Ба ифтихори 80 солагии доктори илмҳои филологӣ,  профессор Абдунабӣ Сатторзода

Замоне мо ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шудем (1979), устод Абдунабӣ Сатторзода (он вақтҳо бо фамилияи Сатторов машҳур буданд), берун аз Душанбе қарор доштанд. Ҳарчанд мақолаҳояш дар бораи нақди адабӣ ва адабиёти классикӣ зуд-зуд дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои давр ба чоп мерасиданд ва медонистем, ки ӯ устоди кафедраи адабиёти классики факулта ҳаст. Мо- донишҷӯёни забон ва адабиёти тоҷик тавассути мақолаҳои пурмазмун ва ҳадафмандаш бо устод шиносоии ғоибона доштем.

Дар байни ҳамаи мақолаҳое, ки аз ҷониби адабиётшиносон иншо мешуданд, навиштаҳои мутахассиси ин соҳа Абдунабӣ Сатторов бо он ҷиҳат диққатро ҷалб мекарданд, ки орӣ аз пургӯӣ буданд, дар ҳамаи онҳо таҳлили амиқи мавзӯъ, нишонрасӣ ба мавзӯъ, андешаҳои интиқодӣ, фикрҳои нав инъикос ёфта буд. Услуби хоси устод аз аввал ин буд, ки ӯ аз овардани ҷумалоти нолозим, суханҳое, ки ба хонанда ҳеч чиз намедоданд, ҳамеша худдорӣ мекард.

Ин услуб, ки аз нахуст ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалии навишти асарҳо ва мақолоти илмӣ буд, тамоми умр устодро ҳамраҳӣ кард ва ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ҳамаи он чизе, ки устод то ба ҳол менависад, зуд хонандаро ба пайроҳаи мавзӯъ ворид мекунад ва нигоштаҳояш фаҳмо ва ҳазмшавандаанд.

Андаке пеш рафта ҳамин фактро гуфтанием, ки устод Сатторзода аз ҷумлаи олимони адабиётшинос ва ҷомеашиноси тоҷик шахсест, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст. Мақолаву рисолаҳои илмӣ ва публисистиаш ба таври зиёд дар хориҷ аз Тоҷикистон: Амрико, Шветсия, Русия, Украина, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Озорбойҷон,  Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо нашр шудаанд.

Муҳимтарин паҳлуи сабки устод ин таҳлили амиқи мавзӯъ ва кушодани гиреҳҳои он бо назари нав аст.

Шояд ҳамин сабку усули навпарастӣ, ҷустани роҳҳо ва наҳваҳои ҷадиди роҳи ҳалли масъалаҳо, шикасти қолабҳо, дасткашӣ аз тасаввурҳои шахшуда ва нодуруст, имтиноъ аз гаппардозиҳои беҳуда, дарки амиқи масоили иҷтимоӣ устодро ба тадриҷ ба сиёсат ҳам овард.

Вақте ки соли 1980 устод баъди таҳсил дар докторантураи Институти шарқшиносии АИ СССР дар шаҳри Москва ба факултаи филологияи тоҷик омад, мо дар соли дувум таҳсил мекардем.

Устодро танҳо дар маҷлисҳои умумии факулта, дар роҳравҳои донишгоҳ медидем. Диққати касро либоси шинами мӯдӣ, барозандаву диданӣ, зебову ҷаззоб ва хусусан қадаммонии омирона, рафтори ҷиддӣ ва ниҳоят овози паҳну ҷаззобаш ҷалб мекард. Аз ин рӯ, на ҳар кас аз миёни донишҷӯён заҳраи ба вай наздик шудан ва ё шинос шуданро дошт. Лекин аз дидаву шунидаҳо хулоса карда будем, ки устод як шахси бисёр замонавӣ аст ва аз ӯ бисёр чизро омӯхтан мумкин аст. Шогирдони факулта мегуфтанд, ки муаллим ба ҳама чиз нигоҳи мутафовит дорад ва мунтақиди тартибот ва вақоеи ҷорӣ буда, ҳатто ба рафтори худ ҳам бо чашми интиқод нигоҳ мекунад.

