Ҷӯрабою Соқибек дар утоқи корӣ машғули супоришҳои ҳафта саргарми эҷод буданд. Соқибек, ки аз рӯйи шӯхиҳои Ҷӯрабой “ақли пурраву фаросати ноқис” дошт, барои дурусту бенуқс иҷро намудани фармонҳои шеф кам-кам не, хело зиёд, аз ӯ кумак мехост. Ӯ бо вуҷуди “бефаросат” буданаш хуб медонист, ки Ҷӯрабой дар корхона аз дигарон як сару гардан болотар аст. Ҳатто аз худи шеф ҳам. Зеро ӯ ду умри Соқибекро дар ин коргоҳ гузаронидааст. Гӯем, ки ӯ тобу таби корро ба пуррагӣ медонад, хато намекунем. Барои ҳамин дар лаҳзаҳои иҷрои баъзе супоришҳо маслиҳатҳои Ҷӯрабой ба Соқибек аз обу ҳаво дида заруртар буданд. Баъзан мешуд, ки Соқибек давоми рӯз бо пурсиданҳояш сари Ҷӯрабойро гаранг мекард.

Соқибек ҳамакнун чизеро боз аз Ҷӯрабой пурсиданӣ буд, ки дари утоқи корӣ бе ягон тақу туқ кушода шуд. Ҳама ба гӯшаи чашм сӯйи дар нигоҳ карданд. Дар кафшкани дар главбух бо лабу лунҷи овезон мисли қарашқуи миёни киштзори гандум саркашол печкаҳои пеши пойи нишастаҳоро рӯшан дида, яку якбора ғурида, бо садои гӯшхарошаш илҳоми эҷодии Ҷӯрабойро паронд. Суоли Соқибек ҳам муаллақ монд:

— Як печкаатонро кашед, намешавад!? Ин моҳ ҳақи қувваи барқ аз ҳазор сум ҳам гузашт. Утоқи кориро “савна” кардед. Коратон дар ҳеҷ ҷову зараратон дар осмон!

Ҷӯрабойи солхӯрда ба маънии “хуб шудааст, калон” сар ҷунбонду тахтаи барқии давраи союзро, ки аз хонааш оварда буд, хомӯш кард.

Главбух баъди ғурбатҳояш дари утоқро пӯшиду назди шеф рафт. Нишастагиҳо ба кадом сабаб сар халондани главбухро ба утоқи корӣ нафаҳмиданд. Ҳамин қадар ҳис карданд, ки баъди ташрифи ҷонишини шеф ба утоқи кории сардор Ҳалимшоҳ Сиамиевич (дар идораи мо сармуҳосибро ҳамин тавр унвон мекарданд, зеро дӯғу пӯписааш аз тундгӯиҳои шеф мегузарад) овозаш то ба таваққуфгоҳи мошинҳои саҳни идора расид: “Беинсофҳо! Камтар истифода баранд намешавад!? Бе ин ҳам корхона аз андоз қарздор. Печкаҳоро бурда дар анбор маҳкам кун! Инҳо ҳама эрка шудаанд…”.

Ҷӯрабой ба рафиқи “боақлу бефаросаташ” нигариста, “кори хуб нашуд, боз дар маҷлис гапшунав шудем” гуфту қаламро болои варақҳои рӯи миз партофта, аз дар берун шуд. Саволи Соқибек ҳам беҷавоб монд. Бояд каҷу килеби маводашро рост мекард. Ӯ печкаро хомӯш намуда, чароғро кушту ба ҳавои тоза баромад.

Пиру мурид зери борони сӯзании тирамоҳӣ таги чойлови ангур дар ҳолати диранг равуо мекарданд, ки котиба “маҷлис” гӯён садо баланд кард. Рӯзномаи маҷлисро кормандон мисли афсонаи “Бузаки ҷингилапо” медонистанд, аввал интизоми корӣ, баъд иҷрои “достонҳои хари пуштканда”, аз ҳама охир корҳои тозагии саҳни идора, ба ибораи маъмули сардор, субот (ӯ шанбегиро ҳамин тавр ифода мекард).

Шеф бо қиёфаи гирифта, ба маҷлис ҳусни оғоз бахшид: “Интизоми корӣ умуман нест. Ҳама хари худро ҳай макунед. Ба кор дер меоед. Нопурсида меравед. Чӣ, мо кунда ё сардор!?» ва ба главбух сахт нигариста, илова кард: «Наҳтутӣ Эркаевна, ҳафтаи гузашта гуфтам, ки дафтар ташкил кун. Ҳар дақиқаи дер кардаашонро ба ҳисоб гир”.

