Дар қабулгоҳе мунтазир будам. Чашмам ба рӯзномаи рӯйи миз уфтод. Дидам, ки навиштае дорад таҳти унвони “Худафрӯзӣ бояд кард, на худсӯзӣ”. Муаллифи навишта муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа буд.

Ҳадафи муаллиф мазаммати фарде будааст, ки дар синни болотар аз 55-солагӣ хостааст узви Иттифоқи нависандагон шавад. Аммо раиси ИН ба ӯ бо ҳавои дӯғу патака (ё ба гуфти муаллиф) “бо қатъияту устуворӣ” гуфтааст: “То ман дар ин ҷо ҳастам, ту аъзо намешавӣ”,

Гӯё ин ки Ҳукумати ҷумҳурӣ талаботи ҷомеъаро як сӯ гузошта, барномаи амали Иттифоқи нависандаҳоро тобеъи “МАН”-и раиси Иттифоқи нависандагон гардонида бошад. Ҳаққо, ки чизе, ки дар дег буд, ба гоҳи ғазаб (яъне бе дурӯғ, ба сурати асл) дар кафлез омад. Намебояд, ки сухани сарвари муассиса, ба хусус сарвари муассисаи давлатӣ, ба ин дараҷа дағал ва берабту беҷо бошад. Аммо, хонандаи арҷманд, шумо ба мантиқи гуфтори муовини аввали раис таваҷҷӯҳ кунед:

“Рафтори сарвари ИН дар нисбати ин шахс (яъне ҳамон толиби узвияти Иттифоқи нависандаҳо – С.Қ.) дуруст, санҷида ва заковатмандона будааст?! Яъне, пеш аз расидан ба чунин хулоса, ҳайсияти ӯро таҳқиқ намуда, дуруст қарор додааст, ки чунин шахси худхоҳ набояд дар сафи шоирону нависандагон бошад”.

Ин ҷо се ҷиҳат муҷиби ташвиш аст. Якум, муовини аввали раиси ИН на танҳо чун як зиёйӣ, балки ба тақозои вазифаи давлатии худ низ дар ислоҳи ақидаи аз беху бун ғалати раиси ИН ба он муддаӣ нагуфтааст, ки:

“Бародари азиз, талабот аз аъзои Иттифоқи нависандаҳо хеле ҷиддист. Мо метавонем ба шумо ёрӣ диҳем, ки пояи маънавӣ ва шакли баёни навиштаҳои худро ба талаботи имрӯзи ҷомеъа ҷӯр кунал – он гоҳ эҳтимоли узви Иттифоқ гардидани шумо зиёд мешавад”. Ё чизе дигар монанди ин мегуфт, то ки муддаии шӯрида ором шавад ва дар арсаи зиндагонӣ роҳи ростро пеш бигирад.

Дувум, аҷаб аст, ки муовини аввали раиси ИН ҷойи хеле зиёди мақолаи худро ба синну соли толибони узвияти ИН бахшида, исрор кардааст, ки “дар бобати қабул ба узвияти созмон минбаъд ҳуҷҷати шахсони синнашон аз 55-сола болоро қатъиян (?, қатъан – С.Қ.) қабул нанамоянд”, ҳол он ки дар анҷом додани ҳар гуна кор ҳунар кор медиҳад, на синну сол ё диплому унвон.

Севум, кӣ худхоҳтар аст – он муддаӣ (ки рафтору гуфтораш воқеан ноҷӯриҳо бисёр дорад), ё раиси Иттифоқи нависандагон (ки бо “қатъияту устуворӣ” сухани бисёр худхоҳонаи болоро ба сурати бепарда бар забон оварда ва нахустмуовинаш онро нашр карда ҳамагонӣ гардонидааст)?

Хулоса, вақте раиси ИН сухани номуносиби ҷойгоҳи хеш гӯяд ва муовини аввали раис он гуфтаи аз беху бун ғалатро аз минбари хеле баланди ҷумҳурӣ чун сухани “дуруст, санҷида ва заковатмандона” ба қалам диҳад ва агар ин ду “роҳнамо” худхоҳиро меҳвари барномаи амал қарор дода бошанд, модом ки на раис, на муовини аввали ӯ ва на ҳарду якҷо як гумроҳро ба сари роҳи рост оварда натавонанд, пас, ҳоли Иттифоқи воқеан бесоҳибмондаи нависандагон ва нависандашавҳои ҷавон чӣ мешавад?

С. ҚОДИРӢ

Аз редаксия: Ин навишта сирф андешаи шахсии муаллиф буда, аслан ба унвони «Нома аз миёни мардум»  ба дасти мо расид ва бе таҳрир нашр шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here