Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» на танҳо дар таърихнигории Ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандоза бузургеро соҳиб гардидааст. Бесабаб нест, ки шоҳасари «Тоҷикон» дар илми ховаршиносии шӯравӣ падидаи ниҳоят муҳим ва навгонии беназир мавриди эътироф гардидааст. Зимнан иқрор кардан ҷоиз аст, ки аксари муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ ба он ақидаи комиллан дурусти илмӣ ва ҳаётӣ омадаанд, ки шоҳасари «Тоҷикон»—и Бобоҷон Ғафуров аз ҷиҳати масъалагузарӣ, таҳқиқу пажуҳиш, таҳлилу муқоиса ва хулосаву ҷамъбаст аз дигар асарҳои илмиву тадқиқотӣ ба куллӣ фарқ мекунад ва он дар сатҳи ниҳоят баланди илмию эҷодӣ таълиф ёфтааст. Ҳатто муҳаққиқ дар он масъалаҳои муҳим ва тадқиқталаберо, ки мавриди баррасӣ ва таҳқиқи проблемавӣ гузаштааст, ба муҳққиқони оянда роҳи васеъ мекушояд ва ҳамзамон муайян месозад, ки тадқиқотчиёни ҷавон ба кадом масъалаҳои мубрам ва тадқиқталаб бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва ба кадом самтҳои афзалиятнок корҳои илмиву таҳқиқотӣ баранд. Аз ин лиҳоз, шоҳасари «Тоҷикон» ба доираи васеи муаррихони тоҷик ҳамчун қутбнамои корҳои илмиву тадқиқотӣ аз таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад.
Бобоҷон Ғафуров то рӯзҳои вопасини зиндагии худ пайваста машғули тавзеъ ва такмили асари асосиаш «Тоҷикон» буд. Дар бадали 30 соли кори эҷодии худ дар сари таърихи халқи тоҷик, Б. Ғафуров ҳаҷми асарашро се маротиба зиёд намуда, онро аз як китоб ба ду китоб мерасонад. Ин асар ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав шаш маротиба ба табъ расидааст. «Тоҷикон» на танҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ва ғунҷоиш, балки бештар мазмунан низ ғанӣ ва пурра гардидааст. Академик Бобоҷон Ғафуров китоби худро пурра намуда, орзу дошт, ки «Тоҷикон» ҳарчӣ зудтар ба забони тоҷикӣ нашр шуда, дастраси доираи васеи хонандагон гардад, вале ин орзуи олим пас аз маргаш ҷомаи амал пӯшид. Ҳангоми ба чоп омода намудани «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ бодарназардошти афзоиши ҳаҷми нашрия (75 ҷузъи чопӣ, бо сабабҳои техникӣ), муҳаррири масъули китоб Аҳрор Мухторов мувофиқи ризоияти муаллиф асарро ба ду ҷилд тақсим намудааст. Воқеан, ҷилди аввал, чаҳор фасли нахустинро (то асри ХVl), ҷилди дуюм бошад, давраи аз асри ХVl то ғалабаи Инқилоби Октиябрро дарбар мегиранд. Дар соли 1983 нашриёти «Ирфон» китоби якум ва дар соли 1985 бошад, китоби дуввми «Тоҷикон»-ро ба хонандагони деринтизор тақдим намудааст. Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ба забони тоҷикӣ тайёр кардани асари худ, маълумотҳои манбаъҳо ва тадқиқотҳои гуногунро то аввали соли 1977 моҳирона истифода бурда, иловаҳои эҷодӣ ва тасҳеҳ ворид намудааст.
