Кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Суғдро роҳнамои кори худ қарор дода, барои баланд бардоштани самаранокии кори соҳа кӯшиш ба харҷ дода, дар соли 2020 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд нақшаи қисми даромади буҷет (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои 399 миллиону 675,7 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда амалан 403 миллиону 055,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 100,8%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет ба ҷои 333 миллиону 901,1 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда иҷроиш ба маблағи 313 миллиону 846,9 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст. Таъмини иҷроиши нақшаи андозҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 100,1%-ро ташкил намуда, ба буҷети давлатӣ ба ҷои 252 миллиону 596,8 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 252 миллиону 964,1 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид гардидаанд, ки ин аз нақша 367,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳоло дар Нозироти андоз 2202 корхонаю ташкилотҳо ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 362 адад корхонаю ташкилотҳои сектори давлатӣ, аз он 245 корхонаҳои буҷавӣ ва 113 корхонаву ташкилотҳои худмаблағгузор мебошанд. Ҳамчунин, 2583 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 5913 соҳибкори тибқи патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.

Дар давоми соли 2020 ҳамагӣ 66 шахсони ҳуқуқӣ, 253 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 966 соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.

Мутобиқи ҳисоботҳо, дар давраи ҳисоботӣ 28 шахсони ҳуқуқӣ, 113 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 1007 соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда фаъолияти худро қатъ намудаанд.

Андоз аз фоида дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои 88 миллиону 074,7 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 80 миллиону 403,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 91,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар қисмати Нозироти андоз андоз аз фоида дар соли 2020 ба ҷои 43 миллиону 761,8 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 38 миллиону 201,5 ҳазор сомонӣ ворид карда шуда, 87,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Андоз аз арзиши иловашуда дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои 83 миллиону 188,0 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 71 миллиону 309,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 85,7%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар қисмати Нозироти андоз ба ҷои 49 миллиону 377,5 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 41 миллиону 953,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 85%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои 136 миллиону 336,0 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 106 миллиону 207,5 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 77,9 %-и нақшаро ташкил медиҳад.

Дар қисмати Нозироти андоз ба ҷои 81 миллиону 304,2 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда амалан 60 миллиону 882,8 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ворид карда шудааст, ки 74,9%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Яке аз нишондиҳандаҳои мақомоти андоз — ин кам кардани бақияи қарзи андоз мебошад. Масъалаи қарзи андозҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ барои кам кардани бақияи қарзи андоз, ҳаматарафа омӯхтан ва мавриди муҳокима қарор додан, роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаро муайян ва барои амалӣ намудани он, қабул намудани қарорҳои дахлдор масъалаи аввалиндараҷаи мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, дар ин самт як қатор тадбирҳои судманд андешида шудаанд.

Маблағи қарзи андозҳо дар қисмати Нозироти андоз ба санаи 01.01.2020-ум 12 миллиону 292,8 ҳазор сомонӣ буда, ба санаи 01.12.2020-ум ба 11 миллиону 817,1 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки андозҳои ҳисобшударо саривақт ба буҷет пардохт накардаанд, ё ин ки дар санаҳои ҳисоботӣ қарзи андоз доранд, ҳамагӣ 996 огоҳинома барои пардохти 22 миллиону 164,6 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз ирсол карда шудааст. Аз тарафи андозсупорандагони қарздор баъди гирифтани огоҳинома ба маблағи 16 миллиону 843,1 ҳазор сомонӣ қарзи андоз пардохт карда шудааст.

Барои иҷро накардани уҳдадориҳои андоз тибқи талаботи қисми 3, моддаи 72-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 578 қарор оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 28 миллиону 161,8 ҳазор сомонӣ қабул карда шудааст, ки аз ин 447 қарор пурра иҷро гардида, 22 миллиону 872,1 ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст. Аз он ҷумла, 1 адад қарор дар бораи ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби ҳабси молу мулк ба маблағи 1 миллиону 791,5 ҳазор сомонӣ, 65 қарор оид ба боздошти амалиётҳои хароҷотии суратҳисоби бонки андозсупоранда, 473 қарор дар бораи ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби андозсупоранда ё дебиторони он ба маблағи 26 миллиону 263,3 ҳазор сомонӣ ва 39 қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби пули нақдии андозсупоранда ба маблағи 107,0 ҳазор сомонӣ қабул карда шудааст.

