Об ва захираҳои обӣ дар ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол аз омилҳои асосии рушду такомули ҳаёти иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиромуни мавқеъ ва аҳамияти беқиёси оби ошомиданӣ ҷиддан таъкид намудааст: «Ҳамагон бояд бидонанд, ки арзиши об баҳри рушди ояндаи устувори мамлакат ва минтақа аз нафт, газ, ангишт ва сарватҳои дигари табиӣ камтар нест». Ин суханони пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ ҳанӯз даҳ сол қабл мутантан садо дода буд, вале кунун он ба шиори рӯз табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои мубраму рӯзмарраи сатҳи ҷаҳонӣ, хусусан тадбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардидааст. Дар Паёми навбатии Президенти муаззами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбиқи ин ташаббуси наҷиб бамаврид дастуру ҳидоятҳо дода шудаанд: «Соли 2018 дар айёми таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва рӯзи ҷаҳонии об — 22-юми март раванди тадбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо тадбиру чорабиниҳои муҳим баргузор мегарданд».

Хосатан об мафҳуми бузургу муқаддас буда, ифодагари неъматест, ки дар баробари унсурҳои дигар: ҳаво, хок ва оташ ҳастии оламро ифода мекунад. Ин аст, ки ниёгони мо обро манбаи ҳаёт ва сарчашмаи зиндагӣ гуфтаанд. Воқеан, об — рӯшноӣ, об — покизагӣ, об — боигарӣ, об — неъмати иқтисодӣ, об — ҷони кишоварзӣ, об — сарчашмаи зиндагӣ аст. Бесабаб нест, ки Аҳмад Махдуми Дониш дар ободониву дигаргунсозии кишвар панҷ шарти меҳварӣ ва бунёдиро ба миён гузоштааст, ки яке аз онҳо «(яъне, панҷум), обҳои равону фаровони дарёҳо, наҳрҳо ва чашмасорон» маҳсуб меёбанд, зимнан, ин ақида ҳоло ҳам аҳамияти созандаву ҳаётиашро гум накардааст. Санаду бурҳонҳои воқеӣ собит мекунанд, ки таносуби истифодаи об дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ чунин аст: дар саноат — 25 фоиз, хоҷагии қишлоқ — 50 фоиз, хоҷагии коммуналӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ — 20 фоиз истифода бурда мешаванд.

Дарозии умумии ҷараёни об дар дарёҳои Тоҷикистон (ҳамагӣ беш аз 947 дарё, ки ҳар яке аз 10 км зиёд масофа доранд) 28500 км буда, ҳар сол аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 64,86 километри кубӣ об ҷорӣ мешавад, ки барои истифодабарии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мувофиқ мебошад. Миқдори солонаи обҳои ҷоришаванда 70 фоизи захираҳои умумии обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

Хушбахтона, сарзамини Тоҷикистон яке аз минтақаҳои биҳиштосои курраи замин мебошад, ки дар он захираҳои обӣ ниҳоят бой ва ғанӣ аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон бештар аз 550 дарёҳои хурду калон ҷорӣ гардида, захираҳои гидроэнергетикии он 299,6 миллиард квст-ро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои ғаниву бемайлони обӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ бошад, мавқеи аввалинро ишғол менамояд, яъне 54 фоизи захираҳои обии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва 20 фоизи захираҳои обии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ташкил медиҳад. Калонтарин дарёҳои Тоҷикистон — Панҷ, Вахш, Сирдарё, Амударё, Зарафшон, Кофарниҳон ва амсоли он мебошанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон дарёҳои Сир, Ому, Зарафшон, Вахш ва Панҷ ҷорӣ гардида, онҳо чун роҳҳои обӣ ва шарёни иқтисодиву тиҷоратӣ дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. Боиси тазаккур ва ифтихор аст, ки бо ташаббуси наҷиб ва пешниҳоди бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии пайгиронаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид. Дар ҷумҳурӣ бахшида ба ин ҷашни бузург ва идомаи устувори он, то имрӯз, маҷмӯаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳия гардиданд, ки онҳо бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуданд ва минбаъд низ ин иқдоми пуршукуҳ таҷлил мегардад. Биноан, итминон гирифта шуд, ки саҳифаҳои рангину нотакрори роҳҳои обии Тоҷикистонро чи дар гузашта ва чи дирӯзу имрӯз дар асоси маводу санадҳои мухталифи таърихӣ мавриди назар ва гузориши илмиву тадқиқотӣ қарор дода, ибтидои роҳҳои обӣ, оғози ҳаракати нақлиёти маҳаллӣ, бурду бохт, мавқеъ ва аҳамияти иқтисодиву тиҷоратии дарёҳои кишварамонро баррасӣ ва арзёбӣ намоем, то ки аҳамияти муҳими илмиву амалии онҳо собит гардад.

