Ба муносибати рӯзи байналмилалии забони арабӣ

Асри навинро бе донистани забонҳои хориҷӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Алалхусус, донистани чанд забони хориҷӣ, аз қабили забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва арабӣ шарт ва зарур аст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллатамон, муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дарк намуда, ҳамеша ҷавононро ба забономӯзӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.

Забони арабӣ яке аз забонҳои қадимаи ҷаҳон буда, дар мамлакатҳои Осиёи Ғарбӣ ва Африқои Шимолӣ паҳн гардидааст. Бо ин забон қариб 250 миллион нафар муошират намуда, аз қадимулайём аҳамияти бузурги байналхалқӣ дорад ва ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ дониста мешавад.

Олимону адибони гузаштаи мо низ дар замони хеш аҳамият ва қадри ин забонро хуб дарк карда, онро дар осори худ мадҳу сано кардаанд.

Аз ҷумла Мавлавӣ Ҷалолиддини Рӯмӣ дар «Маснавӣ» арабиро бар забони модарии хеш — форсӣ тарҷеҳ медиҳад, бад-ин сабаб, ки забони арабӣ забони дин аст:

Порсӣ гӯ, гарчи тозӣ хуштар аст,

Ишқро худ сад забони дигар аст.

Ё Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:

Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист,

Забон хамӯшу лекин даҳон пур аз арабист! 

Дини мубини ислом низ пайравонашро ба омӯхтани забонҳои дигар ташвиқу тарғиб кардааст. Паёмбари Худо (с) саҳобаи худ Зайд ибни Собитро ба омӯзиши забони сурёнӣ, ки забони яҳудиҳо буд, амр фармуданд. Зайд ибни Собит (р) мегӯяд, баъд аз дастури Расули Худо (с)  дар муддати 15 ва ё 17 рӯз хондану навиштан бо ин забонро азхуд кардааст. Номаҳоеро, ки аз ҷониби яҳудиҳо бо забони сурёнӣ ба Паёмбар (с) ирсол мегаштанд, ӯ хонда медод ва номаҳои ҷавобии Паёмбар (с)-ро низ ӯ менавиштааст.

Абдулмуҳсини Аббод, ки аз шореҳони «Сунан»-и Абӯдовуд аст, дар китоби худ чунин мегӯяд: «Ин ҳадиси Расули Худо (с) бар ҷоиз будани омӯхтани луғату забоне, ки инсон муҳтоҷи он аст, далолат мекунад. Чӣ тавре аз ин ҳадис маълум гашт, Паёмбари Худо (с) низ дар он айём муҳтоҷ ба фаҳми забони сурёнӣ буданд ва Зайд ибни Собитро ба омӯхтани ин забон дастур доданд».

Ҳатто дар байни донишмандон чунин мақоле ҳам ҳаст, ки мегӯянд: «Ҳар касе, ки забони қавмеро омӯзад, аз макри он қавм дар амон мемонад». Ва дар ҷои дигар ин мақол ба ин шакл омадааст: «Ҳар ки забони қавмеро омӯзад, аз фарзандони он қавм ҳисобида мешавад».

Ибни Асир ривоят мекунад, ки Ҳазрати Умар (р) дар яке аз номаҳои худ ба Абӯмусои Ашъарӣ чунин фармудааст: «Суннати Паёмбарро ҳамроҳ бо забони арабӣ хуб омӯзед…» Дар ҳадиси дигар омада, ки Ҳазрати Умар (р) фармудааст: «Забони арабиро омӯзед, зеро ин забон забони дини шумост…».

Инчунин, дар фатовои исломӣ нисбат ба омӯхтани забонҳои гуногун, аз қабили англисӣ ва олмонӣ, на танҳо иҷозат дода шудааст, балки дар баъзе фатвоҳо, ҳангоме ки ҳоҷат ба омӯхтани забоне пеш меояд, омӯзиши он забон ҳатмӣ мегардад.

Аз ин далоил ба натиҷае  мерасем, ки дини муқаддаси ислом нисбат ба омӯхтани забонҳои гуногун бетафовут набуда, омӯхтан ва ёд гирифтани забонҳои мухталифро дар ҳолати лозима зарурӣ донистааст.