Таҳлилҳо дар самти татбиқи муқаррароти талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор сохтааст, ки дар соли 2020 аз тарафи кормандони Нозироти андоз нисбати 393 андозсупорандагоне, ки ба қонунвайронкунии андоз роҳ додаанд, парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда, ба маблағи 891,4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд ва аз ин 634,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки 71,2%-ро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда дар соли 2019-ум 850 парвандаи маъмурӣ ва маблағи ҷарима 1037,8 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 457 адад парвандаҳои маъмурӣ кам гардида, маблағи ҷаримаҳои маъмурӣ 146,4 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Дар соли 2020 андозҳои ҳисобшуда аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бе дарназардошти андози иҷтимоии буҷетӣ ва санадҳои санҷишӣ 222 миллиону 897,7 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар соли гузашта 193 миллиону 255,4 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта андозҳои ҳисобшуда 29 миллиону 642,3 ҳазор сомонӣ, ё худ 15,3% зиёд гардидааст.

Маблағи изофа пардохташудаи шахсони ҳуқуқӣ ба санаи 01.01.2020 бо назардошти қарз 28 миллиону 770,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда ба санаи 01.12.2020-ум 25 миллиону 114,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ё худ маблағи изофа пардохташудаи шахсони ҳуқуқӣ 3 миллиону 656 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Бояд қайд кард, ки аз маблағи умумии изофапулиҳои андоз 2 миллиону 239,9 ҳазор сомониашро дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ ташкил медиҳанд. Пардохтҳои мазкур ба ҳисобварақаи андозсупорандагон дарҷ карда мешаванд, лекин ворид кардани маблағи ҳисобшуда тибқи эъломияҳои андоз ба барномаи компютерӣ ғайриимкон аст.

Шумораи коргарони кироя мутобиқи барномаи СМИИА шахсони ҳуқуқӣ дар соли 2019 ҳамагӣ 15 ҳазору 416 нафар ва даромади умумӣ дар шакли музди меҳнат 211 миллиону 282,2 ҳазор сомонӣ ва музди меҳнати миёнаи моҳона 1142 сомониро ташкил додааст. Дар соли 2020 шумораи коргарони шахсони ҳуқуқӣ 15 ҳазору 63 нафар, даромади умумӣ дар шакли музди меҳнат 232 миллиону 090,2 ҳазор сомонӣ ва музди меҳнати миёнаи моҳона 1283 сомониро ташкил додааст. Дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 шумораи коргарон дар шахсони ҳуқуқӣ 353 нафар кам ва даромад дар шакли музди меҳнат 20 миллиону 807,9 ҳазор сомонӣ ва музди миёнаи моҳона 141 сомонӣ зиёд гардидааст.

Мувофиқи ҳисоботҳо, шумораи соҳибкорони инфиродии тариқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба санаи 01.01.2021 ҳамагӣ 2583 ададро ташкил дода, дар соли 2020 аз тарафи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда тибқи ҳисоботҳо 28 миллиону 044,4 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохт шуда, суръати афзоиш 127,2%-ро ташкил медиҳад. Маблағи миёнаи пардохти андоз ба як соҳибкор дар як моҳ 905 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41 сомонӣ (946) кам шудааст.

Шумораи коргари кирояи тибқи барномаи СМИИА соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар соли 2019-и гузашта 2068 нафар ва музди меҳнати онҳо 15 миллиону 882,4 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2020-ум 2108 нафар ва музди меҳнати онҳо 18 миллиону 350,9 ҳазор сомониро ташкил додааст. Яъне мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 шумораи коргарон ба 40 нафар ва музди меҳнати онҳо ба 2468,5 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар соли 2020 андозҳои ҳисобшуда аз тарафи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда тибқи СМИИА бе дарназардошти санадҳои санҷишӣ 26 миллиону 032,4 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2019 ҳамагӣ 21 миллиону 600,8 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта андозҳои ҳисобшуда 4 миллиону 431,5 ҳазор сомонӣ ё худ 120,5% зиёд гардидааст.