Роҳҳои обии шимоли Тоҷикистон

Дар шимоли Тоҷикистон дарёҳои Сир ва Зарафшон хоки ҷумҳуриро бурида гузашта, хоҷагии халқи ин минтақаро бо обу барқ ва амсоли он таъмин месозанд. Ин дарёҳо, инчунин аз замонҳои қадим ҳамчун роҳҳои обии тиҷоратӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Сирдарё дар рушду такомули иқтисодиву тиҷоратии на танҳо ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ мавқеи муҳимро соҳиб аст. Дар сарчашмаҳои таърихӣ Сирдарё бо номҳои Яксарт ва Сайҳун дучор меояд. Сирдарё дар байни дарёҳои Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Ин дарё дар натиҷаи бо ҳам пайвастани Қарадарё ва Норин ба вуҷуд омада, водии Фарғонаро бурида, ба воситаи ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон гузашта, ба баҳри Арал мерезад. Дарозии умумии Сирдарё 2450 км буда, аз он 150 км аз ҳудуди шимоли Тоҷикистон мегузарад. Сирдарё аз поёнтари Хуҷанд то резишгоҳи баҳри Арал ба ҳаракати нақлиёти обӣ қулай аст. Бино ба иттилои сарчашмаҳои таърихӣ, Сирдарё то Перовск киштигард буда, идомаи он ба ҳаракати нақлиёти обӣ ноқулай аст ва танҳо қаиқҳо дар масофаи 140 чақрим аз Ҷиззах то Хуҷанд шино мекарданд. Дар миёнаи асри XIX бошад, дар дарёи Сир навгони (филотилия) Арал ба фаъолият пардохта, киштиҳои он аз баҳри Арал то Ҷиззах 1200 км ҳаракат мекарданд. Хуллас, масофаи умумии роҳи обии Сирдарё 1360 км-ро ташкил медодааст).

Дарёи Зарафшон яке аз калонтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дарозии умумии он 877 км, дар ҳудуди Тоҷикистон бошад, 316 км-ро ташкил медиҳад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ Зарафшон бо номҳои Политимет, Номиқ, Рӯди Масоф, Самиҷон, Рӯди Суғд, Наҳр-ул-Бухоро, Куҳак, Рӯди Зар ва амсоли он ёд шуда, дар асри XVIII ин дарё номи Зарафшонро гирифтааст.

Дар дарёи Зарафшон нақлиёти обӣ ҳаракат карда наметавонист, вале дар он одамон ва амадҳои начандон калон, андаке болотар аз Самарқанд то бандари Қароқӯл шино мекарданд. Амадҳо одатаи рӯзона шино намуда, дар як шабонарӯз то 30 чақрим масофаро тай менамуданд. Умуман, дар дарёи Зарафшон соле қариб 300 чӯби амадӣ ба маблағи 50 ҳазор сӯм шино менамуду халос. Коргарон амадҳоро (дар ҳар яке дунафарӣ) идора мекарданд).

Роҳҳои обии ҷанубу шарқии Тоҷикистон

Дар қисмати марказӣ ва ҷанубу шарқии Тоҷикистон дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Ому ва ғайра ҷорӣ гардида, аз сабаби ноҳамворӣ ва тезии ҷараёни об ба ҳаракати киштиҳо ноқулай бошанд ҳам, вале онҳо дар рушду такомули ҳаёти иқтисодӣ ва умуман хоҷагии халқи минтақа ва ҷумҳурӣ дорои аҳамияти бузург мебошанд. Махсусан роҳҳои обии дарёҳои Вахш, Панҷ ва Ому бештар аҳамияти иқтисодиву тиҷоратиро соҳиб буда, ба воситаи онҳо қаиқҳо ва инчунин киштиҳо шино мекарданд.

