Дар Истаравшан якчанд ҳунарҳои миллӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва то ҳол сафи ҳунармандоне, ки бо ҳунарашон ризқу рӯзӣ меёбанд, дар ҳоли афзоиш аст. Масалан, муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан 320 нафар ҷавонро ба омӯзиш фаро гирифтааст, ки ба онҳо ҳунармандони собиқадор сабақ  медиҳанд.

Тавре директори коллеҷ Насриддин Хоҷаев дар бораи фаъолияти муассиса гуфт, муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо ташаббусу ҳидояти Пешвои муаззами миллат соли 2009 таъсис ёфтааст.

— Ҳадафи асосии таъсис додани ин муассиса аз худ кардани ҳунарҳои суннатӣ ва ривоҷу равнақ додани он аст, — мегӯяд сарвари муассиса.- Сабаби асосии маҳз дар шаҳри Истаравшан таъсис додани коллеҷ дар он аст, ки Истаравшанро ҷаҳониён ҳамчун шаҳри ҳунармандон мешиносанд.

— Соли 2018 аз рӯи грантҳои мактаби олӣ, ки пешниҳод шуда буд, панҷ даври омӯзишӣ оид ба намуди ҳунарҳои кандакорӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, риштаҳои ороиш бо муваффақият гузаронидем. Дар даври омӯзишии кӯтоҳмуддати шашмоҳа қариб 80 нафар ҷавонони бекасб соҳиби касб шуданд. Дар тӯли даҳ соли фаъолияти муассиса зиёда аз дусад намоишҳо гузаронида шуд, ки на танҳо дар миқиёси чумҳурӣ, балки дар миқёси байналмилалӣ дастранҷи донишҷӯёни ҳунарвари коллеҷ пешниҳод карда шуд,- натиҷаи фаъолияти муассисаро шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, маҳсули ҳунари ҳунарварони ҷавонро ду маротиба дар фестивали байналмилалии “Сураҷ Кумели” дар шаҳри Деҳлӣ солҳои 2010-2017, дар давлатҳои Муттаҳидаи Араб дар тӯли ду моҳ, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон се маротиба дар намоиши умумиҷаҳонии “Шарқ юлдузлари”, инчунин дар Ҷумҳурии Корея, Русия, Германия, Қазоқистон ва Қирғизистон намоиш додаанд.

Аз рӯйи гуфтаи ҳунармандон, Истаравшани бостонӣ айни ҳол зиёда аз сад ҳунарро зинда нигоҳ доштааст. Дар ин муассиса зиёда аз 11 ҳунар омӯзонида мешаванд, аз ҷумла, наққошии миллӣ, кундалкашӣ, кордсозӣ, шамшерсозӣ, заргарӣ, мисгарӣ, гаҷкорӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, армуғонсозӣ ва тарроҳии либосҳои миллӣ.

Гуфта мешавад, ки бинои нави коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба муносибати 30- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба бинои нав кӯчида, шумораи ҳунарҳои омӯзонидашаванда зиёд хоҳад гардид.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here