Чуноне муҳаққиқони номӣ таъкид месозанд, ки Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари «Тоҷикон» тарзу усули нигориши ҷаззоб ва дилфиребро куллан риоя намудааст ва асари мазкур ҷанбаи пурқуввати илмии академиро соҳиб шудааст, вале бо вуҷуди он, асар бевосита ба тариқи оммафаҳм нигошта шудааст ва шахси андак босавод онро мутолиа намуда, аз он пурра баҳраманд шуда метавонад. Зимнан, тарҷумаи тоҷикии асар (нашри солҳои 1983, 1985) бори дигар равонии тарзу усули нигориши ин шоҳасарро собит менамояд. Бешаку шубҳа, хусусияти умда ва хоси олими мумтоз Бобоҷон Ғафуров дар он таҷассум меёфт, ки ӯ аз сарчашмаҳои хаттӣ, манбаъҳои сершумори таърихӣ, санаду ҳуҷҷатҳои нодир, асноди бойгонӣ ва амсоли он васеъ ва ба мавқеъ истифода мебурд. Масалан, муҳаққиқи заҳматкаш ва тозакор танҳо дар ҷараёни таълифи нашри тоҷикии «Тоҷикон» беш аз 2000 номгӯй сарчашмаҳои ватаниву хориҷӣ, монографияҳо, брошюраҳо ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода бурдааст, ки ки аз онҳо 367 ададашон ба қалами олимони хориҷӣ мутааллиқ мебошанд, ҳатто барои дастрас намудани баъзе аз онҳо худаш махсус ба хориҷа сафар карда, онҳоро бо машақатҳои зиёд мутолиаву коркард намудааст.
«Тоҷикон» аз ҷумлаи китобҳои муқаррарӣ нест, он таърихи сеҳазорсолаи халқест, ки роҳи дуру дарозеро тай намуда, қариб дар ҳар як марҳилаи таърихӣ барои ҷисман зинда мондан, барои осори маданиашро ҳифз намудан, барои ҳаққу ҳуқуқи маънавияшро барқарор намудан пайваста мубориза бурдааст. Ба қавли комили академик Акбар Турсон, он асарест, ки худи ҳозир ба китоби рӯимизии ҳар як фарди тоҷик табдил ёфтааст, онро аллакай мардум дар мағозаҳо кофта мегарданд, якбора чанд нусхагӣ харида, ба фарзандон ва хешовандонашон тақдим менамуданд.
Воқеан, ин асари нодир ба аксарияти олимони шарқшиноси ватанӣ ва ховаршиносони хориҷӣ таассуроти оламшумул бахшида, Тоҷикистонро ба худаш ва берун аз он шинос намуд. Ин асар бо теъдоди 10 ҳазор нусха дар Маскав нашр шуда, мутаассифона, теъдоди ками он ба Тоҷикистон расид. Вале дӯконҳои китобфурӯшӣ ин китобро «зери остин» фурӯхтанд. Баъзе дигарон ба он китобҳои дигари аз фурӯшмондаро ҳамроҳ карда, бо нархи дучанду сечанд ба харидорон пешкаш мекарданд. Нархи китоб 4 сӯму 17 тин буд. Абдуллобек Муродов, бародари ҳофизи маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов ба А. Мухторов нақл карда буд, ки «Китоби Ғафуровро ман албатта, хонда мебароям, вале ин асар дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳатман бояд ҷой дошта бошад. Вай зимнан таъкид месозад, ки «Ман ин китобро кофта пайдо намудам. Лекин танҳо як нусхаи онро дастрас карда, 30 сӯм дода харидам». Ҳамин тариқ, шоҳасари Б. Ғафуров мухлису ҳаводори зиёде пайдо карда, дар фурӯш тухми анқо мегардид ва онро мардум аз нархаш ҳам баланд харидори менамуданд. Феълан Бобоҷон Ғафуров ба ин омилҳо диққат дода, боре суоломез изҳор медоранд, ки: «Аҳрорҷон! Нисбат ба оне, ки китоб дар рафҳои дӯкон чанг зер карда, хобад, ҳамин хел тала шавад, беҳтар не? Дар ҳақиқат ҳам, ин шоҳасар ба аксар мухлисону ихлосмандон чун доруи ҷонбахш дардудармон мегардад, ки аз он руҳу равони тоза ва ҳаловати ҷонбахш мебурданд. Ҳамзамон, дар ин хусус санаду бурҳонҳо кам нестанд, ки ба баъзеи онҳо истинод кардан ҷоиз аст.