Дарёи Вахш аз қисми шарқии қаторкуҳҳои Олой бо номи Қизилсу ибтидои худро гирифта, поёнтар аз Ғарм, ба он шохобҳои дарёҳои Сурхоб ва Хингоб ҳамроҳ гардида, дар ҳудуди бекии Балҷувон номи Вахшро мегирад. Дарозии умумии дарёи Вахш 600 км аст. Ин дарё то Ҷилликӯл дар масофаи 110 км ба шиноварӣ мувофиқ буда, чун дарёи Панҷ, қаиқҳо то Қӯрғонтеппа ҳаракат мекарданд. Аз рӯи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ, моҳигирони афғон то Қубодиён ва Ҳазрати Имом бо қаиқҳо шино карда меомаданд, қаиқҳои бухориён бошанд, танҳо то Ҷилликӯл ҳаракат менамуданд ва дар кашонидани борҳои гуногун саҳми калон мегузоштанд.

Дарёи Панҷ аз дарёҳои Помир ва Вахон ибтидо гирифта, дарозии умумии он аз Лангари Помир то резишгоҳи дарёи Вахш 921 км-ро ташкил медиҳад. Дарёи Панҷ танҳо дар қисми поёнобаш — аз Панҷи Поён то Омударё, ба ҳаракати қаиқҳо ва қисман киштиҳои хурд мувофиқат менамуд. Вале дар дигар қисмати дарё, роҳи обӣ, аз сабаби ноҳамворӣ ва ҷараёни тези об мавҷуд набуд. Ба тариқе, ки муҳаққиқи тоинқилобии рус А. К. Разгонов иттилоъ додааст, «дар дарёи Панҷ танҳо қаиқҳои сабуке, ки аҳолии таҳҷоӣ месохтанд, беҳтар шино карда метавонистанд». Дар бандари Файзобод баъзан аз 10 то 20 қаиқ ҷамъ шуда, дар дарё шино мекарданд ва борҳои гуногунро то шаҳрҳои аморати Бухоро ва берун аз он ба манзил мерасонданд.

Омударё яке аз роҳҳои асосии обии Бухорои шарқӣ ва умумии Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Дар сарчашмаҳои таърихӣ дарёи Омуро бо номҳои Оксус ва Ҷайҳун вохӯрдан мумкин аст. Дарёи Ому аз дарёҳои Вахшу Панҷ ташкил ёфта, дарозии он 1415 км-ро ташкил медод ва қисми бештари тӯли дарё ба ҳаракати киштиҳо мувофиқ будааст. Аз рӯи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ, аз резишгоҳи дарё ба баҳри Арал то Тирмиз дар масофаи 1600 чақрим киштиҳо озодона ҳаракат мекарданд. Дар ибтидои асри ХХ муҳаққиқи тоинқилобии рус Д. Н. Логофет қайд карда буд, ки дар ҳудуди аморати Бухоро беш аз 400 чақрим роҳҳои обии киштигард мавҷуд аст, ки онҳо воқеан ҳам дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебошанд.

Бино ба иттилои санадҳои таърихӣ, аз асри XVIII сар карда, дар дарёи Ому ҳаракати қаиқҳо ва киштиҳо оғоз гардидааст. Зимнан ёдовар бояд шуд, ки дар соли 1739 лашкари бисёрҳазорнафараи шоҳи Эрон Нодиршоҳ бо 800 қаиқ аз Балх то Хива ҳаракат намуда, ба Хоразм ҳуҷум кардааст. Воқеан, мусаллам он аст, ки дарёи Ому яке аз роҳҳои қадими обии Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт.