Устод дар курси савум ба ҳамсабақони мо хондани лексияро оғоз карданд. Вале азбаски ман дар гуруҳи рӯзноманигорӣ шомил будам, мо дар ин замон ба ҷои адабиёти классикӣ фанҳои марбут ба журналистикаро меомӯхтем. Ба ин далел он солҳо аз сӯҳбату дарсҳои пурмазмуни устод дар канор мондем…

Баъди курси савум панҷ нафари аълохонро аз ҷумлаи шунавандагони гуруҳи рӯзноманигорӣ онҳоеро, ки аз кӯшишҳояшон “бӯи журналист” меомад, ба далели адами факултаи журналистика дар донишгоҳҳои Тоҷикистон, барои идомаи таҳсил ба факултаҳои журналистикаи донишгоҳҳои давлатии шаҳрҳои Ленинград ва Москва фиристоданд, ки дар байнашон ман ҳам будам.

Ҳамин тавр устод Сатторзодаро дигар қариб надидам ва иртиботи мо танҳо тавассути мутолиаи мақола ва андешаҳояш, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ба нашр мерасиданд, сурат мегирифт. Сипас дар бораи ба ҷунбишҳои инқилобии зидди мафкураҳои коммунистӣ ҳамроҳ шудани устод, таъсиси ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ), шомил гардондани ҲДТ ба ҷараёни музокирот ва ҳайати Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ), нақши ӯ дар тавлиди санади сарнавиштсози «Пешниҳодҳо дар бораи ҳалли мусолимматомези низои низомӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон», фаъолияти муассираш дар зеркомиссияи сиёсии Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), иштироки пайвастааш аз соли 1993 дар муколимаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи конфронси Дартмут ва ниҳоят тибқи саҳмияи сӣ дар сада аз соли 2000 ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гаштанашро аз васоити ахбори омма хабар меёфтам. Нақши Абдунабӣ Сатторзода ҳам чун як фарди муҳим дар майдони сиёсати ду даҳсолаи ахири асри гузашта дар хотимаи ҷанги дохилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон хеле бориз аст.

Худи устод, дар бораи ваъзи он давра дар яке аз мусоҳибаҳояш бо расонаҳои гурӯҳӣ чунин мегӯяд:

-Дар солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ ҳаракатҳои демократии озодихоҳӣ арзи ҳастӣ карданд. Онҳо мехостанд ҳамон орзуҳои қадимии худ, яъне мустақилӣ ва озодии кишвар, мақоми давлатӣ гирифтани забони модарии худро амалӣ созанд. Ба ҳамин хотир ҷунбишҳои мардумӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Онҳо мехостанд бештар истиқлол дошта бошанд ва ҳеч вақт ҳадафи ҷанг карданро надоштанд. Шурӯи ҷангро интизор ҳам набуданд ва онро тақозо ҳам намекарданд. Сабаби оғози ҷанги, ба истилоҳ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, Раиси ҷумҳурӣ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дуруст арзёбӣ кардаанд, ки таҳмилӣ буд. Ин ҷангро тоҷикон намехостанд. Дар дохили кишвар ҳеч тоҷик дар фикри ҷанги шаҳрвандӣ набуд. Ин ҷанг натиҷаи сиёсатҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буд. Ин ҷангро нирӯҳое ташкил карданд, ки мехостанд сохти собиқи Шӯравиро ҳифз кунанд. Воқеият ин аст, ки ҳамин нирӯҳо ҷанги таҳмилиро ба сари нирӯҳои демокративу озодихоҳи тоҷик бор карданд.

Устод Сатторзода, замоне ба унвони як тоҷики асил, ба ҷараёнҳои инқилобӣ бар зидди ноадолатиҳои замона пайваст, танҳо як ҳадаф дошт: пойдории адолати иҷтимоӣ, рифоҳи мардум ва гулгулшукуфии ватан бо ширкати тамоми зодаҳои он. Медонистам, ки ин муборизаи вай барои шикаму ҷисму танаш, барои аҳли оилааш ва хешу табораш, манофеи шахсиаш набуд, медонистам, ки ӯ воқеан барои Тоҷикистони обод, барои Тоҷики сарбаланд мубориза мебарад ва куллияи ниятҳояш неканд. Эътимоди ман ба принсипҳои (усули) ҳаётии устод хеле қавӣ буд. Медонистам, ки ҷанги оғозшудаи миёнтоҷикӣ, аз ҷониби гуруҳҳои ифротгарои исломӣ чандинбора тану ҷигари худи Сатторзодаро лахт-лахт кард, медонистам, ки ӯ ҳеч ваҷҳ сари худро дар пеши тамоми балоёи пешомада  намефарорад.

