Ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Аз устод Рӯдакӣ то имрӯзиён аз санъати бадеии маънавии талмеҳ фаровон истифода бурдаанд. Дар илми адабиётшиносӣ бо номи образҳои машҳур ҳам маълум мебошад. Талмеҳ огоҳкунандаи воқеаҳои таърихӣ, қиссаву афсонаҳо, оят ва ҳадисҳо, зикри фардҳои машҳур буда, дар фарҳангҳо бо ҳамин мазмунҳо шарҳ дода шудааст.

Камоли Хуҷандӣ ҳам аз ин санъати ишорат хуб баҳраёб гаштааст. Аз 117 ғазали мутолиашуда талмеҳро нозукона истифода карда, ки онҳо бозгӯи ҳодисаҳои таърихӣ, асотирӣ ва динианд. Образҳои машҳуре ба мисли Юсуф, Зулайхо, Лайлӣ, Маҷнун, Фарҳод, Хусрав, Маҳмуду Аёз такроран омада бошанд ҳам, Камоли суханвар онҳоро дар сояи талмеҳ нишон медиҳад. Маҳорат имкон додааст, ки дар як ғазал силсилаи талмеҳҳоро зикр намояд:

Чашмам зи хаёли ту пур аз нури таҷаллист,

Чашме, ки чунин аст, ба дидори ту авлист.

Суратгар аз он сурату маънӣ чӣ хабаре ёфт?

Ангехтани сурати чинаш ба чӣ маънист?

Бар тарфи чаман сарв ба сад шарм барояд,

Аз сояи қадди ту, ки ҳамсояи Тӯбист.

З-он тоқи ду абрӯ, ки ба хубӣ шуда тоқанд,

Касрест дар ин тоқ, ки мансуб ба Касрист.

Хуне, ки ба ҷӯ меравад аз дидаи Маҷнун,

Селест, ки роҳи гузараш бар дари Лайлист.

З-он зулф ба дардам, шуда ранҷур чу Айюб,

Аз лаб шакаре деҳ, ки шифохонаи Исист.

Ҳар хуб, ки дар чашми Камол ояду маҳбуб,

Гӯяд: беҳ аз онӣ туву фикре беҳ аз ин нест.

Талмеҳҳои Касро (лақаби чанде аз шоҳони Сосонӣ, ном), Чин, Тубо, Маҷнун, Лайлӣ, Айюб, Исо силсилаи образҳоро ишора мекунанд, ки дар ҳар байти ғазал эзоҳдиҳандаи ҳолате мебошанд.

Дар байти 6-ум сари мулоҳиза қарор мегирем. Айюб аз пайғамбаронест, ки дар тоқату сабр машҳур аст. Худованд ҳар чӣ раво дид, сабр кард. Худои азза ва ҷалла ӯро бахшиду обе равон кард ва шустушӯ карду шифо ёфт ва сабраш дар тасвир назир надорад. Исо пайғамбар гӯё ба тани беруҳ ҷон мебахшид ва Камол аз ин ривоятҳо дар мавриди муносиб истифода кардааст. Ва “шифохонаи Исист” тақозои шифобахшии дами Исост. Дар забони тоҷикӣ ибораҳои дами Исо, дами Масеҳо, калимаҳои мураккаби Исодам, Масеҳонафас мавриди истифодаанд, ки асоси ҳамон қиссаҳоянд.

Бештар аз талмеҳи Хизр мавриди истифодаро раво мебинад ва номи пайғамбарест, ки оби ҳаёт нӯшида, умри абадӣ ёфтааст ва қаҳрамони худро ҳидоят ба он мекунад, ки “лаби хандон” муҷиби шукуфоии ошиқон хоҳад гашт.

Гар Хизр бақо чун хатат аз оби бақо ёфт,

Ушшоқ ҳаёт аз лаби хандони ту ёбанд.

Дар байти поён ишора ба Маҳмуду Аёз дорад:

Маҳмуд магӯ ба марги худ мурд,

Ӯ куштаи ғамзаи Аёз аст.

Аёз номи ғуломи Султон Маҳмуди Ғазнавист, ки маҳбуби ӯ буд ва бо зиракию ҳусну малоҳат маъруф. Дар адабиёти форсу тоҷик бо унвони маҳбубу маъшуқи Маҳмуд, ки ӯро чун бут мепарастад, зикр шудааст. (Фарҳанги мушкилоти адабиёт: 10-1992, муаллиф А.Насриддин). Хонанда вақте оид ба қиссаву ривоятҳо, ҳодисаҳои таърихӣ маълумот дошта бошад, дар фаҳмидани андешаи шоир ба мақсад мерасад. Камоли суханпайванд аз Сулаймону нигинаш ёд мекунад:

Ба он лаб мулки дилҳо шуд мусаллам,

Сулаймон мулк ронад бо нигине.

Мувофиқи ривоятҳо, мулкдории Сулаймон тавассути ҳамин нигин буд. (Қиссаҳо оид ба ин пайғабар зиёданд ва дӯстдорони каломи бадеъ тавассути адабиёту маъхазҳо метавонанд маълумоти бештар ба даст оранд).

Камол сухан беҳуда нагуфта ва шеъри ӯ аз талмеҳи муносиби мавзуъ рушангари ашъораш мебошад. Вай аз талмеҳҳое чун Сикадар, Масеҳо, Ҷабраил, Ҳорун, Қайсар (лақаби подшоҳи Рум ва Юнони замони пешин) ва ғайраҳоро дар пайвастагии мавзуву мундариҷаҳои ғоявии ғазалҳо мӯшикофона мавриди истифода қарор дода, гиреҳ аз расму оин, ақидаҳои мазҳабӣ, рӯйдоди ҳодисаҳои таърихи замон мекушояд ва ҳамчун ситорашинос моро ба Моҳу Парвин мебарад.

Адабиётшинос, мунаққид Абдунабӣ Сатторзода хулосаи дуруст баровардааст, ки анҷоми андешаҳои мост: “Шоирон ва нависандагон аз санъати талмеҳ барои ғунҷонидани маънии бисёр дар лафзи андак, барҷастагӣ ва расоии маънӣ истифода кардаанд. Ишора ба ҳодисаҳо ва шахсиятҳои маъруфу машҳур адибонро аз тафсиру такрори маънӣ бозмедорад”.

Муваффақият дар ин бахш Камолро насиб гашта.

Маъруфи ҲИСОМ,

ноҳияи Айнӣ, деҳаи Урметан

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here