(Ёде аз шоири зиндаёд ва журналисти бедордил Ғоиб Сафарзода)
Ин ҷашни муборак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 таҷлил гардид. Ташкилкунандагони чорабинӣ — омӯзгорон Бегимадова Сангимоҳ ва Абророва Раъно ҳанӯз чанд ҳафта қабл аз баргузории он омодагӣ гирифта, баҳри дар сатҳи баланд гузарониданаш заҳмат ба харҷ доданд. Дар ин манзар таклифи онҳо доир ба иштирок дар маъракаи хеш аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия низ хуш пазируфта шуд. Ва субҳи 14-уми марти соли равон барои толибилмон, омӯзгорон ва кормандони бахши фарҳанг аз оғози он то фарҷомаш, ки хеле дар сатҳи баланд гузаронида шуд, дер боз хотирмон хоҳад буд.
Итминони комил аст, ки агар Ғоиб Сафарзода зинда мебуд, соли ҷорӣ ба синни мубораки ҳаштодсолагӣ расидани хешро бо даҳҳо шеъру достонҳои ба корнамоиҳои насли даврони истиқлолият бахшида пешвоз мегирифт. Қобили қайд аст, ки ворисону ҳамдиёронаш низ бахшида ба ин санаи муборак омодагӣ гирифта истодаанд, то маросими хотироти фарзанди фарзонаи халқу миллатро дар сатҳи баланд ҷашн гиранд.
Миёнҷои саҳнаро расми Ғоиб Сафарзода оро дода, дар пеши он иқтибосҳо аз гуфтаҳои шахсони шинохтаи илму адаб навишта шуда буд:
«… дубайтиҳо ва дигар шеърҳои охирони Ғоиб Сафарзода шаҳодат медиҳанд, ки истеъдоди ӯ хеле хуб тарбия ёфта истодааст».
Муҳаммадҷон Шакурӣ, адабиётшинос
«Сидқу вафо ва одамияти баланд хоси Ғоиб Сафарзода буд. Инсони хоксору заминӣ буд ва ба ҳамкорон бо меҳру дили соф муносибат карда, дар ғаму шодиашон шарик мешуд».
Абдулҳамид Самад, нависанда
«Ғоиб Сафарзода ашъори гуҳарбор дошта, бо шевоӣ, перояи зебо ва сабки нотакрор дурри маънӣ месуфт. Ба камоли оташбори пешин арҷ мегузошт».
Сипеҳри Ҳасанзод, нависанда
«Ғоиб Сафарзода дар тӯли умри кӯтоҳи худ (32 сол дошт) барои ин миллат, барои фарҳангу маънавиёт корҳоеро ба субут расонд, ки дар он айём на ҳама аз уҳдаи он корҳо баромада метавонист».
Ато Ҳамдам, нависанда
Дар болои миз китобҳои устод ва мақолаҳои дахлдори ба ҳамин мавзуъ дар рӯзномаҳо нашргардида ҷиҳозонида шудаанд. Сухани ифтитоҳии намоишро барандаҳо Шукрона Холбозорова ва Худобахш Холов кушода, ҳозирин, меҳмононро хайрмақдам мегӯянд. Иштирокчиёни чорабинӣ кормандони бахши фарҳанг, волидон, маъмурияти мактаб, омӯзгорони муассиса, хонандагони синфҳои 8-11-анд.
Ба саҳна хонандагон Ҳайдарова Судоба, Султонова Судоба, Назарова Лайлӣ, Шаҳлои Бобоҷон, Назарова Фароғат ва Каримова Парвона мебароянд.
Хонандаи якум:
Маро бо дӯстони ман биҷӯед,
Ки танҳо бебақо ҳамчун ҳубобам.
Маро дар сози дилҳо ҷур ёбед,
Ки танҳо тори танҳои рубобам.
Хонандаи дуюм:
Забони модариам, ҷони покам,
Ту бо шир омадӣ бар ҷони покам.
Бипайвастӣ маро бо рафтагонам,
Тӯйӣ, ман зиндаам, бе ту ҳалокам.
Хонандаи сеюм:
Кишваре, ки Рӯдакиро зод ӯ,
Шеъри оламгир моро дод ӯ.
Кишваре, ки дод бо табъи баланд,
Булбули дар ишқ шайдои Хуҷанд…
Хонандаи чорум:
Ман хокниҳодаму фалакпарвозам,
Нӯшида зи чашма обу дарёбозам.
Гардид ҷаҳони ахтарон сайргоҳам,
Дар рӯи замин бувад баландпарвозам.
Ҳамин вақт саҳнае аз ҳаёти шоир намоиш дода мешавад. Баъдан гуруҳи хонандагон ба саҳна баромада, иштирокчиёнро мухтасар бо ҳаёт ва фаъолияти шоир шинос мекунанд.
Санъаткорони бахши фарҳанг Мирзо Ҳоҷиматов ва Бозоралӣ Сафаров аз эҷодиёти шоир сурудҳои нав омодакардаи худро пешкаши ҳозирон гардониданд.
Ва ҳамин тариқ, батадриҷ ин ҷамъомад ба анҷом наздик омад. Ҳозирин инро замоне дарк карданд, ки сухани ҷамъбастӣ ба сарвари мактаб Маҳмадулло Маҳмадиев ва сипас ба бародари шоири зиндаёд Ҳасан Сафарзода дода шуд. Ӯ аз хотироти хеш баҳри тамошобинон ҳикояҳоеро, ки саропо ифодакунандаи сиришти пок буданд ва шоири ҷонсӯзу худогоҳ будани шоирро таҷассум мекарданд, нақл намуда, ба ташкилкунандагону иштирокдорони маъракаи пурмазмун арзи сипоси бепоёни худро баён намуд.
Дар ҳамин мароми баланд маърака ба анҷоми мантиқии хеш омада расид. Пурмазмуну хотирмон!
Ва дар фарҷоми маърака хулоса бардоштем, ки дар ҳақиқат, хонандагон ҳамроҳи устодони хеш тавонистанд ин ҷашни бузургро пурмазмун, бо шукуҳу шаҳомати хоса, хотирмон ҷашн гиранд. Аҳсан ба шумо!
Рӯзимади ТОҲИР, ноҳияи Восеъ