Зикри он саривақтӣ аст, ки чӣ муҳаққиқону муаррихон, адабиётшиносону фарҳангшиносони дохилӣ ва чӣ коршиносону сиёсатмадорони хориҷӣ ба шоҳасари академики Академияи илмҳои ИҶШС, алломаи замон Бобоҷон Ғафуров тақризҳои илмию адабӣ иншо намуда, онро падидаи нави замон ва навгонии беамсоли даврон арзёбӣ намудаанд. Боиси тазаккур аст, ки саргузашти рангин ва қадамҳои ҷасуронаи шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро ёдрас намудан боиси ифтихори тоҷикон аст. Бино бар нақли доктори илмҳои таърих Гулрӯз Наврӯзов, мавсуф ба ватанаш Ишкошим меравад ва зимнан ба аёдати ҳамсояаш мӯйсафеди 82 сола рафта, батааҷҷуб мемонад. Ҳамсояи пираш гарчанде бемори бистарӣ бошад ҳам, вале дар даст «Тоҷикон»-и Ғафуровро нигоҳ медошт.Сониян, Г. Наврӯзов тааҷҷуб намуда, сабаби китобдории беморро мепурсад. Мӯйсафед посух медиҳад, ки «Агар ҳамин китобро аз дасти худ дигар ҷо гузорам, дарди ман боло мегирад». Бале, маҳз «Тоҷикон» давои дарди бедармони чандинасраи тоҷикон гардида будааст.
Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмиву фарҳангии на танҳо кишварамон, балки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаи рангини таърихшиносии шӯравӣ бо хати заррин сабт ёфтааст. Аҳамияти илмию амалии асари ҷамъбастии академик Б. Ғафуров танҳо бо он, ки вай яке аз тадқиқотҳои бунёдӣ ва муҳташам доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад, маҳдуд намегардад. Асари мазкур умуман дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми Машриқзамин саҳми бориз ва арзанда мегардад. Далели аз тарафи аҳли илм эътироф шудани маҳсули меҳнати олими тоҷик аз он иборат аст, ки ба «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров таърихшиносон, бостоншиносон, ховаршиносони номии шӯравӣ, аз қабили академикҳо Б. Б. Пиотровский, А. П. Окладников, М. П. Ким, Е. М. Жуков, И. И. Минс, М. А. Коростовсев, А. Л. Нарочнитский ва олимони шинохтаи тоҷик, академикҳо Б. Искандаров, С. А. Раҷабов, аъзо-корреспонденти АИ Тоҷикистон А. Мухторов, бостоншиноси номӣ В. А. Ранов, адабиётшиноси маъруфи тоҷик Х. Мирзозода, файласуфи кайҳоншиноси сатҳи ҷаҳонӣ А. Турсон ва дигарон тақризҳои илмиву эҷодӣ иншо намуда, ба он баҳои баланд доданд. Чунончӣ, дар тақризи худ ба ин асар, академикҳо А. П. Окладников ва Б. Б. Пиотровский чунин навиштаанд: «Мо дар даст тадқиқоти нави ҷамъбастии олимро дар ҳудуди 60 ҷузъи чопӣ дорем. Ин асари Бобоҷон Ғафуров натиҷаи заҳмат ва тадқиқотҳои бештар аз 30 солаи ӯ дар ин мавзӯст, барҷастатарин қисми фаъолияти илмии вай аст … Бобоҷон Ғафуров дар асари худ соҳиби истеъдоди фавқулодаи ба роҳбарӣ гирифтани методологияи марксистӣ-лениниро собит менамояд». Яке аз бостоншиносони барҷастаи шӯравӣ, академики АИ ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, лауреати Мукофоти Давлатии ИҶШС А. П. Окладников, ки дар таҳқиқи таърихи бостонии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон саҳмгузорӣ намудааст, дар рӯзномаи «Известия» доир ба «Тоҷикон» чунин навишта буд: «Рисолаи муҳташаму бунёдии Б. Ғафуров дониши моро доир ба таърих ва анъанаҳои яке аз халқҳои қадимтарини мамлакати мо-тоҷикон ғанӣ мегардонад ва ҳиссаи арзанда дар омӯзиши таърихи Ватан аст».
