6-уми сентябри соли ҷорӣ Григорий Колтунов 110-сола шуд. Шояд на ҳамаи хонандагони нашрияи “Самак” донанд, ки Григорий Яковлевич муаллифи филмномаҳои “Достони Рустам” (соли 1971),“Рустам ва Суҳроб” (с.1972) ва “Достони Сиёвуш” (1976) мебошад. Ҳамаи ин филмҳоро устоди муаззам Б. А.Кимёгаров дар “Тоҷикфилм” ба навор гирифтааст. 

Филмҳои номбурда дастоварди га¬рон¬баҳои синамои ватанӣ маҳсуб меша¬ванд. Григорий Яковлевич дар якҷоягӣ бо Б.А.Кимёгаров асолати фарҳанги маънавии моро мисли парчами муқаддас баланд бардошта, моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сарчашмаҳои маънавии гузаштаамон раҳнамун сохтанд.
Ин ду нафар синамогароне буданд, ки бо чунин амиқият ва эҳтиром ба мероси бои мо рӯй оварданд ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ва дар шакли ҳунари нав-синамо-дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил доданд.
Григорий Яковлевич Колтунов соли 1907 дар шаҳри Одесса (Украина), таваллуд ёфтааст. (Вафоташ — 24 июни соли 1999 дар ҳамон ҷо). Номбурда барандаи унвонҳои “Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон”(1980) ва“Арбоби шоистаи санъати Украина” (с.1995) мебошад. Соли 1957 барои филмномаи “Чиҳилу якум” (режиссёраш Григорий Чухрай) барандаи ҷоизаи махсуси ҳакамоти кинофестивали байналмилалии Канн гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here