Ё об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем

Дар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали мавсими баҳори ҳар сол дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба тасвиб мерасад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» муваззаф шудаанд, ки бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо ангишт, гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ ва ҳезум нақшаи захираи маҳсулоти номбурдаро таҳия намуда, барои амалӣ намуданаш кӯшиш намоянд. Аммо, ин талаботи қарори Ҳукумат ҳар сол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва иттифоқи «Тоҷикматлубот», хусусан дар самти таъмини талаботи аҳолӣ бо ангишт, иҷро намешавад. Ин аст, ки баробари наздик шудани фасли сармо нархи ангишт тамоюли афзоишро касб мекунад…

Ангишт чӣ қадар нарх дорад?

Тоҷикистон дорои захираи бузурги ангишт мебошад. Аз ин рӯ, давоми чанд соли охир бинобар таъмини талаботи корхонаҳои саноатӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки бо истифода аз ин намуди сӯзишворӣ фаъолият доранд, истихроҷи он тадриҷан зиёд шуда, ба зиёда аз 2 миллион тонна дар як сол баробар гардид. Бо вуҷуди зиёд будани захира ва, ҳамчунин, истихроҷ ҳанӯз ҳам қисми зиёди аҳолии мамлакат қобилияти дар ҳаҷми зарурӣ харидорӣ намудани онро надоранд, зеро дар кишвар марказҳои фурӯши ин намуди сӯзишворӣ вуҷуд надошта, ба интиқол ва фурӯши он аслан нафароне машғуланд, ки мошинҳои боркаш доранд. Бинобар ин, вобаста ба вазъи обу ҳаво нархи ин намуди сӯзишворӣ тағйир ёфта меистад. Масалан, агар дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он моҳҳои август-сентябр як тонна ангиштро бар ивази 600 сомонӣ харидорӣ кардан мумкин бошад, пас аз моҳи октябр он то зиёда аз 800 сомонӣ боло меравад. Аз ин рӯ, нафароне, ки қобилияти харидории онро надоранд, манбаъҳои дигари гармиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аксари нафароне, ки дар хона чорвои калон, хусусан гов, парвариш мекунанд, бо истифода аз пору дар фасли тобистон сӯзишвории одамони давраи феодалӣ, яъне таппак, тайёр намуда, онро ҳамчун маводи сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Саидраҳмонзода нархи як тонна ангишт дар ҳамаи корхонаҳои истихроҷи ангишти ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз 108,60 то 458,59 дирамро ташкил медиҳад. Нархи аз ҳама гарони ангишт дар ҶСК «Ангишти Камароб» (ангишти хока 354,55, омехта 407,10 ва бутун 614,13 сомонӣ) ва аз ҳама арзон дар ҶДММ «Қудрат-2010» (108,60 сомонӣ ангишти бутун) мавҷуд аст. Ангишти Корхонаи фаръии «Шахтаи «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ, ки қисми зиёди аҳолӣ аслан аз он истифода мебаранд, мутаносибан 290, 310 ва 320 сомонӣ барои як тонна нархгузорӣ шудааст, аммо ҳоло як тоннаи онро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аз 800 сомонӣ арзонтар пайдо кардан имкон надорад.

Мо бо мақсади огаҳӣ пайдо кардан аз вазъи захираи ангишт ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» муроҷиат намудем. Мутаассифона, дар ин ҷо ҳатто хабар надоранд, ки яке аз вазифаҳои асосиашон захира намудани молу маҳсулоти ниёзи мардум ва дар лаҳзаҳои зарурӣ таъмин намудани бозорҳои кишвар бо он мебошад. Ҳатто сардори шуъбаи «Тоҷикматлубот» Талбак Худойназаров аз мо хоҳиш кард, ки “чӣ саволе дорем, ҷамъ намуда, ҳангоми нишасти матбуотии солона ба он ҷавоб гирем”. Вақте ки талаб намудем, ки маълумоти пурсидашударо диҳад, дар ҷавоб ҳамин қадар гуфт, ки «Тоҷикматлубот» танҳо ҳангоми дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактаб ва беморхонаҳоро таъмин мекунаду халос. Барои аҳолӣ бошад, иттифоқи мазкур ангишт захира намекардааст. Воқеан, «Тоҷикматлубот» солҳои охир дар ҳеҷ кадом аз самти фаъолияташ кори назаррасеро анҷом надодааст. Гоҳ-гоҳ ярмарка-фурӯш ва бо мошинҳои сайёр дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил менамояд, ки як назари сатҳӣ маълум мекунад, ки нархи маҳсулоти дар он фурӯхташаванда дар баъзе ҳолат бештар аз нархи супермаркетҳост. Воқеан, ҷаноби Худойназаров ба ёд дошта бошад, ин мушкилот дар нишасти матбуотии «Тоҷикматлубот» хеле хуб баҳс шуда буд.

Дар Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, гуфтанд, ки як миқдор ангиштро барои эҳтиёҷоти Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон захира намудаанду халос.

Мардум чӣ месӯзанд?