Маблағи изофа пардохташудаи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба санаи 01.01.2020 бо назардошти қарз 4 миллиону 388,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда ба санаи 01.12.2020-ум 4 миллиону 454,2 ҳазор сомониро ташкил додааст, ё худ маблағи изофа пардохташудаи соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 65,8 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Шумораи соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ба санаи 01.01.2021 ҳамагӣ 5913 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад (5952) кам шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда 13 миллиону 625,1 ҳазор сомонӣ андозҳо ба буҷа ворид гардидааст. Маблағи миёнаи пардохти патент ба як соҳибкор ба як моҳ 192 сомонӣ рост меояд.

Яке аз муаммоҳои мубрами рӯз — ин мавҷуд будани бақияи қарзи патент мебошад. Дар соли 2020 ба суроғаи андозсупорандагони тибқи патент фаъолияткунанда 8619 адад огоҳинома тариқи почта, рафтан ба суроғаи истиқомат ва маҳалли фаъолият равон карда шудааст.

Қарзи патент ба санаи 01.01.2021 маблағи 2 миллиону 566,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол аз рӯи барномаи СМИИА бе назардошти изофапулӣ ба маблағи 863,5 ҳазор (1 миллиону 703,2 ҳазор) сомонӣ зиёд карда шудааст.

Нақшаи пешбинигардидаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз ҳисоби шахсони воқеӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 13 млн 125 ҳазор cомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 2 млн 125 ҳазор cомонӣ зиёд мебошад.

Гарчанде воридоти маблағи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул нисбат ба давраи ҳисоботии соли 2019 ба маблағи 774 ҳазор сомонӣ ба буҷет зиёд ворид гардида бошад ҳам, иҷроиши нақшаи пешбинигардидаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ дар соли 2020 ба 87,6% баробар аст.

Тибқи Фармоиши Кумитаи андоз аз 29.01.2020, №42 азнавбаҳисобгирии (инвентаризатсияи) объектҳои молу мулки ғайриманқул дар миқёси шаҳр 91,4 фоиз таъмин карда шуда, аз шумораи 43313 адад соҳибмулкон танҳо нисбати 39592 адади онҳо азнавбаҳисобгирӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 278 ҳазор метри мураббаъ масоҳати объектҳои молу мулки ғайриманқул ва 324 ҳазор метри мураббаъ масоҳати қитъаи замин иловагӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа 1 млн 611 ҳазор сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб карда шуда, 1 млн 302 ҳазор сомонии он ба буҷет рӯёнида шудааст.

Дар самти бақайдгирӣ ва ба андозбандӣ ҷалб намудани объектҳои молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он аз рӯи маълумотҳои КВД “БММҒ” дастрасгардида нисбати 604 адад андозсупорандагон дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ азнавбаҳисобгирӣ гузаронида шуда, 171 адад қитъаҳои замин ба масоҳати 332 ҳазор метри мураббаъ ба қайд гирифта шудааст.

Дар барномаи компютерӣ аз рӯи маълумотҳои КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” нисбати 73 адад соҳибмулкон ивазкунии соҳибмулк гузаронида шуда, дар натиҷа ба маблағи 141 ҳазор сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб гардидааст.

Ҳамагӣ андозҳои ошкоргардида аз рӯи коркарди маълумотҳои КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар соли 2020 зиёда аз 765 ҳазор сомониро ташкил дода, 689 ҳазор сомонии он ба буҷет рӯёнида шудааст.

Аз рӯи ҳисоботҳо шумораи иҷорадиҳандагони объектҳои молу мулки ғайриманқул дар миқёси шаҳр ба санаи 01.01.2020 ба 1090 адад баробар буда, эъломияҳои 847 адад иҷорадиҳанҳагон ба барномаи компютерӣ ворид карда шудааст, ки 78 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад. Дар давраи соли 2020 шумораи иҷорадиҳандагони ба қайд гирифташуда 40 ададро ташкил дода, шумораи аз қайд баровардашуда 5 ададро ташкил медиҳад.

