Эҷоду иҷрои асари мусиқии асилу аз дил бархоста ва шунидани онро андешамандону орифони воқеъбину нозукбин, худ ибодати воқеӣ  шуморидаанд. Дар ҳар давру замон доир ба мақому манзалати   эҷодкору сарояндаи борҳунару махмалиново, ба истилоҳ довудилаҳн, бардошти маънавию зебоиманишии эҷоду иҷрои мусиқии саршор аз ифодаю перояҳои дар вуҷуди шунаванда  падидоваранда, назаридонони мусиқӣ, шеър ва зебоишиносӣ (эстетика),  нукоти рангин баён намудаву он нукоти нафис чун андарзҳои мондагор, зеби навиштаҳои таърихию фалсафӣ, мусиқӣ ва зебоишиносӣ шудаанд. Ба ибораи дигар ҳар ҳунари эҷод ва иҷроии аз дил бархоста, муҳру имзои хоси худро дар саҳифаҳои таърих касб менамоянд, яъне эъҷози ҳунари асил, сабк ва равияи волоҳунарӣ новобаста аз тағйири сохтори ҷамъиятӣ, боло гирифтани таассуботи мазҳабӣ, динбозӣ ва фишорҳои бесомони сиёсӣ он дар  вуҷуди пазирандагони хирадманишу огоҳ нақши боризи бадеӣ ва маънавию зебоиманишии худро мегузорад. Ҳунари эҷодию иҷроии ноб бо такя ва бардошти эҷодкоронаю ҳунарӣ ба суннатҳои дерини устодона рӯи саҳна омада ва побанди абзори сиёсию ситовашии рӯзмара набуда, умри дерини пазирандагӣ касб хоҳанд намуд.

Дар масири таърих шоҳкориҳои шеърию мусиқии мо ва волотарин арзишҳои мондагори саршор аз асолату тавонмандиҳои эҷодию иҷроии рангомез, тавассути ҳунари олишони иҷрогарони борҳунар умри ҷовидонагӣ касб кардаанд. Воқеист, ки падидаҳои асилҳунарӣ ба сози хубу овози хуб, мавзун, ҳунари борҳунарона дар ҳама давраҳои таърихӣ  ниёз дошт ва дорад. Дигаргунии тавсифи ин такятавонҳои ҳунарӣ, мусиқии асил, иҷрои рангомез дар сози хубу овози хуб ва шунавандаю пазирандаи шеъру мусиқӣ чирагӣ касб менамояд.

Завқу маниши эҷодию борҳунарона ҳамеша такяи асосии рангомезӣ ва танаввӯъоти ҳунарӣ хоси санъати эҷодӣ ва иҷроии шеъру мусиқист. Дар рӯи саҳна овардани ин арзишҳои асили эҷодию иҷроӣ, молоиҷроии  шеъру мусиқии тоҷик дар фазои худию ҷаҳонӣ хидмати чеҳраи намоёнҳунари касбии иҷроии тоҷик- Артисти халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Комсомоли Тоҷикистон РСС ва Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқӣ устод Ҷӯрабек Муродов барозандаю муассир аст.

Дар ҳунари эҷод ва иҷроии устод Ҷӯрабек беш аз ҳама падиди мавзӯоти гуногун, ҷустуҷӯҳои ҳунарӣ, нигаҳдошти ифодаҳои рангомези иҷроӣ, рӯи саҳна овардани симои худи сароянда, мушкхонии анъаноти овозхонӣ, бо бозтобу такмил, бардошти тозаи эҷодӣ аз сарвати беканору дороии шеърию мусиқӣ ва ҳамсон ба тавонҳои бадеию зебоишиносӣ, кору пайкори рангини эҷодиаш мебошанд. Ӯ чун эҷодкору иҷрогари борҳунар дар вуҷуди шунавандагон парваридану талқини маънӣ, арзишҳои асилу волоиҷроии мусиқӣ, рӯи саҳна овардани маъниманишӣ, гулчини сухани ҳамсанг бо оҳанг, бардошту коркарди ҳунарӣ аз ифодаҳои рангомези таҳрирсароии рангомезҳунарӣ, фароххонию шодонасароиҳои равшану дилнишастагӣ хоси овардакориҳои ҳунарии ӯст. Аз ин хотир, санъати эҷоду иҷрои устоди мусиқии мо дирӯзу имрӯз ҳамқадами замон, ҳамнафасу ҳамрози шунаванда, сурудаву созу овозаш  аз забон бархоста ва бар дилҳо нишастаанд.