Вақте нияти инсон нек бошад, ӯ аз кулли бало ба осонӣ мераҳад. Мо ҳама шоҳиди ҳолем, ки чӣ тавр бисёре аз афроди дар асоси саҳмияи сӣ дар сада мақому манзалат ба даст оварда зуд аз принсипҳои демократӣ дур рафтанд, худро ва орзуҳои ободкории ватанашонро фаромӯш карданд, пушти бисёрзанӣ ва қасрсозиву мардикоргирӣ рафтанд.

Бо фахр метавон гуфт, ки устод Сатторзода ҳаргиз пушти ин корҳои манҳус нарафт ва аз усулҳои ҳаётии худ дур нашуд, дар кори пурмасъули давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ худрову оилаашро комилан фаромӯш кард. Тоҷику Тоҷикистон. Ҳамин ду мафҳум ҳамеша дар мадди назараш буданд ва ӯ шахси худро танҳо қурбони ин масир сохт…

Шиносоии наздики ман бо устод Абдунабӣ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки вай ба ҳайси ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ кор мекард.

Дар Душанбе конфронси бузурге роҷеъ ба нақши дин дар ҷомеа баргузор шуд, ки дар миёни даъватшудагон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ман ҳам ширкат дар он ширкат доштам. Устод Сатторзода дар ин конфронс суханронӣ намуда, оиди равишҳои иҷтимоӣ, ҳаёти ҷомеа, вазъи реалӣ таҳлилҳои хеле нуктабинона карданд ва роҳҳалҳои масоили марбутаро пешниҳод намуданд. Дар ин кофронс ман ҳам роҷеъ ба вазъи иҷтимоии ВМКБ чанд иттилое додам ва сӯҳбати мо бо устод Сатторзода ҳангоми танаффус идома пайдо кард. Ман ба устод гуфтам, ки “шогирди ғоибона”-и шумо ҳастам, ҳарчанд ба ман дарс надодаед. Ба ман хеле гуворо буд, ки устоди муталеъ аз навиштаҳои шогирдонаи банда бохабар будаанд…

Тирамоҳи соли 2001 устод Сатторзода ҳамроҳ бо донишманди маъруфи тоҷик, сиёсатшиноси варзидаи ҷумҳурӣ Парвиз Муллоҷонов дар як ҳайати ҳукуматӣ ба ВМКБ омаданд. Онҳо дар ноҳияҳои вилоят ва аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар бораи дастовардҳои сулҳи тоҷикон семинарҳо доир мекарданд ва ман онҳоро ҳамроҳӣ мекардам. Он замон дар шаҳри Хоруғ анвои ғизо камчин буд, тақрибан ягон қаҳвахона ё ресторани казоӣ амал намекард ва ман дар фикри он будам, ки чӣ тавр меҳмонони азизамро шод гардонам. Ҳамин лаҳзаҳо ҳамсинфам Мунаввар Элназаров (ҳоло профессори амрози дарунӣ дар яке аз пажуҳишгоҳҳои тиббии шаҳри Душанбе) маро ба тӯяш даъват кард. Ман ба ӯ гуфтам, ки ҳамроҳам ду нафар меҳмони олиқадр аз ҷумҳурӣ хоҳанд омад. Ӯ гуфт, ки ин боиси шодмонии мо мешавад.

Аз куҷое бо азобҳое як “вилус”-и куҳнаро бензин рехта ба деҳаи Тсорҷи ноҳияи Роштқалъа, ки тақрибан шаст километр аз Хоруғ дуртар воқеъ буд, рафтем.

Соҳибхонаҳо моро хеле хуб пешвоз гирифтанд ва ҳар чи ки дар бисоташон беҳтарин буд, дар пеши меҳмонон гузоштанд. Он вақтҳо масъалаи барқ дар Бадахшон аз мушкилоти аслӣ буд. Ёд дорам дар хонаи калони  урфии бадахшонӣ якчанд чароғи керосинӣ неруи онро надоштанд, ки хонаро хуб рӯшан кунанд.