Дар ибтидои асри XVIII ҳатто Пётри Кабир ба роҳи обии дарёи Ому диққати махсус зоҳир карда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ будани онро борҳо зикр намудааст. Махсусан дар асри XIX ва ибтидои асри XX ҳукумати подшоҳии рус бо мақсади аз худ намудани манбаъҳои наву арзони ашёи хом ва захираҳои бемайлони иқтисодиву тиҷоратии Осиёи Марказӣ тадбиру чораҳои муҳиму таъхирнопазир андешидааст. Яке аз чунин чораҷӯиҳои амалии ҳукумати подшоҳии рус дар соли 1887 таъсис ёфтани навгони (филотилияи) Омударё ба шумор меравад. Дар ҳайати он теъдоди зиёди киштиҳои ҳарбӣ, 100 заврақ ва дигар василаҳои техникаи ҳарбӣ мавҷуд буданд, ки онҳо дар байни Чорҷӯй — Тирмиз ва Сарой Камар ва дигар самтҳои муайяншуда ҳаракат мекарданд. Гарчанде ҳадаф ва матлаби асосии навгонӣ характери ҳарбиву стротежӣ дошта бошад ҳам, бо вуҷуди он, дар баробари интиқоли афсарону сарбозон ва лавозимоти ҳарбӣ, инчунин борҳои мухталифи хоҷагии халқро ба манзил мерасонд. Дар охири асри XIX — ибтидои асри XX нақлиёти навгонӣ: киштиҳои ҳарбӣ ва дигар намудҳои он аз Чорҷӯй то Тирмиз ва қаиқҳои сершумор то Сарой Камар ва дигар самтҳо ҳаракат намуда, лавозимоти ҳарбӣ, сарбозон ва инчунин борҳои гуногун, мардикорону мусофирон ва амсоли онро мекашонданд.

Дар нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқи Бухорои шарқӣ, аз ҷумла ноҳияҳои марказиву ҷанубии Тоҷикистони кунунӣ муомилоти молию пулӣ ташаккул ёфта, молҳои сермасрафи он тавассути роҳҳои хушкӣ, дарёӣ ва роҳи оҳан ба шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва минбаъд империяи Русия содир карда мешуданд. Хусусан иртиботи иқтисодиву тиҷоратии музофоти Ҳисор тавассути роҳи дарёӣ то бандари Амударё ва пасон истгоҳи роҳи оҳани Чорҷӯй кашонида мешуданд. Ин матлабро Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухорӣ, мутахаллис ба Гулшанӣ дар асари худ “Таърихи ҳумоюн” ба тариқи барҷаста изҳор намудааст, ки “ҳар сол миқдори 10 (даҳ) ҳазор кемаи болкондор аз вилояти иёлати Ҳисор ба ин ҷо (Лаби Об, яъне, Туркманистони имрӯза) гандуму ҷав ва анвои ҳубобоот (ғалладона) аз роҳи дарё меоранд (мебурданд)”.

Яке аз машҳуртарин ва маъруфтарин амлок ва қасабаҳои вилояти Қӯрғонтеппа Сарой Камар ба ҳисоб мерафт, ки он дар канори наҳри Ҷайҳун ҷойгир буда, то Қӯрғонтеппа 12 фарсах масофа дошт. Воқеан, Сарой Камар ҳамчун шаҳраки бандарӣ хидмат намуда, дар ин ҷо кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат равнақдор будааст. Дар ин ҷо аз гӯшаҳои гуногуни минтақа маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунармандӣ гирд оварда шуда, тавассути Сарой Камар ба шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва Русия содир мегардиданд. Ин омилҳои мавҷударо ба назар гирифта, Гулшанӣ тазаккур медиҳад, ки «қасабаи Сарой Камар аз нафси марказии ҳукумати ин вилоят обод аст… Тиҷорати ин ҷо низ равнақдор буда, молу мавошӣ бештар содир карда мешуданд». Ҳамзамон Гулшанӣ тазаккур медиҳад, ки саканаи қасабаи Саройкамар, тобеоти Лаби об ва Ҷилликӯлро аксар туркманҳо ва қазоқҳо ташкил медоданд, онҳо бештар шутурдор буда, ба ҳамлу нақли ғаллоту ҳубобот машғул шуда, аз ин мамар касби маош менамуданд. Аз рӯи иттилои Гулшанӣ, «ҳар сол мутаҷовиз аз як лак (100 ҳазор) ман ғаллоту ҳубобот, хусусан биринҷу кунҷит аз ин ҷо аз роҳи дарёи Омуя ба иёлати Лаби об, Бухоро ва вилояти Хева ҳамлу нақл мешуд ва онҳоро ҳамроҳи солу қаиқ мебурданд». Инчунин М. С. Гулшанӣ доир ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои он аз музофоти Кӯлоб ба шаҳрҳои марказии аморати Бухоро ва кишвари Туркистон таваққуф намуда, таъкид месозад, ки «… аз ин вилоят (Кӯлоб) аз роҳи дарё (Омударё) ҳамроҳи солу (амад) ва қаиқ ба иёлати Лаби Об (воқеъ дар Туркманистони имрӯза) ҳарсола мутаҷовиз аз 10 (даҳ) ҳазор ман ғаллот ҳамлу нақл мешавад…».