Маблағҳои ҳисобшуда аз ҳисоби иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул 3 млн 357 ҳазор сомониро ташкил дода, маблағҳои пардохтгардида аз ин ҳисоб 3 млн 219 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бақияи қарзи иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул 138 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ барои таъмин кардани андозсупорандагон бо мошинаҳои назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар соли 2020 ҳамагӣ 390 андозсупоранда бо мошинаҳои назорати хазинавӣ таъмин карда шудаанд, ки аз нақшаи Кумитаи андоз тасдиқ кардашуда 100% фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин оид ба истифодабарии мошинаҳои назорати хазинавӣ дар давраи ҳисоботӣ 91 маротиба хариди назоратӣ гузаронида шудааст ва барои вайрон кардани тартиби истифодаи мошинаи назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ нисбати 91 андозсупоранда истеҳсолоти маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 334,1 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда ва ба буҷет 334,1 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.

Ба 01.01.2021 дар шаҳри Хуҷанд 169 адад пост-терминалҳо насб карда шудааст, ки аз нақшаи Кумитаи андоз тасдиқ кардашуда 41,7% фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар фаъолияти 217 андозсупоранда санҷишҳои ҳуҷҷатӣ гузаронида, дар натиҷа 1 миллиону 102,1 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ ошкор шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба як санҷиш 5,1 ҳазор сомонӣ рост меояд. Аз ин маблағҳо ба буҷа 1 миллиону 082,7 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки 98%-и маблағҳои ҳисобшударо ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 аз тарафи кормандони Нозироти андоз 726 адад назорати камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 28 миллиону 790,5 ҳазор сомонӣ кам ҳисоб намудани андозро муайян кардааст. Камбудиҳо аз тарафи андозсупорандагон ислоҳ карда шуда, ба маблағи 17 миллиону 704,7 ҳазор сомонӣ эъломияи андоз пешниҳод шуда, ба буҷа 15 миллиону 543,4 ҳазор сомонӣ ворид гаштааст. Аз ҳисоби изофапулиҳои андозсупорандагон 2 миллиону 142,9 ҳазор сомонӣ пӯшонида шуда, ба маблағи 8408,9 ҳазор сомонӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва тавзеҳот пешниҳод гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 465 адад назорати камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 5 миллиону 300,6 ҳазор сомонӣ кам ҳисоб намудани андозҳо ошкор карда шудааст. Аз тарафи андозсупорандагон ба маблағи 3 миллиону 611,1 ҳазор сомонӣ эъломияҳои иловагӣ пешниҳод гардида, 2 миллиону 668 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст. Нисбат ба соли гузашта 261 адад назорати камералӣ зиёд гашта, маблағҳои барилова ошкоргардида 26 миллиону 275,6 ҳазор сомонӣ, эъломияи пешниҳодгардида 14 миллиону 093,6 ҳазор сомонӣ ва маблағҳои дар натиҷаи назорати камералӣ пардохтгардида ба маблағи 12 миллиону 875,4 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Муоинаҳои хронометражии гузаронидашуда дар фаъолияти 84 андозсупоранда муайян кардааст, ки даромади онҳо дар маҷмуъ 3 миллиону 016,6 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳисоботҳои пешниҳодшуда 1 миллиону 349,6 ҳазор сомонӣ (4 миллиону 366,2) зиёд шудааст. Яъне даромади умумии андозсупорандагони таҳти муоинаи хронометражӣ қарордодашуда нисбат ба давраи то муоинаи хронометражӣ 144,6% фоиз зиёд карда шудааст. Ғайр аз ин 34 нафар коргари кирояи бе шартномаи меҳнатӣ муайян карда шудааст. Барои роҳ додан ба камбудиҳо протоколи маъмурӣ ба маблағи 23,3 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст.