Ман медонистам, ки номгӯи анвои дастархони мо дар қиёс бо дастархони пойтахт хеле кӯтоҳ буд. Вале меҳмонон дар қиссаи хӯрдан набуданд. Онҳо бо мардуми деҳа сӯҳбат мекарданд, аз ҳолашон пурсон мешуданд, ба рақсу мусиқӣ бо шавқ гӯш медоданд. Ман ба хоксории ин ҳар ду кас ҳамон вақт боварӣ ҳосил кардам. Устод Абдунабӣ ва Парвиз, гӯё аз аҳли ҳамин деҳа буданд, онҳо ба ҳақиқати зиндагӣ хеле наздик буданд. Чунин менамуд, ки ҳар дуи онҳо гӯё даҳсолаҳо дар ин деҳа ба сар бурдаанд…

Тақрибан тобистони соли 2002 буд. Ман шунидам, ки устод Абдунабӣ Сатторзода дар санаторийи Гармчашма истироҳат доранд. Он солҳо масъалаи нақлиёт ҳам дар Помир ҳанӯз он қадар хуб набуд. Ман бо азобе мошине ва сӯзишвориашро пайдо карда карда ба аёдати устод рафтам.

Ҳамроҳ бо худ, китоби нахустинам “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам”, ки ба ҳаёт ва фаъолияти сиёсатмадор ва ходими давлатии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида шуда буд, бо худ бурдам.

Вақте дар санаторий дар бораи устод пурсон шудам, хизматгузорон гуфтанд, ки ӯ ба куҳ баромадааст. Ман мунтазири устод дар зери беде нишастам.

Баъди тахмин як соат устод Абдунабӣ аз дур намоён шуданд. Таваҷҷуҳи маро либоси эшон ба худ кашид. Ӯ дар бар шорт (шими кӯтоҳпоча), дар сар бейсболка (кепкаи тобистонӣ зиддиофтобӣ), дар поҳҳо кроссовка ва дар тан яктаҳи остинкӯтоҳи пахтагин дошт.

Маълум буд, ки устод худро комилан дар оғӯши табиати зебои диёр медид ва озодии комилро ҳис карда аз боду ҳавои тоза лаззат мебурд. Он вақт ҳанӯз на ҳамаи тоҷикони мо бочунин сабк либос мепӯшиданд ва баъзеҳо ҳатто ба устод, бо чашми ҳайрат менигаристанд. Дар тасаввури онҳо шорт пӯшидан танҳо расми урупоиён ҳаст. Аммо маро дар он лаҳзаҳо боз ҳам ҳамон хосияти қолабшикании устод маъқул шуда буд. Мутаассифона, дар ҷамъияти мо на ҳар кас қолабшикан аст ва мо одатан дар ҷаҳорчӯби қолабҳои маъмулӣ ё таҳмилӣ кору зиндагӣ мекунем ва андеша меронем. Ҳамон як рафтор ва гаштугузори устод дар осоишгоҳ барои дигарон ба гунаи дарсе буд…

Баъди нишаст ва гашту гузорҳо дар ҳавои доруии Гармчашма бо як беҷуръатӣ китобамро ба дасти устод дода гуфтам: “Устод, бо ин навиштаҳои парешон намехостам вақти шуморо гирам, вале боз ҳам фикри шумо барин мунаққид бароям хеле муҳим аст”.

Баъди чанд рӯзе ман боз ба хабаргирии устод рафтам. Бо дидани ман Сатторзода аз ҷайбаш варақҳои сафеди қаткардаро гирифта ба дастам дод:

-Офарин, кори олие кардаед!

Ман варақҳои қатшударо боз кардам, ки чашмам ба шеър афтод.

-Шумо шеър навиштаед?, -пурсидам аз устод.

-Китобат маро ба илҳом овард, -кӯтоҳ ҷавоб дод Сатторзода.

Ман сарфаҳм нарафтам, ки ин гапҳо шӯхӣ (барои дилбардории ман) буданд ё ҷиддӣ. Ба ҳар ҳол аз ин баҳои устоди адабиётшинос нерӯи баланде гирифтам. Вақте ба хона баргашам, навиштаҳои устодро чандинбора мутолиа кардам. Чӣ шеъри олие!