Зикри он ҳақиқат воҷиб аст, ки дарёи Ому (Ҷайҳун) саҳифаҳои нотакрору ибратбахш дошта, дар тӯли қарнҳо чун омили муҳими робитаҳои тиҷоратӣ, интиқоли борҳои гуногун ва рафтуомади мусофирон, вале баъдтар чун хати марзии миёни давлатҳо низ хизмат намудааст. Дар соли 1894 ҳукумати подшоҳии рус ва амири Бухоро аҳду паймон бастанд, ки дарёи Омуро дар рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ бо Афғонистон мавриди истифода қарор медиҳанд. Мувофиқи он дар амалӣ намудани ин матлаби наҷиб бояд аз хизмати киштиҳои ҳарбӣ ва дигар имкониятҳо васеъ истифода мебурданд. Бино ба иттилои матбуоти даврӣ, киштиҳои борбардори ҳарбӣ моҳе ду маротиба ба миқдори 10 ҳазор пуд борҳои гуногуни тиҷоратиро аз як соҳил ба соҳили дигар мебурданд. Минбаъд боркашонӣ тавассути Омударё рушду такомул ёфта, ба дарёнавардон фоидаи калони иқтисодӣ насиб гардидааст. Чунончи, аз соли 1894 то соли 1903 флоти Омударё беш аз 2 милён пуд борҳои ҳарбӣ, хоҷагӣ ва инчунин ҳосили пахтаи соли 1900-умро интиқол додааст. Зимнан манбаъҳо далолат мекунанд, ки то соли 1903 дарёнавардон беш аз 25 ҳазор сӯм фоидаи соф ба даст оварданд. Хусусан дар ибтидои асри ХХ тавассути Омударё содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои он ривоҷу равнақ меёбад. Чунончи, аз рӯи ахбори матбуоти даврӣ, дар соли 1915 амалу фаъолияти дарёнавардон боз ҳам ҷоннок ва густурда мегардад. Маҳз дар ин давра киштиҳо то 100 ҳазор пуд борро интиқол дода метавонистанд. Чунончи, агар дар солҳои 90-и асри XIX тавассути Омударё аз ҳудуди Бухорои шарқӣ то Чорчӯй ва пас аз он бо роҳи оҳан то шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ва Русия қариб 500 ҳазор пуд бор кашонида шуда бошад, пас дар ибтидои асри XX аз болооби ду соҳили дарё то 3 милён пуд борҳо (бо маҳсулоти ғалладонаи Кӯлоб) содир гардиданд. Инчунин дар соли 1912 танҳо бо қаиқҳо аз бандари Сарой Камар ба воситаи дарёҳои Панҷ ва Ому беш аз 530 ҳазор пуд борҳои гуногун ба манзил расонида шуданд.