Бо мақсади муайян намудани уҳдадориҳои андозии андозсупорандагон дар соли 2020 бо 10071 андозсупорандагон ё 92,3%, ки 7852 адад санади муқоисавӣ тариқи қоғазӣ ё 78% ва 2219 адад санади муқоисавӣ бо таври электронӣ тартиб дода шудааст, ки дар натиҷа аз ҳисоби бақияи қарз ба маблағи 63,2 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст, аз ҳисоби бақияи қарз ба маблағи 34,7 зиёд карда шудааст, аз ҳисоби изофапулӣ ба маблағи 155,3 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст, аз ҳисоби изофапулӣ ба маблағи 30,1 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст. Аз ҷумла бо 2254 шахсони ҳуқуқӣ (93%), 2355 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда (90,8%) ва 5462 соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда (92,8%) санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шудааст.

Семинарҳо дар мавзуи тағйиротҳои қонунгузории андоз, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №451 аз 31.08.2012 ва тағйиротҳо ба он, оид ба пардохти андоз аз амволи молу мулк ва Фармоиши Раиси Кумитаи андоз оид ба гузаронидани инвентаризатсияи молу мулк ва тартиби андозбандии иҷорадиҳандагони молу мулки ғайриманқул, гузаштан ба шакли электронии пешниҳоди эъломияҳо гузаронида шудаанд. Бо якҷоягии раисони маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои баландошёна (домком) бо аҳолӣ вохӯриҳо ташкил карда, моҳияти гузаронидани инвентаризатсия, андозбандии молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ, иҷорадиҳии амвол фаҳмонида дода шудааст.

Ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд, муҳтарам Алимзода Сулҳия, “андоз бақо ва пойдевори асосии давлату давлатдорӣ буда, маҳз мақомоти андоз, ки бунёдгузораш Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар пешрафту тараққиёт ва гул-гулшукуфоии тоҷикистони азиз саҳми беназир дорад. Чунки маҳз буҷети қавӣ метавонад сабабгори пешрафти давлатҳо гардад, ки дар мисоли дилхоҳ давлати тараққикардаи ҷаҳон садҳо мисол овардан мумкин аст. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар мушкилтарин вақт, ки дар Тоҷикистони азиз ҷанги бародаркуш дар шарқи мамлакат идома дошт, дар нимаи соли 1995 фармон дар бораи таъсиси Кумитаи андози назди Ҳукумати кишварро ба имзо расониданд, то таъмин ва ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар аз тарафи ин кумита ба сомон расонида шавад. Маҳз ин қарори дахлдор сабаб гардид, ки давоми 26 соли охир кишвар дар самти тараққиёту бунёдгузориҳо қадамҳои устувор гузошта, аллакай, метавон гуфт, ба яке аз давлатҳои пешрафтаю тараққикардаи минтақа табдил дода шудааст”

— Дар баробари Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар дастгирии ҳаракоти соҳибкорию мусоидат ба зиёд гардидани соҳибкорону тоҷирон ва хоҷагидорон ва муҳайё намудани имтиёзҳо ба онҳо хизмати раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар муҳтарам Давлатзода Нусратулло Муқим ва ҳайати роҳбарикунандаи кумита ва Раёсати андози вилоят сабаб гардидаанд, ки дар умум нақшаҳои андози ба зиммаи мо гузошташуда ба андозаи 100,8% нақшаи солона ба иҷро расонида шуда, ба ҷои 399 миллиону 675,7 ҳазор сомонии нақша 403 миллиону 055,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки дар умум ин муваффақияти кормандони нозироти андозасту саҳми раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Шарифзода Фирдавс низ мусбат арзёбӣ карда мешавад. Маҳз дастгириҳои доимии Кумитаи андоз ва МИҲД-и шаҳри Хуҷанд сабаб гардид, ки мо иҷрои нақшаҳои буҷетиро таъмин намоем, ки ман миннатдории аҳли кормандонро ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар муҳтарам Давлатзода Н. М. ва муовинашон Бахтиёр Султон ва раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс мерасонам. Мо уҳдадорем, ки ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо аҳли кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд бо нишондиҳандаҳои хуби корӣ пешвоз гирем,- афзуд Сулҳия Алимзода.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here