«Эҳдо ба равони поки қурбониёни соли 1937, сарсупурдагони миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур ва ёронаш» навишта буд устод дар ҳошияи шеър.

Ман гунаҳгорам,

Ман гунаҳгори гунаҳнокардаам,

Ман гунаҳгорам барои он ки тоҷик будаам,

Ман гунаҳгорам, ки ёд аз Оли Сомон кардаам,

Ман гунаҳгорам, ки ёд аз Золу Дастон кардаам,

Аз Самарқанду Бухорои Шарифам-меҳанам,

Аз Ҳироту Балху Сурхонам диёри куҳанам,

Ман гунаҳ кардам, ки ҷамъ орам диёри пораам,

Тоҷики овораи садпораи бечораам.

Ман гунаҳ кардам, ки лафзи тоҷикиам, модарам

Хориву зорӣ набинад, зинда бошад дар барам,

Ман гунаҳгорам, ки кардам дар диёрам инқилоб,

Баҳри Вахшу Суғду Хатлон…

Баҳри фардои Бадахшон,

Баҳри Рашту баҳри Кӯлоб,

Баҳри фардои Зарафшон,

Ман гунаҳ кардам, ки нури маърифат афрӯхтам,

Пардаи чаҳлу чаҳолатро зи бехаш сӯхтам…

Ман гунаҳгори гунаҳнокардаам, эй ҳамватан!

Бехабар аз макри даврон бохтам ман ҷону тан.

Гар ту хоҳӣ рӯҳи ман ором хобад,

Гар ту хоҳӣ хотири ман шод бошад.

Ман агар кардам гунаҳҳои сағира,

Аз ту мехоҳам гунаҳҳои кабира баҳри фардои Ватан!

Ман ин сатрҳои тиллоиро гирифта дар бойгониам ҷо додам.

Соли 2009 ҳолномаи хеле такмилёфтаи Шоҳтемурро аз сари нав таҳти унвони “Номуси миллат” дар маҷмӯаи “Шириншоҳ Шоҳтемур” ба чоп расондам. Ба ман чунин менамуд, ки тамоми навиштаҳо ва бозёфтҳои илмии ман бе суханҳои пурдарду пурармони устод Сатторзода ҳечанд. Дар бистучаҳор сатри шеър орзую омол, дарду ормон ва кӯшишу ҳаракати на танҳо Шоҳтемур, балки тамоми тоҷикон инъикос ёфта…

Мардро дар сафар бишнос, мегӯянд дар урфият. Ман устод аз наздик замоне шинохтам, ки бо ҳам ба сафари хориҷа рафтем ва муддати тақрибан даҳ рӯз бо ҳам будем.

Тавре маълум аст давлати ҳамсояи Чин — шарики стратегии Тоҷикистон, ба хотири эҷоди даҳлези (коридори) ҳамлу нақл, энергетика, тиҷорат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Европа, Русия соли 2013 аз ҷониби раҳбари ҷумҳурии халқии Чин Си Цзиньпин ибтикоре оғоз кард таҳти унвони Шоҳроҳи нави абрешим.  Ҳадафи аслии ин стратегияи роҳи нави абрешим таҳияи камарбанди иқтисодӣ аст, ки он натиҷаи идомаи сиёсати ҷомеаи бози Дэн Сяопин мебошад. Ҳамин тавр дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” дар Институти педагогии Шансии шаҳри Сиан ҳамоиши илмии байналмилалӣ баргузор шуд, ки ба он ҷо аз Тоҷикистон устод Абдунабӣ Сатторзода ва банда даъват шуда будем.

Дар ин ҳамоиш сухан аз ҳамкориҳои тарафайни иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар мерафт.

Дар ҳамон ҷо дидам, ки устод чӣ гуна ба англисӣ озод сӯҳбат мекунад.

Устод ба ҳозирин дар бораи таърихи барномаҳои ба истилоҳ Роҳи абрешим, ки аз ҷониби мамолики Ғарб ҳам таҳия шудаанд, ба таври васеъ иттилоъ дода, сипас дар бораи пружаҳои калонтарини Чин, ки дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои стратегии ин кишвар бо Тоҷикистон роҳандозӣ шуда истодаанд, сӯҳбат кард.