Бесабаб нест, ки зумраи зиёди олимони маъруф ва мутафаккирони барҷастаи ҷаҳон ба хидматҳои бузург ва кору пайкори беназири аллома Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд додаанд. Пиромуни китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ховаршиносони машҳури ҷаҳон, ба монанди Ричард Фрай, Иржи Бечка, Манфред Лоренс, Шоши Бушан, Нурул Ҳасан, Файз Аҳмади Файз, Ҳасани Донӣ, Сайид Муҳаммади Ҳаким ва чанде дигарон тақризҳои илмиву эҷодӣ ва ихтисосӣ таълиф намуда, арзиши баланд ва бебаҳои онро мавриди баҳс ва баҳогузорӣ қарор додаанд. Аз ин боис, китоби «Тоҷикон» дар хориҷи кишвар низ шуҳрат ёфта, дар байни шарқшиносони маъруфи хориҷӣ бо истиқболи гарм пазируфта шуд. Ба ин китоб дар ИМА, Олмон, Чехословакиё, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳо тақризҳои мусбати илмиву эҷодӣ ба чоп расиданд. Яке аз донишмандони маъруфи таърих ва фарҳанги Шарқ, муаллифи асарҳои «Мероси Эрон», «Бухоро» проффесори Донишгоҳи Гарвард Ричард Фрай (ИМА) дар маҷаллаи «Америка ҳисторик-эл ревью» («Ахбори муаррихони Амрико») мақолае таҳти унвони «Академик Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷикон» навишта, ба китоб чунин баҳои баланд медиҳад: «Беназирии академик Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё на танҳо аз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС -бузургтарин маркази ховаршиносие мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гаштааст. Агар зарурати тарҷумаи инглисии ягон асари русии оид ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он «Тоҷикон» аст». Инчунин, ховаршиноси маъруфи чех, доктор Иржӣ Бечка ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд ва ҳаққонӣ додааст:»Тоҷикон» на танҳо ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, балки таърихи тамоми тоҷикони Осиёи Миёна, ҳамчунин, қисмати бузурги Афғонистони имрӯзаро фаро гирифтааст. Аз ин лиҳоз, асар на танҳо барои халқи тоҷик, инчунин, барои донистани таърихи инкишофи тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти басанда дорад». Ба ғайр аз он, муаррих ва муҳаққиқи намоёни Афғонистон, профессори риштаи таърихи Донишгоҳи Кобул, доктор Ҷалолиддин Сиддиқӣ ба мазмун ва муҳтавои шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров эътибори бевосита равона намуда, саҳми барҷастаи муаллифро нишон медиҳад, ки шоистаи гуфтор ва таҳсин буда метавонад: ”Китоби «Тоҷикон» дар воқеъ асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгариҳои низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ акс ёфтааст. Ва фарозу дурудҳои ин халқро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва диққати олимона баён доштааст”. Президенти Анҷумани покистонии «Ҳамдард Нэшил фаундейшен» Ҳалим Муҳаммад Саид нақши илмиву адабии академик Бобоҷон Ғафуровро дар фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф намуда, чунин иброз медорад: «Б. Ғафуров дар тадқиқоти тамаддуни Осиёи Марказӣ-Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва қисме аз ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз зумраи нахустин муҳаққиқон аст. Фаъолияти ӯ дар омӯзиши ин масъалаҳо сабаби дар ЮНЕСКО ташкил ёфтани бастҳои (сексияҳо) алоҳида гардид. Бесабаб нест, ки саҳми бузурги илмӣ Б. Ғафуровро бо олимони бомаҳорати ҷаҳонӣ дар як қатор мегузорад». Фарзанди фарзонаи қирғиз, мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи шуҳрату шаҳомати ҷаҳонии академик Бобоҷон Ғафуров чунин андешаронӣ намудаст, ки он самимонаву ҷасоратмандона аст:“Бобоҷон Ғафуров базургтарин симоҳои илми ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯҳои доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш-тоҷиконро дар сафҳаи таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ӯ (дар давраи интератсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби»Тоҷикон», бешак қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мегардад”.
