ё имрӯзу ояндаи синамои тоҷик

Маҳмадсаид Шоҳиён зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки «Тоҷикфилм» бо қадамҳои устувор вориди майдони рақобат шудааст ва умед ҳаст, ки рӯзе ба комёбиҳои бузург ноил мешавад.

Соли 2020 барои синамои тоҷик соли бобарор, аммо пурталафот ба ҳисоб рафт, зеро, бо вуҷуди дар чандин ҷашнвораи байналмиллалӣ иштирок кардан, ҳунармандони ҳирфаие, чун Улфатшо Раҳматшоев,  Бахталӣ Сабзалиев, Носир Ҳасанов ва дигаронро аз даст додем.

Соли сипарӣ “Автобус”-и «Тоҷикфилм» аз “Роҳ”-ҳои пурпечутоб “Ба сӯйи нур” ҳаракат карда, барои “Бозгашт”-и асолатии таърихии хеш бо “Бозӣ”-ҳои ҷиддӣ рӯбарӯ гашт. Метавон гуфт, ки ин сол барояш соли санҷишӣ буд, то имкониятҳоро истифода барад.

Шуруъ аз нимсолаи дуюм боз шудани роҳ ба сӯйи ҷашнвораи байналмиллалии “Филмҳои мусалмонӣ” се филми тоҷикӣ — “Автобус”-и Абдулҳай Зокиров, “Нигоҳ”-и Акмал Восидӣ ва “Кӯчаи умед-612”-и Далери Имомалиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Пазируфта шудани филмҳои “Ҳаворӣ-2019” (“Апостол-2019”)-и Шоҳҷамшед Умарӣ ва “ШӯрНО2”-и Дилошӯб Орифзода ва Далери Имомалӣ ба синамобазми Севастопол “Бо ҳам пирӯз шудем” (“Побидили вместе”) нуфузи синамои тоҷикро баланд бардошт.

Намоиши филми “Оинаи беҷило”-и Носир Саидов дар 44 кинотеатри Чин ва роҳхат гирифтани “Сафарнома: ёддоштҳо дар пайроҳаи мерос”-и Шарофат Арабова ба кинофестивали байналмиллалии Банғола қадаме ба сӯи фатҳи қуллаи зафар аст…

“Бачаи обӣ” ғолиб шуданист…

“Автобус” аз пурсадотарин филми ҳунарии соли сипарӣ буд, ки шӯре барангехт. Ин филми мазҳакавӣ бори нахуст дар кинотеатри “Кохи Наврӯз” ба намоиш гузошта шуда, ҳунармондону собиқадорони соҳа ва дӯстдорони синамои миллиро ба ҳам овард.  Филми мазкур дар ҳаҷми 90 дақиқа ба навор гирифта шуда, коргардон ва таҳиягари он Абдулҳай Зокиров ва Абдукарим Уроқов мебошанд.

“Автобус” дар якчанд манотиқи кишвар сабт шуда, рӯзгори имрӯзаро бозгӯӣ мекунад. Дар нақшҳои асосӣ Нисои Муҳаммадҷон, Мавлонаи Наҷмидин ва дигарон бозидаанд.

Филми деринтизори дигаре, ки ахиран дар поёни соли 2020 дар кинотетари “Зебунисо” ба намоиш гузошта шуд, “Бачаи обӣ”-и Файзулло Файз ба ҳисоб меравад. Сабти ин филм ҳанӯз соли 2018 оғоз шуда, саҳнаҳо дар мавзеҳои “Шӯркӯл”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Баҳри тоҷик”-и шаҳри Гулистон ба навор гирифта шудаанд.

Баҳри иҷрои нақши марказии филм — моҳигири пир, ҳунарманди ӯзбек Убайдулло Амон даъват шуда, нақшҳои дигарро Сорои Собир, Гулбаҳори Ғаффор ва дигарон бозидаанд.

Намоиши телевизионии “Бачаи обӣ” то ҳоло маълум нест, зеро ба гуфтаи коргардон Файзулло Файз он бояд ба фестивалҳои сатҳи ҷаҳонӣ роҳ ёфта, пирӯзие ба даст орад.

