Ҳунар иброзкунандаи истеъдоди башарият ва чашмаи шодобкуннадаи хушкиҳост, ки метавонад дар ҳар вазъ шахсро аз вартаи фаношавӣ ва ҷодаи мушкилот раҳоӣ бахшад. Шахси ҳунарманд дарахтеро мемонад, ки ҳамеша сарсабз аст ва аз маҳсули шохаҳояш (дастонаш) ҳамеша коми дигаронро ширин месозад.

Ҳунар тимсоли пулест, ки шахсро ба масири комёбиву муваффақият мебарад. Он монанд ба киштиест, ки намегузорад дарёи ғафлат ғарқ гардонад. Шахси ҳунармандро ба дигаре муҳтоҷӣ нашояд, зеро маҳсули дастони ӯ ин сармояи ӯянд. Асло наметавон гуфт, ки омӯзиши ҳунар зоеи беҳудаи вақт аст, зеро ки дунёро низ дастони ҳунарманд офаридааст. Ҳунарманди оддӣ не, балки соҳибмаҳорате, ки ҳар як нозукии онро бо маҳорати хос тасвир намудааст, яъне гулро бо хору сангро бо хок омезиш бахшидааст. Дар оғӯши куҳҳои сарсахт сарвату маъданҳои гаронмоя кашф карда, дар қалби дарёҳои пуртуғён сангро офарид. Ҳунармандони дигар ба ин муъҷизаи дастон аҳсант хонда аз пайи пайравӣ шуданд. Ҳамин аст, ки имрӯз ин қадар зебоиҳоро офарида ҳунармандони даври мо, ки ҷилояшон дидаро маҳбуту синаҳоро тасхир месозад.

Аз хурдӣ орзуи онро доштам, ки бузург шуда ҳунари зебоеро аз худ намоям. Он нақшҳое, ки аз дастони ҳунарманд мерезад, рағбати маро ба ин самт пурзӯртар месохтанд, зеро тазодҳои зиндагӣ маҳз дар нӯгӣ қалами ӯ моил ба афтидан рӯи сафедӣ мегардад. Ин хоҳиши зиёд маро водор ба он намуд, ки аз ҳаёти кулолгарон воқиф гардида, то ҷое аз нозукии эъҷози дастонашон огоҳӣ ёбам. Назорҳои пайвастаи амалҳояш қалби ба ваҷд омадаи маро мафтунтар менамуд. Кулолгар нафарест, ки бо дастони эъҷозкори худ аз гили оддӣ маҳсулотҳои нотакрори мунаққаше меофарад. Воқеан ҳам, ҳунар чашмаи зоянда будааст.

Истиқлолият дар баробари дигар музаффариятҳояш ба миллати мо дастовардҳоеро рӯйи кор овард, ки хурду бузурги ҷомеаи кишвар то истиқлолият орзуи онҳоро дар дил мепарвариданд. Пиронсолоне, ки дар замони Шӯравӣ зиндагӣ ва фаъолият намудаанд, мегӯянд, ки бештари китобхонаву дабистонҳои замони шӯравии кишвар, хусусан дар деҳот, дар ҳолати тоқатфарсо қарор дошт. Асбобу анҷоми ҳозиразамони китобмонӣ як сӯ истад, дар бисёр синфхонаҳо ва китобхонаҳо мизу курсӣ намерасид, ки ин албатта ба рафти донишандӯзии хонандагон таъсири манфӣ мерасонид.

Бо ба даст омадани истиқлолияти комили давлатӣ дар аксари деҳоти мамлакат бинои куҳнаву фарсудаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра азнавсозӣ гардида, синфхонаву толорҳои китобхона ва варзишии барҳавову равшан, вагонҳои тангу торикро иваз карданд, бар ивази оташдонҳои чӯянии замони шӯравӣ, ин муассисаҳо бо маркази ягонаи гармидиҳии автономӣ таъмин гардида, зарурати дар синфхонаҳо нигоҳ доштани оташдонҳои сердуд аз байн рафт. Ҳамчунин қариб дар ҳар деҳа, мағозаву толорҳои варзишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар замони пеш аз истиқлол дар чанд деҳа ва гоҳҳо дар ҳудуди як ноҳия, ҳамагӣ як мағоза мавҷуд буд, ки талаботи аҳолии маҳалро ба пуррагӣ қонеъ карда наметавонист. Бо шарофати ба даст омадани Истиқлолияти давлатии кишвар, аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳот азнавсозӣ гардида, бо тамоми техникаву таҷҳизоти замони муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, синфхонаҳои компютерӣ ба шабакаи интернетӣ пайваст карда шуданд, ки ин иқдом албатта барои равнақ додани донишашон ва аз худ намудани барномаҳои пешрафтаи мамолики мутараққии дунё мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти он, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, имрӯз аз дирӯз ба куллӣ фарқ мекунад ва насли ояндасози мо низ набояд аз замона қафо монад ва аз пайи омӯзиши забонҳои ҷаҳонӣ ва илму техникаи муосир гарданд, то дар рушди инфрасохтори деҳот ва дар умум кишвари азизамон саҳмгузор бошанд. Зеро бо рушд намудани инфрасохтори деҳот метавон сайёҳони хориҷиро ба шакли нави сайёҳӣ ҷалб намуд, ки ин навъи сайёҳӣ дар ҷаҳон маъмул ва машҳур гаштааст.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021, ҳамчун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бозгӯи он аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё, дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд намояд, сифати хизматрасониро боло бурда, ба сатҳи байналмилалӣ расонад, то шумораи сайёҳони хориҷӣ сол то сол афзоиш намуда, даромади буҷаи мамлакат ғанӣ гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, аз ҷумла ташкили инфрасохтори деҳот барои фароҳам намудани ҷойҳои кории холӣ мусоидат намуда, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон сабаб мегардад.

Аз ҷумла рушди инфрасохтори деҳот ба он мусоидат мекунад, ки сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд ва дар навбати худ соҳибкорони моро зарур аст, ки дар деҳаҳои минтақаи зист ва зодгоҳашон меҳмонхонаҳои тозаву озода ва дорои шароити муосири хизматрасониро сохта, бо таъсиси сомонаи махсус онро реклама кунанд. Ҳамчунин соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки дар шафати меҳмонхонаҳои худ марказҳои дилхушиву толорҳои варзиширо сохта, ба истифода диҳанд.

Пешвои миллат офаридаҳои ҳунармандони кишварро ба инобат гирифта, солҳои 2019 – 2021- ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хонданд. Эълони мазкур заминаи мусоидест, ки шумораи ҳунармандонро аз ҳисоби ҷавонон афзуда, фардои ин миллати куҳанбунёду ҳунарманд ва соҳибтамаддунро дурахшонтар мегардонад.

Таибов С.А., сардори шуъбаи иттилооти ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here