Зиндагиро бе суруду мусиқӣ тасаввур кардан фикр мекунам, ки ғайриимкон аст, зеро ҳар яки мову шумо, мухлисони савту наво, ҳар лаҳзаю ҳар дақиқа гӯш ба суруду мусиқӣ медиҳем. Суруду мусиқӣ ба кас руҳу илҳоми тоза бахшида, хастагиро дур месозад. Албатта, ҳар як инсон сарояндаи писанддидаи худро дорад ва дӯстдори ҳунару савту наво ва таронаҳои дилангези ӯст. Сарояндагон ва мутрибон бо суруду оҳангҳои дилнишину гӯшнавози худ дарди садҳо дардмандро даво мебахшанду мушкили садҳо нафари дигарро осон менамоянд. Оҳангсоз ва сарояндаи номвари кишвар Зикруллоҳ Ҳакимов аз ин шумор истисно нест, зеро ӯ бо навозишҳои фораму гӯшнавоз ва таронаҳои баландмазмуну дилнишинаш кайҳо дар дилу дидаҳо ҷой гирифта, эшонро тариқи овози хубу гуворо ва оҳангҳои руҳнавозаш қабул намудаанд. Ва месазад, ки нисбати ин гуна сарояндагони аз дарду нишот ва ҳуввияти миллии мардум месурударо, эҳтироми бузурге қоим буд. Зикруллоҳ Ҳакимов дар таърихи фаъолияти ҳунариаш бисёр дастовардҳои назарас дорад. Вақте ба репертуари эҷодиёти ӯ назар меандозем, ҳамагуна мавзуҳои ҷомеаро дар бар мегирад. Ва дар баробари ин, мавсуф яке аз оҳангсозони муваффақ низ ҳаст. Кам сарояндагоне пайдо кардан мумкин аст, ки аз эҷодиёти Зикруллоҳ нахонда бошанд. Албатта, бештари сарояндагони ҷавон аз ӯ дархости оҳанг мекунанд, ки ин ба он ишора мекунад, ки Зикруллоҳ Ҳакимов дар боробари сарояндагӣ, оҳангсози хуб ҳам ҳаст. Дар тақвияти гуфтаи боло сароянда Шаҳзоди Даврон изҳор медорад: «Вақте ансанбли«Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфт, Зикруллоҳ Ҳакимовро барои ҳунари волою садои гӯшнавоз доштан, барои оҳангсози хуб ва аз нозукиҳои санъат бохабар будан роҳбари дастаи мазкур интихоб намуданд, ки воқеан ҳам тавонист чанд муддат вазифаи хешро сарбаландона иҷро намояд. Ҳатто аввалин сурудҳои яккаи ансанбл бо заҳмати зиёди ин марди соҳибистеъдод пешкаши ҳаводорони таронаҳои ноб гаштанд. Агар гӯям, ки маҳз оҳангҳои гӯшнавози Зикруллоҳ муаррифгари як ансанбли нав шуданд, хато нахоҳам кард». Сарояндаи дигар Боғигул Саидова дар ҷое мегӯяд, ки «аксар сарояндагон маҳз бо маҳсули эҷоди ӯ ба хурду калон муаррифӣ гаштанд, пас месазад, ки офаринаш хонд. Оҳанги таронаи «Омадӣ нигорам»-и ман низ аз эҷодиёти ӯст, ки бароям туҳфа кардааст ва ҳангоме ки онро сурудам, ба тамоми мардум писанд омад, ки ин аз истеъдоди хуби ӯ дарак медиҳад». Чи тавре, ки мо худ воқиф ҳастем Зикруллоҳ Ҳакимов дар бештари озмунҳо, амсоли «Суруди сол», «Сарояндаи маҳбуб» ва ғ. ғолиб гардидаасту мегардад. Ин ҳама пазироии мардум аз рӯи ҳунару санъати воло доштани сароянда аст. 

Мардум худ чашми сарабину носари бин дорад ва ҳеҷ интихоби касе баробар ба интихоби мардум набуду нест. Ва писандидани ҳунару санъати Зикруллоҳ Ҳакимов ҳам, аз тарафи мардум, ин аз лаёқат ва арзандагии сароянда аст. Вақте, ки суруди «Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист!»-ро эҷод намуд ва ба мардум пешкаш кард, аз хурд то бузург онро то ба имрӯз зери лаб замзама менамоянд. Даҳҳо оҳангу суруди дигараш ҳамчунин моли мардумӣ гаштаанд. Ҳама ин хидматҳо ва заҳматҳои мавсуф, аз тарафи мардум арҷ гузошта шудаанд ва ин ба сароянда таҳрик медиҳад, ки бештар барои мардуми хеш эҷод намоянд ва дар меҳвари эҷодиаш эшонро ҷой бидиҳад.
Ҳамкориҳои эҷодии Зикруллоҳ Ҳакимов бо аксарияти устодону ҳунармандон ба роҳ монда шудааст. Чигунае, ки ҳамкасбон ва шогирдонаш павайваста мегӯянд, ки бо Зикруллоҳ ҳамкорӣ ва дӯстӣ кардан хеле гуворост, зеро аз инсонгароӣ ва меҳру муҳаббатӣ ӯ бар мусиқӣ мо бештар меомӯзем. Ва чи гунае, ки дар боло изҳор доштем, Зикруллоҳ бо ҳама сарояндагони товонои кишвар ҳамкорӣ дорад ва илова бар ин ӯ, сарояндагони навқадаму навэҷодро раҳнамоӣ мекунад ва эшонро аз мусиқиву санъат меомӯзонад. Зикруллоҳ Ҳакимов равияи махсуси худро доро мебошад ва ин имкон медиҳад, ки ҳунармандони ҷавонро таълим диҳад ва ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Албатта, ин масъулияти бузург аст, вале чи тавре ки айён аст Зикруллоҳ аз уҳдааш хуб баромада истодаст. Ва дар ин баробар боз ҳамкориҳои хешро бо дигар сарояндагон мустаҳкамтару созандатар гардонида истодааст. Аз ин ҳама гуфтаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки Зикруллоҳ Ҳакимов дар пешрафти санъату ҳунар ва рӯи саҳна омадани ҳунармандони болаёқат ҳиссаи арзанда дорад.

РОМИШ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here