Сардор бо ин супоришаш гӯё болои нони ҷонишини шеф равғани думба рехт. Наҳтутӣ Эркаевна табассумкунон “хуб шудааст, сардор” гуфту бо такаббур ҳамаро аз назар гузаронд.

Воқеан, Ҳалимшоҳ Сиамиевичро Ғурбаталӣ ном ниҳодани Ҷӯрабой дуруст аст. Зеро ӯ мудом барои кори ночизе хӯрдагирӣ намуда, ғурбат мекард.

Шеф аз як сар супоришҳои додаашро талаб кард. Бо вуҷуди иҷро будани супоришҳои ҳафтаина ӯ аз ҳарфҳои талху туршаш рӯ натофт:

— Вализода, ту камбудӣ дорӣ, маводат хом. Умуман, ҳамаатон беҳавсала, ба кор дасту дили гарм надоред. Чӣ, ба ҷои шумо ман кор кунам?!

Сардор ба рӯи кормандон як-як зеҳн монда, хитоб кард:

— Муллосоқӣ, маводҳои ту канӣ?

Соқибек китф дарҳам кашид:

— Корҳои ман иҷро, сардор. Саҳар ба дасти котиба супоридам.

— Барои чӣ саҳар? Бояд ду рӯз пеш дар болои мизи кории ман мешуд. Ту бачаи ҷавон аз ҳама дида танбалӣ. Аз таҷрибаи Ҳамзабек истифода барӣ, намешавад?! Намебинӣ, ки дар як лаҳза супоришро чи тавр иҷро мекунад!? (Ҳамзабек машваратчии доимии сардор аст).

Сардор кори Ҳамзабекро, ки ба қавли арабҳо бародари разоияш буд, ҳамеша намуна нишон медод. Ҳол он ки, Ҳамзабек маводҳояшро аз бастаи рӯзномаҳои солҳои шӯравӣ рӯбардор мекарду бо ибораву сархатҳои ночаспон пешкаш менамуд. Шеф ҳам барои нафаҳмидани кормандон ба қадри услубу гарамматикаи медонистааш матлаби акахонашро исмоилдавон барин ҳамвор мекард.

Аз баёни ду масъалаи маҷлис ҳама якҷоя заҳри неши забони шефро чашиданд.

Кормандон дафтарҳои қайдашонро пӯшиданд. Соқибек, ки дар паҳлуи рафиқи собиқадораш нишаста буд, бо ишора фаҳмонд: “Ҳамааш гузашт. Шеф масъалаи суботро мебинаду тамом”.

Ин лаҳза садои бовиқори Ҳамзабек диққати ҳамаро ба худ кашид:

— Масъалаи шанбегиро бин, шеф. Саҳни идора пур аз баргу чӯбу чахс. Ягон кас аз берун ояд, айб мешавад. Тоза кардан даркор.

Сардор дилашро холӣ накарда будааст, ки яку якбора таркид:

— Субот намепарад! Ҳоло масъалаҳо бисёр.

Ӯ коғазҳои титу парешони болои мизро ба тартиб дароварда истода, варақеро баровард:

— Бо чашмони саратон бинед, ки қарзамон чи қадар. Хароҷотро камтар кунед. Махсусан, шумо Соқибеку Ҷӯрабой. Чӣ, шумо гармшавӣ омадед ё кор!? Ҳар сол гармкунак иваз мекунед. Хароҷотро аз куҷо мепӯшонем?!

Ба шумо оҳиста гӯем, ки имсол сардор, ҷонишин ва мушовир ҳама бо гармкунакҳои замонавӣ таъмин шуданд. Пургӯӣ нашавад, Ҳамзабеки машваратчӣ дар ду соли ба кор омаданаш се гармкунакро вайрон кард. Худи шеф дар як сол сари ду батареяи замонавиро хӯрд. Печкаи сабилмондаи ҷанҷолии утоқи Соқибой умри ҳафтсола дорад. Ҳафт сол пеш дар давраи роҳбарии сардори пешина харидорӣ шуда буд.