Академики АИ ҶШС Тоҷикистон М. С. Осимӣ пиромуни хизматҳои арзандаи ин марди хирадманд ва мутафаккири барҷастаи Машриқзамин чунин ибрози ақида намудааст, ки ҳақ бар ҷониби ӯст: «Тақдири миллат ва ҳифзи шаъну шарафи он то нафаси вопасин Бобоҷон Ғафуровро ором намегузошт. Ҳар гоҳ, ки дар бораи хизматҳои шоистаи Бобоҷон Ғафуров дар назди миллати худ сухан меравад, пеш аз ҳама, шоҳасари ӯ «Тоҷикон» пеши чашмамон ҷилвагар мешавад. Як худи ҳамин асар кофист, ки номи Бобоҷон Ғафуров дар саҳифаҳои таърихи халқамон бо ҳарфҳои заррин сабт шавад. Ва ҳол он ки тамоми фаъолияти бошууронаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ҳифзи шаъну шараф, баланд бардоштани обрӯю эътибори миллати тоҷик равон шуда буд».
Умуман асари Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби аҳли илм якхел қабул нашуда буд. Якчанд нафари олимон, ки ақаллиятро ташкил мекарданд, доду фарёд бардоштанд. Ҳатто ба муаллиф туҳмат карда, дар саҳифаи матбуот баромад карданӣ шуданд. Яке аз ин навъ олимон бостоншиноси ленинградӣ Вадим Массон буд. Ғафуров ба ин қабил олимон ҷавоби сазовор дода, асарашонро муҳофизат карда тавонистанд. Аксарияти олимони нотавонбин ва худхоҳу такаббур аз устод ҳарос мекарданд. Устод ба Аҳрор Мухторов боре гӯшзад карда буданд, ки ман боре бо В. Массон дар роҳрави Институт рӯбарӯй омада будам. Ӯ аз наздикшавӣ бо ман ҷуръат накарда, ба кадом як утоқи корӣ сар халонида, даромада, худро аз ғазаби ман халос намуд.
Ибрози он андеша низ мусаллам аст, ки доир ба шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар баробари бештар тақризҳои мусбӣ, инчунин баъзе фикру андешаҳои манфӣ низ нашр гардиданд. Масалан, доир ба асари Бобоҷон Ғафуров дар маҷаллаи «Гулистон» (органи расмии Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон) тақриз ба забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Таърих ва замон» нашр мегардад. Муаллифи он дар тақриз ақидаҳои таърихии Бобоҷон Ғафуровро ақидаи буржуазӣ ном бурда буд. Вале Бобоҷон Ғафуров офаридаҳои худро ҳама вақт бо санаду далелҳои эътимоднок ҳимоя мекард. Чуноне маҳаққиқон таъкид месозанд, ки «ба миён омадани асари бебаҳои Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар илм такони наверо ба вуҷуд овардааст. Баъзе олимони таҳрифкор аз эҷоди чунин асари пурарзиш доду валвалаҳои беасос бардошта, онро бепоя нишон доданӣ мешуданд. Маҳз тавоноии олими дақиқназар даъвои беасоси даъвогарони бефакту далелро дарун шинонида, ба оташи ғазабашон оби сард рехт…».