Устод Ҷӯрабек ҳунарманди фазояндаю аз чеҳраҳои бисёр ошно дар фазои мусиқиии Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ва бурун аз он аст, ки тоҷикро тоҷикона, чун мардуми фарҳагсозу фарҳанговар   муаррафӣ  менамояд. Суруду шеваи махмалиниҷроии ӯ ҳамсадои дили шунаванда ва ҳамрадифи суннатҳои дерину асилэҷодию асилиҷроии дирӯзу имрӯз аст. Новобаста бо гузашти солҳо, рухгирии таҳаввулоти  иҷтимоию сиёсӣ, дигаргунамаобии мизону бардоштҳои бадеию зебоишиносӣ, рӯи кор омадани қолабэҷодию якнавохтиҷроӣ, косташавии завқу салиқаи мусиқипазирии ҷомеа санъати иҷроии устодона, санги сари роҳ, диду бардошти пазирандагони ҳунарашро ноҷӯр насохт. Аз ин рӯ, шеваи хосу махмалин, молоҳунарии иҷроияш дар фазои иҷроии имрӯзи тоҷик ва Осиёи Марказӣ пазирандаю фазоянда  аст.

Устод Ҷӯрабек ним сада инҷониб бо созу лаҳни махмалину марғулиаш ба дилҳо сафою ба равони одамон суру сафо мебахшад. Ним сада аст, ки созу овозаш фазои шеъру мусиқии тоҷик, Осиёи Марказӣ ва бурун аз онро рангомез менамояд ва созу овози махмалинаш сафобахши руҳу равони дӯстдрони шеъру мусиқист. Ӯ борбадивор ва рӯдакисон созу тарона, чакомаю сурудҳои сидқу вафо эҷоду иҷро менамояд. Кори эҷодию иҷроии ӯ дар руҳу тавони тоза бахшидан ба мероси симоҳои камназири мусиқиамон- Ҳоҷӣ Абдулазиз (1850-1936), Содирхон (1847-1933) дар марҳалаи нави таърихӣ камназиру шоистаҳунарист. Ӯ аз зумраи ҳунарваронест, ки дар мероси мусиқии устоди мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз диди нав, руҳи нави иҷроиро бо сухани пурбори бадеию зебоишиносии шеърияти классикии тоҷик пайванди нави таърихӣ дод. Ин кори ҳунарии устод Ҷӯрабек дар ду шоҳкории мусиқии ҳунарвари бузург Ҳоҷӣ Абдулазиз «Гулъузорам» (матни ҳамсону ҳамвазни тоҷикӣ ба ғазали Шоҳпури Нишопурӣ танзим намуда), «Бозургонӣ» (бо ғазали ноби Саъдии Шерозӣ) аз иҷрои мусиқивору борҳунарона мебошад.

Устод Ҷӯрабек барандаи унвонҳои ифтихорбору ҷоизаҳои баландпояи ватанию хориҷист ва ӯ бо хоксории ба худаш хос мегӯяд: «Ин  ифтихорот фақат нисбати ман нест, ин нишони сипосу қадрдонӣ аз адабу ҳунари олишон ва мондагору инсонмандии тамоми чеҳраҳои ҳунарии тоҷик аст, ки ба намояндагӣ аз тамоми соҳибҳунаронамон мебошад ….».

