Назди даромадгоҳи Қасри фарҳанг хеле серодам буд. Зану мард, духтару писар, ҳама бесаброна мунтазири оғози барномаи фарҳангӣ будем. Бо кадом сабаби техникӣ зиёд мунтазир гаштем. Якчанд нафар бетоқат гардида, ғур-ғуркунон аз толор берун мешуданд. Нафарони дигар бо масъулин суҳбат карда, норозигияшонро барои дер оғоз гардидани барнома изҳор мекарданд.

Рафтуомад зиёд шуд. Ҳавои идонаи толор каме тағйир ёфт. Ногаҳон аҳли толор бо тааҷҷуб сӯи даромадгоҳ, ки дар ҷониби чапи саҳна воқеъ буд, нигаристанд. Ин маро ҳам водор кард, ки сӯи саҳна назар кунам. Аз сӯи саҳна духтари хушсурату қоматбаланд — Зебонисо чун маликаи дунёи ҳуш сӯи мо равон буд. Ҳама бо ҳавас ба ӯ менагаристанд. Ӯ бо гесувони дарози чун шаршара ба замин шоридаи худ аз ҳама фарқ мекард. Бо мӯйҳои сиёҳе, ки аз қади химчамонандаш ҳам дароз буд, диққати тамоми аҳли қасрро ба худ ҷалб карда буд. Алахусус маро.

Лаҳзае ҷамъомадагон ба ҷунбуҷул даромаданд ва фиш-фишкунон чизе мегуфтанду бо як завқи ба худ хос ба ӯ менигаристанд. Мегӯянд, мардон ошиқи занони мӯйдарозанд. Аммо дар як лаҳзаяки кӯтоҳ Зебонисои мӯйдароз мардон як тараф, занонро ҳам тавонист мафтуни худ гардонад.

Барнома ҳам оғоз ёфт ва ҳама ба ҷойҳои худ гузаштанд. Ман дар паҳлуи Зебониссо ҷой гирифтам. То анҷоми барномаи консертӣ як-як бо ҳам гап зада, дугона шудем. Баъди анҷом ёфтан қисме аз тамошобинон дар беруни сабзазори саҳни толор ҷамъ шуда, аз шамолаки форам ҳаловат мебурданд. Зери сояи дарахтакон аз офтоби сӯзони тобистон худро аз сиёҳшавӣ нигоҳ медоштанд. Ҳамчунин, консерти гузаштаро ба риштаи муҳокима мекашиданду аз ҳар лаҳза нақлҳо мекарданд. Ҳар нафар бо навбат фикру андешаи худро баён мекард. Ману Зебонисои хушгуфтор низ ба онҳо ҳамроҳ шудем. Ман ки бо ин табақа он қадар шинос набудам, ба суҳбат камтар пайвастам, вале ҳамаро хуб гӯш мекардам. Аммо Зебонисо ҳамсуҳбати хуб буд. Дар бораи мактабу шогирдонаш, кори саҳро, иштирокаш дар озмунҳои гуногун нақлҳои аҷоиб мекард. Яке аз нақлҳояш дар бораи пайдо гардидани харидори мӯяш буд. “Вақте ки мӯйҳоямро ороиш дода ба Иди Наврӯз рафтам, аз куҷое як зани амрикоӣ пайдо шуду харидори мӯям гардид. Шукр ки забони англисиро медонам. Бо ӯ озодона ба забони модариаш суҳбат намудам. Фаҳмонидам, ки мӯям — ин ҳастиам аст. Тамоми дороиям ҳаст. Ман наметавонам ба Шумо ин дороиямро фурӯшам. Вале он зан маро гӯш накарда, бо тамоми ҳастияш зораю тавалло менамуд, ки фурӯшам. Ҳар дақиқа нархи мӯямро баландтар мекард. Ман бошам, хоҳишашро рад менамудам. Аз савдо дилгир шуда, хостам дигар тараф равам, аммо зани амрикоӣ ба рафтанам монеъ мешуд. Аз дасташ раҳо шуда наметавонистам. Ҷашн ҳам ба итмом расид, вале он зан маро намемонд аз ҷоям хезам. Боз як худам танҳо ба ҷашн омада будам. Чунон сахт тарсидам, ки гуфтан надорад. Дастамро бо як азоб раҳо кардам, ки аз мӯям дошт. Ин дафъа тоқат карда натавонистам ва бо тамоми қувват дод задам. Ҳамон лаҳза муҳофизон ба наздамон омаданд ва билохира аз ӯ раҳоям карданд. Аз он рӯз сар карда танҳо намегардам ва ё гардам ҳам, мӯйҳоямро зери рӯймол паноҳ медорам”.