Ба ман он нукта писанд омад, ки устод таъкидан чанд бор мегуфтанд, ки Чину Тоҷикистон ду шарики мусовӣ ҳастанд ва дар ин ҷо набояд яке ба бузургманишӣ роҳ диҳад.

Устод дар бораи роҳу майлони Тоҷикистони соҳибистиқлол сӯҳбатҳои ҷолибе мекард. Ман медидам, ки устоди адабиётшиносамон то чи андоза коршиноси (эксперти) сиёсӣ ва дипломати нуктасанҷ аст!

Дар ин сафар ман аз устод бисёр чиз омӯхтам. Ӯ марди хеле хоксор, заминӣ ва фурӯтан буда аз такаббури маъмулии феодалӣ-осиёӣ фарсахҳо дур аст. Ҳангоми кор, муомила ва мушорикат вай ҳеч гоҳ худро дар мақоми “устод” ва  маро дар мақоми “шогирд” намегирифт. Бисёр сӯҳбаторо аст ва сӯҳбатҳояшро ҳамеша хотираҳо, лаҳзаҳо, абёти рангин зиннат медиҳанд. Дар маҳфилҳо хеле дилҷавон ва  хушҳол аст.

Тобистони имсол (2020) Устод Сатторзода барои ман ба қавле сюрпризи хубе карданд. Ӯ дар рӯзи таваллуди ман дар саҳифаҳои Фейсбук шеъри таърихии хеш дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемурро дубора интишор карданд.

Аммо вақте Сатторзода навишт: «Ман гунаҳкорам, ман гунаҳкори гунаҳнокардаам, ман гунаҳкорам барои он ки тоҷик будаам…» баъзе аз рӯзноманигорон ба устод “ҳуҷум” оварданд, ки “шарҳи шеър чист, сабаби  эҷоди он чӣ ҳаст, оё он баёнгари пушаймонист, талоши худсафедкунӣ ё умед ба оянда ҳаст?”.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода ба онҳо дафъатан ҷавоб дод:

-На, ин тавр нест. Ин навишта таърихе дорад. Соли 2001 баъд аз мутолиаи рисолаи хабарнигор ва муҳаққиқи тоҷик Қурбони Аламшоҳ дар бораи қаҳрамони халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур эҷод гардидааст. Ин шеъргуна аз номи худи Шириншоҳи Шоҳтемур навишта шудааст. Ин як руҷӯъ, монологи Шириншоҳ Шоҳтемур аст, ки ба рӯҳи поки худи Шириншоҳи Шоҳтемур ва ёронаш бахшида шудааст. Ин аз номи ман нест, ин як монологи Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Ин як бардошт, таассуроте буд баъд аз хондани рисолаи Қурбони Аламшоҳ. Ин навиштаро ба худи Қурбони Аламшоҳ дода будам, ки дар ҷое паҳн накунад. Аммо бо гузашти тақрибан даҳ сол як китобаш дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур нашр шуд ва дар он ҷо бо маъзарати зиёде ин шеъргунаро чоп кард. Ахиран, Қурбони Аламшоҳ рӯзи таваллуд дошт ва ман ба хотири таъкиди заҳматҳояш ин шеъргунаро ба табрикоташ илова кардам. Бо ин навишта ман пузиши гуноҳ ё ҷуброни гуноҳ нахостаам, ин як руҷӯе аз номи Шириншоҳ Шоҳтемур аст.

Барои ман дар рӯзи таваллуд, ин суханони устод, ки ман ба хирад, ҷаҳонбинӣ ва андешаҳояш эътимоди бузурге дорам, қиматтарин тӯҳфае буд.

Дастнависи шеъри профессор Абдунабӣ Сатторзода дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон ба таври абад дар бойгонии шахсиам маҳфуз аст.

Устод А. Сатторзода номи худро дар таърихи адабиёти тоҷик, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва дипломатияи тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ кард. Ҳамаи осори бунёдиаш нишонгари он аст, ки ӯ то чи андоза муҳаққиқи пуркор, зарарбин, доно ва тавоно мебошад.

Ӯ фахри Тоҷикистону тоҷикистониён аст.

Қурбон Аламшоев,

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,

номзади илмҳои таърих

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here