиқи барномаи системаи иттилоотии андоз 47912 андозсупорандагон, аз ҷумла 881 андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ, 39617 андозсупорандагони шахсони воқеӣ, 971 соҳибкорони инфиродӣ, 3957 соҳибкорони инфиродии ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғулбуда ва 2486 соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.
Аз шумораи умумии шахсони ҳуқуқӣ 198 корхонаҳои буҷетӣ ва 47 иттиҳодияи ҷамъиятӣ мебошанд. Шумораи секторҳои ғайридавлатӣ 636 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдори умумии корхонаю ташкилотҳои дар қайд буда 121 супорандагони андози арзиши иловашуда, 35 супорандаи андози ягона, 43 филиалу намояндагиҳо мебошанд.
Бояд қайд кард, ки аз тарафи Кумитаи андоз дар соли 2019 нақшаи васл намудани МНХ 180 адад муайян гардида, аз тарафи Нозироти андози шаҳри Ҳисор 180 адад МНХ васл карда шудааст, ки 100 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2019 дар Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Ҳисор 20 адад шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо рақами ягонаи мушаххас таъмин гардидаанд. Дар ин давра фаъолияти 11 адад шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуда, нисбати 127 адад шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ тағйироти гуногун ворид карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 345 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки аз ҷумла 185 адад соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 160 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Ҳамзамон, фаъолияти 81 адад соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунада ва 58 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида қатъ карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 624 соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти худро тибқи патент ба роҳ мондаанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуда, фаъолияти 441 соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда қатъ гардонида шудааст. Дар ин давра 13170 андозсупоранда бо Рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин гардидаанд.
Шумораи коргарони кироя нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ғайрибуҷавӣ) 5 нафар ё ин ки 0,09%, фонди музди меҳнат 6273,1 ҳазор сомонӣ ё ин ки 11,6%, ташкилотҳои буҷавӣ 148 нафар ё ин ки 1,5%, фонди музди меҳнат 13828,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 15,6%, соҳибкорони инфиродӣ 357 нафар ё ин ки 6,9% ва фонди музди меҳнат бошад, 1299,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 27,2 % афзудааст.
Дар ин муддат, ҳисобкунии андозҳо нисбати соли 2018 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ 28,6 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 49,9 % ва пардохти андозҳо 15 миллиону 101,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 24,5%, аз соҳибкорони инфиродӣ бошад, ҳисобкунии андозҳо нисбати соли 2018-ум 2 миллиону 627,7 ҳазор сомонӣ ё ин ки 27,9% ва пардохти андозҳо 2 миллиону 652,01 ҳазор сомонӣ ё ин ки 27,2 % ва аз соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда бошад, ҳисобкунии андозҳо нисбати соли гузашта 426,6 ҳазор сомонӣ ё ин ки 8,1 % ва пардохти андозҳо 662,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 12,6 % афзудааст.
Дар соли 2019 аз тарафи кормандони Нозироти андоз бо андозсупорандагон 6427 адад санадҳои муқоисавии дуҷониба тартиб дода шудааст. Ба санаи 1-уми январи соли 2020 аз тарафи Нозироти андоз 881 шахсони ҳуқуқии шакли моликияташон гуногун, 3457 соҳибкорони инфиродӣ, 3957 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 14288 нафар супорандагони андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва 39580 нафар супорандагони андози замин ва андози молу мулки шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуда, таҳти андозбандӣ қарор доранд.
Дар маҷмуъ, иҷроиши нақшаҳои андоз барои ду моҳи аввали соли 2020 ба андозаи 100,5% ба иҷро расонида шудааст, ки нишондиҳандаи хуб мебошад.
Қабули эъломияҳои андоз аз рӯи талаботи барномаи СМИИА тафсири 1 ба роҳ монда шудааст. Андозсупорандагони навтаъсис бо фармоиши Сардори нозироти андоз барои ҳар моҳ ба нозирон вобаста карда мешаванд. Аз рӯи талаботи барномаи СМИИА тафсири 1 дар нозироти андоз 19 андозсупоранда эъломияҳои андозро тариқи почта ва 2927 андозсупоранда тариқи электронӣ ирсол менамоянд.
Мутобиқи маълумотҳои барномаи системаи иттилоотии андоз, шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои андозро пешниҳод намудаанд ва маълумотҳояшон дар барнома сабт гардидааст, дар гуруҳи шахсони ҳуқуқӣ 71,1 фоиз, гуруҳи соҳибкорони инфиродӣ 70 фоиз, бо ҳисоби миёна бошад,70,5 фоизро ташкил менамояд.
Дар соли 2019 аз ҳисоби эъломияҳои пешниҳодгардида ба маблағи 2 миллиону 425,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Аз он ҷумла, 1 миллиону 875,3 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳақдорӣ пӯшонида шудааст. Нисбати 1 андозсупоранда аз рӯи натиҷаи назорати камералӣ ба маблағи 466,1 ҳазор сомонӣ бо назардошти ҷарима ва фоизҳо Қарор қабул карда шудааст. Дар ин давра аз тарафи кормандони Нозирот дар фаъолияти 54 андозсупорандагон санҷишҳои риояи қонунгузории андоз ва санҷишҳо оид ба қатъи фаъолият гузаронида шудааст, ки аз ин ҳисоб маблағи барилова ҳисобшуда 115,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳои барилова ҳисобкардашуда ба пуррагӣ ба буҷет ворид гардидааст. Аз 54 санҷишҳои гузаронидашуда 1 адад санҷиши маҷмуӣ, 53 адад санҷишҳои маҷмуии барҳамдиҳӣ мебошанд.