Ӯ дар тамоми фаъолияти пурбору рангомези эҷодию иҷроияш ҳамеша   дунболи рӯи саҳна овардани вижагиҳои хоси эҷодию иҷроии мероси мусиқии тоҷик дар иртибот ба мероси мусиқии ҳамсоягон аст, ки дигарон дар ин замина кам коранд ва ё завқу салиқаи иҷроӣ, овозашон даст намедиҳад. Чунонк қаблан зикр шуд, суруди устодонаи Ҳоҷӣ Абдулазиз «Гулъузорам»-ро сарояндагони зиёде сурудаанд, вале ҳеҷ кадоме чун устод Ҷӯрабек дар кашфи ниҳодҳои дарунию равонию молоиҷроии ин асар (ба сухани тоҷикӣ) муваффақ нашудаанд. Дар санъати эҷодию иҷроии Ӯзбекистон ҳам дар иҷрои ин шоҳкории мусиқӣ иҷрогарони ҳирфаию ғайриҳирфаӣ кори зиёди иҷроӣ ба харҷ додаанд. Кори иҷроии устод Ҷӯрабек дар иҷрои ин шоҳкориҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз ифода ва тавони нави бадеию зебоишиносии мусиқӣ касб кард. Устодони мусиқиамон Шоҳназар Соҳиб ва Фазлиддин Шаҳоб аз  пешкаши нави иҷроии устод Ҷӯрабек бисёр муассир буданд ва «ин лаззатест хоси гӯшҳои ҳунарпазир ва рангомезии талҳиноти Ҳоҷӣ боборо Ҷӯрабек тоза дарёфтааст».

Санъати эҷодию иҷроии устод Ҷӯрабек парвардаи фазо ва замони муайян буда ва дар ин масир аз ҷониби мардум ҳамеша истиқбол шуда аст ва ҷои пазиришаш ҳам бомуҳаббатона аст. Сирҳои муассири санъати иҷроии устод Ҷӯрабекро бояд аз даруни он берун кашид ва ҷустуҷӯ намуд. Муассирияти лаҳни иҷроии ӯ мисли забони мо абиру шедлаҳн, рангомез ва гӯшнавозу чарбовост. Агар хоҳем, ки рангомезии ҳунари овозхонии устод Ҷӯрабекро ҷиддитар омӯзем, бояд онро бо сабки иҷроии устодони пештози санъати иҷрокунандагиамон дар муқоиса натиҷагирӣ намоем.

Устод Ҷӯрабек дар санъати иҷроии худию ҳамсояҳои дар ба девору  марказҳои тамаддуни дерини мо корҳои ҳунарии чашмбину шунидании муассирро ҳам рӯи саҳнаи иҷроӣ овардааст.

Кори ҳунарии устод Ҷӯрабек дар заминаи рӯи саҳна овардани осори мусиқии мардумӣ, бо тозаҳунариҳои эҷодию иҷроӣ корбаст, намунаи хубу ҳунаронаи сурудҳои «Фирӯз», «Кошлари қаламлар», «Тоҷику ӯзбек». «Фарғона то субҳидам», «Замину осмон» ва амсоли ин метавон натиҷагирӣ намуд.

Мусиқӣ дар ҳама давру замон новобаста аз таассубу фишори хурофот, носазогӯиҳо ба овоз ва санъати иҷроии воқеӣ, диду бардошти фитрии хос сару кор дошт ва авомили асосии пешрафти он молоҳунарӣ буд.

Устод Ҷӯрабек дар марҳалаи на чандон тӯлонии эҷоду иҷроии борҳунаронааш мушоҳиди таҳаввулоти муассири сиёсию фарҳангӣ, иштирокдори бисёр ҷашнвораҳои бузурги ҳунарии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бурун аз он буда, бо чашму дили некбинона, ҳимоят аз арзишҳои фарҳанги миллӣ, ҳунарнамоӣ намудааст. Хидмати садоқатмандона ба манфиати фарҳанги мондагор устод Ҷӯрабекро ба чеҳраҳои тобноку муассири Шарқу Ғарб, инсонҳои одии созандакор рӯ ба рӯ намудааст.Суруд ва санъати махмалини иҷроии ӯ зеби ҳар хонадон, ҷашнвораю тантанаҳои бузург гардида аст. Созу овози дилнавоз ва руҳпарвараш равони мардумро шоду нурполо менамояд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҳунар, шахсияти устод Ҷӯрабек дар санъати эҷодию иҷроии садаи ХХ- ва оғози садаи ХХ-и тоҷик симои камназири ҳунарист.

Хуҷаста бод зодрӯзи ҳунарманди нотакрор ва поянда бод эҷоду иҷрои  ҳунари асил!

Аскаралӣ Раҷабов, профессор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here