Ранг бину ҳол пурс” мегӯянд. Имрӯз гумон мекунед, ки ба гапи нағз буҳрон омада бошад. Байни ҷавонон жаргонҳои бемаънӣ пайдо шудаанд. Агар иддае аз ҷавонон бо илму дониш ва заковати худ оламиёнро ба ҳайрат оваранд, бархеи дигар то ҳол ба дағалгуфторӣ ва жаргонҳои пучу холӣ даҳони худро олуда карда гаштаанд.

Доир ба ин масъала бо профессори ДМТ, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика Мушаррафа Ҷӯраева, ки аз ҳар донишҷӯ ширинбаён буданро талаб мекунанд, суҳбат доштем. Устод ба ин падидаҳо назари манфӣ доранд ва дар ҷараёни муколама изҳор доштанд: “Ҳар гоҳ жаргонҳои «хари бад», «ҳайвон», «сағера» ва монанди инҳоро мешунавам, беихтиёр, суҳбати як корманди масъули Кумитаи забон ба хотирам меояд, ки эшон барои тасдиқи фикри худ чунин далел оварда буданд: «Муаллима, ҳоло ба ҷавонҳо нигаред, онҳо агар чизеро “зебо” ё “хуб” гуфтанӣ шаванд, ҳатман мегӯянд: ин хар аст, ин ҳайвон аст, ин девона аст, яъне, муаллима, ин як чизи муқаррарӣ аст». Дар аввали суҳбат фикр кардам, ки ҳазл мекунанд, вале ҷиддияташонро дида, гуфтам: «Агар инро ҷавони бетаҷрибае дар кӯча мегуфт, ман барои ислоҳаш кӯшиш мекардам, вале аз забони шумо барин шахсе, ки барои аз ин гуна унсурҳои номатлуб тоза кардани забон масъули бевосита ҳастед,  шунидани ин гуна далел бароям бисёр ҳайратовар аст».

Устод роҳҳои аз чунин жаргонҳо халос шуданро возеҳан нишон доданд, ки, дарвоқеъ,  ҳар соҳибзабон метавонад аз имконоти забони модариаш истифода бараду ба диле бо суханҳои малеҳаш роҳ ёбад. Чунончи, гуфтанд: “Доманаи имконоти забони тоҷикӣ барои ифодаи тамоми мафҳумҳо ниҳоят фарох аст. Дар забони тоҷикӣ ифодаҳои малеҳи зиёде, ба монанди «зебо, базеб, хуб, нағз, дилкаш, дилфиреб, назаррабо» мавҷуданд, ки эҳсосу муносибату таассуроти некро ифода менамоянд ва ҳеҷ зарурати онҳоро бо жаргонҳои номатлуб иваз кардан нест. Дар муроҷиат нисбат ба касе набошад, истифодаи калимаи «сағера» ниҳоят нозеб ва беэҳтиромии маҳз аст”.

— Яке аз сабабҳои асосии дағалгӯйиву дуруштбаёнии ҷавонон муносибати бетарафонаи калонсолон, хусусан аҳли зиё аст. Мутаассифона, дар байни зиёиёни мо одамоне ҳастанд, ки ба масъалаи одоби муоширату муҳоварати ҷавонон як андоза муносибати саҳлангорона зоҳир мекунанд. Сабаби дигараш дар он аст, ки мутаассифона, ҷомеаи имрӯза ба чунин тарзи муошират одат кардааст ва агар касе бо фасоҳату салосат сухан гӯяд, бо ҳазл ӯро шарм доронданӣ мешаванд,- мегӯянд устод Ҷӯраева.

Байни насли чавон роиҷ будани чунин дағалгӯйиро доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ  Мирзоева Моҳира ба ин омил вобаста донистанд: “Тарбияи нодурусти хонаводагӣ, маърифати паст, муҳити носолим, муоширати номатлуби аъзои оила омилҳои асосии дағалгӯиву дуруштбаёнии ҷавонони мо мебошад”.

Муаллима аз рафтори нодуруст ва гуфтори ногувори натанҳо ҷавонон, балки калонсолон низ изҳори нигаронӣ карданд: “Чандин маротиба дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хусусан нақлиёти ҷамъиятӣ ҷавононро аз дағалгуфторӣ, дашному суханҳои нолоиқ гуфтан боздоштаам. Мутаассифона, онҳо тарзе муносибат мекунанд, ки гӯё дар дохили нақлиёт ва ё кӯчаву хиёбонҳо ғайр аз онҳо касе нест. Аслан, одоби муоширати на танҳо ҷавонону наврасон, балки баъзе калонсолони мо низ ба ҳар ду по мелангад”.

Вақте пурсидем, ки оё ин воситаҳои баён байни ом вусъат меёбад, посухи эшон чунин буд: “Ростӣ, дар дигар ҷойҳо мушоҳида накардаам. Умуман, калимаву таркибҳои номуносиб умри дароз намебинанд, онҳо дер ё зуд ба дили ҳамин ҷавонҳои «ихтироъкор» ҳам мезананд, чунки на ҳама насли ҷавони мо завқу маърифати паст доранд”.

Барои чунин жаргонҳоро истифода набурдан маърифати баланду одоби накӯ доштан лозим аст. Шахси боадаб ҳаргиз ба худ раво намебинад, ки забони худро бо суханҳои ноҷову дурушт олуда кунад. Имрӯз, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб гардида, дар тамоми соҳаҳо устуворона қадам мениҳаду кишвари азизи мо бо тамоми давлатҳои олам муносибатҳои дипломатию ҳамкориро густариш медиҳад, вақти он расидааст, ки ба ҳусни муоширату муҳоварати аҳли ҷомеа низ эътибори ҷиддӣ диҳем.

Дар заминаи гуфтаи устодон, мо насли ҷавонро месазад, ки барои густаришу тақвият бахшидани забони модарии хеш бикӯшем ва аз он олудагиҳое, ки бо гардиши айём пайдо мешаванд, ҳифз намоем. Ба монанди он ки, модари хешро дӯст медорему эҳтиром мекунем, ба забон ҳам арҷ гузорем. Нагузорем, ки забони ширину ширадори тоҷикиро калимаву ифодаҳои номатлуб ногувору гӯшхарош созанд.

Ба ибораи Фаридаддини Аттор:

Саодат ёр хоҳӣ дар ҳама кор,

Суханҳои шариф аз даст магзор!

Абдуғаффор ШОДИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here