Мутобиқи дастуру супоришҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти қисми 3-и моддаи 8-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди ба иҷора додани молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ» дар давраи ҳисоботӣ 290 шаҳрванд молу мулки ғайриманқули худро бо масоҳати 56302 метри квадратӣ тариқи шартномаҳои тарафайн ба дигар шахс иҷора додаанд ва маблағи андози он 1 миллиону 014,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он низ пурра ба буҷет пардохт гардидааст. Шумораи иҷорадиҳандагон нисбати соли 2018 36 адад зиёд мебошад.
Бо мақсади пурра ба андозбандӣ ҷалб намудан ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани баҳисобгирии андозҳои маҳаллӣ бо амри Раиси шаҳри Ҳисор ва илова ба тамдиди фармоиши Раиси Кумитаи андоз таҳти №64 аз 12-уми феврали соли 2019 «Оиди баҳисобгирии (инвентаризацияи) объектҳои молу мулки ғайри манқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таъсис додани ситоди доимоамалкунанда оид ба масъалаи баҳисобгирӣ (инвентаризация)» аз ҳисоби кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор ва кормандони ҷамоатҳо гуруҳи корӣ ташкил карда шуда, бевосита роҳбарони якуми мақомоти марбута ба ҳайати ин гуруҳ шомил шудаанд.
Дар ин давра 43535андозсупорандагон таҳти баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул қарор гирифта, аз ин 41143 андозсупоранда ба барномаи СИА «Баҳисобгирии андозҳо аз шахсони воқеӣ» гузаронида шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул 465 андозсупоранда ва масоҳати иловагӣ 435645 метри мураббаъ, ки маблағи андози ҳисобкардашуда 298,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, то санаи 31-уми декабри соли равон 174,6 ҳазор сомонии он рӯёнида шудааст.
Дар иҷроиши нақшаҳои буҷети шаҳри Ҳисор саҳми соҳибкорони ҶДММ “Бозори масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор”, ки аллакай зиёд солҳо тахтаи фахрии Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисорро зеб медиҳад, басо калон аст. Ин бозор, ки аз моҳи октябри соли 2015 ба фаъолият оғоз намудааст, соҳибмулкаш Насриддинов Абдуманон буда, дар он 104 соҳибкори хурду миёна фаъолият бурда, ҳар кадом дар иҷроиши нақшаҳои буҷетӣ ҳиссагузоранд.
Ба гуфтаи директори ин бозар муҳтарам Қурбонов Ҳаётулло, “бозор соли 2015 ба фаъолият оғоз намуда, дар он 16 нафар ба кори доимӣ машғуланд ва 104 соҳибкор дар дӯконҳои махсус масолеҳи сохтмонӣ савдо мекунанд. Инчунин, боз 500-600 нафар борфарору ронандагон дар он фаъолият намуда, рӯзгори худро пеш мебаранд. Ин ҳамагӣ аз файзу баракати соҳибистиқлолӣ ва амнияти кулли ҷумҳурӣ мебошад, ки мо — соҳибкорону тоҷирон ба хизматҳои Пешвои муаззами миллат арҷгузорем ва шукронаи давлату давлатдории худро менамоем. Маҳз хизматҳои Пешвои муаззам буданд, ки барои мо — соҳибкорон даҳҳо намуди сабукиҳо дода шудааст. Шумораи соҳибкорони мо рӯ ба афзоиш буда, аз хизмати кормандони бозор Тағоев Султон Мурод, Бобоев Мансур, Шоймардонов Фатҳулло, Аминов Тилло, Рабиев Сайфиддин, Ҳайдаров Аҳлиддин розиву мамнунем”.
Дар суҳбат бо мо сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор, муҳтарам Довудов Ҷамшед иброз намуданд, ки “мо бояд аввало аз неъмати бебаҳо — Истиқлолияти давлатӣ шукргузор ва чун Пешвои муаззами миллат ба давлату миллати худ вафодор бошем. Давлати мо дар тамоми самт фаъолияти басо пурсамар дорад, ки ҳамагӣ аз хизматҳои арзандаи Пешвои муаззам ва Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Кумитаи андоз мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир агар сафи субектҳои соҳибкорӣ дар шаҳри Ҳисор дар аввали соли 2019 дар маҷмуъ 7887 ададро ташкил намояд, ин рақам ба 1-уми январи соли 2020 ба 8290 адад расидааст. Бинобар ин, мо тамоми кӯшишу ғайрат ва малакаи кории худро ба кор мебарем, то ба боварии раиси Кумита муҳтарам Давлатзода Н. М. сазовор бошем ва чун он кас содиқона ба Ватану Пешвои муаззами хеш хизмат намоем”.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