Миллати фарҳангофарини тоҷик дар масири таърихи инсоният ҳазорҳо фарзандони фарзонаеро чун Афзалшоҳи Шодӣ бар камол расонидааст, ки бо дарки аслияти миллии хеш ва бақои ояндаи фарҳанги боғановати худ маҷрои маънавиёти касбии худро чун оби чашма ба соҳил ва аз соҳил ба дарёву аз дарё ба баҳри беканоре расонидаанд, ки оқибат оби ширини ин баҳри маънавӣ ғизодиҳандаи тафаккури инсоният шуд.

Ҳоҷӣ Афзалшоҳ ҳанӯз аз айёми тифлӣ ба мусиқӣ пайванди маҳкам гирифта, ин илҳоми Худододаро бо садоқату шавқу шури беандоза дар вуҷудаш парварид. Дар айни камолот ба назмҳои ватандӯстиву инсондӯстӣ таваҷҷуҳ намуда, дар ҳамовозии созҳои миллӣ аз ашъори баландмазмуни шоирони классик ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Шайх Аттори Нишопурӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва аз ашъори шоирони муосир амсоли Лоиқ Шералӣ, Камол Насрулло, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Меҳринисо, Фарзона ва даҳҳо шоирони бузурги дигар сурудҳо эҷод намудаву маҳфилу маъракаи моро сурур бахшидааст.

Эҷодиёти ин хунёгари машҳур ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст. Ба қавле, сурудҳои баландмазмуну ватандӯстона ва ошиқонаи ин булбули боғи санъати тоҷик ғизобахши тафаккури инсонҳо гардидаву дармонбахши қалби ошиқон. Махсусан мавзӯҳои Ватан, миллат ва Ваҳдат дар эҷодиёти Афзалшоҳ мавқеи асосиро ишғол мекунад. Ваҳдату ҳамдилӣ, муҳаббат ба халқу Ватан, саховат ба бенавоён шиори ин ошиқи шеъру суруд аст.

Чун ба пасманзари давраи нооромиҳои кишвар нигарем дар он солҳои мудҳиш, ки бародар гиребонгири бародар буд, Афзалшоҳ дар радифи ҳамватанони ватандӯст дар меҳвари омилҳои ваҳдатофаринии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсаф шуда, тавассути шеърҳои баландмазмуну садои марғуладораш миллати ғамдидаро ба ҳамдиливу муттаҳидӣ даъват менамуд.

Ваҳдатсароӣ шиори Афзалшоҳ аст. Соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри арбоби ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев дар ш. Хуҷанд баргузор гардида буд, аввалин кӯшишҳо баҳри сарҷамъии миллат буд. Дар ин иҷлосия шодравон Ашӯр Сафар шеъри тозаеро бо унвони “Ҷомаи сулҳ ба тан омадайи” эҷод намуд. Дере нагузашта ин шеъри баландмазмун тавассути захмаи тору садои марғуладори Афзалшоҳ ба самъи мардум расид. Ӯ дар он давраҳои ноором чун дигар фидокорони Ватан ба ҳар гӯшаву канори кишвар сафари ҳунарӣ менамуд ва мардумро тавассути сурудҳои ватандӯстонааш аз ноумедӣ ба сӯи умед ва Сулҳу Ваҳдати миллӣ ҳидоят менамуд. Соли 1997 сулҳу ваҳдати деринтизор расид. Аз ин шоирону адибони тоҷик илҳом гирифта, боз қаламро ба иншои Ваҳдат, Сулҳ ва Ҳамдилӣ равона сохтанд. Дар ин муддат шеъри:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,

Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик.

Ин шеър бо қалами шоири ҳақиқатнигор Лоиқ Шералӣ иншо шуду ин шеърро Афзалшоҳ бо садои марғуладораш тараннум кард. Ҳамингуна чанд шеъри дигарро, ки Лоиқ Шералӣ дар бораи ваҳдату муттаҳидии миллат иншо менамуду дере нагузашта аз ҷониби Афзалшоҳ сароида мешуд.

Ҳамин тавр Афзалшоҳ Шодиев то имрӯз шеърҳои зиёдеро дар бораи ваҳдат аз ашъори Меҳринисо, Гулназар Келдӣ, Олимхон Исматӣ ва даҳҳо шоирони дагар тараннум кардаасту мекунад.

Яке аз омилҳои дигари ваҳдатсароии Афзалшоҳ дар суханпардозии ӯ ба назар мерасад. Яъне, Афзалшоҳ ба ҳар гӯшаву канори кишвар агар равад, худро зодаи ҳамон маҳал мегирад. Сарчашмаи решаҳои авлодии хешро нисбат ба ҳама маҳалҳои Тоҷикистони азиз медонад. Яъне ин маънои онро дорад, ки Афзалшоҳ падар, модар, хоҳару бародари тоҷикро бо меҳру самимияти хосса наздикони хеш мешуморад ва онҳоро ҳушдор месозад, ки дар ҳар куҷое, ки набошанд миллатдӯстдор бошанд ва чун занҷир ҳалқаи мустаҳкам ва дастгиру мададгори ҳамдигар бошанд. Чанд намунаеро аз рӯзгори ибратомӯзи як фарди фарҳангии тоҷик мисол овардем, бигзор сарояндагони ҷавон дар пайравии чунин сарояндагон ваҳдатсарой шеъру оҳанг эҷода карда, тараннумгари Сулҳ, Ваҳдат ва муттаҳидии миллати бошарафи тоҷик бошанд!

Ҳасан Нурматзода,

ходими калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here