Шеф лаҳзае хомӯш монду ба Ҷӯрабойе, ки ба ӯ ҳақи устодӣ дорад, садо баланд кард:

— Ака хайр камтар. Аз чор тарафат гармӣ мемонӣ. Инҷо Хоҷаобигарм не-ку, идораи давлатӣ. Андак дар ғами идора ҳам бошед охир. Ин хел рафтан гирад, қарз ба осмони ҳафтум мерасад. Намебинед, ҳама разеткаҳо сӯхтанд?! Сахт нарасад, аз ин пас аз кисаатон харед, пул мул нест.

Сардор рӯ сӯи Соқибек карда, гуфт: «Ту ҳам ҳушёр шав! Печкаатро бурда дар анбор мон. Дар як утоқ як печка бас».

Соқибек беҷуръатона овоз баровард:

— Ака, утоқи мо калонтар, ман рости даромадгоҳ мешинам. Вақти даркушоӣ хунукӣ рост ба ман мерасад.

Соқибек чизи дигар ҳам гуфтанӣ буд, ки шеф суханашро бурид:

— Ҳафшангӣ нахон. Аз кай боз ту маҳмадоно шудӣ? Чизе гуфтам, иҷро кун!

Соқибек аз шарми лабханди Наҳтутӣ Эркаевна сар хам кард.

Дар масъалаи хариди каму кости утоқҳои корӣ ҷойи ҳарф нест. Бовар кунед, бе ин ҳам Ҷӯрабойи солхӯрда баъди як бори муроҷиат ба ҷонишини шеф, ки он ҳам иҷро намешуд, ҳамаи сарфу харҷи утоқи кориро аз кисааш медод.

Ҳамин тавр, шеф бо тавсияи Ҳамзабек рӯзи ҷумъаро шанбегӣ эълон намуда, маҷлисро пӯшид. Кормандон як-як аз дар баромаданд.

Баъди маҷлис Наҳтутӣ Эркаевна пайи иҷрои супориши шеф аз утоқҳои корӣ печкаҳоро ҷамъ карда, дар анбор маҳкам кард. Ҷӯрабой ба шогирдаш нигариста, “мешудааст д-а-а” гӯён, дилу бедилон дар утоқи хунук ба хондани рӯзномаҳои болои миз сар хам кард.

Соқибек бо нидои тасаллоомез «ҳамааш мегузарад ака, чархи фалакаш ҳамин» гӯён, Ҷӯрабойро дилбардорӣ кард.

Баъди маҷлис кормандон нони даҳонамон нимта нашавад гуфта, пиру ҷавон ҳама соати ҳафт, баъзан пеш аз фаррош дар идора ҳозир буданд. Зеро медонистанд, ки ҷонишини шеф ҳеҷ гоҳ яки сардорро ду намекунад. Худаш бошад, кай вақте хоҳад, ҳамон вақт меояд. Ба аёдати кампири модараш рафта бошад ҳам, “ба идораи молия рафтам”, ба “нозироти андоз рафтам” гуфта, ҳиҷ номашро сиёҳ намекард.

Ҳа, аз шанбегӣ ҳам бехабар намонед. Машваратчӣ Ҳамзабек касали дил. Чун пештара миёнашро ҳам хам накард. Наҳтутӣ Эркаевна дар роҳрав ҷунбон-ҷунбон қадам зад. Ҷӯрабойи солхӯрдаву Соқибек донистанду ҷорӯбу шохӣ. Фаррош таҳти супоришҳои Наҳтутӣ Эркаевна гоҳ ҷорӯб мегирифту гоҳ сатил.

Шавқоварашро охири моҳ дидем. Вақти маошгирӣ аз ҳар нафар то 20-30-сумӣ гардонданд. Ҷӯрабой, ки дар ҳамсоягии идора истиқомат дораду аз ҳама пеш ба кор ҳозир мешавад, гӯлу гаранг монд. Вақте сабаб пурсид, Наҳтутӣ Эркаевна беистиҳола даҳан боз кард:

— Фалон рӯз аз соати даҳуним то нисфирӯзӣ дар утоқатон набудед…

«О, ман пайи иҷрои супориш ба шуъбаи кишоварзӣ рафта будам» гуфтани Ҷӯрабой ғазаби главбухро баланд кард:

— Чӣ фарқ дорад, маро огоҳ мекардед?! Аз ин баъд ҳар ҷое мебароед, ғайри ҳоҷатхона, бояд ман донам.

Ҳар кӣ ҳамин гуна “камбудӣ” дошт, бо лаби баста дар ведомост имзо гузошта, “миннатдорона” аз утоқ берун шуд.

Собир РОЗИҚОВ,

рӯзноманигор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here