Чаро онҳо «тухми анқо» шудаанд?

Дар шароити кунунӣ зуҳури наврасони соҳибистеъдод хеле кам ба вуқуъ мепайвандад, ки аз сатҳу сифати пасти таълим дар ҳама зинаи таҳсилот дарак медиҳад. Тарбияи ин гуна наврасон вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, «ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаи таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи замони муосирро тарбия намоем».
Айни замон ҷомеа беш аз ҳарвақта ниёз ба наврасони соҳибистеъдод дорад ва эълон шудани соли 2017 — Соли ҷавонон василаи таҳрикбахши ин раванд бояд бошад. Масъалае, ки мехоҳам дар атрофи он изҳори назар намоям, «тухми анқо» будани наврасони «вундеркинд» дар мамлакати мост. Боиси таассуф аст, ки як идда дар бадани ҳайвонот нақш ёфтани ҳарфҳои арабиасосро «муъҷиза» арзёбӣ намуда, наврасеро, ки дар ҳафтсолагӣ сураи «Ёсин»-ро аз худ намудааст, «вундеркинд» меноманд. Масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ соҳиби диплому ифтихорнома ва ҷойи сеюм шудани муҳассилинро чунон васф менамоянд, ки «аз пашша фил сохтан»-ро шабеҳ аст. Тибқи иттилои аз Вазорати молия дастрасшуда, соли 2016 барои тадқиқоти илмӣ аз буҷет 75,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки зиёда аз 55 миллион сомониаш барои тадқиқоти бунёдӣ пешбинӣ ва харҷ гардидаанд. Саволе пайдо мешавад, ки бо харҷи чунин маблағҳои ҳангуфт дар ин ҷода чӣ навгонии қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш рӯи кор омад? Кадом ихтирои олимони мо, бо дарназардошти муҳимият дар истеҳсолот, ақаллан истеҳсолоти дохилӣ, мавриди истифода қарор гирифт? Бо кадом роҳ ин хароҷот (манзур маблағҳои бо ин мақсад ҷудошуда) ҷуброн бояд шавад?
Имрӯз зарур аст, ки омӯзгорон ва падару модарон диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро, пеш аз ҳама, барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Анҷоми ин рисолат мувофиқи талабот тақозои замон буда, вазифаи инсонӣ ва қарзи виҷдонии мост. Бо дарназардошти муҳимияти масъала Пешвои миллат ба масъулини соҳа дастур доданд, ки «ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд».
Дар ҷаҳони муосир илм мақому манзалати баландро соҳиб буда, бидуни он тараққиёти давлатро умедвор шудан ғайриимкон аст. Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бозёфтҳо дар фанҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд. Масъулини соҳа шояд ин суханони Роҳбари мамлакатро зимни ироаи Паёмашон дар хотир дошта бошанд: «Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзуҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд. Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад».
Вундеркинд кист ва ба чӣ амалҳо қодир аст? Барои посух ба ин суол аз шабакаи интернет ҳолномаи чунин нафаронро аз шумори наврасон пайгирӣ намудем. Маълум гардид, ки дастовардҳои чунин наврасон қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш аст. Барои мисол, Акрит Пран Ясвал аз Ҳиндустон дар синни ҳафт аввалин ҷарроҳиро анҷом дода, дар 12-солагӣ ба Донишгоҳи тиббӣ шомил шудааст. Тейлор Рамон Уилсон дар даҳсолагӣ таҷҳизоти таҳрикдиҳандаи бомбаи ядроӣ ва генератори 50 МВт-ро барои реактори ядроӣ ихтироъ намудааст, Микаэла Ирэн Фудолиг аз Филиппин дар 11-солагӣ ба донишгоҳ дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст ва алъон дар ин донишгоҳ ба ҳайси профессор фаъолият дорад. Марк Тян аз шаҳри Гонконг ҷавонтарин нафарест, ки дар нуҳсолагӣ ба донишгоҳ дохил шудааст. Акима Камара аз Берлин дар дусолагӣ аз уҳдаи навохтани скрипка мебаромаду Итан Бортник дар сесолагӣ клевесин менавохт…
Мисолҳои оварда барои хулосаи мунсифона аз манфиат холӣ нест. Итминон дорем, ки масъулин моро дуруст дарк менамоянд.

Далер МЕРГАНОВ,
журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here