Дигар филме, ки соли 2020 рӯи пардаи синамо омада, манзури тамошобинон гашт, “Насиб”-и коргардон Шарофат Арабова ва “Роҳ”-и коргардон Носир Саидов  мебошад. Ин ду филм дар арафаи таҷлили 90-солагии МД “Тоҷикфилм” рӯнамоӣ шуда, аз ҷониби мунаққидон ва киношиносон баҳои баланд гирифтанд.

Дар ин росто, банаворгирии филмҳои ҳунарие, чун “Баҳори хазонрез”-и коргардон Раҷабалӣ Пиров ва “Охирин сайди сайёд”-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов ба анҷом расида, давраи танзим ва банду басти он оғоз гардид. Умед ҳаст, ки ин филмҳо туҳфаи хубе барои таҷлили ҷашни миллӣ-30 солагии Истиқлоли давлатӣ мегарданд.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2020 дар баробари филмҳои ҳунарӣ, ҳамчунин филмҳои кутоҳмуддати “Чорроҳа”, “Рассоми сайёҳ”, “Бозӣ”, филмҳои мустанади “Карон”,  “Ямчун”, “Ҳулбук”  ва ғайра сабт гардиданд.

Ҳамчунин, нахустин филми коргардон Таҳмина Раҷабова бо номи “Обмани себя” манзури тамошобинон гардида, “Большие рыбы” ва “Усилие”-и Соҳибёри Толиб рӯи кор омад ва рӯзҳои наздик нахустнамоиши он шуруъ мешавад.

Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки давоми соли сипарӣ синамогарони тоҷик саъю кӯшиши худро барои боз ҳам беҳтар намудани фазои филмҳои ватанӣ равона кардаанд.

 Филмҳои тоҷикӣ ҳам ҷоиза мегиранд?

Тавре “Тоҷикфилм” дар сомонааш менигорад, дар соли 2021 нақшааш хеле зиёд аст. Шуруъ аз сабти филми “Шабгардон”-и Далер Раҳматов, “Решаҳо”-и Сафар Ҳақдодов,  “Ситораи ноаён”-Муҳаббат Сатторӣ, “Додараки фариштаҳо”-и Умед Мирзоширинов, то сабти филмҳои мустанад бахшида ба ҷашни Наврӯз ва дигар чорабиниҳои расмӣ.

“Хатлонсинамо” пас аз нахустнамоиши филми ҳунарии “Фариштаи умед”, ки дар фарҷоми соли қаблӣ ба вуқӯъ пайваст, аз нақшаҳои минбаъдааш хабар надодааст. Аммо директори муассиса Зафари Валӣ ба www.jom.tj иттилоъ додааст, ки болои сенарияи филми “Бозгашт” кор мекунад ва ба наздикӣ сабти он оғоз мешавад.

“Суғдсинамо” низ барои филмҳои минбаъдааш дар шаҳру ноҳияҳои кишвар кастинг эълон карда, аммо номи мушаххаси филмро зикр накардааст. Айни ҳол студия барои тарғиби филми “Один на миллион” кӯшиш дорад.

Дар ин росто, як қатор студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз қабили “Суҳайл синамо” “Замонавӣ медиа”, “Симурғсинема”, “Дарвозфилм” ва ғайра аз нақшаҳои минбаъдаашон бобати сабти филмҳои диданӣ хабаре нашр накарданд.

Боварӣ дорем, ки дар солҳои минбаъда самти саноати синамо ё худ “киноиндустрия” дар Тоҷикистон низ рушд карда, ба дастовардҳои аз ин ҳам назаррас ноил мегардад.              Тавре “Суғдсинамо” дар саҳифаи расмии фейсбукиаш менигорад, ҷоизаи “Оскар” орзуи ҳамаи синамогарон аст. Умед мебандем, ки рӯзе мо ҳам ба он соҳиб мешавем.

 Амони МУҲАММАД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here