Ба ғайр аз он, киштиҳо дар баробари боркашонӣ, инчунин ба мусофиркашонӣ низ машғул буданд. Дар тӯли хатсайри Омударё, аз Тирмиз то охири он, чандин истгоҳҳо: Тирмиз, Каркӣ, Чорҷӯй, Устӣ, Илчиқ, Дарғонато, Саддевор, Ҳазорасп ва Петро-Александровск мавҷуд буда, тавассути онҳо мусофирон ба манзили худ мерасиданд. Дар киштиҳо ҳуҷраҳои махсуси мусофиркашонии дараҷаҳои якум, дуюм ва сеюм мавҷуд буданд. Хусусияти хоси ҳуҷраҳои дараҷаи сеюм аз он иборат буд, ки болои сари онҳо кушода буда, нархи он арзон ва дастрас ба шумор мерафт. Аз ин боис, ба онҳо танҳо сарбозон, маҳбусон, муздурону мардикорон, деҳқонон ва косибону ҳунармандон савор мешуданд. Ҳукумати Русия ба афсарон, духтурони ҳарбӣ, сарбозон ва кӯчиён ҳамчун имтиёз танҳо 50 фоизи ҳаққи роҳкироро муайян карда буд. Мусофирон одатан як рӯз пеш аз сафар ба соҳили дарё омада, ба сафар омодагӣ мегирифтанд.

Он замонҳо ҳангоми ҳаракати киштиҳо тавассути Омударё душвориҳои зиёде ба миён омада буданд, чунки ҷараёни тези об имкон намедод, ки борҳои заруриро дар вақти муайяншуда ба манзил расонанд. Махсусан ҳангоми фасли баҳор, ки суръати ҷараёни об ниҳоят тез мешуд, ҳатто дар як соат он то 78 фарсанг (як фарсах баробари 6-8 км) масофаро тай менамуд. Инчунин ба соҳибкорону мусофирон ҳангоми интиқоли бор маълум гашт, ки киштиҳо ва заврақҳои боркаш ба шароити дарёи Ому мувофиқ нестанд. Азбаски хатсайри мазкур печ дар печ ва ноҳамвор буда, ҳаракати нақлиёти обиро душвор мегардонд, дарёнавардон ҳангоми рондани киштиҳо ба душвориҳои зиёде дучор мешуданд. Баъзан киштиҳо дар мавзеи хамгашти дарё рӯзҳои дароз банд мемонданд. Маҳз дар соли 1903 дар ин мавзеъ киштии “Император Николайи дуюм” ба ҳалокат дучор омада, ба хазина 175 ҳазор сӯм зарари калони моддӣ расонд. Зикри он мусаллам аст, ки ин киштиҳо танҳо рӯзона ҳаракат намуда, то 4 ҳазор пуд борро кашонда метавонистанду халос.

Дар он солҳо киштиҳо аз ҷиҳати сифат дар дараҷаи паст сохта шуда, ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Масалан, дарозии киштӣ 150-160 газ ва бари он 43 газро ташкил медод. Бо ин сабабҳо, суръати киштиҳо дар як соат аз 3 фарсанг зиёд набуд. Ин киштиҳо, тибқи дархости давлати Русия дар ширкатҳои Бутс, Добеони Глазко (Шотландия) сохта мешуданд. Вале таъмиру тармими киштиҳо дар Чорҷӯй сурат мегирифт, дар ин ҷо устоҳои Ишқобод кумаки худро дареғ намедоштанд. Зимнан ҳукумати Русия пайваста талош менамуд, ки сифати сохтмони киштиҳо такмил ёфта, ба шароит мувофиқ гарданд. Чунончи дар соли 1903 ҳукумати Русия киштиҳои нави худро ба заводи Ҷеймс Риди иёлати Пенсилвания супориш медиҳад, чунки дар дарёи Миссисипии ин кишвар киштиҳои махсус сохта мешуданд, ки ҷараёни ҳаракати оби он ба дарёи Ому хеле монанд будааст.

Ба ҳамин тариқ, дар Сирдарё, Омударё ва дигар дарёҳо аз замонҳои қадим қаиқҳои маҳаллӣ, инчунин киштиҳои ҳарбӣ шино мекарданд ва ба воситаи роҳҳои дарёӣ ва нақлиёти обӣ робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии байни шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр ва Хуросон — Бухоро ва Хива, Самарқанд ва Ҳирот ривоҷу равнақ меёфтанд. Ин роҳҳои обӣ дар рушду такомули равобити тиҷоратӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ва мадании Тоҷикистони тоинқилобӣ бо шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Русия ва мамолику кишварҳои ҳамҷавор саҳми бағоят бузург гузоштанд.

Юсуфи ШОДИПУР,

н.и.т., дотсенти ДМТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here