Агар “ Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров асари фундаменталӣ намебуд, ба чандин забонҳои олами мутамаддин тарҷума ва нашр намешуд. Шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр шуда, шуҳрати ҷаҳонии он боз ҳам афзун мегардид. Чунончӣ, дар соли 1977 “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони ҷопонӣ ва дар соли 1978 бошад, дар Варшава ба забони полякӣ аз чоп баромад. Соли 1984 дар Кобул “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро муаррихи маъруфи Афғонистон Ҷалолиддин Сиддиқӣ аз рӯи китоби якуми чопи Душанбе ба нашр ҳозир намуд. Баъд бо саъю кӯшиши ин олим китоби дуюми “Тоҷикон” омодаи нашр шуда, ба хонандагон ва ҳаводорони арҷманди тоҷики ҶИА дастрас мегардад. Мутафаккири машҳури афғон, собиқ раиси Китобхонаи Академияи илмҳои Афғонистон, Дӯстмуҳаммад Парвонӣ ба хидматҳои профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ, ки “Тоҷикон”-ро бо сифати баланд баргардон намудааст, баҳои ҳаққонӣ медиҳад: «Зимнан, “Тоҷикон”, ки бо эҳтимоми олими шинохтаи мо Ҷалолиддин Сиддиқӣ танзим ва ба ҳуруфоти арабӣ гардонида шуда, чоп гардид, воқеаи бузурге буд дар ҳаёти илмию фарҳангии Афғонистон. Асаре, ки ба забони хеле фаҳмо иншо гардидааст, ба хонандаи афғон перомуни таъриху фарҳанги муштараки мо сарчашмаи бебаҳои дониш аст».
Мувофиқи матлаб он аст, ки хушбахтона, пас аз чанд даҳсолаҳо аз намудҳои русиву тоҷикии шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ба қарибӣ бори нахуст аз ҷониби рӯзноманигори хушсалиқа ва тарҷумони варзидаи ӯзбек Ҳасан Бердиқулов бо маҳорати баланд тарҷума ва нашр шуда, ба хонандагони ӯзбекзабон дастрас мегардад. Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар тарҷумаи Ҳасан Бердиқулов дар ду ҷилд, дар ҳаҷми 1523 саҳифа ва қариб 300 аксҳои гуногуни таърихӣ нашр шудааст. Бино бар таъкиди тарҷумони нашри ӯзбекии ин шоҳасар- Ҳасан Бердиқулов, “тарҷумаи асар ба забони ӯзбекӣ аслан дар такя ба нусхаи русии он сурат гирифтааст, он аз ҷониби аҳли зиёи кишвар, хусусан олимони маъруфи ҷумҳурӣ якдилона пазируфта шудааст. Алалхусус даҳ нафар муҳаққиқони варзида ва намоёни ватанӣ ба ин шоҳасар тақриз навишта, нашри онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд”.
Маҳз дар даврони шӯравӣ ба асарҳои худ гузоштани унвони “Тоҷикон” кори бениҳоят душвору мураккаб ва иҷронашаванда маҳсуб меёфт, вале фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ин кори душвору сангинро бо фахри баланди миллӣ анҷом дода, ба шоҳасари хеш номи “Тоҷикон”-ро гузошт, ки онро ҷасорати беҳамто ва қаҳрамонии нотакрор номидан мумкин аст. Бесабаб нест, ки Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон Эмомалӣ Раҳмон нашри “Тоҷикон”-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳои ҳаққонӣ медиҳанд: «“Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худгоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Бесабаб нест, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо номи ин абармарди миллат сидқан фахр мекунанд ва номи оламгири ӯ бо шоҳасараш “Тоҷикон” вирди забони на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми мардуми олами мутамаддин гирдидааст .
Юсуфи Шодипур, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, аълочии маорифи Тоҷикистон