Дугонаам Зебонисо Неъматуллоеваро метавон омӯзгори ҷавони ботаҷриба, кадбонуи пурҳунар ва Рудобаи Вахшонзамин номид. Ӯ хатмнамудаи факултети физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар буда, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Вахш мебошад. Дар оила духтари хурдӣ мебошад. Ҳама касбу ҳунарро аз модари ғамхору хоҳарони меҳрубонаш омӯхтааст. Бо тарғиб намудани анъанаҳои миллии ниёгон, санъати баланди либоспӯшии духтарона ва гесувони дарози 1 метру 70-сантиметрааш дар се даври озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” иштирок намудааст. Дар ин озмун гулдухтарони зиёд аз ҳама шаҳру навоҳии кишвари азизамон ширкат варзидаанд. Аз миёни 150 нафар иштирокчиёни вилояти Хатлон Зебониссои қаҳвамӯй ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотирмон гардидааст. Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории фестивал-озмуни “Чакомаи гесу” тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, зиндаву эҳё гардидани анъанаҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.

Зебонисо аз хурдӣ ба мӯйҳои дарози духтарон беандоза ҳавас дошт. Ҳамеша дӯст медошт лӯхтакҳои мӯйдароз хараду мӯйҳои онҳоро ороиш диҳад. Ҳамин буд, ки имрӯз машшотаи хубе гардидаасту дар тӯю маъракаҳо арӯсони зиёд ба суроғаш меоянд. Усули парваридани мӯйи зеборо аз модараш Малика Неъматуллоева омӯхтааст. Ва дар ин ҷода модараш ба ӯ кӯмак менамояд. Зебонисои қаҳвамӯй ба гулдухтароне, ки шавқу ҳавас ба дароз кардану парваридани мӯйро доранд, тавсия медиҳад, ки аз рангҳои гуногуни кимиёвӣ (краска) ва аз мӯйхушккунакҳои барқӣ истифода набаранд. Рангҳои кимиёвӣ мӯйро мерезонанд ва мӯйхушккунак бошад, ба сардард гирифтор мекунад. Ҳино ва дигар гиёҳҳои табиие, ки модарону бибиёни мо истифода мебурданд, барои тарбияи мӯйҳои зебо муфид аст. Сирри мӯйҳои зебояшро дар истифода намудани ниқобҳои гуногуни табиӣ мебинад. Дар давоми ҳафта семаротибагӣ аз ҳар гуна ниқобҳо, ба монанди “ниқоб аз ҷурғот, аз мева, аз равғанҳои фоидаовар” ва ғайраҳо ба мӯйҳояш мемолад.- Ин барои мустаҳкам кардани решаи мӯй, ғафс шудан ва тезтар дароз шудани он кофист,- мегӯяд ӯ.

Зебонисо духтари хушгуфтору хушчақчақ аст. Тамоми суҳбат моро бо нақлҳои ғайриоддияш яке тарсондаю яке хандонда, ба ҳайрат меовард. Дар анҷом бо якчанд латифаи шӯх табъи ҳамаамонро болида гардонду аз паси роҳи худ шудем.

ГУЛНОЗА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here