Бинобар гарон будани нархи ангишт ва маҳдуд будани қобилияти харидории мардум, аксари аҳолии деҳоти кишвар кӯшиш менамоянд, ки онро ба дигар намуди сӯзишворӣ иваз намоянд. Масалан, агар дар ноҳияҳои таҳдашт аҳолӣ бештар ғӯзапояи пахтаро барои зимистонгузаронӣ захира намоянд, дар ноҳияҳои куҳии наздик ба ҷангалзорҳо манбаи асосии гармӣ ҳезум аст. Чун кормандони ҷангал имкони пурраи назоратро надоранд, аҳолии деҳот ба қадри имкон маводи сӯхтро аз ҷангалзорҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Мувофиқи маълумоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал тибқи маълумоти оҷилӣ доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи ҷангал нисбати ҳуқуқвайронкунандагон 1107 санад тартиб дода, ба маблағи 475,2 ҳазор сомонӣ зарар муайян карда шудааст. Аз миқдори умумии қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 474 ҳолат ба маблағи 212,7 ҳазор сомонӣ ба буриши ғайриқонунӣ рост меояд. Албатта, ин маълумоти расмист. Аммо ба касе пӯшида нест, ки дар деҳот буридани ҷангалро на ҳама вақт назорат кардан имкон дорад. Бинобар ин, аҳолӣ барои гарм кардани хонаҳо ҳар сол ҳатман як миқдор ҳезум захира мекунанд. Агар ин кор тавассути иҷозатномаи хоҷагиҳои ҷангал ҳам сурат гирад, ҳатман он ба ҳар гуна роҳу восита аз меъёр зиёдтар амалӣ мешавад. Чунон ки болотар ишора шуд, дар баъзе аз минтақаҳои дигар таппак манбаи гармӣ ба ҳисоб меравад. Ба назари мо, ин чиз барои кишваре, ки бузургтарин захираи ангиштро дорост, бояд айб ҳисобида шавад.

Чӣ бояд кард?

Дар шароити Тоҷикистони куҳсор, ки дар баъзе минтақаҳояш фасли зимистон дуру дароз давом мекунад, манбаъҳои гармиро низ дар баробари маҳсулоти хӯрокворӣ маҳсулоти ниёзи аввал ҳисоб кардан мумкин аст, зеро дар сурати танқисӣ кашидан аз он ҳатман сармо ба саломатии аҳолӣ таъсири бад мерсаонад. Аз ин рӯ, мақомоти марбутаи давлатиро мебояд, ки ин масъаларо ба ҳоли худ нагузошта, вазифаҳои аввалиндараҷаашонро дар самти таъмини бозор бо ангишт ва танзими нархи он дар ҳолати зарурӣ, дуруст иҷро намоянд. Тасаввур кунед, агар аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Айнӣ, ки захираи бузурги ангишт дар он ҷост, мошини боркашеро киро карда, бор баред, нархи он барои як тонна на зиёдтар аз 200 сомониро ташкил медиҳад, аммо ронандаҳое, ки аз ноҳияи мазкур ангишт гирифта, ба шаҳри Душанбе ва ё дигар минтақаи ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд, ба болои нархи аслӣ маблағи зиёде илова карда, ба харидорон пешкаш менамоянд. Масалан, агар як тонна ангишти сифати хубро бо нархи 300 сомонӣ ҳам аз кон харидорӣ намоянд, пас чаро бояд он дар пойтахт ва ноҳияҳои атрофи он то зиёда аз 800 сомонӣ нарх дошта бошад? Оё ин бесарусомонӣ нест? Ба ин бояд кӣ назорат барад? Набудани нуқтаҳои фурӯши ангишт дар шаҳру ноҳияҳо сабаб шудааст, ки аҳолӣ баъзан ангишти пастсифатро бо нархи баланд харидорӣ намуда, ба буҷаи оилавиашон зарари молиявӣ мерасонанд. Зеро ронандае, ки бо мошинаи шахсӣ ба интиқол ва фурӯши ангишт машғул аст, ҳеҷ гоҳ сифати маҳсулотро кафолат дода наметавонад. Дар сурати кафолат додан ҳам мабодо ангишт пастсифат бошад, дигар пайдо кардани ӯ амри маҳол аст. Ғайр аз ин, дар шароите, ки корхонаҳои зиёди саноатӣ бо ангишт фаъолият мекунанд, ба таври инфиродӣ рафта, аз корхонаҳои истихроҷ дастрас намудани он кори саҳл нест, чунки мувофиқи тартиб корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт ҳар сол бо дигар ташкилоту идораҳо дар бораи таъмини ангишт шартнома баста, дар навбати аввал уҳдадориҳои шартномавиро иҷро менамоянд ва баъд аз он ба соҳибкорони инфиродӣ ё шахсони воқеӣ ангишт мефурӯшанд. Аз ин ҷост, ки ба таври инфиродӣ дастрас намудани ангишт аз корхонаҳои истихроҷкунанда сол то сол душвор шуда истодааст. Бинобар ин, масъулинро мебояд дар мавсими сармо нуқтаҳои фурӯши ангиштро ташкил ва аҳолиро бо он таъмин намоянд. Албатта, аз ин кор ҳеҷ мақомоте зарар намебинад. Аҳолӣ низ аз касе талаб намекунад, ки ангиштро барояш ройгон дастрас намоянд. Танҳо нуқтае даркор, ки ҳангоми зарурат сокинон бе мушкилӣ аз он ҷо сӯзишвории мазкурро дастрас кунанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here