Моҳир Фараҷи Аммора дар китоби «Марҳабан бӣ толибилилм» чунин навиштааст: «Ленин, баъд аз он ки дар соли 1917 ба пирӯзӣ ноил шуд, хост як давлати бузурги оламиро бунёд кунад. Ӯ пай бурда буд, ки барои амалӣ кардани ин орзӯяш бояд ба илм рӯй оварад. Ӯ медонист, ки бо як забони рӯсӣ барои аз бар кардани илмҳои замонавии онвақта ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва дар фикри он буд, ки чӣ бояд кард. Билохира, як фармони фаврӣ барои ташкил намудани Шӯрои Олӣ барои тарҷума содир кард. Фармон дод, ки тамоми кутуби илмиеро, ки ба забонҳои гуногуни оламанд, ба забони русӣ тарҷума кунанд. Дар натиҷа, Давлати Шӯравӣ дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи муқтадир мубаддал гардид».

Аз ин лиҳоз касе, мехоҳад забони хориҷиро хуб аз бар кунад, аввалан бояд забони модарии худро ба таври лозимӣ омӯзад, зеро фарде, ки забони худро хуб донад, барояш омӯхтани дигар забонҳо саҳлу осон мегардад, чунонки Саъдӣ фармудааст:

Ҳар, к-ӯ ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забонаш осон гардад.

Дар давоми солҳои ахир дар кишвари мо, мутаассифона, ба омӯхтани забони арабӣ нисбат ба дигар забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи лозим дода намешавад, ҳол он ки арабӣ яке аз забонҳои қадиму бойи гуруҳи сомӣ, забони давлатии беш аз 20 мамлакати ҷаҳон мебошад. Илова бар ин, айни ҳол ин забон яке аз забонҳои расмӣ ва кории Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.

Муҳимтар аз ҳама, ба ин забон мероси бойи илмию фарҳангии мо -мардуми форсу тоҷик офарида шудааст.

Бешубҳа, омӯхтани ин забон барои ҳар фарде, ки мехоҳад аз осори гузаштагони худ аз наздик ошно гардад, хеле муҳим аст. Чунки замоне аҳли кишвари мо форсизабонҳо ба дини муқаддаси ислом мушарраф гаштанд, бо ин забон хеле ошноии амиқ ҳосил намуданд. Ҳатто, аз гузаштагони мо донишмандоне ба воя расиданд, ки дар асри худ аз нобиғагон ба ҳисоб мерафтанд. Онҳо дар ин ҷода хидматҳое кардаанд, ки ҳеч араб накарда буд. Аз сабаби он ки дар он замонҳо арабӣ забони илм ба ҳисоб мерафт, китобу дастовардҳои худро ба забони арабӣ таълиф мекарданд, ки Имом Бухорӣ, Имом Табарӣ, Ибни Сино, Фахри Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон аз он шуморанд. Таълифоти ин донишмандон фақат дар ҷодаи маорифи динӣ набуда, балки ин тоифа дар улуми мухталиф, монанди  тиб, ҳандаса, ҷуғрофиё, нуҷум, кимиё, фалсафа, улуми адабӣ ва ҳоказо осори гаронбаҳои бешуморе эҷод намудаанд, ки Ибни Қурбон дар китоби «Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим» аз онҳо муфассал ёдоварӣ намудааст.

Чун гузаштагони мо ин улумро бо забони арабӣ нигоштаанд, барои истифода кардан аз ин мероси ғанӣ омӯхтани забони арабӣ махсусан барои мо — тоҷикон, басо муҳиму зурур аст. Инчунин, дар мамолики мутараққии араб имрӯзҳо дастовардҳои замонавии пешрафтаи ҷаҳониро арабҳо дарҳол ба забони худ тарҷума мекунанд. Агар мо ин забонро донем, аз ин дастовардаҳо воқиф шуда, аз дунёи илму технологияи муосир низ дур нахоҳем монд.

Илҳомиддин ДАВЛАТОВ, ходими илмии Маркази мероси хаттии

назди Раёсати АИ ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here